Дар чанд ҷумла
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон барпо шуд
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд рӯзи 5 октябр ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид.
Хабаргузории расмии "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон давоми як ҳафтаи гузашта - аз 29 сентябр то 5 октябр вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ё маконнигории сарҳади давлатии ду кишвар барпо шуд.
Ба навиштаи ин хабар, дар ин ҷаласа гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ ҳам иштирок карданд.
Дар хабар ҷузъиёти гуфтугӯҳо ваё пешрафте, ки дар музокираҳо ҳосил шудааст, ёд намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад ва кор ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома меёбад.
Тибқи охирин хабарҳои расмӣ, 94 дарсади хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, гуфтугӯҳо бар сари минтаҳои боқимонда идома дорад. Мушаххас нест, маконҳое, ки аниқ нашудаанд, дар кадом қисмати марз ҷойгиранд. Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъйини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз, зоҳиран аҳолинишин ҷараён дорад.
Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.
Ҳамлаи пурқурбонии ҷангиён дар Покистон
Низомиёни Покистон гуфтанд, ки шоми 4 октябр дар ҳамлаи гурӯҳи ҷангиёни исломӣ дар Вазиристони Шимолӣ, шаш сарбоз, аз ҷумла як афсари баландпояи артиши ин кишвар кушта шуданд.
Рӯзи шанбе мақомот гуфтанд, ки афсари кушташуда лейтенат-полковник Муҳаммадалӣ Шавкат ном дошт.
Ҳодиса дар минтақаи Хайбар Пахтунхваи наздик ба сарҳади Афғонистон рух дод. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Ба иттилои як манбаъ дар сохторҳои амниятии Покистон, ки ба шарти фош нашудани номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, дар задухӯрде, ки баъди ин ҳамла рух дод, боз 24 низомии дигар ҷароҳат бардоштанд.
Вазиристони Шимолӣ як минтақаи ноамн буда, солиёни дароз аст, ки ин ҷо ҷангиён ба намояндагони давлат ва амният ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
Кӯмаки САҲА ба шӯъбаи мубориза бо хушунати оилавии ВКД Тоҷикистон
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба як воҳиди милитсия оид ба масоили гендерии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҷҳизоти фанниву иттилоотӣ тақдим кард.
Ба иттилои ин созмони байналмилалӣ, таҷҳизоте, ки 4 октябр дар маросиме дар Душанбе тақдим шуд, барои пешгирӣ ва мубориза бо хушунати хонаводагӣ мусоидат мекунад.
Ба иттилои ин манбаъ, дар воҳидҳои масоили гендерӣ ё баробарии ҷинсии ВКД Тоҷикистон, махсус бо қонуншиканиҳои вобаста ба зӯроварӣ дар оила кор мекунанд.
Ин кор мутобиқ ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва оила ба роҳ монда шудааст.
Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад, вале бино ба аксе, ки дар сомонаи САҲА чоп шудааст, маросим бо иштироки Эми Севимли, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе ва Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ баргузор шуд.
САҲА бо ВКД Тоҷикистон дар самти ислоҳоти сохторҳои милитсия кор мекунад.
Рӯзи сукут дар остонаи референдуми ҷанҷолбарангези Қазоқистон
5 октябр – як рӯз пеш аз ҳамапурсии ҷанҷолбарангезе дар Қазоқистон, ки бояд назари мардумро дар бораи сохтмони истгоҳи барқии ҳастаӣ маълум кунад, дар ин кишвар рӯзи сукут эълон шудааст.
Маъракаи таблиғотӣ як моҳ давом кард ва як рӯз пеш аз овоздиҳӣ касе ҳақ надорад барои тарафдорӣ ё мухолифати ин тарҳ садо баланд кунад. Қарор аст фардо, 6 октябр дар кишвар беш аз 10 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ боз шавад ва иловатан 74 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон амал мекунанд.
Ба навиштаи Бахши Қазоқии Радиои Озодӣ, дар варақаи овоздиҳӣ фақат як савол ҷой дода шудааст: “Шумо бо сохтмони истгоҳи барқии атомӣ розӣ ҳастед?”. Шаҳрвандон бояд аз ду савол якеро интихоб кунанд: “ҳа” ё “не”. Дар ин варақаи раъйдиҳӣ барои сокинон имкони интихоби ширкати сохтмонии истгоҳ фароҳам нашудааст, аз ин рӯ, маълум нест, дар сурати посухи мусбати сокинон ба сохтмони он, кадом ширкати хориҷӣ аз паи бунёди он мешавад.
Ҳукумат аз ин пеш гуфт, ки барои сохтмони истгоҳ Русия, Чин, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Дар овоздиҳӣ 12 ҳазору 233 ҳазор сокини Қазоқистон ҳақ доранд иштирок кунанд. Дар сурати ба овоздиҳӣ омадани 50% раъйдиҳандагон, овоздиҳӣ баргузоршуда эълон мешавад.
Ин овоздиҳӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки бисёр сокинон, фаъолони ҷамъятию сиёсӣ мухолифи сохтмони ин истгоҳ садо баланд карданд, вале мақомот бархеро ҳабс ва дигарҳоро фишор оварданд, ки пеши роҳи нақшаҳои ҳукуматро нагиранд.
Ҳамос аз кушта шудани як фармондеҳаш дар Лубнон хабар дод
Ҳамос гуфтааст, ин фармондеҳ дар дохили қароргоҳи муҳоҷирон кушта шуд.
Гурӯҳи ҷангии Ҳамос, ки аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ номида шудааст, рӯзи шанбе, 5 октябр гуфт, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар дохили паноҳгоҳи муҳоҷирон дар шимоли Лубнон яке аз фармондеҳони ин гурӯҳ кушта шуд.
Бори аввал аст, ки баъди шурӯи ҷанги Ғазза дар соли гузашта ин минтақа мавриди ҳамла қарор мегирад. Ҳамос навишт, ки «Фармондеҳ» Саид Атоуллоҳ Алӣ, ҳамсар ва ду духтари ӯ дар «як бомбаборони сайҳунистӣ болои манзилаш дар қароргоҳи Бадавӣ» дар шимоли шаҳри Триполӣ кушта шуданд.
Баъди шурӯи ҷанги Ғазза як соли пеш Исроил чандин бор мақомоти Ҳамосро дар Лубнон ҳадаф қарор додааст. Дар як соли гузашта Ҳамос аз кушта шудани дастикам 18 ҷангиаш дар Лубнон хабар додааст.
Игор Черевченко сармураббии нави "Истиқлол" шуд
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин гардид.
Дар ин бора сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, Игор Черевченко 4-уми октябр ба футболбозону маъмурияти даста муаррифӣ шуд ва аввалин тамринро бо «Истиқлол» баргузор кард.
Ҳамроҳ бо Червеченко ба «Истиқлол» Юрий Батуренко, собиқ нимҳимоятгари дастаи машҳури “Помир” баргашт, ки вазифаи ёвари аввали сармураббиро иҷро хоҳад намуд. Ҳамчунин ба ситоди мураббиёни «Истиқлол» Алишер Тухтаев, Дилшод Восиев ва Дмитрий Тяпушкин ворид шуданд.
Дарвоқеъ, Игор Черевченко таҷрибаи кориро дар «Истиқлол» дорад. Дар мавсими гузашта даста зери раҳбарии ӯ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуда, инчунин Ҷоми миллиро ба даст оварда буд.
Бояд гуфт, ки «Истиқлол» баъди истеъфои сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи сербиягӣ, ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Ду бохти пайиҳами қаҳрамони Тоҷикистон дар
Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 дар майдони худ аз “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ва дар сафар аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:4 боиси нигаронии мутахассисону мухлисон гардид. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар гурӯҳи “С” дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.
Шарҳи ҳол
Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ мисли падараш дар хатти дифоъ бозӣ мекард ва собиқаи футболбози касбиро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст. Вай то соли 1994 дар ҳайати “Помир” буд.
Черевченко солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайати “Индустрия”-и Обнинск ҳунарнамоӣ кард, аммо бозии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ бурд.
Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.
Игор Черевченко баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳи “Локомотив” кор мекард. Соли 2014 як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд. “Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ Ҷоми Русияро ба даст овард.
Игор Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии футболи Русия аз вазифааш истеъфо дод.
Моҳи феврали соли 2017 Игор Черевченко бошгоҳи Лигаи миллии футболи Русия - «Балтика»-и Калининградро раҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи январи соли 2018 сармураббии дастаи “Арсенал”-и Тула таъйин гардид.
Охирҳои моҳи декабри соли 2023, ки муҳлати қарордодаш ба ҳайси сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе ба охир расид, аз даста рафт. Охирин ҷойи кори ин мутахассиси 50-сола бошгоҳи «Факел»-и Воронежи Русия (соли 2024) буд.
Президенти Тоҷикистон дар Маскав бо Путин мулоқот мекунад
Рӯзи 7 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад
Рӯзи 7 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад ва он ҷо қарор аст дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд (ИДМ) иштирок кунад.
Дар бораи баргузории ин нишаст Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабар дод. Дар барқияи табрикии президенти Русия ба муносибати 72-солагии Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ҳам аз “мулоқоти рӯзҳои наздик” хабар додааст.
Песков дирӯз гуфт, ки дар Маскав ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ барпо мешавад ва ба ин муносибат шоми 7 октябр президентони кишварҳои узв вориди Маскав мешаванд. Он рӯз президент Путин ҳам зодрӯзи 72-юми худро ҷашн мегирад.
