Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷоли православҳо. Калисои рус дар Тоҷикистон дар канор намонд. ВИДЕО


Калисои православӣ дар Душанбе
Калисои православӣ дар Душанбе

Калисои православӣ ё ортодокси рус дар Тоҷикистон эълон кард, ки ҳамагуна робитаашро бо Константинопол (Қустантания) – қароргоҳи марказии равияи православии дини насронӣ – қатъ кардааст. Мақомоти калисо рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо аз калисои православӣ дар Русия итоат мекунанд.

Мо умед дорем, ки ақли солим ғалаба мекунад ва идораи усқуфи аъзам қарорашро дигар ва ба воқеият наздик хоҳад кард.

Иероманах Владимир, рӯҳонии калисои православи рус дар Тоҷикистон, гуфт, "калисои Константинопол қонунҳоро нақз кард ва ба қаламрави таҳти васояти калисои ортодокси рус дар Украина ҳамла намуд. Барои ҳамин, шаби гузашта Шӯрои калисо дар ҷаласаи Минск иртибот бо калисои Константинополро қатъ кард."

Иероманах Владимир президенти Украина Петро Порошенкоро муттаҳам кард, ки бо нақзи Конститутсияи кишвараш ба кори калисо дахолат намудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷанҷол дар калисои православӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Қабл аз ин, калисои православии Русия робитаҳояшро бо идораи усқуфи аъзами Константинопол қатъ кард. Чунин тасмим баъди он гирифта шуд, ки усқуфи аъзам розӣ шуд, ба калисои православӣ дар Украина мустақилият ато кунад.

Митрополит Иллариан, раиси шӯъбаи робитаҳои берунии калисои Маскав, гуфт, "ин як тасмими ногузир буд, вале Шӯрои калисо дигар қароре ҳам қабул карда наметавонист. Тамоми иқдоми идораи усқуфи аъзам дар Константинопол дар ин охирҳо мантиқан ба қабули чунин қарор водор мекард. Мо умед дорем, ки ақли солим ғалаба мекунад ва идораи усқуфи аъзам ҳам қарорашро дигар ва ба воқеият наздик хоҳад кард. Аммо то он замон ва то вақте ки ин тағйирот сурат намегирад ва қарорҳои ғайриқонунӣ ва хилоф бо қонунҳои калисо гирифта мешаванд, мо наметавонем дар тамос ва ҳамкорӣ бо калисои Константинопол бошем. Калисо тақсим шуд."

Метраполит Илларион
Метраполит Илларион

Сабаби тақсим шудани калисо дар қарори падар Варфоломеи 1 дар тақдими мақоми мустақилият ба калисои православии Украина мебошад.

Дар Украина се созмони православӣ амал мекунад ва танҳо калисои Маскавро калисоҳои дигар эътироф мекунанд. Ду калисои дигар эътирофшуда нестанд ва дар чунин шароит бояд ҳарсе калисо, ки дар ҳолати ихтилоф ҳастанд, ин тафриқаҳои худро канор гузоранд.

Дар Маскав тасмими Константинополро бо ихтилофи азим дар дини масеҳӣ шабоҳат доданд, ки асри 11 боиси ба равияҳои католикиву православӣ ҷудо шудани ин дин шудааст.

Тақсим шудани калисо маъноҳои сиёсӣ ҳам дорад. Киев борҳо гуфтааст, ки Кремл бо истифода аз калисои православии Русия ба умури дохилии Украина дахолат мекунад. Калисои Маскав ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

Калисоҳои православӣ дар шаҳри Душанбе, Турсунзода, Қурғонтеппа, Панҷакент ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Аксари ин калисоҳо аз замони Шӯравӣ сохта шудаанд ва роҳибони онҳо русҳо ҳастанд.

Тибқи омори нуфусшумории охир дар Тоҷикистон 34 ҳазор русҳо зиндагӣ мекунанд, ки аксар пайрави мазҳаби провославии дини масеҳӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG