Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи 15-уми август дар аёлати Аляска нишасти таърихиро оғоз карданд. Ҳадафи мулоқоти онҳо поён додан ба ҷанги 42-моҳа аст, ки Русия тақрибан чаҳор сол пеш дар Украина оғоз кард.
Дар гуфтушунид Трампро вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио ва фиристодаи вижа Стив Виткофф ва Путинро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ҳамроҳӣ доранд. Пештар гуфта мешуд, ки раҳбарони Амрико ва Русия мулоқоти як ба як хоҳанд дошт.
Трамп пеш аз расидан ба Аляска ба хабарнигорон гуфт, "мо бо якдигар ба созиш мерасем. Сатҳи хуби эҳтиром аз ҳарду тараф вуҷуд дорад."
Вай инчунин гуфт, ки мехоҳад "имрӯз оташбас барқарор шавад". Дар посух ба ин пурсиш, ки ин мулоқот чӣ натиҷа хоҳад дод, Трамп афзуд: "Мехоҳам, зудтар оташбасро бибинам... Хушҳол намешавам, агар имрӯз ин итифоқ науфтад. Мехоҳам, куштор боздошта шавад."
Раҳбарони Амрико ва Русия аз моҳи январи имсол то кунун дастикам панҷ бор телефонӣ гап задаанд. Мулоқоти рӯзи 15-уми август дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии Анкориҷ дар аёлати Аляска дидори нахустини онҳо аз замони дубора ба Кохи Сафед баргаштани Доналд Трамп хоҳад буд.
Бидуни Украина
Бо канор гузошта шудани Украина аз ин гуфтугӯ, нишасти рӯзи ҷумъа ба рухдоди сарнавиштсоз барои украиниҳои хаста аз ҷанг, азми Трамп барои расидан ба сулҳ ва кӯшишҳои Путин барои бозсозии ҷойгоҳи Русия дар саҳнаи ҷаҳонӣ табдил шудааст.
“Мо ба Амрико умед мебандем. Мисли ҳамеша омода ҳастем, ки то ҳадди мумкин самарбахш кор кунем,” - навишт президенти Украина Владимир Зеленский дар Телеграм. Ӯ гуфт, “нуктаи асосӣ ин аст, ки мулоқот роҳи воқеиро барои сулҳ ва гуфтугӯҳои судманд байни раҳбарон дар формати сеҷониба – Украина, Амрико ва Русия – боз мекунад.”
Раҳбарони аврупоӣ, ки онҳо низ аз гуфтшунид канор гузошта шудаанд, нисбат ба созишҳои эҳтимолӣ, ки мумкин аст Украинаро дар ҷойгоҳи заифтаре қарор диҳад ё тавоноии Аврупоро барои пуштибонӣ аз Украина ва истодагӣ дар баробари таҳдидҳои Русия суст кунад, нигарон ҳастанд.
Барои русҳо мулоқоти Путин ва Трамп дар хоки Амрико ва он ҳам дар гӯшае, ки замоне зери назорати Русия будааст, як пирӯзии хурд ба шумор меравад.
Барои бисёриҳо гуфтушуниди мустақими Маскаву Вашингтон ва канор гузоштани Украина аз музокироти сулҳ нишасти Ялтаро дар соли 1945 ба ёд меорад. Ҷое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё Аврупои пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро амалан тақсим карданд.
Трамп, ки ба тавоноиҳояш дар гуфтушунид бовар дорад, аз нотавонияш дар боздоштани ҷанги Русия дар Украина, ки бар асоси баъзе ҳисобҳо ба кушта ё захмӣ шудани беш аз як миллион сарбози рус сабаб гашт, зиёд ноумед шудааст. Талафоти Украина низ ба садҳо ҳазор нафар мерасад.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи 14-уми август дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “ман президент ҳастам ва ӯ (Путин) бо ман бозӣ намекунад.” Вай афзуд, “агар нишасти баде буд, бисёр зуд анҷом мешавад ва агар нишасти хубе буд, мо ба зудӣ ба сулҳ хоҳем расид.”
Доналд Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ҳайати ҳамроҳи Путин тоҷирон низ ҳастанд. Вай афзуд: “Хабардор шудам, ки ӯ теъдоди зиёде аз тоҷиронро аз Русия бо худ меоварад ва ин хуб аст. Мо гармтарин кишвар дар рӯи заминро дорем. Мо гармтарин иқтисод дар рӯйи заминро дорем. Путин мехоҳад саҳме аз онро дошта бошад, зеро кишвараш аз назари иқтисодӣ гарм нест.”
“Фикр мекунад, барояш кумак мекунад, вале...”
Дар айни замон Доналд Трамп дар посух ба суоле дар бораи ҳамлаҳои шабонаи Русия ба Украина Путинро танқид кард. Президенти Амрико гуфт: “Фикр мекунам, онҳо дар талоши гуфтушунид ҳастанд. Ӯ дар талош аст, то заминаро фароҳам кунад. Аз назари ӯ, ин кор барояш кумак мекунад, то ба тавофуқи беҳтаре бирасад, дар асл ба ӯ осеб мерасонад.”
Владимир Путин тайи 25 сол боз зимоми қудратро дар Русия ба даст дорад ва дар ин муддат бо панҷ президенти Амрико дидору гуфтугӯ доштааст.
Ӯ рӯзи 14-уми август дар дидор бо мақомҳои баландпояи Кремл нисбат ба нишасти Аляска ибрози хушбинӣ кард ва аз эҳтимоли дастёбӣ ба як созиши нави назорат бар таслиҳот хабар дод. Путин дар наворе гуфт, Кохи Сафед “барои боздоштани даргириҳо” ва “расидан ба созишҳое, ки барои ҳамаи тарафҳои даргир ҷолиб бошад”, “талошҳои бисёр ва содиқона” анҷом медиҳад.
Трамп барои поён додан ба ҷанг дар Украина, ки даргирии бузургтарин дар Аврупо аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонист, пешниҳод додааст, Маскав ва Киев бояд баъзе аз заминҳои худро мубодила кунанд. Ин мавзуъ украиниҳоро, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч қаламраве аз Русияро ишғол накардаанд, бисёр нигарон кардааст.
Раисҷумҳури Амрико дар посух ба суоле дар мавриди эҳтимоли ивази замин ба унвони бахше аз созиши қатъи ҷанг дар Украина гуфт, “ин мавзуъ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт, аммо ман бояд иҷоза диҳам, ки Украина тасмим бигирад... Ман инҷо ҳастам, то онҳоро ба мизи музокира бикашонам.”