Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

14 сол зиндон – ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Маскав рӯзи 23-юми октябр як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Акмалҷон Аҳроров гумонбари охирин дар парвандаи кӯшиши таркондани бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амният дар соли 2022 дар пойтахти Русия номбар шудааст.

То кунун дар доираи ин парванда ҳашт нафарро аз 12 то 22 сол ҳабс карданд. Пештар вакилони мудофеи баъзе аз гумонзадҳо парвандаро сохта номида буданд.

Акмалҷон Аҳророви 24-соларо барои узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва сармоягузории терроризм гунаҳкор донистаанд. Дар додгоҳ гуфта шудааст, ки ӯ баъди огоҳӣ аз ҳабси шариконаш ба Туркия рафта, сипас барои интиқомгирӣ ба Русия баргашт, вале боздошт шуд.

Тафтишот, инчунин, гуфт, Аҳроров пули хонаи иҷораи маҳкумшудаҳои дигарро дар Маскав пардохт карда, барои таълими онҳо пул ва муҳимотро фароҳам овардааст.

Маълум нест, то куҷо ҳамаи ин иттиҳомҳо дуруст ва воқеӣ мебошанд, чун дар боздоштгоҳҳои Русия шиканҷваву бадрафторӣ бо гумонбаршудаҳо, бахусус шаҳрвандони хориҷие ба мисли тоҷикистониҳо, як таҷрибаи маъмул аст.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки Аҳроров гуё дар додгоҳ ба гуноҳ иқрор шудаву изҳори пушаймонӣ кардааст. Ин ҷавони 24-сола хатмкардаи литсейи президентӣ ва коллеҷи техникӣ будааст.

Ба ронандаи тоҷик дар Русия то 7 сол зиндон таҳдид мекунад

Ҳодиса рӯзи 10-уми майи соли 2024 рух дод
Ҳодиса рӯзи 10-уми майи соли 2024 рух дод

Додситон хостааст, Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-сола аз Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад, дар шаҳри Санкт-Петербург ба тақрибан 7 сол зиндон маҳкум шавад.

Мусофирбари зери идораи ӯ рӯзи 10-уми майи имсол ба дарёи “Мойка” афтод. Мақомоти Русия ӯро ба марги 7 нафар муттаҳам карданд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ аз 23-юми октябр, додситон ҳамчунин талаб кардааст, ки Раҳматшоҳ Қурбонов баъд аз адои ҷазо қариб се сол аз ҳаққи идораи нақлиёт маҳрум карда шавад.

Раҳматшоҳ Қурбонов ронандаи ширкати “Таксӣ” буд. Худаш гуфтааст, “тормоз”-и мусофирбар мушкил дошт ва аз наздикони қурбониён маъзарат хост.

Ба нақли ҳамсараш, Раҳматшоҳ Қурбонов як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат дубора ӯро ба кор хонд.

Тафтишот тасдиқ мекунад, ки ба Раҳматшоҳ Қурбонов дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ фароҳам нашудааст.

Тоҷикистон ҳамларо ба корхонаи "Тусаш" дар Туркия маҳкум кард

Анкара, 23-юми октябри 2024
Анкара, 23-юми октябри 2024

Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳонаро ба корхонаи “Тусаш” дар шаҳри Анкара, маркази Туркия, маҳкум кард.

Вазорати корҳои хориҷӣ шаби 23-юми октябр дар баёнияе гуфт, “Тоҷикистон ин амали террористиро, ки бар асари он мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд, қотеъона маҳкум менамояд.”

Мақомот ба хонаводаи қурбониён “сабри ҷамил ва ба маҷруҳон шифоии комил” хостаанд.

Ҳамла ба маркази саноати ҳавонавардии Туркия рӯзи 23-юми октябр сурат гирифт. Аксу наворҳо нашршуда нишон медиҳанд, ки дастикам се ҳамлавар, ки яке аз онҳо зан буд, дар даромадгоҳи ширкати "Тусаш" тирандозӣ мекунанд. Дертар таркиш шудааст.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликая гуфт, дар ин ҳодиса камаш панҷ нафар кушта ва беш аз бист кас захмӣ шуданд.

Ширкати "Тусаш" дар заминаи тарҳрезӣ, тавлиди паҳподҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ва маҳсулоти дигари дифоӣ фаъолият мекунад.

То кунун ҳеч гурӯҳ масъулияти ҳамларо дар Анкара ба уҳда нагирифтааст. Туркия дар вокуниш ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ ва Сурия ҳамла кард. Туркия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо Ҳизби коргарони Курдистонро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ҷой додаанд.

Толибон садҳо китобро аз китобфурӯшиҳо ҷамъоварӣ карданд

Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон рузи 23 октябр эълон кард, ки то кунун 400 номгуи китобро аз бозорҳо ҷамъоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи онҳо, дар мухолифат бо манфиатҳои миллии Афғонистон ва арзишҳои исломӣ буданд.

Дар оғози соли равон, бахши афғонистонии Радиои Озодӣ феҳристи 75 китоби сиёсӣ, таърихӣ, адабӣ ва динӣ ба забонҳои форсӣ ва паштуро дарёфт карда буд, ки Толибон ин китобҳоро аз китобфурӯшиҳо ҷамъоварӣ карда буданд. Пас аз он низ гузоришҳое монанд нашр шуд, ки ин раванд идома дорад.