Тоҷикистон ва Русия шарики стратегӣ ба шумор мераванд, дар хоки Тоҷикистон пойгоҳи азимтарини низомии Русия ҷойгир шудааст ва ин кишвар шарики муҳими тиҷоратии Душанбе ба шумор меравад. Вале фишору азиятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, бахусус баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус", ки дар он аксар шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, бисёриҳоро дар Душанбе аз тарзи муносибати ҳукумат ва ҷомеаи Русия дилсард кардааст.
Айни замон, маълум нест, ки оё дар мулоқоти Раҳмон ва Путин ин қазия ва ҳам маъракаи фишору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия матраҳ мешавад ё на, чун Душанбе ҳамеша талош кардааст дар муқобили Маскав мавқеи эҳтиёткоронаро касб кунад.
Украина гуфт, 93 ҳолати куштори маҳбусони ҷанг аз ҷониби Русияро сабт кардааст
Украина қатли 93 маҳбуси ҷангии украиниро сабт кардааст, ки ба ҷиноятҳои ҷангии Русия рабт доранд.
Юрий Белоусов, як намояндаи додситонии кулли Украина рӯзи 4 октябр гуфт, Киев 93 ҳолати тасдиқшудаи куштори низомиёни боздоштшуда аз ҷониби Русияро санад кардааст.
Белоусов гуфт, ки тахминан 80 фоизи кушторҳо соли ҷорӣ сабт шудаанд ва ба мушоҳидаи онҳо, афзоиши якбораи чунин ҳодисаҳо баъди моҳи ноябри порсол шурӯъ шуд, вақте, ба гуфтаи Белоусов, рафтори низомиёни рус хашинтар шудан гирифт.
1 октябр додситонии кулли Украина гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи азимтарини кушторҳои ҷамъии маҳбусони украинӣ аз ҷониби артиши Русияро аз замони шурӯи ҷанг дар моҳи феврали имсол ба роҳ мондааст.
Бино ба маълумоти расмии додситонии кулли Украина, нирӯҳои Русия дар наздикии деҳаҳои Миколаевка ва Сухий Яри ноҳияи Покровски вилояти Донетск 16 маҳбуси ҷангии украиниро бо силоҳ ба қатл расониданд.
Хоманаӣ ҳамлаи мушакии Эронро ба Исроил "машруъ" хонд
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, аз ҳамлаи мушакии Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ҳимоят кард ва онро машруъ хонд.
Ӯ рӯзи 4-уми октябр дар хутбаи намози ҷумъа дар Теҳрон гуфт, агар лозим шавад дар оянда низ ин гуна ҳамлаҳоро анҷом хоҳанд дод.
Дар тақрибан панҷ соли охир ин бори аввал аст, ки раҳбари олии Эрон хутбаи умумӣ медиҳад.
Бори охир вай хутбаи ҷумъаро дар моҳи январи соли 2020, пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, хонда буд. Сулаймонӣ дар ҳамлаи Амрико дар Бағдод кушта шуд.
Изҳороти Хоманаӣ дар ҳоле баён шуд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти заминии Исроил дар Лубнон нигарониҳоро аз даргирии густурдатаре дар Ховари Миёна бештар кардааст.
Эрон шаби якуми октябр ба хотири он чи интиқом аз қатли Ҳасан Насруллоҳ меномад, ба сӯйи Исроил даҳҳо мушак партофт.
Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ”, ки Амрико онро як гурӯҳи террористӣ эътироф мекунад, ҳафтаи гузашта дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Бейрут кушта шуд.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳамлаи мушакии Эронро “иштибоҳи бузург” хонд ва таҳдид кард, ки ҳамлаи шадиди ҷавобӣ анҷом хоҳад дод.
Нишасти Варшава: Ҳукумати Тоҷикистонро боз танқид карданд
Баъзе аз намояндагони мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ фаъолонро ҳадаф қарор додааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф, рӯзи 3-юми октябр дар нишасти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, "дар чанд соли охир садҳо мухолиф, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос ва шаҳрванди одиро бо иттиҳоми сохтаи марбут ба терроризму ифротгароӣ зиндонӣ карданд."
Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "сабабҳои асосии пайдоиш ва густариши ифротгароӣ, аз қабили бекорӣ, фасод, идораи хонаводагии кишвар ва набудани озодиҳо то ҳол ҳалношуда мондаанд".
Муаззама Қодирова, ҳуқуқдони тоҷик дар Аврупо, гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз мубориза ба зидди терроризму тундгароӣ фаъолонро дар кишварҳои дигар низ боздошту истирдод ва муҷозот мекунад.
Вай ба созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод кардааст, ки бо ёрии САҲА дар Тоҷикистон як маркази назоратӣ (мониторинг) ба роҳ монанд.
"Мақомоти Тоҷикистон бо таъқибу боздошти наздикон ба мухолифон ва фаъолони маданӣ фишор меоранд. Аз ҷумла, Шавкати Муҳаммад ва Алим Шерзамонов дучори чунин фишорҳо шуданд," -- гуфт Муаззама Қодирова.
Нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшава аз 30-юми сентябр ҷараён дорад. Намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон ё коршиносони тарафдори онҳо дар ҳузур надоранд. Мавқеи расмии Душанбе ба изҳороти намояндагони мухолифон маълум нест.
"Қиссаҳои пинҳони таърихи тоҷикон". Китоби дигаре аз Радиои Озодӣ
Радиои Озодӣ силсилаи нигоштаҳои таърихнигори тоҷик Камолуддин Абдуллоевро дар китобе гирд овард ва онро моҳи сентябри имсол дар шаҳри Прага чоп кард.
Ин матлабҳо аз соли 2020 то 2024 дар гӯшаи "Блогистон"-и Радиои Озодӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, аз омадани арабҳову Ислом ба минтақа то рӯйдодҳои муҳими сад соли охири тоҷиконро дар бар мегиранд.
"Сад сол бе Бухоро", "Сталин бунёдгузори Тоҷикистон: афсона ё воқеият?", "Куштани Анвар-пошшо", "Юриши Фузайл Махсум", "Оё Тоҷикистон як вилояти Чин буд?", "Аз босмачиҳо то "Толибон" ва "Тоҷикистон чист ё куҷост?" аз мавзуъҳои асосии китоб аст.
Дар пешсухани китоб навиштаҳои Камолуддин Абдуллоев “нигоҳи нав, нигоҳе холӣ аз ҳама гуна пешдоварӣ ё баҳогузории идеологӣ” номида шудааст.
Занҷираву силсилаи сахтпечу гудохтаи фактҳо ривоятро комилу фаҳмо ва зиндаву бебаҳс мекунад. Нависанда намегӯяд, ки чӣ чиз барояш писанд аст ё нописанд, балки мегӯяд, чӣ шуд, чаро шуд ва ончӣ шуд, корро ба куҷо кашид.
Камолуддин Абдуллоев дар Тоҷикистон, Русия ва Амрико хондаву таҷриба андӯхта ва кор кардааст. 74-сола. Муаллиф ва муҳаррири даҳ китоб ба монанди "Аккорд. Сиёсати созиш. Раванди сулҳ дар Тоҷикистон" ва "Аз Шинҷон то Хуросон" аст.
Радиои Озодӣ соле пеш китоби "Чорзарби Блогистон"-ро нашр кард, ки аз навиштаҳои донишманди саршинос Акбари Турсон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ва рӯзноманигорон Раҷаби Мирзо ва Зеварбону Рауфӣ иборат аст.
“Роҳи душвори сулҳ” китоби дигари Радиои Озодӣ аст, ки соли 2022 нашр шуд. Ин китоб дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар оғози солҳои навадум қисса мекунад.
Таҳқиқи як қазияи ғайриодӣ дар Ҳиндустон
Як гурӯҳ аз муфаттишон дар Ҳиндустон таҳқиқ доранд, ки шириние, ки дар як ибодатгоҳи маъруфи таърихӣ ба мардум дода шуд, равғани гов дошт ё на.
Гов дар фарҳанги мардуми Ҳиндустон муқаддас ва истеъмоли он мамнуъст.
Агар эҳтимоли аз равғани гов омода шудани ширинӣ тасдиқ шавад, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Додгоҳи олии Ҳиндустон рӯзи 4-уми октябр барои таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи муфаттишонро ба аёлати Адрапрадеж фиристод ва қарор аст таҳқиқи онҳо дар ибодтагоҳи Венкатесвараи шаҳри Тирупати барпо шавад.
Овозаҳо дар бораи ин ки моҳи сентябр дар ин ибодатгоҳ шириниеро бо номи ладду ба мардум тақсим карданд ва он аз равғани гов, моҳӣ ва хук омода шудааст, бисёриҳоро дар ин кишвар хашмгин кард.
Ибодатгоҳи Венкатесвара таърихи дуҳазорсола дораду ҳамеша пур аз меҳмон аст.
Масъулон гуфтанд, баъд аз паҳн шудани овоза дар бораи шириние бо равғани гов дар ин ибодатгоҳ маросими чорсоатаи поксозӣ барпо шуд.
Лавров аз Ғарб хостааст, таҳримҳои зидди "Толибон"-ро бардорад
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 4-уми октябр аз Ғарб даъват кард, ки таҳримҳои зидди ҳукумати “Толибон”-ро дар Афғонистон бекор кунад. Дар айни замон ӯ рӯшан нагуфт, ки оё Маскав “Толибон”-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ мекунад ё не.
Лавров дар Маскав ҷаласаи муколамаи Афғонистонро бо иштироки Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии “Толибон”, баргузор кард.
Вай изҳор дошт, ки Маскав аз Ғарб мехоҳад, барои барқарории баъдиҷангии Афғонистон масъулият дошта бошад. Сергей Лавров ҳамчунин даъват кард, ки таҳримҳо бекор карда шаванд ва дороиҳои ҳабсшудаи Кобул баргардонда шаванд.
“Толибон” зиёда аз бист сол боз зери таҳримҳои Ғарб қарор доранд. Дар оғоз, ин таҳримҳо бо ҳадафи маҳдуд кардани сармоягузориҳои “Ал-Қоида” ва созмонҳои дигари террористӣ ҷорӣ шуда буданд.
Ба навиштаи манбаъ, дар муколамае, ки соле як бор баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна иштирок карданд. Маълум нест, ки оё намояндагони Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа ҳузур доштанд ё не.
Ба фарқ аз Душанбе, ҳамсояҳои дигари минтақа барои хориҷ кардани “Толибон” аз феҳристи созмонҳои террористӣ ва барқарор кардани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ талош мекунанд.
Маскав ҳатто пеш аз он ки "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба қудрат баргарданд, бо ин гурӯҳ иртибот барқарор карда буд. Ҳоло Русия бо маъмурияти амалкунандаи Кобул робитаҳои хуби сиёсӣ дорад.
Ба навиштаи хабаргузориҳои расмӣ, Александр Бортников, раиси ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия дар ин нишаст изҳор дошт, ки Маскав хоҳони ҳамкориҳои "мутақобилан судманд" бо хадамоти махсуси "Толибон" мебошад.
Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии "Толибон", гуфт, дар хоки Афғонистон марказҳои террористии гурӯҳи "Давлати исломӣ" вуҷуд надоранд ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аз марказҳои худ дар хориҷа вориди кишвар мешаванд. Лавров "Толибон"-ро барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ДОИШ ситоиш кард.
Ин музокирот дар ҳолест, ки мақомот дар Душанбе қаблан гуфта буданд, ки ҳукумати "Толибон"-ро то замоне ки як ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ дар Афғонистон таъсис нашавад, эътироф намекунанд. Тайи моҳҳои охир аломатҳое ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо "Толибон" аз пушти саҳна муколама мекунад. Сафарҳои пинҳонии раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов, дар моҳи август, ки дар матбуоти маҳаллӣ зикр нашуд, яке аз нишонаҳои ин музокироти махфӣ мебошад.
Тоҷикистон ва Афғонистон қариб 1400 километр марзи муштарак доранд. Мақомот дар Душанбе ин сарҳадро ҳамчун манбаи эҳтимолии убури гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир хатарзо медонанд.
Зеленский берун шудани нерӯҳоро аз Вуҳледар "дуруст" хонд
Президенти Украина дар изҳороте хуруҷи нерӯҳои украиниро аз шаҳри Вуҳледари вилояти Донетск тасмими "комилан дуруст" номид.
Владимир Зеленский рӯзи 3-юми октябр дар нишасти хабарии муштарак бо дабири кулли НАТО Марк Рютте гуфт, Русия мавқеи нерӯҳои Украинаро дар шаҳри Вуҳледар ва атрофи он вайрон мекунад.
Вай берун бурдани нерӯҳоро зарур донист, чун ба гуфтааш, "ҷони одамон аз биноҳо дида муҳимтар аст".
Артиши Украина рӯзи 2-юми октябр тасдиқ кард, ки пас аз ҳамлаҳои пай дар пайи нерӯҳои Русия аз шаҳри Вуҳледар берун меравад.
Таҷовузи Русия ба хоки Украина 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуд. Даргирӣ аз он замон идома дорад.
Як марди соҳиби 14 фарзанд дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст
Авраам Мелех, падари беш аз даҳ фарзанд аз Тотористон, ки ихтиёрӣ ба хидмат рафта буд, дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудааст.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллии Русия, Мелехи 44-соларо рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Елабуга дафн карданд.
Аз ӯ 14 фарзанд мондааст. Кӯдаки хурдияш нуҳмоҳа аст, калонӣ – 22-сола.
Вай дар гузашта бо номи Владимир Голуб маъруф буд. Дар моҳи феврали соли 2024 аз зани аввалаш ҷудо шуда, бо ҳамсари нав ва се фарзанди хурдсол дар манзили иҷора мезист.
Тотористон ба сарбозони қарордодӣ 2 миллион рубл (21 000 доллар) пешниҳод мекунад.
Асир ё бенишон? Тақдири номаълуми беш аз 65 000 украинӣ
65 ҳазору 956 низомӣ ва сокинони мулкии Украина дар феҳристи шахсони бенишоншуда ё асируфтодаҳо будаанд.
Дар ин бора дар қатъномаи Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо аз 2-юми октябр таъкид шудааст.
Ин омор вазъро то 18-уми сентябри соли 2024 дар бар мегирад.
Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо мегӯяд, бар асоси маълумоти тасдиқшуда тақрибан 51 ҳазор кас бенишон ҳастанд. Ин манбаъ афзудааст, сеяки онҳое, ки пештар аз асорати Русия озод шуданд, низ бедарак дониста мешуданд, "зеро Русия бархилофи уҳдадориҳои байнулмилалии худ дар бораи сарнавишти онҳо саривақт иттилоъ намедиҳад".
