Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Таҳримҳои Бритониё ба зидди се ниҳод ва як мансабдори Русия

Игор Кириллов. Акс аз соли 2018
Игор Кириллов. Акс аз соли 2018

Бритониё артиши Русияро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи Украина муттаҳам карда, ба зидди се ниҳод ва як мансабдор дар ин кишвар таҳрим ҷорӣ намуд.

Дар паёме дар вебсайти ҳукумати Бритониё навиштаанд, ки сухан дар бораи истифодаи эҳтимолии хлоропикрин меравад. Созмони байнулмилалии OPCW ин маводро силоҳи кимиёӣ донистааст.

Ба феҳристи таҳримҳо нерӯҳои дифои радиологӣ, кимиёӣ ва биологии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва сардори онҳо Игор Кириллов шомиланд. Онҳо ба даст доштан дар истифодаи силоҳи кимиёӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ муттаҳам мешаванд.

Дар ин рӯйхат марказҳои пажӯҳишии 27 ва 33-юми Вазорати дифои Русия низ ҳастанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба тавлиди силоҳи кимиёӣ ва биологӣ иртибот доранд.

Амрико ва муттаҳидонаш дар моҳи майи соли ҷорӣ Русияро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ дар ҷанг алайҳи Украина муттаҳам карданд. Он замон Иёлоти Муттаҳида дар робита ба нақзи Конвенсияи силоҳи кимиёӣ ба зидди Русия таҳрим ҷорӣ кард.

Ду шаҳрванди Амрикоро дар Русия зиндонӣ карданд

Стивен Ҳаббард
Стивен Ҳаббард

Стивен Ҳаббарди 72-сола ва Роберт Гилмани 40-сола, шаҳрвандони Амрико, рӯзи 7-уми октябр дар Русия ба муддати дароз зиндонӣ шуданд. Гилман афсари пешини нерӯҳои баҳрии Амрикост.

Додгоҳи шаҳри Маскав Стивен Ҳаббардро ба зархаридӣ гунаҳкор донист ва шаш солу даҳ моҳ аз озодӣ маҳрум намуд.

Додситон иддао кард, ки Ҳаббард дар Харков аз тарафи Украина ҷангида, ҳар моҳ 1000-долларӣ гирифтааст.

Ҳукми Роберт Гилман дар Додгоҳи Воронеж, 500-километрии ҷануби Маскав, содир шуд.

Ӯро барои ҳамла ба муфаттиш ва зиндонбон гунаҳкор донистанд. Ҳафт солу як моҳ паси панҷара хоҳад монд.

Гилман аз соли 2022 дар боздошт аст. Он замон ба гумони ҳамла ба афсари пул дастгир ва дертар ба севуним сол зиндон маҳкум шуда буд. Ҳоло барои он гунаҳкор донистаанд, ки гуё дар охири соли 2023 ба муфаттиш ва зиндонбон ҳамла кардааст.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Мэттю Миллер, гуфт, Вашингтон дар бораи қазияи Ҳаббард маълумоти андак дорад, вале ҳукми Гилманро шарҳ надод.

Рақиби “Равшан” аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё хориҷ шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон, ки аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор”-и Табриз худдорӣ кард, аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедерасияи футболи Осиё) хориҷ шуд. Дар ин бора сомонаи AFC хабар додааст.

Бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Трактор” ва “Моҳун Баган” бояд дуюми октябр дар шаҳри Табризи Эрон доир мешуд. Бошгоҳи “Моҳун Баган” аз Конфедерасияи футболи Осиё дархост кардааст, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ ин бозӣ ба муҳлати дигар ё ба макони дигар гузаронида шавад.

AFC ба онҳо гуфтааст, ки вазъ таҳти назорат аст, бинобар ин, аз тағйири ҷадвали бозиҳо худдорӣ кардааст. Аммо тими “Моҳун Баган” тасмим гирифт, ки ба ин бозӣ ба Эрон парвоз накунад.

7-уми октябр AFC эълон кард, ки бошгоҳи Ҳиндустон ба далели ҳузур надоштанаш дар бозӣ бо “Трактор” аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё хориҷ мешавад. Ҳамчунин, ҳамаи имтиёзҳо, голҳо ва натиҷаҳои ин даста бекор карда шуд.

Якуми октябр - рӯзе, ки Эрон дар посух ба кушта шудани раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насруллоҳ ва генерал Аббос Нилфурӯшон дар Лубнон, ба Исроил ҳамлаи густурдае анҷом дода, 200 мушак партоб кард, вазъ дар минтақа муташанниҷ гашт ва ҳарими ҳавоӣ баста шуд.

Дастаи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон ҳамроҳи “Равшан”-и Тоҷикистон, “Трактор”-и Эрон ва “Ал-Вакра”-и Қатар ба гурӯҳи “А” шомил буд.

