Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар остонаи дидори роҳбарони Амрико ва Русия гуфт, Киев барои поён додан ба ҷанг бахше аз қаламравашро ба Маскав намедиҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико 8-уми август эълом кард, ки рӯзи 15-уми август бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Аляска мулоқот мекунад. Ин нахустин дидори онҳо аз замони бозгашти дубораи Трамп ба Кохи Сафед аст.
Ба гуфтаи Трамп, ҳар тавофуқи сулҳ метавонад "табодули сарзаминҳо"-ро дарбар гирад. Пешниҳоде, ки бо мавқеи деринаи Киев барои пас гирифтани тамоми манотиқи ишғолии Русия дар мухолифат қарор дорад.
Трамп дар Кохи Сафед гуфт, "мавзӯи бисёр печида аст. Мо бахшеро пас мегирем ва бахшеро иваз мекунем. Табодули сарзаминҳо ба нафъи ҳарду тараф хоҳад буд, аммо баъдан ё фардо дар бораи он суҳбат хоҳем кард."
Ӯ дар ин бора ҷузъиёте надод. Мушаххас набуд, ки манзури Трамп аз "иваз"-и сарзаминҳо чист, зеро Украина ягон қисмати Русияро дар ихтиёр надорад.
Владимир Зеленский, ки ба нишасти Аляска даъват нашудааст, 9-уми август дар паёми видеоӣ ҳушдор дод, ки ҳар гуна тавофуқи сулҳ, ки Украина дар он ҳузур надошта бошад, ба "роҳи ҳалли мурда" оварда мерасонад. "Украиниҳо замини худро ба ишғолгар нахоҳанд дод," - афзуд Зеленский.
Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт, "ҳар тасмиме, ки бидуни ҳузури Киев гирифта шавад, тасмиме бар зидди сулҳ аст. Ин тасмимҳо натиҷае нахоҳанд дошт. Инҳо тасмимҳои мурдаанд ва ҳаргиз корсоз нахоҳанд буд."
Ин музокирот дар шароите ҳасос баргузор мешавад. Замоне, ки Трамп аз Владимир Путин ноумед шуд ва раиси ҷумҳури Русия низ аз хостаҳояш ақибнишӣ намекунад.
Доналд Трам ва Владимир Путин то кунун шаш тамоси телефонӣ доштанд ва фиристодаи Кохи Сафед низ дастикам се бор ба Маскав сафар кард.
Аз сӯи дигар раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи шанбеи 9-уми август таъкид кард, ки Украина бояд дар ҳаргуна музокироти вобаста ба ояндаи худ ҳузур дошта бошад.
Эмануэл Макрон дар паёме дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, "ояндаи Украина наметавонад бидуни ҳузури украиниҳо, ки беш аз се сол аст барои озодӣ ва амнияти худ ҷангидаанд, таъйин шавад."
Макрон афзуд, аз ин ҷиҳат, ки амнияти Аврупо низ дар хатар аст, аврупоиҳо бояд бахше аз роҳи ҳал бошанд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки пештар бо раиси ҷумҳури Украина, Садри аъзами Олмон ва нахуствазири Бритониё тамоси телефонӣ доштааст.
Доналд Трамп ба Русия муҳлат дода буд, ки агар то рӯзи 8-уми август ҷангро дар Украина бас накунад, таҳти таҳримҳои сахт қарор мегирад. Ҳамзамон Трамп ба харидорони асосии нафти Русия, аз ҷумла Ҳинду Чин таҳдид кардааст, ки агар хариди нафти русиро бас накунанд, аз ин кишварҳо боҷи иловагӣ меситонад.