Аксҳо аз китоби вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Хамрохон Зарифӣ, ки бо номи "Хазинаи тиллоии тоҷикон" ба нашр расид.
Амрико барои ҷилавгирӣ аз тарки мактаб кардани духтарон дар Тоҷикистон барномаи махсусро рӯи даст гирифтааст ва бо усулҳои ҷолиб, дарсҳои сабуки иловагӣ, машқу бозиҳои мухталифи шавқовар гарм кардани дили хонандагонро ба мактаб ва таълиму тадрис ҳадаф қарор додааст.
Дар тазоҳуроти Рӯзи Ҳуқуқи Инсон, 10-уми декабр дар Боку шиорҳои "Парламент пароканда шавад!", "Истеъфо!", "Озодӣ!" садо доданд. Полис тазоҳуркунандагонро пароканда кард.
Рӯзи 8-уми декабр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», як маҳфили фарҳангие, таҳти унвони «Миллат аз нигоҳи Гулрухсор» бо ширкати шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева доир гардид.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳошияи маҳфили "Миллат аз нигоҳи Гулрухсор" бо Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ суҳбате анҷом дод.
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», як маҳфили фарҳангие, таҳти унвони «Миллат аз нигоҳи Гулрухсор» бо ширкати шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева доир гардид. Дар ҳошияи ин маҳфил Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодӣ бо шоира Гулрухсор суҳбате анҷом дод.
Пас аз пахши як силсила филмҳои мустанад аз тариқи шабакаҳои русӣ, шумораи афроде, ки охири дунёро интизоранд дар Тоҷикистон зиёд шуд. Дар ин филмҳо гуфта мешавад, ки 21-уми декабр охирин рӯзи дунё аст ва ин пешгӯӣ гӯё аз тарафи донишмандон тадсиқи илмӣ пайдо кардааст.
Дар доираи барномаи "16 рӯзи алайҳи хушунати занон", дар Душанбе дави мардон бо кафшҳои пошнабаланди занона баргузор гардид. Ин барнома бо пуштибонии UNIFEM, созмони дифоъ аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон ва Радиои "Ватан" рӯи даст гирифта шуда, шарти аслӣ давидани мардҳо бо кафши занона аст. Ин ба маъноест, ки мардҳо худро ба истилоҳ “дар пӯсти” занҳо эҳсос кунанд ва мушкилоти онҳоро дарк намоянд.
Шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон таи чанд рӯз дар муҳосираи дуду чанг мондааст ва масъулин маҷбур шудаанд, дари мактабу донишгоҳ ва идораҳои давлатиро банданд. Воҳид Дастҷердӣ, вазири беҳдошти Эрон аз сокинони Теҳрон даъват кардааст, ки шаҳрро тарк кунанд, чун миқдори моддаҳои заҳрдор дар ҳавои пойтахти Эрон ба ҳадди хатарнок расидааст.
Президенти Русия, Владимир Путин рӯзи 5-уми декабр дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, бо президентҳои бархе аз кишварҳои узви ИДМ мулоқот кард. Вай дар роҳ аз сафари Туркия вориди Туркманистон шуд. Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳо дар масъалаи тамрини муштараки зидди терроризм ва мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккилона ба мувофиқат расиданд. Видеои Reuters.
Даҳҳо нафар аз фаъолони зан рӯзи 5-уми декабр дар Кобул зидди фасод дар ҳукумати Афғонистон тазоҳурот барпо карданд. Ин намоиш дар рӯзи нашри гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилалӣ ҷараён ёфт, ки Афғонистонро аз фасодзадатарин кишварҳо унвон кард.
Шоира Раҳимҷонова, бонуи 35 солаи тоҷик таронасаро, оҳангсоз ва барномасози телевизион аст, ки маҳсули эҷодаш миёни ситораҳои тоҷик, аз қабили Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Олими Маҳмуд, Нигина Амонқулова ва дигарҳо талабгори зиёд дорад.
Ёфтҳои бештар