Ассамблея ба таври қатъӣ аз Русия хостааст, ба Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва ниҳодҳои масъули Созмони Милал ба ҷойҳои нигаҳдории асирони ҷангии Украина ва ғайринизомиён дастрасӣ диҳад.
Ҳайати нозирони ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 1-уми октябр дар гузорише гуфт, аз моҳи марти соли 2023 даҳ афсар украинӣ ва як пизишк, ки дар асорати Русия буданд, бар асари шиканҷа, шароити бад ё кумаки нокофии тиббӣ ҷон бохтанд.
Русия иддаои шиканҷа ва тарзҳои дигари бадрафториро бо асирони ҷангӣ намепазирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар моҳи июн иддао кард, ки 1 ҳазору 348 рус дар Украина ва 6 ҳазору 465 украинӣ дар Русия дар асорат қарор доранд.
Дабири кулли НАТО гуфт, ҳимоят аз Украина идома хоҳад ёфт
Марк Рютте, дабири кулли НАТО, Паймони низомии Атлантики Шимолӣ, баъд аз ду рӯзи расиданаш ба ин мақом ба Киев рафт.
Дар ҳоле ки пойтахти Украина ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ҳастанд, Рютте рӯзи 3-юми октябр бо президент Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кард.
Дабири кулли НАТО ваъда дод, ки Ғарб дар баробари таҷовузи Русия аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи панҷшанбе дар шабакаи "X" (Твиттери собиқ) навишт, ки ба ҳамаи кишварҳое, ки ба Украина дар бахши дифои ҳавоӣ мадад мекунанд, изҳори сипос мекунад.
Зеленский бавижа ба Руминия барои пешниҳоди низоми дифои ҳавоии Patriot изҳори сипос кард. Вай гуфт, дар ҳамкорӣ бо Руминия метавонанд натиҷаҳои муассир ба даст оранд.
"32 касро бо худ бурданд." Шикояти муҳоҷирон аз тарзи бархӯрди ОМОН
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар анбори ширкати "ОЗОН" дар Новосибирск кор мекунанд, аз шеваи бархӯрди нерӯҳои вижа ё ОМОН-и Русия шикоят карданд.
Онҳо мегӯянд, нерӯҳои вижа шаби 2-юми октябр ба анбор даромада, 32 муҳоҷирро бо худ бурдаанд.
Яке аз шоҳидони воқеа рӯзи 3-юми октябр ба шарти фош нашудани номаш тарзи бархӯрди маъмурони ОМОН-ро "бераҳмона ва хилофи меъёрҳои инсонӣ" номид.
"То ин дам қарори ихроҷи 16 боздоштшуда содир шудааст," – афзуд ӯ.
Шарҳи мақомоти Русия дастрас нест.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.
Дар як соли охир фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хостаанд, ки муваққатан ба Русия нараванд.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам аз мушкилҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон буда, ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои дарёфти кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.
Ҷузъиёти нав дар қазияи "Крокус". Таҳқиқи парванда тамдид шуд
Таҳқиқи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав, ки мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои он чанд зодаи Тоҷикистонро муттаҳам медонанд, то 22-юми декабри имсол тамдид шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои давлатии Русия, дар ҷараёни таҳқиқ гуё маълум шудааст, ки баъзе аз гумонбарон мехостанд, дар баробари ҳодисаи "Крокус" як амали террористии дигар анҷом диҳанд. Санҷидани дурустии ин иттиҳом имкон надорад, чун мақомоти Русия аз аввал парвандаро паси дарҳои баста баррасӣ мекунанд ва шаффофияту дурустии он зери суол аст.
Хабаргузории “РИА Новости" бо такя ба манбаъҳояш дар ниҳодҳои тафтишотии Русия навишт, ки муфаттишон умед доранд, корро то замони таъйиншуда ба поён мерасонанд.
“ТАСС" бо такя ба маводе, ки дар парванда ворид шудааст, рӯзи 3-юми октябр навишт, “се гумонбари қазияро дар омодагӣ ба ҳамлаи дигари террористӣ гумонбар эълон кардаанд”. Дар санадҳо гуфта шудааст, ки гуё ин гумонбарон бо истифода аз бомбаи худсохт мехостанд таркиши дигареро анҷом диҳанд. Се гумонбар, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, дар таҳияи маводи тарканда гумонбар мешаванд.
Дар ҷузъиёти дигар аз парванда гуфта мешавад, ки панҷ гумонбари ҳамла ба “Крокус”, ки аз Доғистон ба Маскав бурда шуданд, узви шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ мебошанд.
