Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мардумитарин нависанда”. Нигоҳи аҳли илму адаб ба зиндагӣ ва ҳунари Кароматуллоҳи Мирзо


Дар маросими видои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо (Мирзоев) аз ӯ ба унвони як муаллифи пурхонанда ва заҳматкаше ёд карданд, ки асарҳои ӯро бисёриҳо хуб мешинохтанд. Камол Насруллоҳ, шоир ва муовини пешини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ин нависандаро “мардумитарин нависандаи тоҷик” ном бурд.

“Ҳамчун адиб, ҳамчун нависанда, яке аз нависандаҳои серхонандатрин дар Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзоев буданд. Ман дар вохӯриҳо ҳамроҳашон бисёр будам, ҳатман 5-6 нафаре пайдо мешуд, ки аз сарнавишти қаҳрамонҳои асарҳояшон мепурсид. Аз ҳама нависандае, ки ба халқ, ба дили мардум наздик буданд. Тамоми мавзуъҳое, ки он кас навиштанд, даруни халқро бармало карданд”, - мегӯяд Камол Насрулло.

Кароматуллоҳи Мирзо рӯзи 19 октябр, дар синни 83-солагӣ, пас аз ду рӯзи беморӣ дар зодгоҳаш деҳаи Нилкон дар канори шаҳри Душанбе даргузашт. Маросими видоъ бо ин нависанда бо ҳузури садҳо тан аз чеҳраҳои илму адаб ва сиёсат баргузор шуд.

Абдулҳамиди Самад, аз адибони ҳамнасли Кароматуллоҳи Мирзо мегӯяд, ки онҳо ҳамроҳ ба адабиёти муосири тоҷик ворид шуданд ва дӯсташ аз оғоз “бо ковишҳо, таҳқиқҳои бадеӣ ва адабӣ дар мавзӯъҳои гуногун” фарқ мекард.

“Инсонҳои офаридаи ӯ дар насри муосири мо як ҷойи намоён дорад. Хонанда армонҳои инсонҳоро дар ҳар марҳилаи зиндагӣ дар асари Кароматуллоҳ бо рангҳои дигар бо тобишҳои дигар пайдо мекунад”, - арзёбӣ мекунад Абдулҳамиди Самад.

Аҳли таҳқиқ Кароматуллоҳи Мирзоро нависандае медонанд, ки солҳо дар деҳа, дар миёни мардум зист ва зиндагии воқеии ҳамзамонони худро вориди адабиёт кард. Қаҳрамони Кароматуллоҳи Мирзо як шахси муосир бо ҳама камиву костиаш меномад, ки дар ҷараёни пуртуғёни зиндагӣ шино мекунад. Муҳоҷират, мӯътодӣ ба маводи мухаддир, танҳоиву дастнигарӣ, ятимӣ ва дигар сарнавиштҳои як инсони муосир бахше аз саргузаштҳои қаҳрамонҳои Кароматуллоҳи Мирзо буд ва шояд ҳам ба ҳамин хотир, зуд аз ҷониби хонанда ва бинандааш шинохта мешуд.

Адиби мардумӣ Кароматуллоҳи Мирзо даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Нависандаи марҳум таҳқиқи дунёи инсони муосирро дар меҳвари эҷоди худ қарор додааст.

“Асарҳои Кароматулло Мирзо асарҳое ҳастанд, ки дар бораи воқеияти имрӯз ҳастанд, бинобар ин аҳамияти таълиму тарбиявӣ доранд, - мегӯяд профессор Аламхон Кучаров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. - Осораш забони ширине дорад, забоне, ки бо забони зиндаи халқ омезиш ёфтааст. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки асарҳои нависанда, махсусан роман ва қиссаҳои вай мондагоранд”.

Кароматуллоҳи Мирзо аз камтарин нависандагоне ном бурда шуд, ки мавзӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар чандин асарҳояш воқеъбинона ба тасвир кашидааст.

«Нигоҳаш ба мавзуъи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳи нависандаи ҳақиқатбин буд, бинобар ин он лаҳзаҳои ҷаҳолат ва дар баробари ҷаҳолат он хиради миллие, ки дар ин осор тасвир шудааст кори нависандае буда метавонад, ки дар сиришташ ин воқеъиятҳоро таҷриба карда бошад», - мегӯяд Камол Насрулло.

Ҷамолиддин Мансуров, шаҳрдори собиқи Душанбе аз Кароматуллоҳи Мирзо чун адиб ва фарҳангие тавсиф кард, ки “саҳмашон дар сулҳу суботи ҷумҳурӣ калон аст”.

Кароматуллоҳи Мирзо солҳои 1960-ум вориди адабиёти шӯравӣ шуда, қиссаву ҳикоя ва повесту романҳои «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», «Нишони зиндагӣ», «Ситораҳои паси абр», «Дар орзуи падар» ва «Марги бегуноҳ» -аш аз осори пурмухотаби хонандаи насли нав дониста мешаванд.

Бароти Абдураҳмон, нависанда ва ёвари собиқи президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки “ӯ ҳам дар давраи шӯравӣ ва ҳам истиқлол заҳмати нависандагиро ҳамчун нони ҳалоли хеш пазируфт ва аз пушти қалам зиндагӣ кард ва рисолати қаламу қаламдорӣ содиқ монд”.

Осори зиёде аз ин нависанда вориди синамо шуда, аз рӯйи чандин повесту романҳояш филму силсилафилмҳо офарида шуда, ки дар бархе аз телевизионҳои Эрону Афғонистон низ намоиш дода шудаанд.

Кароматуллоҳи Мирзо хатмкардаи донишкадаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанбе буд ва солҳо дар нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон», “Ҷавонони Тоҷикистон», “Ҷумҳурият”, “Адабиёт ва санъат” ба сифати рӯзноманигор ва сардабир кор кардааст. Солҳои зиёд мудири нашриёти “Адиб” ва чанд соле мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин нависанда барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ – баландтарин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар бахш ҳунар ва адабиёт гардидааст.

Бо васияти худи нависанда ӯ дар зодгоҳаш, дар канори падараш эшони Мударрис Мирзои Мирҳайдар, аз шахсиятҳои маъруфи мазҳабии водии Ҳисор ба хок супурда шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG