Кумиссиёни Амрико Оид Ба Озодиҳои Байналмилалии Динӣ, дигарбора ба мақомоти ин кишвар тавсия додааст, Тоҷикистонро ба феҳрасти бадтарин помолкунандагони ҳуқуқи динӣ ворид кунад.
Гуруҳи таҳқиқотии Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Шинҷон вилояти умдатан мусулмоннишини Чин тақрибан як миллион уйғурро худсарона дар урдугоҳҳои тарбиявӣ нигаҳ медоранд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон тасдиқ кард, ки 5 ҳазор тақвими як созмони масеҳӣ ҳангоми ворид кардан ба кишвар мусодира шудааст. Масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, ин тақвимҳо хусусиятҳои таблиғи дини бегонаро доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд.
Маъмурони милисаи шаҳри Исфара мардеро дастгир карданд, ки ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (муодили беш аз ҳазор долддари амрикоӣ”-и як намозгузор дар дохили масҷид гумонбар аст. Ҳодиса рӯзи 21-уми январ дар масҷиди маркази шаҳри Исфара рух додааст
Шӯрои уламо – ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон – ба истифодаи ҳаб ё доруҳои шаҳватбарангез иҷозат дод.
Ҷавононе, ки аз таҳсил дар мактабҳои динии хориҷ бо даъвати мақомоти Тоҷикистон бозгашта буданд, муваззаф шуданд, ки ҳадди ақал дар 6 моҳ як маротиба ба идораи милисаи маҳалли зисташон ҳозир шаванд.
Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад.
Миёни анъанаҳои гуногуни мардум ҷойи муҳимеро маросими дафн ва азодорӣ мегирад. Маросими азодории қирғизҳо ҳам мисли сокинони дигари минтақа ҳамоҳанг бо боварҳои исломӣ ва тоисломӣ, махсусан бо тенгриизм алоқаманд мебошанд.
Тенгриизм ё фирқаи худои кайҳонӣ – Тенгри аз шумули боварҳоест, ки реша дар ҳазораҳои 4-5-и то мелод дорад.
Калисои православӣ ё ортодокси рус дар Тоҷикистон эълон кард, ки ҳамагуна робитаашро бо Константинопол (Қустантания) – қароргоҳи марказии равияи православии дини насронӣ – қатъ кардааст.
Хешовандони як модари насронӣ, ки дар Покистон барои “куфргуӣ” ба қатл маҳкум шудааст, умедворанд, ки Додгоҳи олӣ ӯро озод мекунад.
Ёфтҳои бештар