Мавлавӣ Зиёулҳақ Ҳақмал, сарпарасти раёсати табъу нашри Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон рӯзи 23 октябр дар нишасте дар Кобул эълон кард, ки ба ҷойи китобҳои ҷамъоваришуда, китобҳои дигаре ба китобфурӯшон ва ноширон дода мешавад.

Ба гуфтаи Толибон, "Қуръон" ва тафсир ба ҷойи ин китобҳо ба китобфурӯшиҳо дода мешавад.

Ҳукумати Толибон мегӯяд, ки ин раванд дар пойтахт оғоз шуда ва ба зудӣ ба вилоятҳои дигар низ густариш хоҳад ёфт.

Боздошти як зани тоҷик барои латукӯби писари даҳсолааш

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як модарро дастгир кардаанд, ки бо бадрафториву бераҳмӣ нисбат ба фарзандаш хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 23-юми октябр гуфт, Дилором Ҳакимова, сокини Хуросон, писари 10-солаашро дар пеши чашми мардум задааст ва тафтиши рафтори ӯ идома дорад.

Навори гиряи писари даҳсола бо бинии хунолуд рӯзи 21-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Баъзе аз шарҳнависон модари 35-соларо сахт танқид карда, аз мақомот хостанд, ӯро ҷазо бидиҳанд.

Раёсати умури дохилии Хатлон дар баёнияаш дар Фейсбук гуфтааст, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Маълум нест, ки нисбат ба модари писари осебдида парванда боз кардаанд ё не.

Дар Тоҷикистон барои латукӯби сахт ва осеб задан ба сиҳатии кӯдак вобаста аз сахтии ҷиноят аз ҷарима то 2 сол зиндон ҷазо таъйин шудааст.

Интихобот дар Беларус моҳи январи 2025 баргузор хоҳад шуд

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Қонунгузорони Беларус рӯзи интихоботи президентиро дар ин кишвар ба 26-уми январи соли 2025 таъйин карданд.

Ин маърака баъди панҷ сол интихоботи баҳсбарангез ва иддаои мухолифону бисёре аз кишварҳои ғарбӣ дар бораи тақаллуби густарда баргузор хоҳад шуд.

Мақомот он вақт раҳбари худкома Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд. Мухолифону кишварҳои ғарбӣ намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро пирӯз донистанд.

Пас аз интихоботи соли 2020 Беларус шоҳиди тазоҳурот шуд.

Дар натиҷа, ҳазорон нафар боздошту зиндонӣ гаштанд ва шуморе ночор кишварро тарк карданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки чанд эътирозгар кушта ва баъзе аз боздоштшудаҳо шиканҷа шудаанд.

Маъмурияти Александр Лукашенко аз ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина пуштибонӣ мекунад.

Артиши Исроил марги Ҳошим Сафиуддинро тасдиқ кард

Ҳошим Сафиуддин
Ҳошим Сафиуддин

Артиши Исроил рӯзи 22-юми октябр гуфт, як мақоми дигари баландпояи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон кушта шудааст.

Сухан дар бораи рӯҳонӣ Ҳошим Сафиуддин меравад.

Интизор мерафт, ки ӯ раҳбари ояндаи “Ҳизбуллоҳ” ва ҷойгузини Ҳасан Насруллоҳ бошад.

Ба иттилои мақомоти Исроил, Ҳошим Сафиуддин дар аввали моҳи октябр дар ҷануби Бейрут ба ҳалокат расид.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам созмони низомӣ асту ҳам ҳизби сиёсӣ, то ҳол хабарро дар бораи сарнавишти мақоми баландпояаш таъйид ё инкор накардааст.

Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархурдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.

Словакия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвари севум мефиристад

Амриддин Холмуродов пештар дар Украина мезист
Амриддин Холмуродов пештар дар Украина мезист

Ду ниҳоди давлатӣ дар Словакия хулоса додаанд, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Амриддин Холмуродов ба кишвари севум фиристода шавад, аммо нагуфтаанд, ки ба куҷо.

Қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ин кишвари аврупоӣ Холмуродов ва вакили мудофеашро нигарон кардааст. Онҳо бим доранд, ки ин тасмим эҳтимоли ба Тоҷикистон супурда шудани ӯ ва хатари зери шиканҷа монданашро бештар мегардонад.

Амриддин Холмуродов қаблан дар Украина мезист. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ҳангоми гузаштан аз сарҳади ин кишвар ба Словакия бо дархости Душанбе дастгир карданд. Баъди тақрибан ду сол, дар аввали соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт шуд.

Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, рӯзи 23-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо муроҷиат ба Додгоҳи Аврупо мехоҳанд, зерҳимояаш ба кишваре фиристода шавад, ки “дар онҷо ба Тоҷикистон таслим накунанд”.

“Барои мисол, агар ба Русия ё ба ҳар кишвари дӯсти Тоҷикистон фиристода шавад, бовар дорам, аз онҷо ба Душанбе истирдод карда мешавад,” – гуфт Ивета Райтакова.

Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда.

Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ рӯзи 23-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.

“Ба ҳеч сурат намехоҳам маро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Дар онҷо бовар дорам азияту шиканҷа мешавам,” -- гуфт ӯ.

Даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз соли 2015 ба ин тараф дар Аврупо ва кишварҳои дигар ҳастанд, ба гумони “терроризму ифротгароӣ” зери пайгард қарор доранд. То ин дам чанде аз онҳо ба Тоҷикистон ихроҷ ё истирдод шуда, ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.

Низомиддин Насриддинов, як фаъоли иҷтимоӣ, ки моҳи январи соли 2023 ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир гардида буд, моҳи июли ҳамон сол ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯро дар Душанбе ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум карданд.

Блогер Нурмуҳаммад Шарифов дар Русия 12 сол зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Блогер Нурмуҳаммад Шарифов, гумонзади ҳаштум дар парвандаи омодагӣ ба ҳамла ба бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия (2022), ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Хабаргузории расмии “ТАСС” рӯзи 23-юми октябр навишт, ки ҳукмро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Русия содир кард.

Ба иттилои манбаъ, Нурмуҳаммад Шарифов ба узвият дар созмони ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва сармоягузории он гунаҳкор шуда, худаш айбномаро пазируфт. Тасдиқи мустақилонаи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Нурмуҳаммад Шарифов дар баҳори соли 2023 дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт шуд.

Додгоҳи низомии Русия дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2023 шаш шаҳрванди Тоҷикистон ва як доғистониро низ ба гуноҳи ташкили гурӯҳи террористӣ ва омодагӣ ба ҳамла ба бинои ФСБ аз 12 то 22 сол зиндонӣ карда буд.

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфтааст, ин афрод зери раҳбарии гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" нақша доштанд, соли 2022 бинои ин хадамотро дар Лубянка тарконанд. Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, гумонбарон гуё талаб доштаанд, ки нерӯҳои Русия аз ҳудуди Сурия берун карда шаванд.

Пештар вакилони мудофеи баъзе аз гумонзадҳо парвандаро сохта номида буданд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфт, ду маъмури "Толибон"-ро куштааст

Кобул, моҳи сентябри 2024
Кобул, моҳи сентябри 2024

Ҷабҳаи озодии Афғонистон, як гурӯҳи зидди "Толибон", иддао кард, ки ду маъмури амниятии ин гурӯҳи тундравро кушта, ду каси дигарро захмӣ кард.

Ҳодиса рӯзи 22-юми октябр дар Кобул иттифоқ уфтодааст.

Ба гуфтаи масъулони Ҷабҳа, пас аз ҳамлаи охирини мушакӣ ба фурудгоҳи Кобул, маъмурони "Толибон" ба тафтиши хонаҳои мардум дар пойтахти Афғонистон сар кардаанд.

Шуморе аз сокинон низ гуфтанд, нерӯҳои "Толибон" мухолифони худро дар шимоли Кобул ҷустуҷӯ доранд.

То ҳол манобеи “Толибон” дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои дунё тундраву террористӣ аст, дар тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт.

Баъди ба қудрат расидани онҳо, наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гурӯҳ асосан дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон; Ҷабҳаи озодии Афғонистон; Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон; Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон; Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат ва Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.

Андрей Костин, додситони кулли Украина аз мансабаш истеъфо дод

Андрей Костин
Андрей Костин

Андрей Костин, додситони кулли Украина, рӯзи 22-юми октябр аз мақомаш истеъфо дод.

Ин тасмими ӯ дар замоне эълон шуд, ки бар асоси як тафтишот даҳҳо мансабдор бо гирифтани ёрипулӣ барои маъюбӣ аз хидмати ҳарбӣ озод шудаанд.

Дар бештар аз дуним соли набард ба зидди таҷовузи Русия теъдоди нерӯҳои Украина кам шуда, басеҷ ё “мобилизатсия” дар ин кишвар масъалаи бисёр ҳассос аст.

Костин истеъфояшро пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Украина эълон кард.

Раисҷумҳур Владимир Зеленский дар ин нишаст гуфтааст, ӯ бояд “масъулияти сиёсии ин вазъро бипазирад”.

“Ман мавқеи президент Зеленскийро комилан дуруст мешуморам,” – гуфт Андрей Костин дар Телеграм.

Муфаттишони Украина дар аввали моҳи октябр маълум кардаанд, ки шуморе аз додситонҳои вилояти Хмелнитскийи ғарбӣ ба таври ҷаълӣ ё сохтаву дурӯғин худро маъюб нишон дода, аз имтиёзҳои вижа баҳравар гаштаанд.

Тафтиши қазия дар гӯшаҳои дигари Украина идома дорад.

Абдуқодир Талбаков бо хоҳиши худ аз Пажӯҳишгоҳ рафт ё ӯро "равонданд"?

Абдуқодир Талбаков
Абдуқодир Талбаков

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, ӯро аз кор дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “равонданд”. Масъулони ин ниҳод, баръакс, иддао доранд, ки ӯ бо хоҳиши худ рафт.

Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбуду душвориҳо дар ҷомеа навишта, ҳамчунин, бо ҷавонони ба қавли худаш “ифротӣ” баҳсҳои шадид мекунад. Ӯ рӯзи 21-уми октябр дар Фейсбук эълон кард, ки бо хоҳиши худ аз кор рафт ё дақиқтараш ӯро “равонданд”.

Рӯзи 22-юми октябр дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарият хостааст, ки ӯ аризаашро навишта, аз кор равад. Дар посух ба ин суол, ки оё суҳбатҳояш дар Фейсбук ба ин тасмим сабаб шуда метавонад, гуфт, “бале, шояд”. Ӯ нахост, шарҳи бештар диҳад.

