30 сол пеш, дар пасманзари шурӯи ҷанги дохилии Тоҷикистон, қарордоди амнияти дастҷамъӣ ба имзо расид, ки баъдан бар асоси он Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ таъсис шуд. Созмоне, ки дар 30 сол нақши нисбатан шартӣ дошта, пас аз воқеаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон мақоми ҷиддитаре касб кард.