“Равшан” нахустин бозиашро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо “Моҳун Баган” бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, як имтиёз гирифта буд. Ҳамакнун имтиёзи “Равшан” лағв гардид. “Равшан” дар даври дуюм 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Ал-Вакра” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тимҳои “Трактор” ва “Ал-Вакра” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Бозии даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои “Трактор” ва “Равшан” дар варзишгоҳи Имом Ёдгори шаҳри Табризи Эрон рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Гурӯҳи “А”

Даври якум

“Ал-Вакра” – “Трактор” – 0:3

Голҳо: Томислав Стркалҷ, 13 (0:1), Меҳдӣ Туробӣ, 16 (0:2), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 38 (0:3).

18-уми сентябр. Ал-Вакра. Варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”.

Даври дуюм

“Равшан” – “Ал-Вакра” – 0:1

Гол: Ҷелсон Дала, 45+1

2-юми октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7643 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Трактор”

1

1

0

0

3-0

3

2

“Ал-Вакра”

2

1

0

1

1-3

3

3

“Равшан”

1

0

0

1

0-1

0

4

”Моҳун Баган”

0

0

0

0

0-0

0

Даври сеюм

23-юми октябр (чоршанбе)

“Трактор” – “Равшан” – 0:1

Табриз, Варзишгоҳи Имом Ёдгор

Исроил хабар дод, ки фармондеҳи дигари "Ҳизбуллоҳ"-ро куштааст

Бейрут, 8-уми октябри 2024
Бейрут, 8-уми октябри 2024

Артиши Исроил рӯзи 8-уми октябр эълон кард, ки Суҳайл Ҳусейнӣ, фармондеҳи дигари баландпояи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар Лубнон куштааст. Вай масъули ҳамлу нақл ва буҷаи гурӯҳ буд.

“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, зери ҳимояти Эрон аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Низомиёни Исроил гуфтанд, Суҳайл Ҳусейнӣ дар як ҳамлаи ҳадафманд рӯзи 7-уми октябр кушта шуд.

“Вай дар интиқоли аслиҳа байни Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” нақши муҳим дошт. Масъули тақсими аслиҳаи пешрафта ба аъзои гурӯҳ буд. "Тарҳҳои ҳассостарин”, ки аз ҷумла амалиётро ба зидди Исроил дар бар мегирад, бар уҳда дошт,” – гуфта шудааст дар изҳороти артиши Исроил.

Ба иттилои манбаъ, Суҳайл Ҳусейнӣ узви “Шӯрои ҷиҳод”, шохаи олии низомии “Ҳизбуллоҳ” буд.

Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ҳанӯз хабарро тасдиқ ё инкор накардааст.

Амрико се зодаи Тоҷикистонро ба Душанбе ва Русия баргардондааст 

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Амрико аз ҳашт зодаи Тоҷикистон, ки дар моҳи июни имсол бо гумони иртибот бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир шуда буданд, се нафарро ба Тоҷикистон ва Русия баргардондаанд.

CBS News рӯзи 6-уми октябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷират (ICE) ҳастанд ва мунтазири ихроҷ аз Иёлоти Муттаҳида. Эҳтимол онҳоро дар ҳафтаҳои наздик пас гардонанд.

Танҳо яке аз боздоштшудаҳо то ҳол мунтазири баррасии парвандааш будааст.

Ҳашт зодаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн тайи амалиёти муштарак дар Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Манобеи амниятии Амрико дар аввал онҳоро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гумонбар дониста буданд, аммо дертар ба поймоли қоидаҳои муҳоҷират айбдор карданд.

Бо гузашти чаҳор моҳ ҳувияти боздоштшудаҳо ошкор нашудааст.

Муфаттишони FBI ё Хадамоти Федеролии Амният ба CBS News гуфта буданд, ки суҳбату мукотибаҳои ин афрод ва фаъолияташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ карданд. Мақомоти амрикоӣ бобати робитаи эҳтимолии онҳо бо ДОИШ шубҳа доштанд, вале нисбат ба онҳо парвандаи иттиҳоми узвият ё шомил будан ба гурӯҳҳои террористӣ боз нашудааст.

Зодагони Тоҷикистон дар замоне дастгир шуданд, ки расонаҳои амрикоӣ аз эҳтимоли вуруди пайравони “Давлати исломӣ” ва аъзои созмонҳои дигари террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида ба воситаи Мексика изҳори нигаронӣ доштанд. Бо ин роҳ ҳазорҳо муҳоҷиру паноҳҷӯ вориди қаламрави Амрико мешуданд.

Хабари боздошти ҳашт тоҷикистонӣ дар пасманзари баҳсҳои вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Мексика ба Иёлоти Муттаҳида мавриди суистифодаи ҳизбҳои рақиб дар интихоботи президентии ИМА табдил ёфтааст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Ба гуфтаи баъзе аз муҳоҷирон аз Ню-Йорк ва Филаделфия, пас аз боздошти зодагони Тоҷикистон ҳолати онҳо дар Амрико ба таври ҷиддӣ тағйир надид, аммо дигаргунӣ дар баъзе аз риштаҳо мушоҳида шуд.

"Зани даъвогар дар куҷост?" Талаби Баҳодур Ҳасанов аз мақомоти интизомӣ

Баҳодур Ҳасанов
Баҳодур Ҳасанов

Як рӯзноманигору блогери фаъол дар Самарқанд хостааст, ки навори "бадрафторӣ"-и маъмурони милиса бо ӯ таҳқиқ шавад.

