Дар моҳи аввали соли 2022 мавзӯи ҳамкорӣ бо Чин чанд бор дар дастури кори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қарор гирифт. Баъзе аз коршиносон ин равандро идомаи наздикии ду кишвар меноманд. Аммо баъзеи дигар талоши Душанбе барои ҷалби пуштибонии ҳамсояи қудратманд.
Дар Қазоқистон ҷасади баъзе аз қурбониёнро аз гӯр берун овардаанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии моҳи январи имсол кушта шуданд. Хешовандони онҳо мегӯянд, мухолифи берун овардани ҷасади азизашон буданд ва ҳоло метарсанд, ки ин қурбониёни рӯзҳои тазоҳуротро террорист эълон накунанд.
Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро ба "хиёнат ба ватан" муттаҳам кардаанд. Порлумони Қирғизистон барои баррасии қазия кумисюн ташкил дод. Худаш рӯзи 10-уми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "иттиҳом 100 дар сад сиёсӣ аст".
Сокинони Жанаозен (ҳудуди вилояти Мангистау)-и Қазоқистон як ҳафта боз бо талаби кор дар соҳаи нафту газ гирдиҳамоӣ доранд. Дар рӯйхати шахсони корҷӯ дар ин шаҳр номи 2500 нафар дарҷ шудааст.
“Латукӯб мекунанд, баданро бо дарзмол месӯзонанд, оби ҷӯш мерезанд ва ба сар халта мепӯшонанд.” Шахсоне, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон дастгир шудаанд, бо ин мазмун аз бархӯрди номуносиби мақомот бо онҳо шикоят мекунанд.
Аз бозгашти дубораи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон тақрибан шаш моҳ гузашт. Ҳеч кишвар "аморати исломӣ"-и ин гуруҳро дар ҳамсоягии Тоҷикистон ба расмият нашинохтааст. Душанбе ҳам.
Баъд аз муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва беш аз бист захмӣ бар ҷой гузошт, тарафҳо баҳси лафзиро бар сари "қитъаи 275-метрии замин" оғоз кардаанд.
Пас аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси марги ду сокини Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз 20 нафар аз ҳар ду ҷониб шуд, ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд.
Нерӯҳои Қирғизистон хабарнигори таҳқиқотгар Болот Темиров (масъули саҳифаи “Темиров Live” дар Ютюб)-ро, ки дар бораи раисҷумҳур Содир Жапаров ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев гузориш дод, дастгир карданд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар пайи ҳодисаҳои аввали январ дар ин кишвар 227 нафар, аз ҷумла 19 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта ва 12 ҳазор кас боздошт шудааст. Бисёре аз хешовандони боздоштшудаҳо ҳарос доранд, ки ба азизонашон туҳмат мешавад.
Вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 19-уми январ тарҳи тағйиротеро қабул карданд, ки бино бар он раисҷумҳури пешин, Нурсултон Назарбоев, аз раҳбарии доимии Шӯрои амният ва Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон барканор карда шудааст.
Раиси ҷумҳурии нахустини Қазоқистон, ки аз 28-уми декабри соли 2021 ба ин сӯ дар мазҳари умум пайдо нашуда ва дар пайванд ба беназмиҳои кишвараш изҳори назаре накарда буд, аз худ дарак дод.
Ёфтҳои бештар