Дар чанд ҷумла
Ҳалокати беш аз 50 кас дар сӯхторе дар Мақдунияи Шимолӣ

Дар натиҷаи сӯхтор дар як клуби шабона дар шаҳри Кочании Мақдунияи Шимолӣ камаш 51 кас ҷон бохтааст.
Панче Тошковски, вазири корҳои дохилии Мақдунияи Шимолӣ, рӯзи 16-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, “зиёда аз 100 тани дигар дар бемористон ҳастанд”.
Ӯ афзуд, сӯхтор ҳангоми истифода аз маводи пиротехникӣ дар консерти гурӯҳи DNA рух додааст.
Хешовандон ва дӯстони қурбониён дар назди бемористону идораҳои шаҳр ҷамъ омада, талоши гирифтани маълумоти бештар доранд.
Додситонии Мақдунияи Шимолӣ дар изҳороте гуфт, “теъдоди қурбониён ва захмиён дар сӯхтор муайян карда мешаванд.”
Кочанӣ дар 100-километрии шарқи Скопйе, пойтахти Мақдунияи Шимолӣ ҷойгир аст.
Ҳамлаи густурдаи Амрико ба шӯришиёни ҳусӣ дар Яман

Иёлоти Муттаҳида алайҳи шӯришиёни ҳусии зери ҳимояти Эрон дар Яман ҳамлаи густардаеро анҷом дода, ҳамзамон ба Теҳрон гӯшзад кард, ки пуштибониро аз ин гурӯҳ фавран бас кунад. Амрико шӯришиёни ҳусиро як гурӯҳи террористӣ медонад.
Ҳамла рӯзи 15-уми март сурат гирифт. Қабл аз он Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дода буд, ки агар ҳусиҳо ҳамларо ба киштиҳои Иёлоти Муттаҳида ва мушакпарониро ба хоки Исроил хотима надиҳанд, дӯзах бар сарашон чаппа хоҳад шуд.
Трамп ҳамчунин ба Эрон ҳушдор дод, ки агар ба ҳимоят аз ҳусиҳо поён надиҳад, Амрико Теҳронро комилан ҷавобгар медонад ва ҳеч нармише нисбат ба он нишон нахоҳад дод.
Президенти Амрико дар шабакаи иҷтимоии Truth ҳусиёнро “авбош” номид, ки “аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ мешаванд” ва “корзори беамони дуздии дарёӣ, хушунат ва терроризмро алайҳи Амрико ва дигарон ба роҳ мондаанд”.
Шӯришиёни ҳусӣ тайи 18 моҳи гузашта ба киштиҳо даҳҳо бор ҳамла карда, иддао доранд, ки дар ҷанги Исроил бо “Ҳамос” (аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста шудааст) дар Ғазза аз дувумӣ ҳимоят мекунанд.
Ба назар мерасад, ҳамлаҳо дар Яман амалиёти бузургтарини низомии Амрико дар Ховари Миёна баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп дар моҳи январи имсол аст.
Хабаргузории “Reuters” аз қавли сокини маҳаллӣ Абдуллоҳ Яҳё навишт, ки “таркишҳо шадид буданд ва маҳалларо мисли заминларза такон доданд.”
Мақомҳои ҳусӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал 12 ғайринизомӣ кушта ва 9 ғайринизомӣ захмӣ шуд, аммо ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ кардан имконпазир нест.
Идомаи зарбаҳои Русия ва Украина ба хоки ҳамдигар

Дар ҳоле ки раҳбарони Амрико ва Аврупо барои созиши оташбас миёни Русия ва Украина талош доранд, нерӯҳои ду кишвар шаби 15 ба 16-уми март аз ҳаво ба хоки якдигар зарба задаанд.
Вячеслав Гладков, волии Белгород дар Русия, гуфт, бар асари бархӯрди ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба як манзил дар шаҳри Губкин се кас захмӣ шуд.
Александр Гусев, волии Воронеж дар ҷанубу ғарби Русия, хабар дод, ки дар се ноҳия зиёда аз 15 ҳавопаймои бесарнишини украиниро аз байн бурданд. Дар бораи талафот гузорише дар даст нест.
Мақомот дар вилояти Ростови Русия низ аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина гузориш доданд.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Лисак, раиси Идораи низомии вилояти Днепропетровск дар Украина гуфт, ки русҳо шаҳри Никополро тирборон карда, як зани 70-соларо куштанд.
Мақомот дар Черниҳов гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як бинои панҷошёна бархӯрда, ду табақаи болоиро вайрон кард. Теъдоди қурбониён дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Бар асари ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Изюми вилояти Харкови Украина низ як кас кушта ва ду кас маҷруҳ шудааст.
Матбуоти Украина аз чанд таркиш дар наздикии Киев низ гузориш дод. Мақомот аз эҳтимоли ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақа ҳушдор додаанд.
"Дифоъ кунед." Дархости CPJ аз раҳбарони Конгресси Амрико

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) аз раҳбарони Конгресс хостааст, ки аз USAGM ё Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико ҳимоят кунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март дар бораи ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла USAGM дастур дод. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бахше аз ин Оҷонсӣ аст.
Рӯзи 15-уми март Кэри Лейк (Kari Lake), мушовири аршади мудири муваққати USAGM, дар номае эълон кард, ки ёрии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс қатъ гардид.
Карлос Мартинез де ла Серна, мудири Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, дар баёнияе гуфт, “ин ки Кохи Сафед қасд дорад ин ниҳоди таъминшуда аз сӯи Конгрессро, ки аз рӯзноманигории мустақил дар баробари ривоятҳои ҳукуматҳои худкома ҳимоят мекунад, суст кунад, иқдоме такондиҳанда аст.”
Ӯ рӯзи 15-уми март афзуд, “аз раҳбарони Конгресс мехоҳем, аз ин ниҳоди ҳаётӣ, ки ахбори бидуни сензураро барои кишварҳое бо расонаҳои маҳдуд нашр мекунад, дифоъ кунанд.”
Буҷаи USAGM барои соли молии 2025 ба маблағи 950 миллион доллар дархост шудааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад.
Ин оҷонсӣ кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод, Радиои Мартӣ (барои Куба), шабакаҳои Ховари Миёна ва Бунёди фанновариҳои бозро назорат мекунад.
Ҳукумати Толибон аз созиши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Рӯзи 15 март бо нашри изҳороте ҳукумати Толибон, ки худро “Аморати исломии Афғонистон” меномад, аз қарордоди имзошудаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон, аз ҷумла, навиштааст: “Аморати исломии Афғонистон дастёбӣ ба хатми баҳси дарозмуддати миёни ду кишвари бародарро аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ қадами мусбате ба самти суботи минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ арзёбӣ мекунад”.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “Афғонистон ҳамеша пуштибони сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ аст ва бовар дорад, ки ин созишнома саҳифаи навро дар сулҳи давомдор дар Осиёи Марказӣ боз хоҳад кард”.
Ҳукумати Толибон, ки соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат баргаштааст, ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба расмият шинохта нашудааст, вале ҳамкориҳои энержӣ ва тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо вуҷуд доранд.
Созиши марзии миёни Душанбе ва Бишкек рӯзи 13 март имзо шуд ва то ҳол бисёр давлату созмонҳои шарики ин кишварҳо, аз ҷумла, СММ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои ИМА, Русия, Чин ва дигарҳо аз имзои ин санад истиқбол кардаанд.
ИМА қоидаҳои вуруди шаҳрвандони 43 кишварро шадидтар мекунад - The New York Times