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар барканории Абдуқодир Талбаков даст надорад.

Нозим Маҳмадизода, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, мегӯяд, Абдуқодир Талбаковро ба таври қарордодӣ ба кор гирифта буданд ва ӯ баъди қариб ду моҳ фаъолият "бо хоҳиши худ" аз кор рафт. Вай афзуд, аз кор рафтани Талбаков ба андешаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт надорад.

“Ихтисоси ӯ ба Институти фалсафа он қадар муфовиқ набуд, лекин мо шартномавӣ ба кор гирифтем. Ҳамин қадар медонам, ки кори илмияшон ҷанбаҳои фалсафии Зардуштия аст. Дар куҷое бошӣ, онро идома медиҳӣ. Одамон дар хонаашон ҳам нишаста менависанд корашонро,” – гуфт ӯ рӯзи 22-юми октябр.

На дар Академияи улум ва на Абдуқодир Талбаков ҳозир нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳанд.

Абдуқодир Талбаков, ки номашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардааст, қаблан гуфта буд, ки пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ ва ташкили ҷомеаи ҳамандешонаш таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Мухолифонаш ӯро барои нохун задан ба эҳсоси динии мусалмонҳо ва таҳқири баъзе аз рӯҳониён танқид мекунанд. Худи ӯ борҳо гуфтааст, ки ҳадафаш на таҳқири касе, балки пешгирӣ аз хурофотпарастиву ифротгароист.

Ӯ дар гузашта дар мақоми мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт кор кардааст. Пеш аз он мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба шаҳри Қазони Русия сафар кард.

Ин дувуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар моҳи ҷорӣ аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр ба шаҳри Маскав, дар нишасти раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат карда буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазонро "боздиди корӣ" гуфт.

Шаҳри Қазон мизбони нишасти сарони БРИКС аст ва дидори роҳбарони узви ин созмони иқтисодӣ рӯзҳои 22-24 октябр дар ин шаҳр баргузор мешавад.

Ба ҳайати БРИКС Русия, Эрон, Бразилия, Чин, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ шомил ҳастанд.

Ин сафари севуми Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баъд аз ҳамлаи маргбори шубҳабарангез ба толори консертии “Крокус” дар наздикии шаҳри Маскав аст. Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва анҷоми он шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам мекунанд.

Баъди ин ҳамла муносибат ба садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бад шуд ва ба ҳадде расид, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо ба президент Владимир Путин гӯшзад кард, ҳарчанд аҳвол баъди ин беҳтар нашудааст.

Чанд рӯз пеш аз ин сафар, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба мақомоти Русия гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз бадрафтории мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик нигарон аст.

Бохти сеюми "Истиқлол" дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври сеюми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими «Ал-Ваҳдат»-и шаҳри Уммони Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “С” шаби 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 6700 тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро Баҳа Файсал Сайф дар дақиқаи 52-юм ба самар расонд. Ҳарчанд пас аз ин гол бозигарони “Истиқлол” фаъол шуда, пайваста ҳуҷум мекарданд, вале муваффақ нашуданд.

“Ал-Ваҳдат” бо роҳбарии сармураббӣ Рафъат Алӣ Аҳмад Ҷаббор дар меҳмонӣ се имтиёз гирифт ва муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқот идома медиҳад. Аммо “Истиқлол” зери раҳбарии сармураббии нав Игор Черевченко дар майдони худ аз имтиёзҳо бенасиб монд ва шонси ба даври баъдӣ баромаданро амалан аз даст дод.

Ҳамзамон дар бозии дигари даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” дастаи “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар майдони худ тими “Сипоҳон”-и Эронро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои “Шарҷа” ва “Ал-Ваҳдат” бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. “Сипоҳон” бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ва дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрда буд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқот дар гурӯҳи “С” рӯзи сешанбеи 5-уми ноябр миёни дастаҳои “Ал-Ваҳдат” – “Истиқлол” ва “Сипоҳон - “Шарҷа” доир мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25:

Гурӯҳи “С”

Даври аввал

«Истиқлол» - «Шарҷа» - 0:1

Гол: Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ, 72

17-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10250 тамошобин.

“Ал-Ваҳдат” – “Сипоҳон” – 2:1

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 9 (0:1), Гюэй Оуссейноу, 22 (1:1), Иброҳим Сабра, 55 (2:1).

17-уми сентябр. Уммон (Урдун). Варзишгоҳи “Шоҳ Абдулло II ”.

Даври дуюм

«Сипоҳон» - «Истиқлол» - 4:0

Голҳо: Абубакар Камара, 40 (1:0). Ҷавод Оғоипур, 43 (2:0). Ҷавод Оғоипур, 47 (3:0). Браян Дабо, 76 (4:0).

1-уми октябр. Исфаҳон (Эрон). Варзишгоҳи «Фулодшаҳр». 6733 тамошобин.

“Шарҷа” – “Ал-Ваҳдат” – 2:2

Голҳо: Алкасер Пако, 9 (1:0), Гюэй

Оуссейноу, 28 (1:1), Гюэй Оуссейноу, 28 (1:2), Неҷасмик Дарко, 66 (2:2).

1-уми октябр. Шарҷа (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ). Варзишгоҳи Халид Бин Муҳаммад.