Баҳодур Ҳасанов дар моҳи сентябри имсол бо гумони “авбошӣ ва таҳқир” боздошт, ҳудуди 200 доллар ҷарима ва даҳ рӯз аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Худаш рӯзи 7-уми октябр гуфт, ки “маро дар назди хонаамон гирифта, то Шуъбаи корҳои дохилӣ дар даруни мошин латукӯбу таҳқир карданд.”

Вай иддао дорад, ки навори комили латукӯбаш дар ихтиёри Шуъбаи умури дохилии Самарқанд аст. Баъд аз муроҷиати ӯ ба намояндаи Додгоҳ, порчае аз наворро ба ӯ додаанд. Ҳоло талаб дорад, ки навори пурра пешкаш ва таҳқиқ дар ин замина шуруъ гардад.

Блогер порчае аз наворро дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузоштааст, вале бо сипарӣ шудани қариб як ҳафта ҳанӯз вокуниши расмӣ нест.

"Рӯзи 4-уми октябр намояндаи Додгоҳи олии Узбекистон Зафар Файзиев барои шунидани ҳарфи сокинон ба Самарқанд омад. Ман дар бораи латукӯб ва бадрафтории намояндагони пулис суол додам. Бо дахолати онҳо Додситонӣ пораи наворро ба ихтиёри ман дод ва интизорем, ки баррасиро сар кунанд,” -- гуфт рӯзноманигор ва балогери фаъол.

Ҷаҳонгир Саъдуллоев, сухангӯйи пулиси вилояти Самарқанд, пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Баҳодур Ҳасанов бар асоси шикояти як зан боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми наворбардорӣ зане аз блогер талаб кардааст, ки дар ҷойи иҷтимоӣ навор нагирад, вале дар посух Ҳасанов занро таҳқир кардааст.

"Ман то ҳол дар тааҷҷуб ҳастам, ки ин зан кист ва дар куҷост,” – гуфт Баҳодур Ҳасанов рӯзи 7-уми октябр. Наздиконаш гуфта буданд, ки Ҳасановро барои блогериаш таъқиб кардаанд.

Баҳодур Ҳасанов, писари рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, дар гузашта дар нашрияи “Овози Самарқанд” кор мекард ва чанд соли охир ҳамчун рӯзноманигори озод ва блогер фаъолият дорад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти мардумро бозтоб дода, аз мақомот ҳалли онҳоро мехост.

Содироти маводи сухт аз Қирғизистон ба Афғонистон афзоиш ёфтааст

Содироти маводи сухт аз Қирғизистон ба Афғонистон дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чандин баробар афзоиш ёфтааст.

Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 7-уми октябр бо такя ба Оҷонсии омори ин кишвар гузориш доданд, ки Қирғизистон имсол беш аз ҳафсад ҳазор литр маводи сухт ба арзиши ҳашт миллиону нуҳсад ҳазор доллар ба Афғонистон содирот кардааст.

Қирғизистон дар ҳамин давраи соли гузашта беш аз 19 ҳазор литр петрул ба Афғонистон содир карда буд.

Қимати миёнаи ҳар литр петроли содиротии Қирғизистон ба Афғонистон ба 5 сент мерасад.

Вокуниши як намояндаи Тоҷикистон ба изҳороти вакили Русия

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия
Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти камсобиқа ба ҳарфҳои Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия, дар робита ба таълими фанни "Таърих" дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ вокуниш кард.

Шоҳин Самадӣ
Шоҳин Самадӣ

Шоҳин Самадӣ рӯзи 7-уми октябр дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, аз Маҷлиси Намояндагон хоста шудааст, ки дар нишасти байнипорлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе низ гуфтаҳои Матвеевро дар миён бигузоранд.

Михаил Матвеев рӯзи 26-уми сентябр ҳангоми қабули Созишнома дар бораи таъсиси Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон аз таблиғоти, ба гуфтааш, зиддирусӣ дар китоби таърих дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ ибрози норизоятӣ кард.

Ӯ гуфт: "Барномаи таърихи халқи тоҷикро дидам, ки дар мактабҳои русӣ-тоҷикӣ, бавижа, дар мактаби ба номи Ломоносови шаҳри Бохтар таълим дода мешавад. Дар он ҷо пайвастан ба империяи Русия ҳамчун “ҳуҷум”, “ишғол” ва “истеъмор” тавсиф шудааст. Истифодаи пули Русия барои таблиғоти зиддирусӣ каме аҷиб менамояд."

Шоҳин Самадӣ, намояндаи расмии ВКХ-и Тоҷикистон, рӯзи душанбе гуфт, пеш аз ҳама дар ин гуна мавзуъҳо бояд донишмандону таърихнигорон ва намояндагони Вазорати маориф гап зананд: "Ман аз тарафи худ ба ҷаноби Матвеев маслиҳат медиҳам, ки китоби дарсии "Таърихи Русия" (зери таҳрири Н. М. Арсентев, А. А. Данилов ва А. А. Левандовский), қисми 1, барои синфҳои 9-умро бихонад. Онро ниҳодҳои зидахли Русия барои таълим дар мактабҳои русӣ тавсия додаанд. Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и ин китоб таваҷҷуҳ кунад."

Самадӣ дар идома дар мавриди ба истилоҳ “наслкушӣ”-и солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ки Матвеев дар бораи он низ гап задааст, вокуниш кард. Вай мегӯяд, "ин дар ҳақиқат барангехтани кинаву адовати байни миллатҳост ва бояд ниҳодҳои марбутаи Русия ва Тоҷикистон ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.”

Ӯ афзудааст, “шунидани чунин изҳорот аз шахсе, ки бо тоҷику муҳоҷирбадбинӣ шуҳрат ёфтааст, тааҷҷубовар нест. Ҳадаф танҳо якест: бозӣ бо эҳсоси интихобкунандагони зудбовар. Чунин изҳорот ба ҷуз зиён ба ҳампаймонӣ ва шарикии старатегии Тоҷикистону Русия чизи хубе дар пай надорад."

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса чандин Тоҷикистонро дастгир карда, чаҳор нафари онҳоро омилони асосӣ номбар мекунанд.

Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд. Чанд рӯз пеш Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар Душанбе ба мақомоти Русия гуфт, аз бадрафтории Маскав бо муҳоҷирони тоҷик нигарон ҳастанд.

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснулин дар посух гуфтааст, “бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне, мо ба тартиб медарорем. Ба нерӯи корӣ зарур аст, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳанд буд”.

Фарзандони ноиби раиси ФСБ дар Бритониё ва Швейтсария хондаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Борис ва Анастасия, фарзандони Сергей Королев, муовини раиси Хадамоти федеролии амният (ФСБ)-и Русия, дар соли 2014 дар мактабҳои Бритониё ва Швейтсария хондаанд. Дар ин бора нашрияи "The ​​Kyiv Independent" гузориш дод.

Ба навиштаи рӯзноманигорон, ҳарду фарзанди Королев дар Harrow School дар Лондон забони англисӣ омӯхтаанд.

Тибқи иттилои вебсайти мактаб, ин давраҳои омӯзишии тобистона буд ва аз ду то шаш ҳафта тӯл дошт. Ҳоло ин давраҳо аз 5 то 15 ҳазор фунт (аз 6,5 ҳазор то 19,6 ҳазор доллар) арзиш доранд.

Нашрия инчунин аксҳои духтари Королевро дар вебсайти мактаби амрикоии TASIS дар Швейтсария пайдо кардааст.

Ӯ эҳтимол барои барномаҳои тобистона дар солҳои 2016 ва 2018 ба он ҷо рафта буд. Арзиши барномаи тобистона ҳоло ҳашт ҳазор франки швейтсарӣ (9,4 ҳазор доллар) аст.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, Сергей Королев зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария, Бритониё, Канада, Амрико, Зеландияи Нав, Австралия ва Украина қарор гирифт.

Сафари дувуми Раҳмон ба Маскав баъд аз ҳамлаи маргбори “Крокус”

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Шаҳри Остона, 14-уми октябри соли 2022
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Шаҳри Остона, 14-уми октябри соли 2022

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр ба шаҳри Маскав, пойтахти Русия, сафар кард, то дар нишасти раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кунад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири умури хориҷӣ ва дастёрони ӯ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баъд аз ҳамлаи маргбори шубҳабарангез ба толори консертии “Крокус” дар наздикии шаҳри Маскав аст. Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва анҷоми он шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам мекунанд.

Баъди ин ҳамла муносибат ба садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бад шуд ва ба ҳадде расид, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо ба президент Владимир Путин гӯшзад кард, ҳарчанд аҳвол баъди ин беҳтар нашудааст.

Чанд рӯз пеш аз ин сафар, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба мақомоти Русия гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз бадрафтории мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик нигарон аст.

“Моро раванди поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳангоми баргузории маъракаҳои вобаста ба танзими муҳоҷират дар ташвиш гузоштааст. Ба кишвар роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаи васеъву номушаххаси таъмини амният афзоиш меёбанд,” -- гуфтааст Расулзода.

Дар бораи мавзуъҳои нишасти сарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Беларус, Арманистону Гурҷистон ва Туркманистону Озарбойҷон ва Молдова, ки 8-уми октябр сурат мегирад, ҷузъиёти зиёде нагуфтаанд.

Як сол ҷанги байни Исроил ва "Ҳамос"

Навори Ғазза. Акс аз моҳи декабри соли 2023
Навори Ғазза. Акс аз моҳи декабри соли 2023

Рӯзи 7-уми октябр ба ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) ба Исроил як сол пур шуд.

Дар он рӯз ҷангҷӯён беш аз 1200 нафарро кушта, ҳудуди 250 касро гаравгон гирифтанд.