ИМА қоидаҳои вуруд ба ин кишвар барои шаҳрвандони 43 кишварро шадидтар мекунанд ва дар ин феҳрист аз миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ инчунин Русия, Беларус, Туркманистон ёд мешаванд. Дар ин бора рӯзи 15 март нашрияи The New York Times хабар додааст.
Бино ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ, феҳристи кишварҳо ба се гурӯҳ – “сурх”, “норанҷӣ” ва “зард” тақсим шудааст.
Шаҳрвандони кишварҳое, ки ба гурӯҳи “сурх” ворид карда шудаанд, ҳақи ворид шудан ба хоки ИМА-ро надоранд. Ин кишварҳо: Афғонистон, Бутан, Венесуэла, Эрон, Куба, Кореяи Шимолӣ, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия, Яман мебошанд.
Русия, Беларус, Туркманистон ва Покистон ба гурӯҳи “норанҷӣ” ворид шудаанд ва додани виза ба шаҳрвандони ин кишварҳо метавонад маҳдуд шавад. Барои шаҳрвандони ин кишварҳо танҳо дар сурати “сайёҳони бисёр сарватманду соҳиби кор” буданашон додани виза иҷоза дода мешавад.
Ба кишварҳое аз рӯйхати “зард” 60 рӯз фурсат дода мешавад, ки нигарониҳои мавриди ИМА-ро ислоҳ кунанд. Ба ин гурӯҳ исми 22 давлат, аз ҷумла Зимбабве, Чад, Сент-Китс и Невис, Вануату ва дигарҳо ворид карда шудаанд.
Нашрия навиштааст, ки феҳристи ниҳоии кишварҳо метавонад тағйир ёбад.
Трамп аз аввалин рӯзи раёсатҷумҳуриаш мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро аз ҳадафҳои муҳими худ эълон карда дар сарҳад бо Мексика ҳолати фавқулодда ҷорӣ кард.
СММ гуфт, Эрон бо истифода аз паҳпод ҳиҷоби занонро назорат мекунад

Як гузориши СММ мегӯяд, мақомот дар Эрон барои назорат аз қонуни пӯшидани ҳиҷоб аз фанновариҳои пешрафтаи мисли паҳподу дастгоҳҳои шинохти чеҳра ва замимаҳои гузоришдиҳии шаҳрвандон истифода мекунанд. Муҳимтарин дастгоҳи назорат аз болои занон дар ҷомеаи Эрон замимаи ҳукуматии бо номи “Назорат” мебошад.
Ин замима ба полис имконият медиҳад, ки аз мавридҳои эҳтимолии вайрон кардани қонуни ҳиҷоб дар дохили мошинҳо, аз ҷумла, мошини ёрии таъҷилӣ, мусофирбарҳо ваё таксиҳо назорат кунанд.
Замима ба корбарон имкон медиҳад, ки маълумот дар бораи шаҳодатномаи мошин, маҳалли ҳаракати он ваё замони нақзи муқаррарот хабар диҳанд.
Маълумот рост ба полис меравад. Бар асоси ин шикоят, полис метавонад ба соҳиби мошин паёмак ё СМС фиристода ҳушдор диҳад, ки онҳо ҳолати вайрон кардани қоидаи пӯшидани ҳиҷобро сабт кардаанд ва дар сурати нодида гирифтани ҳушдорҳо, мошин мусодира мешавад.
Гузориши СММ мегӯяд, мақомот дар Теҳрон ва минтақаҳои ҷанубии кишвар бо истифода аз паҳпод ё дрон пӯшидани ҳиҷобро аз ҷониби занҳо назорат мекунанд. Илова ба ин, дар даромадгоҳи донишгоҳи Амиркабири Теҳрон як нармафзоре насб шудааст, ки вазифааш чеҳрашиносӣ ва сабти симои духтарони беҳиҷоб мебошад. Қарор аст ин гузориш рӯзи сешанбе дар ихтиёри Шӯрои ҳуқуқи башари СММ вогузор шавад.
Нахуствазири Бритониё гуфт, Путин бояд ҳамлаҳои барбариро хотима дода ба оташбас розӣ шавад

Нахуствазири Бритониё Кейр Стармер дар як мулоқот бо сарони кишварҳои аврупоӣ гуфт, президенти Русия Владимир Путин бояд ҳамлаҳо ба Украинаро хотима дода созиши оташбаси пешниҳодии ИМА-ро бипазирад. Стармер, ки 15 март дар як ҷаласаи маҷозие бо иштироки 25 раҳбари аврупоӣ сӯҳбат мекард, аз ҳамкорони аврупоиаш даъват намуд, ки фишорро болои Маскав афзоиш дода ҳама гуна созиши сулҳро дифоъ кунанд.
Ӯ гуфт, “агар Путин дар робита бо сулҳ нияти ҷиддӣ дорад, дигар кор осон аст: ӯ бояд ҳамлаҳои барбариаш ба Украинаро хотима дода бо оташбас розӣ шавад”. Дар ҷаласа инчунин раҳбарони Канада, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок карданд, намояндаи ИМА дар нишаст ҳузур надошт.
Ӯ афзуд, “мо бояд ба пешрафт дар ин масъала, барои сулҳ ва сулҳи давомдор пойфишорӣ кунем”.
Дар ҳоле, ки Русия, ИМА ва Украина дар атрофи пешниҳоди Доналд Трамп, президенти ИМА оид ба оташбаси 30-рӯза баҳс мекунанд, Стармер хостори кӯмакҳои амалии молию ҳарбӣ ва таъминотӣ ба Киев мебошад.
Бритониё, Фаронса ва давлатҳои дигар гуфтаанд, ки дар доираи созиши оташбас омода ҳастанд ба Украина нирӯҳои посдори сулҳи худро фиристанд. Стармер аз Вашингтон даъват намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаҳои бештари Русия ба ин нирӯҳо кӯмаку пуштибонии худро фароҳам кунад. Ӯ гуфт, дар сурати сари мизи гуфтушунид нишастани Русия мо бояд ҷараёни оташбасро назорат кунем, то ки оташбаси ҷиддӣ ва сулҳи давомдор таъмин шавад”. Ӯ гуфт, дар сурати ғайр, фишори иқтисодӣ болои Русия бояд афзоиш дода шавад.
Рӯзи 14 март баъди сӯҳбат бо Стармер, президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам гуфт, Русия бояд пешниҳоди оташбасро бипазирад.
Зеленский амалиёт дар Курскро анҷомшуда номид ва ба сарбозон ташаккур кард

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, нирӯҳои кишвараш вазифаи худро дар вилояти Курски Русия иҷро карданд, ки ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз хатҳои дигари ҷабҳа ба ин сӯ кашидани нирӯҳои русӣ буд.
Дар ин бора нашрияҳои "Суспільне" ва "Укринформ" хабар медиҳанд. Ӯ гуфт, ки дар ин қитъаи ҷабҳа вазифаи нирӯҳои украинӣ ин буд, ки сарбозони русро аз самтҳои Покровск, Харков ва Суми ба ин сӯ ҷалб кунанд.
Зеленский, ки сарбозони украиниро ҳамчун қаҳрамонон ситоиш кард, гуфт, «аввал шуда фишор дар самти Харков кам карда шуд. Онҳо шумори зиёди сарбозонро ба самти Куршина равона карданд. Баъди ин аз самти шарқӣ сарбозонро ин сӯ кашиданд, вале ҳадафи асосии худ Покровскро аз даст надоданд. Мо инро дарк мекардем.
Одамон қавиирода ҳастанд ва дарк мекарданд, ки шонсе даст медиҳаду русҳо дар самти Покровск бозмеистанд. Ҳамин тавр ҳам шуд». Зеленский гуфт, ки дар натиҷа, вазъ дар самти Покровску Харков «мӯътадил шуд».
Зеленский гуфт, бовар дорад, амалиёт дар вилояти Курск ба анҷом расид ва дар самти Покровск вазъ ҳоло мӯътадил аст ва «барои аз нав ишғол кардани Покровск осон нахоҳад шуд».
Артиши Украина августи соли 2024 амалиёти худро дар вилояти Курск шурӯъ карда, чанд маҳалли истиқоматиро ба даст даровард. Он вақт Зеленский гуфт, ки бо ин кор аз муҳосираи як қисми вилояти Суми пешгирӣ мешавад, мавқеи нирӯҳои украинӣ ба ҳангоми музокироти эҳтимолӣ бо Русия қавитар хоҳад шуд ва ҳам ба сокинони Русия «воқеиятро» нишон медиҳад.
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши низоъҳо мегӯяд, амалиёти низомӣ дар масоҳати 1160 километри мураббаъ қаламрави вилояти Курск идома дошт. Сентябри соли гузашта 907 км мураббаъ ва оғози моҳи март 407 км мураббаъ қаламрави вилояти Курск зери назорати артиши Украина қарор дошт.
Аз аввали моҳи март артиши Русия беш аз 20 маҳалли истиқоматӣ дар Курскро зери назорати худ дароварда рӯзи 13 март дар бораи ба даст даровардани шаҳри Суҷа хабар дод.
Сардори ситоди кулли Русия Валерий Герасимов гуфт, ки беш аз 400 низомӣ асир гирифта шуданд. Путин бори аввал аз замони шурӯи ҷанг дар вилояти Курск бо либоси ҳарбӣ дида шуд ва ваъда дод, ки ба низомиёни украинӣ ҳамчун «террорист» муносибат хоҳад кард.
Вале баъди сӯҳбат бо президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки «ҳазорҳо» сарбози дар вилояти Курск асирафтода «агар силоҳро замин гузошта таслим шаванд», зинда хоҳанд монд. Дар Ситоди кулли Украина ба муҳосираи сарбозони русӣ афтодани низомиёни украиниро рад карданд.
40 миллион евро сармоягузории ИА ба иқтисоди сабзи Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо барои гузариш ба энергияи сабз ва ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта дар Тоҷикистон 40 миллион евро ҷудо мекунад.
22 мииллион еврои ин ёрии молии Иттиҳоди Аврупо, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ дар низоми энергетикии Тоҷикистон равона мешавад, аз тариқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад шуд.
Бахши дигари ин ёрии молӣ, ки беш аз 18 миллион евро аст аз сӯйи Агентии рушди Олмон барои ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта равона мешавад.
Ба гуфтаи Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ, ин ёрии молиявӣ устуворӣ, гузариш ба иқтисоди сабз ва суботи иқтисодии Тоҷикистонро тақвият хоҳанд дод.
Тафсилоти бештар аз тарҳи нави ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар Радиои Озодӣ нашр мешавад.
Миронов хост, клубҳои ММА тафтиш шаванд

Раҳбари Ҳизби "Справедливая Россия" Сергей Миронов аз Додситонии кулл дархост кардааст, ки фаъолияти клубҳои варзишии муҳорибаҳоии бидуни қоида ва ё MMA-ро ҳамаҷониба тафтиш кунад.
Ба бовари вакили муҳоҷирситези рус, чунин клубҳо ба ифротӣ намудани муҳоҷирон машғуланд ва бидуни назорат гузоштани онҳо ба амнияти кишвар хатарбор аст.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар Маскав ҳудуди 500 клуби ММА вуҷуд дорад.
Миронов мисли раҳбари қаблии Ҳизби либерал-демократи Владимир Жириновский, бо изҳороти таҳқиромезаш нисбати муҳоҷирон маъруф аст.
Дар гузашта ӯ тарафдори манъи тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикистониҳо шуда буд ва ҳоло пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандӣ ба тамоми муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муваққатан манъ шавад.
Рейтерс: Нахуствазири Ироқ аз қатли раҳбари "Давлати исломӣ" хабар дод

Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи 14 март гуфт, раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” кушта шуд. Судонӣ гуфт, ӯ “яке аз хатарноктарин террористон дар Ироқ ва ҷаҳон дониста мешуд”. Дар ин бора хабаргузории Рейтерс иттило додааст.
Судонӣ афзуд, ки дар амалиёти муштараки нирӯҳои амниятии Ироқ ва сарбозони эътилофии муборизи зидди гурӯҳи ҷангӣ Абдулло Мокӣ Муслиҳ ар-Рифоӣ, маъруф бо лақаби Абу Хадичаро куштанд.
Истиқболи Департаменти давлатии ИМА аз созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои "санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ" табрик кардааст. Тэмми Брюс, сухангӯи Департаменти Давлатии ИМА бо нашри изҳороте рӯзи 14 март гуфт, "Ин дастовард нишондиҳандаи тааҳҳуди ду давлат барои дипломатия ва суботи минтақавӣ мебошад".
Аз ин пеш имзои созишномаи байни ду кишвари ҳамсояро мақомоти СММ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Чину Русия ва дигар ҷонибҳо ҳам истиқбол карданд.
Брюс навиштааст, ҳалли масоили марзӣ "яке аз душвортарин вазифаҳои дипломатӣ аст, ки як ҳукумат метавонад анҷом диҳад". Иёлоти Муттаҳида изҳори умедворӣ кардааст, ки ин тавофуқи муҳими таърихӣ роҳро барои рушди равобити тиҷоратӣ ва иртибототи миёни сокинони наздимарзӣ боз ва барои пойдории сулҳ дар минтақа мусоидат мекунад.
Созишномаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 март дар маросиме дар шаҳри Бишкек миёни президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов имзо шуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад

Рӯзи 15 март қарор аст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз кунад. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки сафари президент рӯзҳои 15-17 март сурат мегирад.
Дар хабар омадааст, ки дар Маскав президенти Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад. Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба "дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ" дар назар аст.
Инчунин имзои як қатор санадҳо ҳам пешбинӣ шудааст.
Бори охир ду раҳбар декабри соли 2024 дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар вилояти Ленинград мулоқот карда буданд.
Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад.
Мулоқоти Раҳмон ва Путин дар шароите барпо мешавад, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба толори "Крокус сити ҳол" дар вилояти Маскав 22 марти соли 2024, фишор болои муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия фавқулодда зиёд шуд. Ҳарчанд мақомоти ду кишвар аз хуб будани робитаҳо мегӯянд, муносибат ба шаҳрвандони Тоҷикистон баъди он ҳамла ба самти манфӣ дигар шуд.
Сафари Раҳмон ба Маскав ду рӯз баъди имзои созишномаи деринтизори марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистн сурат мегирад, ки аз ҷумла, мавриди истиқболи Русия ҳам қарор гирифтааст. Душанбе ва Бишкек аз шарикони Маскав дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Истиқболи раҳбарони СММ, Чину Русия, Иттиҳоди Аврупо аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз имзои созишномаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори хушнудӣ ва аз он истиқбол кардааст. Стефан Дуярич, сухангӯи Антонио Гутерриш, рӯзи 13-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт:
“Ӯ ҳарду кишварро барои ин дастоварди таърихӣ табрик мегӯяд ва раҳбаронро барои азму иродаи сиёсиашон дар поён додан ба раванди музокироте, ки даҳсолаҳо идома кард, ситоиш мекунад.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интизор дорад, ки Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳамкориҳои созанда, тақвияти боварӣ ба ҳамдигар ва ояндаи амн барои мардумони худ ва минтақа саъй хоҳанд кард.
Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла, Чину Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Кувайт ҳам бо нашри баёнияҳои расмӣ аз имзои созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар истиқбол кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки “имзои созишнома ба тақвияти амнияту субот дар тамоми Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.”
Ҳукумати Чин Тоҷикистону Қирғизистонро барои имзои созишнома табрик гуфта, афзудааст, ки аҳди ду тараф ба тақвияти амният, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа кӯмак мекунад. Дар баёниҳои расмии вазоратҳои хориҷии Туркия, Арабистони Саудӣ ва Кувайт ҳам айни гуфтаҳо ҳаст.
Муовини раиси Комиссиюни Аврупо Кайя Каллас ҳам рӯзи 14 март имзои созишномаи байни ду кишвари ҳамсояро истиқбол намуд. Бо нашри изҳороте ӯ ин санадро "қадами бузург ба пеш" номид, ки ба гуфтааш, "устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод".
Созишномае, ки онро бархе муомилаи таърихӣ ҳам номиданд, 13 март дар шаҳри Бишкек имзо шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, ҳамтои қирғизи ӯ дар паи музокираҳои муттасили солҳои охир рӯзи панҷшанбе дар зери созишнома дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади ду кишвар имзои худро гузоштанд.
Муҳокимаҳои атрофи таъину аломатгузории сарҳади давлатии тақрибан 1000-километрӣ даҳсолаҳо идома дошт ва дар ин муддат сокинони деҳоти марзии ду тараф ва марзбонон борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша ва хунрезӣ кардаанд.
Танҳо дар солҳои 2021 ва 2022 дар ҷангу муноқишаҳо аз байни ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд ва аз тирамоҳи соли 2021 ба ин тараф сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба рӯи сокинони ҳамдигар баста буд.