Аз миёни онҳо, ба навиштаи манбаъ, Шаҳромҷон Гадоев, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев, Ҳусейн Ҳамидов ва Зубайдулло Исмоилов бо тамдиди муҳлати боздошташон мухолифат накардаанд.
Танҳо вакили дифои Исмоилов гуфтааст, ки зерҳимояи ӯ иттиҳомро беасос медонад ва даст доштанашро дар ҷиноятҳо бедалел ва собитнашуда номидааст.
Ба навиштаи расонаҳои расмии Русия, парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар умум аз рӯи шаш банди Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад:
- “ширкат дар созмони мамнӯи террористӣ”,
- “гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон”,
- “омодагӣ ба амали террористӣ”,
- “таҳияи маводи тарканда бо иштироки гурӯҳи муташаккил”,
- “мусоидат ба амали террористӣ”,
- “омӯзиш бо ҳадафи содир кардани амали террористӣ”.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми март рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони содир кардани ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст. Як далеле, ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёд мекунанд, ин иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангине мебошад, ки тиқби меъёрҳои байнулмилалӣ наметавонад чун далел истифода шавад. Баъзе аз гумонзадҳо низ худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест. Волидони бархе аз онҳо ба матубот шикоят кардаанд, ки дар бораи дастрасии фарзандонашон ба вакили дифоъ хабар надоранд ва ним сол боз аз имкони дидани фарзандон маҳруманд.
Муҷозоти як мард дар Амрико барои "клон" кардани гӯсфанди "Марко Поло"
Додгоҳе дар Амрико кишоварзи 81-сола Артур Шубартро барои худсарона "клон" кардан (нусхасозии бофтаҳо)-и гӯсфанди кӯҳии "Марко Поло" ба ним сол ҳабс ва ҷарима маҳкум кард. Нашрияи The Guardian дар ин бора рӯзи 1-уми октябр хабар дод.
Гӯсфанди кӯҳии "Марко Поло" дар Тоҷикистон шомили Китоби Сурх аст ва шикораш бе иҷозатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист мумкин нест.
Дар парвандаи Шубарт гуфта шудааст, ки ӯ соли 2013 намунае аз бофтаҳои бадани гӯсфанди кӯҳиро аз Қирғизистон ғайриқонунӣ ба Амрико бурда, онро ба озмоишгоҳе барои эҷоди "клон"-и ҷанин фиристод.
Бо ҷанинҳои бадастомада дар дохили фермаи хусусиаш гӯсфандеро бордор кард ва дар натиҷаи он баррачае таваллуд шуд, ки номашро “Шоҳи кӯҳҳои Монтана” гузошт. Ҳоло ин барра бузург шудааст ва барои нигоҳубин ба як боғи ҷонварон додаанд.
Артур Шубарт бо истифода аз ҳамин барраи клоншуда дигар гӯсфандонро ҳомила кард ва дар натиҷа баррачаҳои гибрид ба дунё омаданд. Шубарт санадҳои қалбакӣ тайёр карда, онҳоро ба чанд хоҷагии дигар дар аёлати Монтана фурӯхт ва дертар барои шикор истифода кардаанд.
Ба ҷуз ҳабси нимсола, додгоҳ ҳукм кард, ки Шубарт 20 ҳазор доллар ҷарима пардозад. Инчунин ӯро вазифадор карданд, ки ба Бунёди моҳӣ ва табиати ваҳшии ИМА 4 ҳазор доллар супорад.
Шубарт дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, “ман бояд тамоми умр кор кунам, то хатои кардаамро ислоҳ кунам”. Вакили дифои Шубарт, ки мехост ин мард ба ҳабси шартӣ маҳкум шавад, дар додгоҳ гуфт, клон кардан (нусхасозии бофтаҳо)-и гӯсфанд зиндагиву обрӯи ӯву оилаашро хароб кард.
6 январи 2021 дар Капитолий чӣ гузашт? Хулосаи додситон
Додгоҳи ҳавзаи Вашингтон рӯзи 2-юми октябр хулосаҳои нави додситони вижа Ҷек Смитро дар мавриди ҳодисаи 6-уми январи соли 2021 нашр кард. Он рӯз тарафдорони Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, ба бинои Капитолий ҳамла карданд, то монеи тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот шаванд.
Дар хулосаи Ҷек Смит гуфта шудааст, ки Трамп дар ин рӯйдодҳо масъулият дорад.
Додситони вижа мегӯяд, дар талоши тағйир додани натиҷаҳои интихобот ва таҳрики тарафдоронаш ба хушунат, Трамп на ба ҳайси президент, балки чун шахси инфиродӣ ва номзад ба раёсатҷумҳурӣ рафтор кардааст.
Смит навиштааст, Трамп медонист, ки дар ин интихобот мағлуб шуд ва барандаи воқеӣ Ҷо Байден аст, вале бо ин вуҷуд барои барандаи интихобот эълон кардани худаш муборизаро идома дод.
Ӯ гуфт, вақте шеваҳои қонунии мубориза натиҷа надод, “Трамп анбӯҳи хашини тарафдоронашро ба Капитолий фиристод, то ба тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот халал расонанд”.
Дар натиҷаи ҳуҷум ба Капитолий чанд нафар ҷон дода, дар пай бисёре аз ширкатдорони ин ҳуҷум ба ҳабс гирифта шуданд.
Намояндагони тими интихоботии Трамп нашри хулосаҳои додситони вижаро чун талоши дахолат ба интихоботи имсола интиқод карданд. Трамп дар интихоботи имсолаи президентӣ дар Амрико номзад аст ва мехоҳад пирӯз шавад.
Никита Журавелро ба "хиёнат" муттаҳам карданд
Никита Журавел, маҳбуси сиёсӣ дар Русия, ки писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ӯро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ сахт зада буд, ба хиёнат ба давлат муттаҳам шудааст.
Додситонии кулли Русия рӯзи 3-юми октябр хабар дод, ки парвандаи ӯро барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Волгоград фиристоданд.
Дар айбнома гуфта шудааст, ки Журавели 20-сола дар моҳи марти соли 2023 гуё ба намояндаи Хадамоти Амнияти Украина (СБУ) дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба воситаи роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳои низомӣ навор фиристодааст.
Тибқи қонунҳои Русия, хиёнат ба давлат муҷозоти сахт дорад. Метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.
Қаблан Додгоҳи Чеченистон Журавелро ба севуним сол зиндон маҳкум кард. Ӯро барои оташ задани “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонон, дар зодгоҳаш, Волгоград, ба авбошӣ гунаҳкор карданд.
Худаш дар ҷараёни мурофиа аз мусалмонон маъзарат хост, аммо гуфт, нияти озурдани касеро надошт.
Созмони “Мемориал” Никита Журавелро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардааст.
Парванда ба зидди як сиёсатмадори мухолиф дар Русия
Русия алайҳи сиёсатмадор Лев Шлосберг, муовини раҳбари Ҳизби “Яблоко”, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ӯро аз камшумор мунтақидони Кремл медонанд, ки ошкоро ба маъракаи зидди Украина дар Русия баромад.
Шлосберг гуфт, маъмурони интизомӣ рӯзи 2-юми октябр хонаи ӯ ва падарашро кофтукоб карданд.
Падараш бозпурсӣ ва дертар раҳо карда шудааст.
Кумитаи тафтишоти Русия Шлосбергро ба он муттаҳам кард, ки дар баёнияҳояш худро ҳамчун “агенти хориҷӣ” муаррифӣ накард.
Барои ин иттиҳом дар Русия то ду сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Маскав баъд аз оғози ҳамлааш ба Украина дар соли 2022 ба саркӯби бераҳмонаи сиёсатмадорони мустақил ва мухолифон дасту остин барзад.
Додситонии Украина куштори "асирони ҷангӣ"-ро таҳқиқ дорад
Додситонии кулли Украина ба таҳқиқи он чи "куштори гурӯҳии асирони ҷангии украинӣ" аз ҷониби Русия хонда мешавад, оғоз кардааст.
Русия 31 моҳ пеш ба хоки Украина таҷовуз кард.
Бар асоси як изҳороти расмӣ, ки дар Телеграм нашр шуд, нерӯҳои Русия гуё 16 "асири ҷангии украинӣ"-ро дар наздикиҳои деҳаи Миколайевка ва Сухи Яр дар ноҳияи Покровски вилояти Донетск куштаанд.
Навор дар Телеграм нашру паҳн шудааст. Дар он ба назар мерасад, сарбозони украинӣ аз ҷангал берун меоянд. Баъди саф кашидан, зоҳиран нерӯҳои Русия ба сӯйи онҳо оташ кушодаанд.
Сипас дар наворҳо дида мешавад, ки сарбозони рус ба назди захмиён рафта, дубора ба тани онҳо тир мезананд.
Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, эъдоми сарбозони таслимшуда ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад.
Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Киев ҳамла кардааст
Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина рӯзи 3-юми октябр тақрибан 15 ҳавопаймои бесарнишини Русияро дар фазои Киев задаанд. Дар ин бора раиси маъмурияти низомии пойтахти Украина дар Telegram хабар дод.
Серҳий Попко гуфт, ҳамла беш аз панҷ соат идома кард. Ба иттилои ӯ, боқимондаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ноҳияи Деснянскийи Киев афтодаанд.
Нерӯҳои Украина ҳавопаймоҳои бесарнишини Русияро дар вилоятҳои Черниҳов, Полтава, Черкаси, Сумӣ ва Виннитса низ сарнагун кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Русия иддао кард, ки дар як шаб дар фазоҳои Белгород, Воронеж, Курск ва Брянск 113 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро заданд.
Вазорат гуфт, 73 ҳавопаймои бесарнишинро дар Белгород раҳгирӣ кард.