Садҳо сокини Жанаозен, як шаҳраки нафтӣ дар Қазоқистон, рӯзи 2-юми январ ба нишони эътироз алайҳи афзоиши нархи газ эътироз карда, муддате роҳҳоро бастанд.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, иддае аз сокинони Қирғизистонро ба барангехтани иғво дар марз муттаҳам карда ва гуфтааст, тирандозии афсари тоҷик ба ҳаво дар ин зимн кори дуруст буд.
Шаш сенатори амрикоӣ аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки ба Узбекистон дар пайванд ба риояи ҳуқуқи инсон фишор биорад.
Дар давоми тақрибан се даҳсолае, ки Нурсултон Назарбоев дар курсии президенти Қазоқистон буд, бисёре аз хешовандонаш ба шахсони сарватманди ин кишвар табдил шудаанд. Бародари хурдии ӯ, Болат, низ истисно нест.
Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури зиёди низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
Дар Қирғизистон президент амр дод, ки орои интихоботи парлумонии рӯзи 28-уми ноябр аз нав ҳисоб карда шавад. Қарори Содир Ҷабборов дар вокуниш ба эътирози мухолифон буд, ки мегӯянд, аксар ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат ва ношинохта ба парлумон роҳ ёфтаанд. Гузориши ҳамкори мо дар Бишкек Акрами Абдуқаҳҳор.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди кишварро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, аз боздошт озод кунад, зеро ӯ бегуноҳ аст.
Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бо муроҷиат ба Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон аз ӯ тақозо кардааст, то нагузорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз дар кишвар поймол шавад.
Мақомоти Русия бо дархости такрории Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бишкек Диловар Ҷӯраев, сокини 52-солаи шаҳри Исфараро ба "авбошӣ ва барангехтани низои миллӣ" гумонбар медонад. Пайвандонаш ва мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро сохта мешуморанд ва ба озодии ӯ талош доранд.
Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба харидани силоҳу муҳиммот иқдом кардааст. Ин амалкарди Бишкек ба раванди музокирот чӣ таъсире мерасонад ва дар Душанбе дар ин бора чӣ фикр доранд?
Ёфтҳои бештар