Сипас артиши Исроил амалиёти низомиро дар Навори Ғазза оғоз кард.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии таҳти назорати "Ҳамос" дар Ғазза, дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Намояндагони гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 6-уми октябр дар паёми видеоӣ ҳамларо дар моҳи октябри соли 2023 ба Исроил дуруст шумурданд.

Халил ал-Ҳайя, узви "Ҳамос" дар Қатар, гуфт, ин ҳодиса "тасаввуротеро, ки душман барои худ эҷод карда ва ҷаҳону минтақаро ба бартарӣ ва тавоноҳои эҳтимолии худ бовар кунонда буд, шикаст."

Дар ҳамин ҳол, як фармондеҳи артиши Исроил гуфтааст, онҳоеро, ки ба Исроил ҳамла мекунанд, нобуд хоҳанд бурд.

Анбори сӯзишворӣ дар Қрими ишғолшуда оташ гирифт

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шабакаҳои русӣ дар Телеграм гузориш доданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ як анбори сӯзишворӣ дар Феодосия дар Қрими ишғолшуда оташ гирифтааст.

Ҳодиса рӯзи 7-уми октябр рух дод.

Сокинон гуфтанд, ки субҳи душанбе дар Феодосия “чанд таркиш ба вуқуъ пайваст” ва сипас сӯхтор сар зад.

Мақомоти Русия бе зикри ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, сӯхтори як анбори сӯзишвориро тасдиқ карданд.

Олег Крючков, мушовири раисҷумҳури Қрим, ки аз тарафи Русия таъйин шудааст, дар Телеграм навишт, ки талафоти ҷонӣ нест.

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки субҳи 7-уми октябр 21 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кард.

Як фаъоли мухолифони Русия дар Харков кушта шудааст

Илдар Дадин
Илдар Дадин

Илдар Дадин, як фаъоли мухолифони ҳукумати Русия, дар вилояти Харков кушта шудааст.

Вай дар канори нерӯҳои Украина бар зидди таҷовузи Русия меҷангид.

Дар ин бора хабарнигори собиқи “Эхо Москви” Ксения Ларина иттилоъ дод.

Ларина рӯзи 5-уми октябр дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки дар бораи марги Дадин аз Игор Волобуев, муовини президенти собиқи “Газпромбонк”, гузориш гирифт.

Волубоев низ аз тарафи Украина алайҳи ҳуҷуми беасоси Русия меҷангад.

Легиони “Freedom of Russia” хабари марги Дадинро ба пойгоҳи “The Insider” тасдиқ кардааст.

Боздошти 150 кас дар амалиёте дар Санкт-Петербург  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи амалиёти муштараки Кумитаи тафтишотӣ ва пулиси Русия дар бозори “Сенной”-и Санкт-Петербург ва фурӯшгоҳи “Апраксин Двор” 150 нафар боздошт ва ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудаанд. Санҷиш рӯзи 4-уми октябр гузашт.

Масъулони Кумитаи тафтишотӣ гуфтанд, баъди “суҳбат” қариб 100 кас барои рафтан ба хидмати қарордодӣ изҳори омодагӣ карданд. Маълум нест, ризоияти онҳо таҳти чӣ шароит ба даст омадааст. Пештар баъзе аз муҳоҷирон шикоят доштанд, ки онҳоро барои рафтан ба артиш ва ширкат дар ҷанги Русия дар Украина маҷбур мекунанд.

“Як нафаре, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда буд, нахост худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад. Барои маҳрум кардани ӯ аз шаҳрвандии Русия чораҳои зарурӣ гирифта шуд,” – омадааст дар баёнияи Кумитаи тафтишоти Русия.

Ташкили чунин амалиёту тафтишҳо дар макони зисту коргоҳи муҳоҷирон дар тамоми минтақаҳои Русия як кори маъмулӣ шудааст. 16-уми сентябр дар натиҷаи як чунин санҷиши калон дар бозорҳои Красноярск 520 хориҷӣ боздошт ва дар ниҳоят 92 нафар барои рафтан ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифтанд.

Аз моҳи август дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад, бояд ҳатман худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад, вагарна аз шиносномаи русӣ маҳрум хоҳад шуд.

Ҳалокати 2 коргари чинӣ дар таркиши назди фурудгоҳи Карочӣ

Мақомоти Покистон ва Чин эълон карданд, ки ду коргари чинӣ дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ кушта ва дастикам 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ ва пулиси ин кишвар, як мошини нафткаш дар берун аз фурудгоҳи Карочӣ, ки калонтарин фурудгоҳи Покистон аст, рӯзи якшанбе таркидааст.

Сафорати Чин дар хабарномае гуфтааст, ки корвони ҳомили кормандони чинии ширкати барқи Бандари Қосим ҳудуди соатии 11 шаб ба вақти маҳаллӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар бар асари он ду шаҳрванди чинӣ кушта шуданд. Чанд шаҳрванди Покистон ҳам дар ин ҳамла захмӣ шуданд.

Зиё Ҳасан, аз мақомҳои вилояти Синд дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии маҳаллӣ гуфт, ки хориҷиҳо дар ин ҳамла ҳадафи аслӣ буданд.

Ҳазорон коргари чинӣ дар Покистон ҳузур доранд ва дар тарҳҳои муштараки иқтисодӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Хабарномаи ҷониби Чин ин таркишро як "ҳамлаи террористӣ" хонд ва гуфт, ки Пекин ва Исломобод дар таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ мекунанд.

Ин сафоратхона ҳамчунин хостори таҳқиқи комил дар бораи ин ҳодиса ва муҷозоти касоне шуд, ки боиси кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандони чинӣ ва покистонӣ шуданд.

Хабарнома мегӯяд, ки "сафорат ва консулгарии Чин дар Покистон ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкум мекунанд ва ба хонаводаҳои қурбониёни бегуноҳи ҳар ду кишвар тасаллият мегӯянд".

Як мақоми додгоҳии Покистон ба расонаҳо гуфт, ки ба назар мерасад як мошини нафткаш дар саҳна таркида буд ва Покистон дар ҳоли таҳқиқи ҳодиса аст. Ӯ афзуд, ки афсарони пулис низ дар миёни захмиёни ин ҳодиса ҳастанд.

Тоҷикистон "корхонаи тавлиди мошинҳои зиреҳпӯш" месозад

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳи "Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Сипар Групп Лимитед" оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус", ҷонибдорӣ намуданд.

Бар асоси ин тарҳ, барои ташкили чунин корхона ҷалби 15 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, вале замони бунёди он гуфта нашудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳадафи созишномаро афзоиши иқтидори мудофиавии кишвар, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ номиданд.

Фаррух Юсуфзода, муовини якуми раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар ҳузури вакилон гуфтааст, лоиҳаи ин созишнома аз ҷониби онҳо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ таҳия гардидааст. Маълум нест, чӣ миқдор маблағи он аз ҳисоби сармояи хориҷӣ аст.

Дар ҷаласаи ахири парлумон дар рӯзи якуми октябр гуфта шудааст, ки иқтидори истеҳсолии солонаи корхона то 120 автомашинаи зиреҳпӯш буда, бо назардошти талаботи бозор зиёд хоҳад шуд.

Қабули ин созишнома дар ҳолест, ки ду соли пеш дар кишвар корхонаи истеҳсоли бесарнишинҳо таъсис ёфт.

Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, ҷониби Тоҷикистон барои хариди ҳавопаймои бесарнишини "Байрақтар" ба маблағи ним милион доллар бо Туркия созишнома баст.

Муфтии Тоҷикистон баъди ду ҳафтаи ҳамла ба масҷид омад

Дар навор осори захм дар пешонии муфтӣ дида мешавад
Дар навор осори захм дар пешонии муфтӣ дида мешавад

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон баъди ду ҳафтаи ҳамла ба ӯ, дар маҳзари ом зоҳир шуд. Рӯзи 11-уми сентябр як ҷавон дар масҷид ба Абдулқодирзода ҳамла кард ва баъди он муфтии Тоҷикистонро дигар надиданд.

Дар наворе, ки Маркази исломии Тоҷикистон дар Ютуб пахш кардааст, дида мешавад, ки муфтӣ рӯзи ҷумъаи 27-уми сентябр дар намози ҷумъа ширкат дорад.

Дар навор дар пешонии Абдулқодирзода осори захм дида мешавад. Манобеи Радиои Озодӣ як рӯз баъд аз ҳамла ба раиси Маркази исломӣ гуфтанд, ҷавоне бо корд пешонии ӯро захмӣ кардааст.

Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин суҳбаташ мегӯяд, сари кор набуд, аммо барои ҷанозаи Абдушариф Боқизода, муҳаққиқи улуми исломӣ ба масҷид омадааст. Муфтӣ дар ин суҳбаташ аз минбари масҷид, дар мавзӯи “тақдир, мусибат ва дӯсти хуб” суҳбат кард, аммо дар бораи ончӣ ба сараш омад, чизе нагуфт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамла ба муфтиро авбошӣ номид, аммо дар бораи ангезаи ҳамлавар тафсилот надод. То имрӯз маълум нест, ки ҷавони 21-сола аз шаҳри Норак бо кадом сабаб ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.

Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.

Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон вай ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намудаанд.

Як мард дар ҷануби Исроил ба мардум ҳамла кардааст

Беэр-Шева, Исроил
Беэр-Шева, Исроил

Рӯзи 6-уми октябр дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Беэр-Шеваи Исроил як нафар кушта шуда, дастикам нуҳ кас маҷруҳ шудааст. Аҳволи яке аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Рӯзи 6-уми октябр дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба истгоҳи автобус дар шаҳри Беэр-Шеваи Исроил, як нафар кушта шуда, дастикам нуҳ кас маҷруҳ шудааст. Аҳволи яке аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, шахси мусаллаҳ ба сӯи одамон, ки дар истгоҳи автобус истода буданд, оташ кушод. Ҳамлавар дар ҷойи ҳодиса кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, ӯ қаблан бо истифода аз яроқ ва силоҳи сард чунин ҳамлае анҷом дода буд. Расонаҳои навиштаанд, ҳамлавар шаҳрванди арабтабори Исроил буд.

Мақомоти Исроил қаблан шаҳрвандонро огоҳ карда буданд, ки дар остонаи солгарди ҳамлаи 7-уми октябр мумкин аст, гурӯҳи “Ҳамос” ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад. “Ҳамос” аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.
Дар як ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки шахсони мусаллаҳ ба сокинони мулкӣ дар Исроил ҳамла мекунанд. Рӯзи 1-уми октябр ду м мард ба як вагони серодам дар истгоҳе дар шаҳри Тел Авив, пойтахти Исроил ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса ҳафт исроилӣ кушта шуд. "Ҳамос" масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш гирифт.

Нахуствазири Бритониё хостори оташбас дар Ховари Миёна шуд

Кир Стаймер
Кир Стаймер

Кир Стаймер, нахуствазири Бритониё рӯзи 6-уми октябр аз тарафҳои даргир дар Ховари Миёна даъват кард, ки хештандорӣ нишон дода, оташбас ҷорӣ кунанд. Ба гуфтаи Стаймер, ҷанги яксола миёни Исроил ва “Ҳамос” ба равобити мардум дар дохили Бритониё таъсир гузоштааст.

Кир Стаймер дар остонаи солгарди ҳамлаи неруҳои “Ҳамос” ба Исроил, дар мақолае дар рӯзномани “Sunday Times” навишт, ин ҷанг “оташи ихтилофро дар ҷомеаи худамон дар дохили кишвар шуълавар мекунад.”

Гуруҳи «Ҳамос» дар Амрико ва Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.

Нахуствазири Бритониё бо ишора ба инки дар кишвараш “миллионҳо нафар робитаи хонаводагӣ бо минтақа доранд” навиштааст, “Исроил ва Ховари Миёна на танҳо аз таърихи миллати мо ҷудонашаванда ҳастанд, балки робитаи амиқе бо ҷомеаи чандфарҳангии мо доранд.”

Оташи ҷанг дар Ховари Миёна як сол аст, ки хомӯш намешавад. Ахиран артиши Исроил эълон кард, ки барои нобуд кардани ҷангҷӯёни “Ҳизбуллоҳ” ба Лубнон ҳамла кардааст.

Комроншоҳи Устопириён расман ба "карйера"-аш хотима дод

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, ҷудокори маъруфи тоҷик корномаи варзишиашро ба анҷом расонд. Рӯзи 5-уми октябр дар ҷараёни мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо миёни наврасон дар Душанбе, ба Устопириён ҷомаи фахрӣ пӯшонданд. Варзишгар дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, минбаъд ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад.

Комроншоҳи Устопириён 31-сол дошта, барандаи даҳҳо медал аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аст. Аз ҷумла ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст. Комроншоҳи Устопириён ҳамчунин аз чандин сабқатҳои “Гран-при” ва “Гранд слам”-ҳо ба Тоҷикистон медал овардааст. Комроншоҳи Устопириён се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок карда, аммо натавонист медал ба даст орад.

Ду соли ахир муваффақиятҳои Устопириён камтар буд ва бархеҳо ӯро барои ин танқид мекарданд.

Комроншоҳи Устопириён асосан ҳамроҳи падар ва бародараш дар “Толори варзишии Устопириён” дар вилояти Суғд тамрин мекунад.

Тутбулоқ-Ширинтут, Қайрағоч- Қадамҷо. Номи чанд деҳа дар Хатлон тоҷикӣ шуд

Яке аз деҳаҳои навбунёд дар Хатлон
Яке аз деҳаҳои навбунёд дар Хатлон

Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст, ки барои тағйир додани номи даҳҳо русто ва шаҳрак дар вилояти Хатлон иҷозат диҳад.  

Дар қарори ҳукумат, ки нусхаи он 6-уми октябр ба дасти Радиои Озодӣ расид, аксаран деҳаҳое тағйири ном кардаанд, ки то ин вақт номҳои туркӣ доштанд ё ба номи шахсиятҳо номгузорӣ шудаанд.

Деҳаи Маслуқ, Тутбулоқ, Туғул, Қайрағоч, Пасариқ, Бурбулоқ, Қизилбайрақ, Пахтаарал аз ҷумла деҳаҳое ҳастанд, ки номашон тоҷикӣ шудааст.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон номи минтақаҳо бо мувофиқаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон тағйир дода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод. Гуруҳе аз ин тасмим тарафдорӣ мекунанд ва мегӯянд, номи минтақаҳо дар кишвар бояд тоҷикӣ бошанд. Аммо мунтақидони ин кор бовар доранд, ки баъзе маконҳо бояд бо номи таърихии худашон зикр шаванд.

Артиши Русия ба Киев ва Одесса ҳамла кардааст

Сӯхтор дар Одесса. 6 октябри соли 2024
Сӯхтор дар Одесса. 6 октябри соли 2024

Рӯзи шанбе ва шаби якшанбе нерӯҳои Русия ба Украина 5130 ҳамла анҷом додаанд, ки 144-тои он бо мушак буд. Дар ин бора Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, артиши Русия ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ 82 ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.