Даври сеюм

“Истиқлол” - “Ал-Ваҳдат” – 0:1

Гол: Баҳа Файсал Сайф, 52 (0:1)

«Истиқлол»: Никола Стошич, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 76), Содиқҷон Қурбонов, Алексей Ларин, Мэтю Миллар, Амирбек Ҷурабоев (Франческо Марҷиотта, 76), Мурило Соуза (Манучеҳр Ҷалилов, 61), Эҳсон Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Димитар Митков (Рустам Соиров, 61).

Корти зард: Содиқҷон Қурбонов, Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»), Арафат Иброҳим, Амир Расим, Маҳмуд Шавкат, Юсуф Муҳаммад, Абдулло Ал-Факор, Маҳмуд Ал-Мавал («Ал-Ваҳдат»).

Сардовар: Муҳанад Қосим Саррай (Ироқ).

22-юми октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 6745 тамошобин

“Шарҷа” – “Сипоҳон” – 3:1

Голҳо: Усмон Камара, 26 (1:0), Меҳдӣ Лимучӣ, 51 (1:1), Луанзинҳо, 70 (2:1), Кайо Лукас, 90 (3:1).

22-юми октябр. Шарҷа (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ). Варзишгоҳи

Халид Бин Муҳаммад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Шарҷа”

3

2

1

0

6-3

7

2

“Ал-Ваҳдат”

3

2

1

0

5-3

7

3

“Сипоҳон”

3

1

0

2

6-5

3

4

“Истиқлол”

3

0

0

3

0-6

0

Даври чаҳорум

5-уми ноябр (сешанбе)

21:00 (бо вақти Душанбе) - “Сипоҳон” – “Шарҷа”

21:00 (бо вақти Душанбе) - “Ал-Ваҳдат” – “Истиқлол”

Муфтии Тоҷикистон гуфт, чӣ касе ба ӯ бо корд дарафтод

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, гуфт, ҷавоне, ки дар рӯзи рӯшан дар дохили масҷид бо корд ба ӯ дарафтод, аз ҷумлаи ифротгароён будааст.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар рӯзи 17-уми октябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт: “Падараш муаллим будааст, модараш фарроши мактаб.”

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гуё, ки хидмати ислом карданд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамонеро, ки инҳоро даъват карданду роҳнамоӣ карданду супориш доданд, аз пеш надидаанд,” – афзуд муфтии Тоҷикистон.

Абдулқодирзода ҳамчунин гуфт, аз ӯ пурсидаанд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?”, рӯҳонии тоҷик дар посух гуфтааст, “Худо ҳидояташ кунад.”

Дар навори 30-дақиқаии рӯҳонии тоҷик, ки Маркази исломии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Ютуб нашр кард ва он бисёр таҳрир шудааст, захми бузурги корд дар пешонии ӯ дида мешавад. Саидмукаррам Абдулқодирзода асосан дар бораи ифротгароии исломӣ суҳбат мекунад.

Як ҷавон рӯзи 11-уми сентябри имсол дар дохили масҷид ва дар байни намозгузорон ба муфтии Тоҷикистон бо корд дарафтода, пешонии ӯро захмӣ кард. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки ҷавон бинобар эҳсоси авбошӣ ба рӯҳонии тоҷик дарафтодааст ва аз он рӯ то кунун парвандаро пинҳон доштаанд ва чизе намегӯяд.

Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола чордаҳ сол боз раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст. Вай дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран иҷтимоӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон вай ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намудаанд.

Усмон Тошев сармураббии тими миллии футболи Афғонистон шуд

Усмон Тошев, акс аз соли 2019
Усмон Тошев, акс аз соли 2019

Усмон Тошев, сардори шуъбаи дастаҳои мунтахаби Ассотсиатсияи футболи Узбекистон, сармураббии тими миллии Афғонистон таъйин шудааст. Ин кишвар беш аз се сол боз зери итоати “Толибон” аст. Дар ин бора “Тулуъ Нюз” хабар дод.

Ин мутахассиси 59-солаи узбек Эшли Майкл Вествуди инглисро, ки моҳи август аз вазифаи самураббии тими миллии Афғонистон истеъфо дод, иваз кард. Муҳлати қарордоди Усмон Тошев бо Созмони футболи Афғонистон (AFF) як сол аст.

Дар нишасти хабарии рӯзи 21-уми октябр, ки дар Кобул доир гардид, Усмон Тошев аз самтҳои таваҷҷӯҳи худ, аз ҷумла ҳамбастагии даста, барномаҳои мушаххаси истеъдодҳо ва урдугоҳҳои тамринӣ дар дохил ва хориҷи Афғонистон тавсиф кард. Вай изҳор доштааст, ки ҳадафи аслиаш баланд бардоштани обрӯи тими миллии футболи Афғонистон дар арсаи минтақаӣ ва байнулмилалӣ мебошад.

Таҷрибаи густурдаи мураббигии ӯ дар кишварҳо ва бошгоҳҳои гуногун ба ояндаи қавитари футболи Афғонистон дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ умед мебахшад.

Усмон Тошев қаблан ба ҳайси сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон кор мекард, ки ин ба ӯ дар футболи минтақа таҷрибаи гаронбаҳо овард.

Шарҳи ҳоли Усмон Тошев

Усмон Тошев 23-юми сентябри соли 1965 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ дар бошгоҳҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Бозигари тими лигаи аввали футболи Русия - «Атоммаш»-и Волгодонск, «Солнок»-и Маҷористон (Венгрия) ва «Кератсини»-и Юнон низ буд.

Пас аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Бухороро соли 1987 бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм намудааст. Моҳи ноябри соли 2005 парвона ё литсензияи дараҷаи “Pro”-ро гирифтааст.

Солҳои 2000-2008 сармураббии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Насаф”-и Қаршӣ буд. Соли 2006 ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии Узбекистон ифои вазифа намудааст. Аз январи соли 2009 то майи соли 2011 ба бошгоҳҳои “Шуртан” ва “Спартак”-и Тошканд роҳбарӣ мекард.

Усмон Тошев соли 2011 менеҷери кулли бошгоҳи “Насаф”, баъдан сармураббии ин дастаи шаҳри Қаршӣ таъйин шудааст. Соли 2013 сармураббии бошгоҳи “Спартак”-и Бухоро буд. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Де Майванд Аталан”-и Афғонистон фаъолият кардааст. Вай соли 2017 вазифаи сармураббии бошгоҳи “Андиҷон”-ро бар дӯш дошт.

Усмон Тошев солҳои 2018-2021 сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон буд. Вай мушовири FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) ва AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мебошад.

Бритониё ба Украина 2,4 миллиард доллар медиҳад

Ҷон Ҳейлӣ
Ҷон Ҳейлӣ

Бритониё ба Украина барои харидани силоҳи бештар 2,4 миллиард доллар қарз хоҳад дод.

Ҷон Ҳейлӣ, вазири дифои Бритониё, хабарро рӯзи 22-юми октябр эълон кард.

Ин пул бахше аз 50 миллиард доллар қарзи ваъдагӣ ба Украина аст, ки кишварҳои G7 ё ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар моҳи июни соли гузашта қабул карданд.

Қарор аст, ин қарз аз ҳисоби дороиҳои бандмондаи Русия дар Ғарб маблағгузорӣ шавад.

Пас аз ҳамлаи беасоси Маскав ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, ҳудуди 300 миллиард доллар сармояи хориҷии Русия дар Ғарб баста шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаи шадиди нерӯҳои Русия ба шаҳрҳо ва зербунёдҳои иҷтимоии Украина идома дорад. Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои охир дар шаҳри Сумӣ, дар наздикии марзи Русия, се нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шудаанд.

Артиши Исроил гуфт, хазинаи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ёфтааст

Лубнон, 20-уми октябри 2024
Лубнон, 20-уми октябри 2024

Артиши Исроил шоми 21-уми октябр хабар дод, ки нерӯҳояш хазинаи гурӯҳи тундрави “Ҳизбуллоҳ”-ро ёфтанд. “Ҳизбуллоҳ” ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад. Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Сухангӯйи артиши Исроил Даниэл Ҳагари гуфт, хазинаи махфии “Ҳизбуллоҳ” дар зери бемористони “Ал-Саҳал” дар Бейрут ҷойгир аст. Дар дохили ин хазина эҳтимол бахши асосии сарвати гурӯҳи ҷангӣ – чандсад миллион доллар пули нақд ва тило – нигаҳ дошта мешавад. Пас аз нашри хабар беморону кормандони бемористон ба ҷойи дигар бурда шуданд.

Ҳагари гуфт, захираҳои тилои “Ҳизбуллоҳ” аз ду манбаъ ҷамъ шудааст: пулҳое, ки барояш Эрон медод ва маблағҳое, ки ҳукумати Лубнон барои барқарории иҷтимоии мардуми осоишта ҷудо мекард. Вай аз ҳукумати Лубнон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки пеши азхудкунии пулҳо бигиранд. Намояндагони “Ҳизбуллоҳ” ин хабарро як дурӯғ номида, аз артиши Лубнон даъват карданд, ки таҳхонаҳои беморхонаро рафта бисанҷанд.

Дар изҳороти артиши Исроил инчунин гуфта шуд, ки амалиёти “дақиқ”-и зидди “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Лубнон идома дорад ва рӯзи 21-уми октябр ҳафт фармондеҳро нобуд кардаанд. Артиши Исроил гуфтааст, дар умум дар ҷараёни амалиёташ дар Лубнон то ҳол тахминан 70 дарсади мушакҳои захиравии “Ҳизбуллоҳ” ва то ду ҳазор ҷангҷӯи узви ин гурӯҳро аз байн бурда шуданд.

“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли гузашта, як рӯз баъд аз ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ меноманд.

Аз он замон то кунун дар сарҳад тақрибан ҳамарӯза тирандозӣ сурат мегирад. Даҳҳо ҳазор сокини деҳоту шаҳрҳои сарҳадӣ аз ҳарду тарафи марзи Лубнон ва Исроил беҷо шудаанд. Исроил гуфт, ки 23-юми сентябр ба зидди “Ҳизбуллоҳ” амалиётро ба роҳ монд. Ҳадафи амалиёт нобуд кардани зербиноҳои ҷангии ин гурӯҳ ва ба ҷойи зисти доимии худ баргардонидани исроилиҳои беҷошуда гуфта шудааст.

Эътирози як эътилофи мухолифон ба ҳукми Сӯҳроб Зафар

Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов
Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбат ба раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва як намояндаи фаъоли он Насимҷон Шарифов “ғайриқонунӣ” номидааст.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демократии ҷаҳон мехоҳанд, ки дар ин қазия бетараф набошанд.

Дар баёнияи Паймони миллӣ аз 17-уми октябр ҳам гуфта шудааст, ки “ба сурати махфӣ ва паси дарҳои баста маҳкум шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, ҳамчунин, рабуда шудани онҳо, барои мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан месозад, ки чӣ касе дар ин моҷаро ҷинояткори аслӣ мебошад.”

Эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷа амали мақомотро “ҷинояти ғайриқобили қабул, таҳқиромез ва фаромарзӣ”-и режими Эмомалӣ Раҳмон донистааст.

“Мо аз сарони кишварҳои демократӣ, иттиҳодияҳои кишварҳои озод ва созмонҳои ҳуқуқи башар тақозо мекунем, ки дар ҳама гуна муносибат ва додуситад бо режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон, аввал озодии бечуну чарои зиндониёни сиёсӣ, бахусус занон, дигарандешон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, блогерҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дар авлавияти кори худ қарор бидиҳанд,” – гуфта шудааст дар баёния.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ба 30 сол ва Насимҷон Шарифов, намояндаи созмон дар Туркия ба 20 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ҳукми Додгоҳ рӯзи 10-уми октябри имсол паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи он ва баъзе ҷузъиёти мурофиаи охиринро рӯзи 17-уми октябр дастрасу нашр кард.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Онҳо аз соли 2014 дар он кишвар мезистанд.

Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номидааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ ва онро “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон кардааст. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.

СММ: Дар ҳамла ба Лубнон “иншооти ғайринизомӣ зарар дидаанд”

Лубнон
Лубнон

Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои Исроилро ба як ширкати вобаста ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо ба иншооти ғайринизомӣ зарари зиёд расондаанд.

“Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархурдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 21-уми октябр дар баёнияе гуфт, ҳамлаҳо ба муассисаҳои марбут ба ниҳоди молии “Ал-Қард ал-Ҳасан” нигаронида шуданд.

Нерӯҳои исроилӣ рӯзи якшанбе ба намояндагиҳои ин ниҳод дар Бейрут ва гӯшаҳои дигари Лубнон зарба заданд. Ин ширкати молӣ, ки расман ҳамчун созмони хайрия номнавис шудааст, аз соли 1980 ба ин сӯ ба муштариёнаш қарзи бебаҳра медиҳад. Аксар муштариёни ин ниҳод мусулмонони шиа ҳастанд, аммо мусулмонони суннӣ ва насронӣ низ аз хидматҳои ин ниҳод баҳра мебаранд.

Амрико алайҳи ин ниҳод таҳрим ҷорӣ карда, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро муттаҳам кардааст, ки аз он барои пинҳон доштани фаъолиятҳои молии худ ва дастрасӣ ба низоми байнулмилалии молӣ истифода мекунад.

Исроил аз қатли се сарбози лубнонӣ узрхоҳӣ кард

Артиши Исроил рӯзи душанбе аз ҳамлае, ки дар натиҷаи он се сарбози лубнонӣ дар ҷануби Лубнон кушта шуданд, узрхоҳӣ кард.

Вазорати дифои Исроил гуфт, ки бо артиши Лубнон дар ҷанг нест ва сарбозони исроилӣ гумон мекарданд, ки мошине, ки ҳадаф қарор гирифт, аз "Ҳизбуллоҳ" будааст.

Сарбозони лубнонӣ рӯзи якшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ кушта шуданд.

"Ҳизбуллоҳ" як созмони сиёсӣ-низомӣ аст, ки Амрико онро созмони террорисӣ медонад, вале Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар руйхати сиёҳ ворид кардааст. Ин ҳизб чанд узв дар порлумони Лубнон дорад.

Тайи ҳафтаҳои ахир даргириҳо миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" афзоиш ёфтааст. Исроил ҷануби Лубнон, аз ҷумла, шаҳри Бейрут ва "Ҳизбуллоҳ" ҳам шаҳрҳои муҳиме чун Телавив ва Ҳайфаро ҳадаф додаанд.

Поёни машқҳои нерӯҳои СПАД дар "Ҳарбмайдон"-и Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 21-уми октябр дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, начандон дур аз марзи Афғонистон, машқҳои низомии нерӯҳои СПАД ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо номи “Рубеж-2024”, ба анҷом расид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти ин созмон, дар ин машқҳо ҳудуди 1500 нафар ширкат намудаанд, ки бахши аъзами он ба пойгоҳи низомии 201-и Русия рост меояд.

Ривояти тамринҳо, аз чумла чунин будааст, ки гӯё душмани шартӣ сарҳади давлатиро аз чанд самт убур намуда, аҳолии осоиштаро гаравгон мегирад. Барои озодсозии минтақаи аҳолинишин, қушунҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сафарбар шуда, минтақаро муҳосира, гаравгонҳоро озод ва "душман"-ро маҳв карданд.

Бо қарори фармондеҳии Қушунҳои зудамали дастаҷамъӣ дар минтақи Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз пешрафти "душманон", силоҳҳои ҳамлаовар ва неруҳои ҳавоӣ истифода карда шуданд ва ин имкон дод, ки "душман"-и шартӣ боздошта шавад ва нерӯҳои зудамалӣ дастаҷамъӣ хатти мудофиавиро ишғол кунанд.

