Назарҳо аз Тоҷикистон ба нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанд яксон нест. Баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд, нишаст бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон ва Покистон натиҷаи муҳиме барои ояндаи Афғонистон надошт, вале бартарихоҳии Русия ва Чинро ба намоиш гузошт.