Шаби якшанбе паҳпод ё бесарнишинҳои артиши Русия ба шаҳри Одесса ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса анбор ва чанд мошини боркаш зарар дидааст. Ҳамчунин як нафар маҷруҳ шудааст, ки аҳволаш вазнин гуфта мешавад.

Идораи низомии шаҳри Киев ҳам хабар дод, ки шаби гузашта пойтахти Украина мавриди ҳамлаи густурдаи паҳподҳо қарор гирифт. Аксари ин дронҳо ба гуфтаи низомиёни украинӣ нобуд шуданд. Тибқи маълумотҳои пешакӣ, касе ҷароҳат нагирифтааст.

Тарафдорони Фаластин дар Аврупо ва Амрико тазоҳурот карданд

Гирдиҳамоии тарафдорони Фаластин дар Лондон
Гирдиҳамоии тарафдорони Фаластин дар Лондон

Дар солгарди ҳамлаи гуруҳи "Ҳамос" ба Исроил ва оғози ҷанг дар Навори Ғазза, садҳо нафар аз ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳои мухталифи Амрико ва Аврупо тазоҳурот карданд. Ин афрод ба хиёбонҳои Лондон, Порис (Париж) ва Рум баромада, хостори оташбас дар ҷанги Ғазза шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, дар остонаи солгарди ҷанг дар Ғазза, чанд гуруҳ аз ҳомиёни мардуми Фаластин ва Лубнон нақша доранд, ки аз 5 то 7 -уми октябр дар шаҳрҳои мухталиф эътироз кунанд.

Тазоҳуроти ба ин монанд 5-уми октябр дар яке аз майдонҳои шаҳри Лондон баргузор шуд ва кормандони пулис ҳам онҷо буданд. Дар ҷараёни эътирозҳо даргириҳое ҳам рух дод ва маъмурони интизомӣ талош карданд вазъро ором кунанд. Пулиси Лондон эълом кард, ки 15 нафар дар ин рӯз бо иттиҳоми барҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ ва латукӯб дастгир шуданд.

Рӯзи 7-уми октябри соли 2023 гуруҳи «Ҳамос», ки дар Амрико ва Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст ба Исроил ҳамла карду 1200 нафарро кушт ва 240 касро гаравгон гирифт. Исроил дар пайи ин ҳодиса ба ҳамлаи густурда алайҳи “Ҳамос” дар Ғазза шуруъ кард. Даргирӣ аз он замон идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар тақрибан як соли охир беш аз 41 ҳазор фаластинӣ кушта шуд.

Сафири Русия дар Амрико ба хона баргаштааст

Анатолий Антонов
Анатолий Антонов

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъмурияташро дар Вашингтон анҷом дода, ба Маскав рафтааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС гузориш дод. Маълум нест, ки сафири нави Русия дар Амрико кӣ хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи бозгашти Анатолий Антонов ба кишвар ҳанӯз шарҳе надодааст. Антонов аз соли 2017 сафорати Русияро дар Вашингтон роҳбарӣ мекард.

Дар бораи анҷоми маъмурияташ дар Амрико, Анатолий Антонов ҳанӯз моҳи июл хабар дода буд. Антонов барои пуштибонӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина, зери таҳримҳои байнулмилалӣ аст.

Дар давраи кории Анатолий Антонов дар Амрико, муносибати Маскав бо кишварҳои ғарбӣ тира шуд.

Райъпурсӣ дар Қазоқистон барои сохтани истгоҳи барқии ҳастаӣ

Яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳри Чимкент
Яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳри Чимкент

Рӯзи 6-уми октябр дар Қазоқистон раъйпурсӣ оғоз шуд. Дар ин маърака аз шаҳрвандон мепурсанд, ки оё ба сохтани истгоҳи барқии ҳастаӣ (атомӣ) дар ин кишвар розӣ ҳастанд ё не.

Ба гузориши Азаттик, бахши қазоқии Радиои Озодӣ, овоздиҳӣ соати 7 оғоз шуда ва беш аз 10 ҳазор нуқтаҳои раъйдиҳӣ дарҳои худро боз кард.

Дар варақаи овоздиҳӣ танҳо як савол аст, “оё Шумо ба сохтани истгоҳи барқии ҳастаӣ дар Қазоқистон розӣ ҳастед?” Шаҳрвандон метавонанд ба ин савол “ҳа” ё “не” ҷавоб диҳанд.

Ба иттилои Кумисюни маркази интихобии Қазоқистон то соати 10 беш аз 17 дарсади раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ ширкат карданд. Дар ин кишвар беш аз 12 миллион шаҳрванд ҳаққи раъй доранд. Агар нисфи ин шаҳрвандон дар раъйпурсӣ ширкат кунанд, маърака баргузоршуда ҳисоб мешавад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон қаблан гуфта буд, сохтани истгоҳи барқии ҳастаӣ метавонад кишварашро аз камбуди барқ раҳо кунад. Аммо бархеҳо бо назардошти хатарнок будани чунин истгоҳҳои барқӣ, ба сохтани он розӣ нестанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG