Дар чанд ҷумла
Додситонии Украина куштори "асирони ҷангӣ"-ро таҳқиқ дорад
Додситонии кулли Украина ба таҳқиқи он чи "куштори гурӯҳии асирони ҷангии украинӣ" аз ҷониби Русия хонда мешавад, оғоз кардааст.
Русия 31 моҳ пеш ба хоки Украина таҷовуз кард.
Бар асоси як изҳороти расмӣ, ки дар Телеграм нашр шуд, нерӯҳои Русия гуё 16 "асири ҷангии украинӣ"-ро дар наздикиҳои деҳаи Миколайевка ва Сухи Яр дар ноҳияи Покровски вилояти Донетск куштаанд.
Навор дар Телеграм нашру паҳн шудааст. Дар он ба назар мерасад, сарбозони украинӣ аз ҷангал берун меоянд. Баъди саф кашидан, зоҳиран нерӯҳои Русия ба сӯйи онҳо оташ кушодаанд.
Сипас дар наворҳо дида мешавад, ки сарбозони рус ба назди захмиён рафта, дубора ба тани онҳо тир мезананд.
Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, эъдоми сарбозони таслимшуда ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад.
Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Киев ҳамла кардааст
Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина рӯзи 3-юми октябр тақрибан 15 ҳавопаймои бесарнишини Русияро дар фазои Киев задаанд. Дар ин бора раиси маъмурияти низомии пойтахти Украина дар Telegram хабар дод.
Серҳий Попко гуфт, ҳамла беш аз панҷ соат идома кард. Ба иттилои ӯ, боқимондаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ноҳияи Деснянскийи Киев афтодаанд.
Нерӯҳои Украина ҳавопаймоҳои бесарнишини Русияро дар вилоятҳои Черниҳов, Полтава, Черкаси, Сумӣ ва Виннитса низ сарнагун кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Русия иддао кард, ки дар як шаб дар фазоҳои Белгород, Воронеж, Курск ва Брянск 113 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро заданд.
Вазорат гуфт, 73 ҳавопаймои бесарнишинро дар Белгород раҳгирӣ кард.
"Ҳамос" масъулияти ҳамларо дар Телавив ба дӯш гирифт
Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, рӯзи 2-юми октябр тирандозӣ ва кордкаширо дар Телавив ба дӯш гирифт.
Тирпаронӣ дар як истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Яффаи Телавив рух дод.
Дар ин ҳодиса, ки чанд соат пеш аз партоби даҳҳо мушаки Эрон ба сӯйи Исроил сурат гирифт, ҳафт исроилӣ кушта шуданд.
Пулиси Исроил гуфт, ду ҳамлагар ба як вагони серодам дар истгоҳ оташ кушоданд.
Мақомоти Исроил гуфтанд, ду ҳамлагар аз ҷониби як ғайринизомии мусаллаҳ ва муҳофизони амниятӣ кушта шудаанд.
Намояндагони "Толибон" ва кишварҳои минтақа дар Маскав ҷамъ мешаванд
Қарор аст рӯзи 4-уми октябр дар шаҳри Маскав ҷаласаи шашуми машваратҳо оид ба Афғонистон дар сатҳи намояндагони махсуси кишварҳои минтақа баргузор шавад.
Дар ин бора хабаргузории Интерфакс аз қавли Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ин ҳамоиш намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон даъват шудаанд.
Захарова гуфт, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" ҳам ба ҳайси "меҳмони асосӣ" даъват шудааст. Қарор аст Муттақӣ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия вохурад.
Ба таъкиди сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, раванди сулҳи миллӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои минтақа бо Кобул аз мавзуъҳои асосии ҳамоиш ҳастанд.
Ин чорабинӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия талош доранд бо ҳукумати «Толибон» робита барқарор кунанд. Ахиран хабарҳое нашр шуд, ки намояндагони Тоҷикистон ҳам ба Кобул рафта, бо мақомоти «Толибон» вохӯрдаанд. Дар Душанбе ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накарданд.
"Толибон" се сол аст, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, вале ҳукумати онҳоро ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.
Файзалӣ Сардоров барои ҷоизаи "Беҳтарин футзалбози сол" довталаб аст
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯйхати довталабони ҷоизаҳои солонаро эълон кард.
Дар рӯйхати довталабон ба унвони беҳтарин футзалбози Осиё Файзалӣ Сардоров, узви тими миллии Тоҷикистон, низ шомил аст. Вай дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, дар Тайланд ду гол зад.
Ҳамчунин Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Узбекистон) барои унвони беҳтарин футзалбози Осиё муддаӣ мебошанд.
28-умин маросими ҷоизасупории Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Annual Awards) рӯзи 29-уми октябр дар Қасри бузурги сулҳи Донишгоҳи Кёнхи Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.
Исроил сафари Дабири кулли СММ-ро ба ин кишвар манъ кард
Исроил вуруди Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гуттеришро ба ин кишвар манъ кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" аз қавли Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил хабар дод.
"Нафаре, ки наметавонад мисли дигарон ҳамлаи даҳшатноки Эрон ба Исроилро ба таври ошкоро маҳкум кунад, сазовори он нест, ки ба хоки Исроил по гузорад,"-гуфтааст Катс.
Шоми 1-уми октябр Теҳрон бо 180 мушаки дурпарвоз ба шаҳрҳои Исроил ҳамла кард. Мақомоти Исроил гуфтанд, посухи ин кори Теҳронро хоҳанд дод.
Русия боз як шаҳри Украинаро тасарруф кардааст
Артиши Украина тасдиқ кард, ки назорат бар шаҳри Вуҳледар (Угледар) дар вилояти Донетскро аз даст додааст. Телеграм канали "Хортитса" 2-юми октябр хабар дод, ки неруҳои Украина шаҳрро пурра тарк карданд.
Дар бораи тасарруфи Вуҳледар субҳи чаҳоршанбе баъзе блогерони тарафдори Маскав хабар доданд. Аммо Вазорати дифои Русия дар ин бора чизе нагуфтааст.
Ҷангҳо барои тасарруфи ин шаҳр дар ҷанубу ғарби Донетск ду сол давом кард. Неруҳои Русия чанд бор талош карданд, ки шаҳрро ғасб кунанд ва талафоти зиёд ҳам доданд.
Расонаҳо навиштанд, шаҳри Вуҳледар дар пайи моҳҳо ҷанг хароб шудааст.
Дар Эрон тамоми парвозҳо барои як рӯз манъ шуд
Ҳукумати Эрон тамоми парвозҳоро то субҳи панҷшанбеи 3-юми октябр манъ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, ин кор “бо ҳадафи бехатарии парвозҳо дар минтақа” гирифта шудааст.
Тасмими мақомоти Эрон дар бораи лағви парвозҳо дар пасманзари ҳамлаи ин кишвар ба Исроил ва посухи эҳтимолии Тел Авив гирифта мешавад.
Шоми 1-уми октябр Теҳрон бо даҳҳо мушак ба шаҳрҳои Исроил ҳамла кард. Мақомоти Исроил гуфтанд, посухи ин корро медиҳанд.
Тоҷикистон аз ҳамла ба қароргоҳи дипломатии Иморот нигаронӣ кард
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи ҳавоӣ ба қароргоҳи намояндаги дипломатии Имороти Муттаҳидаи Араб дар пойтахти Судон нигаронӣ кардааст.
Вазорат 1-уми октябр дар изҳороте гуфт, биноҳои намояндагии дипломатӣ бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ дахлнопазир ҳастанд ва ин меъёр бояд қатъан риоя шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб шоми 30-юми сентябр хабар дод, ки неруҳои ҳавоии Судон ба қароргоҳи намояндаги дипломатии ин кишвар дар шаҳри Хартум ҳамла кардаанд. Мақомоти Иморот дар робита ба ин ҳодиса ба Лигаи давлатҳои араб, Иттиҳоди Африқо ва Созмони Милал нотаи эътирозӣ фиристод.
"Сипоҳон" дар Исфаҳон "Истиқлол"-ро голборон кард
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 дар сафар аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон баргузор шуд.
Рақобат комилан бо бартарии мизбонон гузашт ва онҳо дар ҳар як қисми бозӣ дуголӣ заданд. Абубакар Камара дар дақиқаи 40-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ҷавод Оғоипур ҳисобро афзун кард. Дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум Ҷавод Оғоипур голи сеюмро ба самар расонд. Браян Дабо дар дақиқаи 76-ум ҳисобро 4:0 намуд.
Бозии дигари даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Ба назари коршиносон, «Истиқлол» баъди истеъфои сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи сербиягӣ, ба бесарусомонӣ мувоҷеҳ шуд ва дар бозиҳои ахир ноком гардид.
“Истиқлол”-ро ба бозӣ муқобили “Сипоҳон” мутахассиси 49-солаи тоҷик Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омода кард.
Сармураббии “Сипоҳон” Жозе Мораиш, мутахассиси 59-солаи португалӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳадафи аслиашон дар ин бозӣ пирӯзист. Онҳо ба мақсади худ расиданд ва соҳиби се имтиёз шуданд.
“Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. “Сипоҳон” бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст.
Даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” рӯзи сешанбеи 22-юми октябр баргузор мешавад. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” дар майдони худ бо “Сипоҳон” бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар ҳамла ба шаҳри Тел-Авив шаш нафар кушта шудаанд
Рӯзи 1-уми октябр ду нафар ба сӯи сокинони минтақае дар канори шаҳри Тел Авив оташ кушода, 6 касро куштанд. Ин ҳодиса чанд лаҳза қабл аз ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил рух дод.
Ба гуфтаи пулиси Исроил, шомгоҳи сешанбе ду “террорист” дар истгоҳи трамвай ва бо нидои “Аллоҳу Акбар” ба сӯи мардуми одӣ тирпарронӣ карданд. Навори дурбинҳои атроф ҳам нишон медиҳанд, ки ҳамлаварон пас аз фаромадан дар истгоҳи трамвай ба сӯи мардум оташ кушодаанд.
Дар ин ҳодиса 6 кас ҷон бохта, 16 тани дигар маҷруҳ шуданд. Аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин гуфта мешавад.
Пулиси Исроил мегӯяд, ҳамлаварон дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд. Аз онҳо “Муҳаммад Халиф” ва “Ҳасан Муҳаммад Тамими” ном бурдаанд. Ҳардуи онҳо фаластинӣ ва сокинони шаҳри “Ал-Халил” (ба забони ибрӣ Хеврон) будаанд.
Ин ҳодиса чанд лаҳза қабл аз ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил рух додааст. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шомгоҳи 1-уми октябр бо даҳаҳо мушаки болдор ба Исроил ҳамла кард. Ин ҳамла таниш дар Ховари Миёна ва нигарониҳо аз сар задани ҷанги мустақим миёни Эрону Исроилро зиёд кард.
Як зан дар Бохтар ба ширкат дар ҷанги Сурия гунаҳкор шуд
Додгоҳи шаҳри Бохтар як зани 37-соларо бо гуноҳи "зархаридӣ" ва ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин хабарро оҷонсии "Азия-Плюс" нашр кардааст, аммо назари зан ва пайвандонаш ба ҳукм дастрас нест.
Варқа Зайниддин, ёвари додситони вилояти Хатлон ба ин расона гуфтааст, Камила Урунбоева соли 2015 бо Абдурасул Умаралӣ Уғлу, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахалуси “Сайфулло” ошно аст, никоҳи мусалмонӣ баста, бо даъвати ӯ ба Сурия рафтааст.
Додгоҳ ин занро ба он гунаҳкор кардааст, ки соли 2016 ба гуруҳи тундрави “Ҷабҳат-ан-Нусрат” пайваста, дар ҷангҳо ширкат кардааст. Ин гуруҳ дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳо террористӣ шинохта шудааст.
Қаблан баъзе аз занони тоҷик, ки ҳамроҳи шавҳаронашон ба Сурия рафта буданд, гуфтаанд, ки дар ҷангҳо ширкат накардаанд.
Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ҳастанд.
Муҳлати тафтиши ҳамла ба "Крокус"-ро тамдид карданд
Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати тафтиши парвандаи ҳамла ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл”-ро то 22 -юми декабри соли равон тамдид кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии РИА Новости бо такя ба санади додгоҳӣ хабар додааст.
Дароз кардани муҳалти тафтишот дар ҳолест, ки мақомот қаблан гуфтанд, дар ин парванда ба эҳтимоли зиёд номи гумонбарони нав эълон мешавад.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. Дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди 20 кас боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Муҳоҷирон мегӯянд, баъди ин ҳодиса аҳволашон дар Русия бадтар шуд.
Ятимов ва Тошиев дар бораи аломатгузории марз суҳбат кардаaнд
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрда, масъалаи аломатгузории минтақаҳои боқимондаи марзро баррасӣ кардаанд. Дидори Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев 1-уми октябр баргузор шудааст.
Ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар", ду тараф дар бораи муайян кардани минтақаҳои боқимондаи сарҳад гап зада, ба ҳайатҳо дастур додаанд, ки корро дар ин самт давом доданд.
Девони Вазирони Қирғизистон ҳам айни хабарро нашр кардааст. Ду тараф аз вохӯрии Ятимов ва Тошиев дигар ҷузъиёте надоданд.
Тибқи охирин хабарҳои расмӣ, 94 дарсади хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, гуфтугӯҳо бар сари минтаҳои боқимонда идома дорад. Мушаххас нест, маконҳое, ки аниқ нашудаанд, дар кадом қисмати марз ҷойгиранд. Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъйини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз, зоҳиран аҳолинишин ҷараён дорад.
Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.
Раҳбари нави НАТО гуфт, Украина дар маркази таваҷҷуҳи ӯст
Марк Рутте, раҳбари нави НАТО, Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ, дар рӯзи аввали кораш дар ин мақом 1-уми октябр гуфт, Украина дар маркази таваҷҷуҳи ӯ қарор мегирад. Вай дар айни замон нагуфт, ки кай Киев метавонад ба узвияти ин созмон пазируфта шавад.
Рутте, ки дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел гап мезад, аз посух гуфтан ба суолҳои сангин фирор намуд, айнан мисли он ки раҳбари пешин Йенс Столтенберг кардааст.
Марк Рутте сиёсатмадори ботаҷриба аст. Давоми 14 сол дар мақоми сарвазири Ҳолланд кор карда, чор ҳукумати эътилофиро раҳбарӣ кардааст. Муомилаву созиш яке аз шеваҳои кори ӯст ва ин ба он маъност, ки масоили сангин на ҳамеша пайгирӣ хоҳанд шуд.
Рутте Украинаро барои ҷасорат ва истеъдоди артишаш ситоиш кард. Вай инчунин гуфт, қимати ҳимоят аз Украина имрӯз камтар аз харҷест, ки агар Ғарб ба президенти Русия Владимир Путин иҷоза медод, ҳадафҳои худро дар ин ҷанг амалӣ созад.
Ӯ дар суханронияш аз таркиши ҳавопаймои Малайзия дар соли 2014 аз ҷониби ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар фазои шарқи Украина ёдовар шуд. Рутте гуфт, ӯ баъди ин дарк кард, ки “ҷанг танҳо бо хати ҷабҳа маҳдуд намешавад”.
Вале дар масъалаи баррасии узвияти Украина дар НАТО, ки Киев ба он умеди зиёд дорад, чандон эътимоди зиёд баён накард. Рутте гуфт, Украинаро “ба НАТО боз ҳам наздиктар” мекунад, вале дар амал чунин садо надод, ки мақсад қабули кишвар ба узвияти паймон аст.
Ба суоли дигар дар бораи ин ки оё ба фикри ӯ Украина дар ҷанг пешсаф аст ё на, гуфт, “вазъ дар ҷабҳа осон нест” ва эътироф кард, ки нерӯҳои Русия “бартариҳои андаке доранд”. Айни замон ӯ гуфт, ки ин ҷанг қурбонии зиёд дорад.
Ӯ дар мавриди таҳдидҳои ҳастаии Русия гуфт: “Мо ҳоло ҳеч таҳдиди билофосилаи истифодаи силоҳи ҳастаиро намебинем”. Дар пайванд ба ҳаққи Украина дар истифода аз силоҳҳои дурпарвоз барои расидан ба ҳадафҳои дарунтари Русия гуфт, “дархости Украина қобили дарк аст”.
Автобуси хонандагон дар Бангкок оташ гирифт: 23 кас ҷон бохт
Дар сӯхтори автобуси хонандагон дар канораҳои шаҳри Бангкок, пойтахти Тайланд, 23 кас ҷон бохта, 16 шогирду омӯзгор ба бемористон бурда шудаанд.
Ба иттилои хабаргузории “Рейтерс”, ҳодиса дар замоне рӯй дод, ки автобус бо 40 хонанда ва омӯзгор дар сафари берунишаҳрӣ буд.
Дар наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст, ки чӣ гуна автобус оташ гирифта, сӯхтор зуд тамоми нақлиётро фаро мегирад.
Мақомоти полис гуфтанд, мошин бо газ кор мекард ва эҳтимол ҳодиса дар натиҷаи аланга гирифтани чархи мошин рух дод.
Сарвазири Тайланд дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, ки кӯдакон дар роҳ ба самти Утай Танӣ дар 250-километрии Бангкок қарор доштанд. “Ман ҳамчун модар мехоҳам таассуфи амиқи худро ба оилаҳо баён кунам,” – навишт ӯ.
Ҷимми Картер, президенти собиқи Амрико, 100-сола шуд
Ҷимми Картер, президенти собиқи Амрико, рӯзи 1-уми октябр 100-сола шуд. Ӯ раисҷумҳури аввалини амрикоӣ аст, ки як қарн умр дидааст.
Писари кишоварзе, ки аз буҳрони азими солҳои 1930 гузашта то ба Кохи Сафед роҳ ёфт, барои пуштибонӣ аз ормонҳои башариву демократӣ барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардидааст.
Ӯ аз соли 1977 то 1981 ба ҳайси президенти 39-уми Амрико кор карда, баъди он ҳамроҳи ҳамсараш Розалин, Маркази Картерро таъсис дод. Ин Марказ барои мусоидат дар тарҳҳои демократӣ хидмат кардааст.
"Ҷанги сахт дар ҷануби Лубнон ҷараён дорад"
Бо вуҷуди мухолифатҳои Амрико ва нигаронӣ аз тавсеаи низоъҳо дар Ховари Миёна, артиши Исроил рӯзи 1-уми октябр амалиёти заминии зидди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар хоки Лубнон ба роҳ монд.
Ба иттилои артиши Исроил, “ҷанги сахт дар ҷануби Лубнон ҷараён дорад”.
Аз сокинон хоста шудааст, ки аз сафар бо мошин дар самти шимол то ҷануби Лубнон худдорӣ кунанд.
Мақомоти Исроил гуфтанд, амалиёт дар ҷануби Лубнон “ҳадафмандона ва дақиқ” хоҳад буд ва ҳадафаш “Ҳизбуллоҳ” мебошад.
Кишварҳои ҷаҳон ба хатми низоъ даъват карданд. Исроил гуфт, ки фишорро болои “Ҳизбуллоҳ” кам намекунад ва сарҳадҳои шимолиашро бо Лубнон минтақаи низомӣ эълон кардааст.
Исроил ҳафтаҳои охир ба зидди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон амалиёти низомиро сар кардааст. Ҳафтаи гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Бейрут раҳбари собиқадори ин гурӯҳ Ҳасан Насруллоҳ кушта шуд.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки зери ҳимояти Эрон буда, дар порлумони Лубнон намоянда дорад. Иёлоти Муттаҳида онро созмони террористӣ эътироф кардааст. Иттиҳоди Аврупо ҷиноҳ ё қаноати низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст, на ҳизби сиёсияшро.
Дар Русия рӯйхати муҳоҷирони ғайриқонунӣ таҳия мешавад
Вазорати корҳои дохилии Русия аз моҳи марти соли 2025 рӯйхати муҳоҷирони ғайриқонуниро роҳандозӣ мекунад.
Ба ин феҳристи электронӣ маълумот дар бораи он шаҳрвандони хориҷӣ ворид мешавад, ки ҳаққи будубошро дар Русия надоранд.
Хабаргузории расмии “ТАСС” навишт, бо матни тарҳи қарори ҳукумат дар ин бора шинос шудааст. Хоҳишмандон метавонанд бар асоси дархост номи худро дар ин феҳрист санҷанд.
Маълумот дар бораи ному насаб, санаи таваллуд, рақами шиноснома аз чашми бегонаҳо пинҳон мемонад.
Баъд аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав дар моҳи марти имсол, ҳукумати Русия қонунҳои вобаста ба муҳоҷиратро сахттар мекунад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз хоки ин кишвар пеш кардааст.
Як додрас дар Хатлон истеъфо додааст
Як додраси Додгоҳи вилояти Хатлон аз мақомаш истеъфо додааст. Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Батир Хидирзода 1-уми октябр “бо хоҳиши худаш” аз вазифа озод шуд.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин додрас ва ҳамин тавр сабаби истеъфои ӯ маълум нест. Батир Хидирзода соли 2020 додраси Додгоҳи вилояти Хатлон таин шуд. Пеш аз ин ӯ раиси Додгоҳи ноҳияи Лахш буд.
Ба омори расмӣ дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас ҳаст. Дар даҳ соли охир чандин нафари онҳо боздошт ва бархе ба зиндон маҳкум шуданд. Онҳоро президент таъйину барканор мекунад.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ҳанӯз соли 2020 ин нуктаро танқид карда ва гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд".
Дар Тоҷикистон қаҳрамонии ҷудо байни навҷавонон доир мешавад
Аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар риштаи ҷудо баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон дар Душанбе 533 варзишгар (291 писар ва 242 духтар) аз 67 кишвари 5 қораи олам номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон 24 варзишгар (17 писар ва 7 духтар) муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар сабқати мардон Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусамир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг), Фараҳманд Устопириён (+100 кг) рақобат мекунанд.
Дар сабқати духтарон Зуҳал Ҷумъаева (-48 кг), Райҳона Розиқзода (-48 кг), Мадина Қурбонзода (- 52 кг), Александра Кан (-57 кг), Раҳмия Ханҷарбекова (-57 кг), Ҷонона Назарова (- 63 кг) ва Виктория Киселева (+78 кг) иштирок менамоянд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд. Варзишгарон ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.
Рӯзи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки 270 варзишгар (143 писар ва 127 духтар) аз 17 кишвари 4 қора номнавис шудаанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии омехта иштирок менамояд.
Душанбе мизбони боз як ҳамоиши оби Созмони Милал мешавад
Соли 2028 дар Тоҷикистон боз як ҳамоиши оби Созмони Милал баргузор мешавад. Мақомоти тоҷик дар ин бора 30-юми сентябр ва баъди ҷаласаи ҳукумат хабар доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки кумитаи тадорукоти конфронс ташкил шавад.
Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кумаки Созмони Милал баргузор мешавад. Душанбе моҳи июни имсол мизбони ҳамоиши вобаста ба об буд.
Мақомот дар ҳоле ба баргузории ин гуна ҳамоишҳо таваҷҷуҳ доранд, ки ба иттилои расмӣ қариб 40 дарсади аҳолӣ дар дохили Тоҷикистон аз камбуди об танқисӣ мекашанд. Масъулини идораи комуналӣ моҳи июли имсол гуфтанд, танҳо 66 дарсади аҳолии кишвар бо об таъмин аст.
Мунтақидон бар инанд, ки чунин ҳамоишҳо бештар хислати таблиғотӣ доранд, то амалӣ ва ҳадафи асосияшон баланд бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байнулмилал ва ҳам таъкид ба комёбию эътирофи ҷаҳонии нақши раҳбари он дар дохили кишвар аст.
ИМА: Украина метавонад бо яроқҳои худ ба Русия зарба занад
Украина барои ҳамла ба дохили хоки Русия ба иҷозаи Амрико ниёз надорад. Мэтю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфт, Киев барои ин кор метавонад аз силоҳҳои тавлидкардаи худ истифода барад.
"Агар шумо ба корҳое, ки Украина дар як соли ахир анҷом дод, нигоҳ кунед, ин гуна яроқҳо зиёданд,"-гуфт Миллер.
Ба гуфтаи ин мақомдори амрикоӣ, Украина барои мудофиаи худ миқдори зиёди таҷзиҳот дорад ва ҳамла бо силоҳҳои ғарбӣ ба дохили Русия “ягона роҳи сеҳрноки тағйир додани хатти ҷанг” нест. Қаблан дар ин бора Ллойд Остин, вазири мудофиаи ИМА ҳам суҳбат карда буд.
Мэтю Миллер бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфт, “ҳама имкониятҳоро баррасӣ мекунем.”
Украина чанд моҳ аст, ки аз кишварҳои ғарбӣ талаб дорад иҷозат диҳанд бо силоҳҳои гирифтааш ба дохили хоки Русия ҳамла кунад. Муттаҳидони ғарбии Киев, аз ҷумла ИМА ва Бритониё то ҳол ба ин кор мувофиқат накардаанд.
“Амалиёти маҳдуди заминӣ”-и Исроил дар Лубнон
Артиши Исроил мегӯяд, ки зидди ҳадаф ва зербиноҳои “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон “амалиёти маҳдуди заминӣ” оғоз кардааст. Амрико ва Исроил “Ҳизбуллоҳ”-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Йоаф Галлант, вазири дифои Исроил, рӯзи 30-юми сентябр хитоб ба нерӯҳои кишвараш гуфт, кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли “Ҳизбуллоҳ”, як қадами бисёр муҳим аст, вале ҳама чиз нест.
Ҳасан Насруллоҳ рӯзи 27-уми сентябр дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар ҷануби Бейрут кушта шуд. Ӯ беш аз сӣ сол раёсати “Ҳизбуллоҳ”-ро бар уҳда дошт.
Ин гурӯҳ, ки ҳам низомӣ асту ҳам ҳизби сиёсӣ, аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноти ҳарбии онро ба феҳристи сиёҳ даровардааст.
Шайх Наим, муовини раҳбари “Ҳизбуллоҳ”, рӯзи душанбе гуфт, дар баробари ҳамлаи заминии Исроил ба ҷануби Лубнон омода ҳастанд.
Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар рӯзҳои охир беш аз 100 ҳазор нафар аз тарси ҳамлаҳои Исроил аз Лубнон ба Сурия рафтаанд.
Вазорати тандурустии Лубнон гуфт, дар рӯзҳои охир дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз ҳазор нафар кушта шудаанд.
Эрон гуфт, ба Лубнон ва Навори Ғазза нерӯ нахоҳад фиристод
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки нерӯҳои худро барои мубориза бо Исроил ба Лубнон ё Навори Ғазза нахоҳанд фиристод.
Носир Канъонӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, “ба эъзоми нерӯҳои изофӣ ё ихтиёриён аз Ҷумҳурии Исломӣ зарурате нест.”
Вай афзуд, Лубнон ва ҷангҷӯён дар сарзаминҳои Фаластин “тавоноӣ ва қудрати дифои худро аз таҷовуз доранд”.
Ин изҳорот дар пасманзари ҳамлаҳои шадиди Исроил ба мавзеъҳои “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон ва кушта шудани раҳбари ин гурӯҳи тундрав Ҳасан Насруллоҳ ва чанд аъзои баландпояи он садо дод.
Наим Қосим, муовини раиси “Ҳизбуллоҳ”, як созмони тундрави таҳти ҳимояти Эрон ва ҳизби сиёсӣ, ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, раиси нави созмонро ба зудӣ интихоб мекунанд.
Ӯ дар ин паём гуфт, интихоби раҳбари нав дар чаҳорчӯби сохтори муқаррарии “Ҳизбуллоҳ” сурат хоҳад гирифт, вале ҷузъиёт надод.