Дар панҷумин нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон гуфта шудааст, ки Афғонистонро набояд "раҳо" кунанд. Ин нишаст, ки бо номи "Формати Маскав" шинохта мешавад, рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал дар пойтахти Русия баргузор шуд.