Ба иттилои манбаъ, Андрей Сердюков, сардори Ситоди муштараки СПАД дар анҷоми ин машқҳои низомӣ гуфтааст, вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчунон мураккаб аст ва фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ ба он таъсир мерасонад.

Вале ҷузёъи бештар дода нашудааст ва маълум нест, ки манзур аз созмонҳои террористӣ кадом гурӯҳҳо ҳастанд.

СПАД як созмони зери нуфузи Маскав аст, ки Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд.

Машқҳои муштараки низомӣ бо ширкати Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гузаштааст.

Муштариёни "Айфон" дар Русия 4 баробар зиёд шудаанд

Бо вуҷуди таҳрим ва манъи истифодаи "Айфон" дар ниҳодҳои давлатии Русия, харидории он дар 9 моҳаи авали соли равон дар ин кишвар 4 баробар афзудааст. "Ведомости" бо истинод ба пойгоҳи "Тендерплан" хабар додааст, ки дар ин давра ба маблағи 6.88 миллион рубл "Айфон" харидорӣ шудааст.

Дастгоҳи мобилии Apple-ро бештар аз ҳама ширкати "Теплоэнерго" -и Санкт -Петербург харидорӣ кардааст. Ширкат барои ин беш аз 3 миллион рубл сарф кардааст. Харидори дигари "Айфон" ширкати "Югра" будааст, ки барои соҳиби телефони истеҳсоли амрикоӣ шудан, беш аз 1,1 миллион рубл сарф кардааст. "Аэроэкспресс", ҳам бо маблағи 830 ҳазор рубл "Айфон" харидааст.

Дар феҳрасти харидорони аслии "Айфон" Кремл ҳам ҳаст, ки барои ин 656 ҳазор рубл харҷ кардааст.

Аз моҳи марти соли 2023 ба ниҳодҳои давлатии Русия истифодаи телефони дастгоҳҳои ширкати Apple манъ шудааст. Аъзои ҳукумат ва дигар мансабдорони ин кишвар муваззаф шуданд, ки “бо сабабҳои амниятӣ” "Айфон"-ҳои худро бо телефонҳои истеҳсоли ширкатҳои дигар иваз кунанд. Маҳсулоти ширкати Samsung ҳам ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шудааст.

Дар ним сол 86 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд

Дар нимаи аввали соли равон қариб 86 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд. Ин оморро сомонаи "Важние истории" баъди омӯзиши маълумоти додгоҳҳои Русия пахш кардааст.

Ба қавли манбаъ, рондани муҳоҷирон аз Русия дар қиёс ба солҳои гузашта ба таври назаррас зиёд шудааст. Барои намуна дар тамоми соли 2022 аз Русия 85 ҳазор муҳоҷир ихроҷ ё депорт шуда буд. Аммо фақат дар нимаи аввали соли равон қариб 86 ҳазор муҳоҷирро аз Русия пеш кардаанд.

Ба навиштаи "Важние истории", бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаи вуруд ба Русия, нақзи қонунҳои будубош ва фаъолияти кории ғайриқонунӣ ихроҷ шуданд. "Дар нимаи аввали соли равон барои ин намуд қонуншиканиҳо қариб 100 ҳазор парванда боз шудааст,"-навиштааст манбаъ.

Сомонаи "Важние истории" нагуфтааст, ки муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, дар нимаи аввали соли равон зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ронданд.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди ҳодисаи «Крокус» тафтиши пулис ва таҳқиру азияти мақомот дар Русия зиёд шуд. Баъзе муҳоҷирон шикоят карданд, ки бо вуҷуди дуруст будани санадҳояшон онҳоро аз Русия ронданд.

Духтарони футболбози тоҷик ба Арабистон мераванд

Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) омодагиро ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз кард.

Дар аввалин ҷамъомади таълимию тамринии даста, ки дар Душанбе доир шуд, сармураббӣ Юсуф Рабиев 26 бозигарро назорат карда, 22 нафарро ба ҷамъомади дуюм даъват намуд. Духтарон дар як рӯз ду маротиба машқ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби занонаи кишвар (U-20) ин ҳафта ба Ҷидда сафар карда, бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 25-ум ва 29-уми октябр баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир хоҳад шуд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Фараҳноз Холдорова («Ҳосилот»), Нозофарин Иброҳимова («Душанбе»);

Ҳимоятгарон: Ором Насруллоева («Бунҷикат»), Зарина Сафарзода, Улҷамол Элмуродова, Нозия Узоқова (ҳама аз «Бешкент»), Шарофат Ашурова («Варзоб»), Гулзира Султонова («Ситора»), Омина Қодирова («Душанбе»), Мафтуна Шанбиева, Таҳминаи Баҳром, Дилдора Имомалиева (ҳама аз «Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Нозия Абдуғаффорова («Бешкент»), Марҷона Саидова, Манзура Қаюмова (ҳарду аз «Душанбе»), Фаришта Саидова («Вахш»), Шоҳсанам Ҳоҷиматова («Хуҷанд»), Хуршедахон Ҷураева («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Меҳрона Давлатова, Шукрона Устоева (ҳарду аз «Душанбе»), Чаросхон Нормуродова («Бешкент»), Уғулой Сатторова («Регар-ТадАЗ»).

СармураббӣЮсуф Рабиев.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG