Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, рӯзи 14-уми сентябр ба таври ногаҳонӣ ба Душанбе омад ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон гап зад.
Таҳқиқи якҷояи OCCRP, Temirov Live ва Kloop нишон дод, ки рафиқони Рустам Ҷабборов (Жапаров), писари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров), соҳиби ширкатҳои гуногун ва масъули тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ҳастанд.
Дидори сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари рӯёрӯии ҳампаймонҳои аслии онҳо Маскав ва Пекин бо Ғарб баргузор мешавад. Ба бовари коршиносон, ин дидор баёнгари кӯшиши расидан ба мавқеи муштарак аст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия фишор меоранд, пеш аз гирифтани ҳаққи шаҳрвандӣ бо вазорати дифои Русия барои рафтан ба ҷанги Украина қарордод имзо кунанд. Ҳукумати Русия ҳоло саъй дорад, барои кӯмак ба неруҳояш дар ҷанги Украина сарбозони бештарро ба онҷо ҷалб кунад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз идомаи фаъолияти шохаи “Хуросон”-и ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) китоби наверо бо номи "Роҳи бунёди Қирғизистони нав" навишта, ба ҳамтоёни худ дар Қазоқистон ва Узбекистон дар кушодани дари "давраҳои тоза” мепайвандад. Низомҳои Осиёи Марказӣ то куҷо воқеан тағйир меёбанд?
Имсол аз даргузашти хони қирғизҳои Помир Ҷабборқул 80 сол ва аз таваллуди писараш – хони қирғизҳои Афғонистон, Раҳмонқулхон, 110 сол сипарӣ мешавад. Онҳо охирин бозмондагони хонҳо ё пешвоёни қабилаҳои турк дар Осиёи Миёна буданд.
Рӯзи 9-уми июл овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Узбекистон шуруъ шуд. Ройдиҳие, ки натиҷааш пешгӯишаванда аст.
Ваъда доданд, ки дар Туркия парастор мешавад, аммо гирифтори ғуломии ҷинсӣ шуд. Як сокини Уши Қирғизистон ба лоиҳаи "Мигрант Медиа" қисса кард, ки чӣ гуна ҳамватанонаш ӯро ба Туркия бурда, ба танфурушӣ маҷбур карданд.
Шайх Абдулвоҳид Ториқ, раиси мадориси ҷиҳодии вазорати маорифи ҳукумати Толибон гуфтааст, имсол дар панҷ вилояти Афғонистон мадрасаи ҷиҳодӣ боз карда ва Толибонро ба онҳо шомил кардаанд.
Мансабдорон дар Туркманистон аз блогерҳо ва шахсони дигари "таъсиргузор" дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостаанд, ки матлаби танқидӣ нашр накарда, танҳо аз "давлати хушбахту шукуфон" бигӯянд.
Сокинони минтақаҳои тоҷикнишин аз нобуд шудани ёдгориҳои таърихӣ дар вилояти Навоии Узбекистон нигарон ҳастанд. Чанд қалъаву нигораҳои қадимӣ дар Нуратои вилояти Навоӣ, ки асрҳо пеш арзи ҳастӣ кардаанд, ҳоло хароб гардида.
Ёфтҳои бештар