Ҷанги Украина
Дар як вилояти Русия ҷанг оғоз шудааст
Рӯзи 23-уми май гурӯҳи мусаллаҳе ба хоки Русия ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд.
Маскав “як гурӯҳи диверсионӣ”-ро дар талоши ворид шудан ба дохили Русия гунаҳгор кард, аммо Киев ин иттиҳомҳоро рад намуд.
САДОИ ТИР ДАР БЕЛГОРОД
Рӯзи 22-уми май дар минтақаи Белгороди Русия садои тиру таркиш ба гӯш мерасад ва як волии маҳаллӣ гуфт, ки даргириҳо ба ноҳияи Грайвонони Русия дар сарҳади Украина тавсеа ёфтааст. Феълан иттилое дар бораи хисороте дар даст нест.
Матбуоти украинӣ ба нақл аз сухангӯи идораи иктишофӣ Андрей Юсов гуфт, ки гурӯҳҳои бо номи Легиони “Озодии Русия” ва Корпуси ихтёриёни Русия, ки ба он муҳоҷирони руси зидди Кремл дохил мешаванд, масъули дохил шудан ба хоки Русия ҳастанд, вале ҳеҷ далеле пеш наовард.
Юсов гуфт: “Бале, имрӯз Корпуси ихтёриёни Русия ва Легиони “Озодии Русия”, иборат аз шаҳрвандони Федератсияи Русия, амалиёти озодсозии ин қаламравҳоро дар минтақаи Белгород аз ба истилоҳ режими Путин ва ба қафо задани душман ба хотири эҷоди як минтақаи амн барои дифоъ аз аҳолии мулкӣ ба роҳ монданд.”
Манзури Юсов президенти Русия Владимир Путин аст.
Ӯ афзуд, ҳадафи ҳамлае, ки ҳукумати Украина мегӯяд, ба он ҳеҷ дахле надорад, эҷоди “як минтақаи амн” дар ҳифзи украиниҳо аз ҳамлаҳои Русия мебошад.
"ПУТИН ХАБАР ДОРАД"
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Путин дар бораи ин ҳамла огоҳ шуд ва кор барои берун кардани “диверсантон” ба роҳ монда шудааст.
Аз ин пеш 22-уми май дар пайи хабарҳо аз тирандозӣ дар хати баландшиддати нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе нерӯи барқ дар ин муассиса барои муддати кӯтоҳ қатъ шуд. Русия шаби гузашта инчунин дар минтақаи Днепропетровск мушак ва паҳподро ба кор бурд.
"Укрэнерго" дар давоми рӯз хабар дод, ки барои ҷуброни барқи қатъшуда хати захиравӣ ба кор андохта шуд.
Ин бори ҳафтум аст, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина кори ширкати Энергоатом дар корхонаи Запорожйе бидуни нирӯи беруна кор мекунад.
Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ гуфт, аз замони шурӯи ҷанг корхона дар ҳолати ҳассос амал мекунад ва “мо бояд ҳамин ҳоло барои ҳимояти он ба қароре бирасем, вазъ чунин такрор шуда наметавонад”.
Шаби 22 май нирӯҳои Русия 16 мушак ва 20 паҳпод ё дрони худкушро болои минтақаи Днепропетровск партоб кард. Нирӯҳои дифои ҳавоии Украина гуфтанд, ки дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ шуд.
Дар шарқи Украина, бо вуҷуди иддаои Русия, ки шаҳри Бахмут ба дасти Маскав гузаштааст, ҷангҳои шадид идома доранд. Маркази асосии ҷангҳ ҳамоно ҷабҳаи Бахмут-Авдеевка-Мариинка мебошад ва дар давоми 24 соати гузашта украиниҳо 37 ҳамлаи русҳоро баргардонданд. Дар ин бора Ситоли кулли нирӯҳои Украина хабар дод.
Ҷанг барои шаҳре, ки “ба хок яксон шудааст”
Владимир Зеленский, президенти Украина ишғоли Бахмут аз ҷониби русҳоро рад кард.
Президенти Украина, ки ҳоло дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон дар нишасти сарони гурӯҳи кишварҳои ҳафтгона (G7) иштирок дорад, гуфт, “мо муқовимат мекунем, мо ба мубориза идома медиҳем.”
Рӯзи 20-уми май Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” дар навори видеоие иддао кард, ки Бахмутро пурра ғасб кардаанд. Ӯ дар иҳотаи чанд низомипӯш ва дар назди харобазори шаҳр ба зархаридонаш ташаккур гуфт. Рӯзи 21-уми май Вазорати мудофиаи Русия низ тасдиқ кард, ки ин шаҳрро “гирифтаанд”.
Владимир Зеленский гуфт, хеле хуб медонад, ки дар Бахмут чӣ мегузарад, вале ба хотири зери хатар нагузоштани низомиёни Украина ҷузъиётро ошкор намекунад.
“Бахмут дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Федератсияи Русия ғасб нашудааст," -таъкид кард, Зеленский.
Сергей Череватий, як низомии украинӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки артиши кишвараш дар ҷанубу ғарби шаҳр истодагарӣ мекунад, вале ин шаҳр “ба хок яксон шудааст.”
Ин низомӣ гуфтааст, ки Русия барои ишғоли Бахмут нерӯи зиёд сарф кард ва ин шаҳрро барои худ пураҳамият ҷилва дод.
“Шаҳр хароб шудааст ва он на аз нигоҳи низомӣ ва на сиёсӣ фоидае ба онҳо нахоҳад овард. Мо муқобилиятро идома дода, онҳоро ором намегузорем ва вобаста ба имконият ҳамлаи ҷавобӣ мекунем,”—гуфтааст, Сергей Череватий.
Барои ғасби Бахмут Русия аз зархаридони ширкати хусусии “Вагнер” истифода мекунад, ки бештарашон маҳбусони зиндонҳои ин кишваранд. “Вагнер” ҳазорон маҳбусро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон ба ҷанг ҷалб кардааст.
Бахмут, ки онро русҳо Артёмовск меноманд, як шаҳр дар вилояти Донетски Украина аст. Нерӯҳои Русия беш аз як сол боз барои ишғоли ин шаҳр, ки то оғози ҷанг беш аз 70 ҳазор аҳолӣ дошт, талош доранд.
Русия ин шаҳрро "дорои аҳамияти стратегӣ" меномад. Мақомоти Украина мегӯянд, агар ҳатто ин шаҳрро ҳам аз даст диҳанд, чизе дар раванди ҷанг тағйир нахоҳад кард.
"Зархаридон"-и тоҷикро дар ҷанги Украина рӯйхат мекунанд. ВИДЕО
Мақомот дар Тоҷикистон ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне оғоз кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд.
Ин тасмим, ба гуфтаи ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, ҷиддӣ гирифта шуд. Вакили рус рӯзи 6-уми май даъват кард, ки бояд “баталйони тоҷикӣ” дар ҷанг алайҳи Украина таъсис дода шавад.
“Зархаридон” ҷавобгар мешаванд
Ду манбаи Радиои Озодӣ, яке дар сохторҳои дипломатӣ ва дигаре дар мақомоти интизомӣ, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русия дар Украина баррасӣ шудааст.
“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди онки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад,"—гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд, вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре танҳо ҳушдор дода буданд, ки "иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ" ҷиноят аст.
Кӣ парванда мешавад, кӣ не?
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия дар ҷанг иштирок мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст.
Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд, балки ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.
Наздикони ду маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо онҳо намояндагони КДАМ дар вилояти Хатлон суҳбат кардаанд. Ба гуфтаашон, намояндагони мақомот аз онҳо мушаххасоти наздикони зиндонияшонро пурсидаанд.
“Гуфтанд, ки кай рафт, ҳоло дар куҷо аст, занг мезанад ё намезанад. Нагуфтанд, ки парванда мекунем, вале тамоми маълумотро дар борааш пурсида, навиштанд,” –гуфт яке аз онҳо.
Мақомот тасмими кушодани парвандаро алайҳи тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия ё Украина ҷанг мекунанд, расман шарҳ надоданд. Ба мактуби мо дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия посух надод, вале дар сафорати Украина гуфтанд, ки то кунун ҳузури ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанг аз ҷониби ин кишвар сабт нашудааст.
“Зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрванди Украина ҳастанд, дар сафи артиш қарор доранд, вале то кунун мо номи ягон шаҳрвандамонро нашунидаем, ки аз тарафи Украина ба ҷанг ҷалб шуда бошад,” –гуфт, Давлат Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина.
Зоҳиран нигаронии мақомоти Тоҷикистон бештар аз даъвати вакили рус дар бора таъсиси “баталйоони тоҷикӣ” аст, ки пештар аз номи коршиносони рӯ ба Кремл ва ҳоло аз номи мақомҳои расмӣ садо медиҳанд.
Чӣ бояд кард, ки тоҷикон ба ҷанг нараванд?
Александр Коваленко, коршиноси низомии украинӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир муҳоҷирони тоҷик бештар ҳадаф қарор гирифтаанд, ки пуштибони қавӣ надоранд ва аз нигоҳи молию шароити иқтисодӣ ба ҳар тарзе ҷалб карданашон ба ҷанг осонтар аст.
“Артиши Русия талафоти ҷиддӣ додааст. Бо ҳар роҳе мехоҳанд, сафи артишро пур кунанд. То кунун тариқи даъватнома ҷалб кардан натиҷаи хуб надод. Муҳоҷирони тоҷик хеле зиёданд ва онҳо аз ҳамин нерӯи бузурги корӣ мехоҳанд дар ҷанг истифода баранд. Ду роҳро бояд истифода кард, ки ба иштироки шаҳрвандони тоҷик дар ин ҷанг роҳ надод. Роҳи якум муборизаи иттилоотӣ аст. Дуюм, бояд мақомоти тоҷик нотарсида бо роҳи қонунӣ эътироз кунанд ва садди роҳ шаванд,” –гуфт Александр Коваленко.
“Намехоҳад Путин шикаст хӯрад, вале...”
Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ пойбанди Русия аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи огоҳони вазъ, мақомоти тоҷик дар тасмим гирифтан нисбат ба таҷовузи Русия ба Украина эҳтиёткорона амал мекунанд.
Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф намехоҳад, ки режими Путин дар ин ҷанг шикаст хӯрад ва аз тарафи дигар намехоҳад, ки берун аз назораташ як воҳиди низомӣ бо ҳузури шаҳрвандонаш таъсис ёбад.
“Путин шикаст хӯрад, ин низомҳо аз байн хоҳанд рафт. Аз тарафи дигар намехоҳанд, ки як воҳиди низомӣ дар хориҷ аз кишвар ва берун аз назорати онҳо таъсис ёбад. Ин воҳиди низомӣ пас аз анҷоми ҷанг ба ҳар шакле як таҳдид ба низоми Тоҷикистон хоҳад шуд. Чунин нерӯи ҷангдидаи тоҷиконро дар хориҷ дидан намехоҳанд. Тасмими боз кардани парванда нисбат ба онҳо, фикр мекунам, бештар ба ҳамин чиз рабт дорад,” -- шарҳ дод Шарофиддин Гадоев.
Дар Душанбе ба ҷанг дар Украина чӣ назар доранд?
Рӯзи 12-уми май хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки дар мавриди ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ҷанг дар Украина чӣ назар доранд ва пешниҳоди вакили русро чӣ гуна қабул доранд, посухҳо гуногун буд:
- "Тарафдори он нестам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои берунӣ ё ягон маъракаи сиёсӣ ширкат дошта бошанд, агар хидмати ҳарбӣ мекунанд, бигузор дар кишвари худамон кунанд."
- "Агар чунин қонуне қабул шавад, ки афроди дорои душаҳрванидро мебаранд, дигар чӣ кор мекунем? Мегӯянд, дар шаҳри якчашма рафтед, як чашматро кӯр кун, маҷбурем дигар. Агар нараванд, депорташон мекунанд."
- "Дуруст нест ба ҷанг бурдани душаҳрвандиҳо. Агар чунин шавад, муҳоҷирон ба дарёфти шаҳрвандии Русия ҷони худро дар хатар мегузоранд. Ба фиреби дигарон дода нашаванд, беҳтар аст. Ҳоло дар кишвари худ кор кунанд."
- "Вақте шаҳрвандаш, ки шудӣ, аз рӯи қоидаву қонун бояд биравӣ. Шаҳрвандии он кишварро гирифтӣ, ҷавобгариро ҳис мекунӣ, бояд ватани онҷоро ҳам муҳофизат кунӣ."
Русия дар моҳи феврали соли гузашта бедалел ба хоки Украина ҳамла кард. Зоҳиран, ҷанги Русия дар Украина ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст ва мақомоти рус талош доранд, бо ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг ҷойи сарбозони маҷрӯҳу ҳалокшудаи худро пур кунанд.
Зеленский даъват кард, ки Путин дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шавад
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина даъват кард, як додгоҳи байналмилалие таъсис дода шавад, ки дар он ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина ва “амалҳои ҷиноӣ”-и раиси ҷумҳур, Владимир Путин муҳокима шавад.
Зеленский дар ин бора рӯзи 4-уми май ҳангоми суханронӣ дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд суҳбат кард.
Ӯ гуфт: “Ҳамаи мо мехоҳем дар инҷо, дар Гаага Владимири дигарро бубинем, ки барои амалҳои ҷиноиаш сазовори ҷазо аст. Ман бовар дорам, ки вақте мо пирӯз шудем, ин кор иттифоқ меафтад.”
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ моҳи марти имсол дастури боздошти раиси ҷумҳур Владимир Путинро содир кард.
Ӯро ба ғайриқонунӣ аз Украина ба Русия бурдани кӯдакони украинӣ муттаҳам мекунанд, ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меравад.
13 соли зиндон барои оташ задани як комиссариати ҳарбӣ дар Русия
Додгоҳе ҳарбие дар Русия як шаҳрванди Қазоқистонро бо гумони оташ задани комисариати ҳарбии Омск ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Дар бораи эълони ҳукми Ансаган Молдаҳметов, хабаргузории NGS55.RU бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ФСБ дар Омск хабар додааст.
Ба иттилои тафтишот, Молдахметов бо як ҳамроҳаш, ки низ шаҳрванди Қазоқистон буда, ҳоло дар пайгард қарор дорад, 13-уми майи соли 2022 ба бинои комисариати ҳарбии Омск “коктейл Молотов” партофтаанд, ки дар пай сӯхтор сар зада, ҳуҷаатҳои бойгонии бино зарар дидааст.
Бино ба гуфтаи муфаттишон, каме пештар аз ин ҳодиса, фарди ношиносе ба Молдахметов тариқи Телеграм тамос гирифта, ба ӯ пешниҳоди оташ задани комисариати ҳарбиро кардааст. Дар иваз ба Молдахметов, 6 миллион танга ё 13 ҳазор доллар ваъда кардааст.
Назари гумонбарон ба ин қазия дастрас нест, аммо мақомоти Русия гуфтаанд, баъди ташкили оташсӯзӣ, Молдахметов ва Муродулло тарки кишвар карданд, аммо нафари аввалӣ дубора баргашта, моҳи августи соли гузашта дар марз боздошт шудааст.
Дар як соли 2022 дар Русия 77 маротиба талош шудааст, ки комиссариатҳои ҳарбӣ оташ зада шаванд. Дар ин бора аз Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи марказӣ хабар дода, таъкид кардаанд, ки чунин ҳолатҳо чун ҳамлаи терористӣ дониста шуда, барои он ба гумонбар то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ҳамлаи Русия бо бесарнишинҳои "Камикадзе" ба Одесса ва Киев
Русия шаби 3 ба 4-уми май бо бесарнишинҳои камикадзеи "Шаҳид" ба шаҳрҳои Одесса ва Киев ҳамла кардааст. Тибқи иттилои расонаҳои Украина, низоми зиддиҳавоии он кишвар ҳамаи бесарнишинҳоро сарнагун сохтааст.
Дар шаҳри Одесса аз 15 бесарнишин 12 тоаш сарнагун шуда, боқӣ хобгоҳҳои яке аз донишкадаҳоро ҳадаф қарор додаанд. Дар натиҷа сӯхтор ба амал омад, аммо масъулони шаҳр мегӯянд, касе осеб надидааст.
Сардори маъмурияти низомии Киев Сергей Попко гуфт, ба шаҳр чандин мушаки болдор низ партоб шуда буд ва низоми зиддиҳавоӣ онҳоро ҳам сарнагун сохт. Дар баъзе аз ноҳияҳои шаҳр афтидани мушакпораҳо мушоҳида шудааст.
Ҷониби Украина мегӯяд, дар бесарнишинҳое, ки ба Одесса ҳамла карданд, "Ба хотири Маскав" ва "Барои Кремл" навишта шуда буд.
Хадамоти матбуотии президенти Русия 3 май хабар дод, ки бесарнишинҳо шаби 2-юми май кушиш карданд, ба қароргоҳи раисҷумҳур Владимир Путин дар Кремл ҳамла кунанд.
Ҷониби Русия дар ин ҳамла Украинаро айбдор кард. Мақомоти Украина ин иддаоро рад карданд.
Маҳбуси тоҷик дар Украина нопадид шудааст
Як маҳбуси тоҷикро, ки дар Украина нопадид шудааст, наздиконаш ҷустуҷӯ доранд.
Шарифбек Зулфиқоров, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар як зиндони Русия буд ва ӯро моҳи октябри соли гузашта ба ҷанг дар Украина ҷалб кардаанд.
Мавҷуда Давлатова, модари Шарифбек ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш 3-юми октябри соли гузашта, дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки онҳоро ба ҷанги Украина мебаранд. Ин охирин тамоси маҳбуси тоҷик бо хонаводааш будааст.
Ҳоло пайвандонаш аз мақомоти тоиҷиқ ва сафорати ин кишвар дар Русия мехоҳанд дар ҷустуҷуйи фарзандашон ба онҳо кӯмак кунанд.
Шарифбек Зулфиқоров cе сол пеш дар пайи як занозании муҳоҷирон, бо гуноҳи авбошӣ зиндонӣ шуда, дар маҳбаси вилояти Липетскии Русия адои ҷазо мекард. Аз маҳбас ба волидони ӯ гуфтаанд, "Шарифбекро аз инҷо бурданд", вале дар бораи зинда ё мурда будани ӯ хабар надодаанд. Маҳбуси тоҷик падари ду фарзанд будааст.
Маълум нест, ки Русия чӣ теъдод аз зиндониёни тоҷикро ба ҷанг дар Украина ҷалб кардааст , вале то кунун хабари кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ин ҷанг расонаӣ шудааст.
Мақомоти тоҷик мавридҳои маргу нопадид шудани маҳбусонро дар ҷанги Русия бо Украина шарҳ надодаанд, аммо қаблан аз Тоҷикистониён даъват карда буданд, ки ба ҷанги Украина нараванд.
Дар Бахмути Украина дигар касе намондааст? ВИДЕО
Аксари хонаводаҳо аз Бахмути Украина чанд моҳи пеш, замони авҷ гирифтани хушунатҳо берун шуданд. Ҳоло онҳое ҳам, ки аҳд карда буданд, то охир дар зодгоҳи худ мемонанд, маҷбур ба тарки он шудаанд.
Ҷанги Бахмут тӯлонитарин ва хунинтарин ҳамлаи Русия ба Украина аст. Бисёри сокинони он кайҳо хонаву шаҳри худро тарк кардаанд. Ҳоло сарбозон хонаводаҳоеро наҷот медиҳанд, ки ба хотири муҳаббат ба ватан ва тарс аз бесарпаноҳиву фақр дар ин шаҳр монда буданд. Оилаҳое, ки фирор кардаанд мегӯянд, феълан маълум нест чанд каси дигар он ҷо боқӣ мондаанд.
Наталя ҳам, ки чанде пеш аз Бахмут фирор кард, мегӯяд, "Мо ҳама вақт дар паноҳгоҳи зери заминӣ будем, аз ин рӯ намедонем, ки дар он ҷо боз кӣ мондааст. Шояд дар дигар кӯчаҳо одамон бошанд"
Кормандони имдодии Бахмут мегӯянд, мардуми фирорӣ қабл аз интиқолашон ба макони амнтар, муваққатан дар кӯдакистони собиқе дар Костянтиновка панаҳ мебаранд . Ин шаҳр, тақрибан 30 километр дуртар аз Бахмут аст ва пайваста мавриди ҳамла ва тирпаронӣ қарор мегирад.
Бахмут, ки аз соли 2014 дар гирдоби ҷанг аст ва ҳоло ба маркази даргириҳо дар Украина табдил ёфтааст, замоне хонаи беш аз 70 000 украинӣ буд. Ин шаҳрро, чун макони истеҳсоли намак, шароби газдор ва табиати зебояш мешинохтанд. Анна Шербак, намояндаи созмони хайриявӣ дар Украина, аз Бахмути пешина ба ёд оварда гуфт: “Шаҳри сабзу дилрабо ва зебо буд. Ҳар як кӯчаи Бахмут ғарқи гулу дарахтон буд. Як хонаи бузургеро мемонд. Хонаи иборат аз оилаи калоне, ки ҳама якдигарро дӯст медоштанд”
Тарк кардани сарзамине, ки чанд насл он ҷо зиндагӣ кардааст, барои аксарият сокинони Бахмут тасаввурнопазир буд, аммо дар ниҳоят онҳо маҷбур шуданд, фирор кунанд. Баъзеҳо ҳатто имкон наёфтанд, пайвандони дар ҷанг кушташудаи худро ба хок супоранд. Мисли Светлана, ки мегӯяд, натавонист ҷасади наздиконашро пайдо кунад. “Вақте моро тирборон карданд, ҳама чиз вайрон шуд. Барои наҷоти сагамон, ки зери харобазор монда буд, ду соат лозим омад. Аммо барои пайдо кардани ҷасади домоду ҷиянам техникаи вазнин лозим буд”. – гуфт, вай.
Дар моҳҳои охир Русия ба оҳистагӣ минтақаҳои бештари ин шаҳрро тасарруф мекунад. Мақомоти Украина мегӯянд, ҳифзи Бахмут барои нигаҳдории рӯҳияи миллат ва пирӯзии дарозмуддат аҳамияти стратегӣ дорад.
Кумакхоҳии муҳоҷир барои берун шудан аз Луҳански ишғолшуда.ВИДЕО
Муҳоҷири Қирғизистоние, ки соли гузашта барои кор аз Русия ба минтақаи ишғолшудаи Луҳанск рафтааст, акнун наметавонад ба Маскав ва аз онҷо ба Қирғизистон баргардад. Мақомоти Русия номи ӯро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд.
Агар ба мақомоти Украина таслим шавад, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мегардад. Қаблан хабарнигорони мустақил гуфта буданд, ки Русия муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро барои корҳои сохтмонӣ дар манотиқи ишғолшуда ҷалб мекунад.
Муҳоҷири қирғизистоние, ки худро Азамат муаррифӣ кард, дар суҳбат бо лоиҳаи Мигрант -медиа гуфтааст, дар наздикии гузаргоҳи Маркино, воқеъ дар марзи Русияву Украина дармондааст. Ба қавли ӯ марзбонони рус барояш иҷозаи убур аз гузаргоҳро надоданд.
"Ман пештар дар Маскав кор мекардам. Ба Луҳанск барои ба даст овардани даромади иловагӣ ва кор дар сохтмон омадем. Бачаҳое, ки ҳамроҳи ман омада буданд, бемушкил равуо доштанд. Аз сабаби он ки мӯҳлати шиносномаам ба охир мерасад, хостам тавассути Русия ба Қирғизистон баргардам. Аммо нагузоштанд ки аз сарҳад гузарам. Гуфтанд, номам дар феҳристи сиёҳ аст. Маълум шуд, ки онҳо санаи таваллуди маро нодуруст навиштаанд. Боз гуфтанд, ки бояд патент дошта бошам. Аммо барои қирғизҳо патент даркор нест. Онҳо гуфтанд, ки ман худам бояд тариқи Вазорати корҳои дохилӣ масъаларо аниқ кунам.”—гуфт, Азамат, муҳоҷири қирғиз.
Марзбонони рус ба Азамат як коғази Вазорати корҳои дохилии Русияро додаанд, ки дар он гуфта мешавад, вуруди ӯ ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст. Ба ин муҳоҷир ҳамчунин ҳушдор дода шуд, ки дар сурати омадан ба Русия, ба ӯ ҷарима ба маблағи 300 ҳазор рубл ё иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ва ё 4 соли зиндон таҳдид мекунад. "Ман то ҳанӯз намефаҳмам, ки чаро чунин ҳолат пеш омадааст. Ман қонуншикание накардаам.” - мегӯяд, муҳоҷири қирғиз.
Азамат аз моҳи декабри соли гузашта дар қаламрави аз сӯйи Русия ишғолшудаи Украина қарор дорад. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ҳамроҳ бо ӯ як гурӯҳи 30-нафараи қирғизистониён аз Русия ба Луҳанск омадаанд. Дар шаҳрҳои харобшуда онҳо ба корҳои сохтмонӣ машгул буданд, вале шартномаи расмӣ надоштанд.
Азамат афзуд: "Мо бо маслиҳати як дӯстамон омадем, бинобар ин медонистем, ки ба ёрии ширкат умед баста наметавонем. Рӯзи дуюми май мӯҳлати шиносномаи ман ба охир мерасад. Ман мехостам аз ин ҷо биравам. 20 рӯз мӯҳлат доштам. Аммо бо гузашти вақт рӯзҳо камтар мешавад. Агар мӯҳлат тамом шавад, намедонам ҳоли ман чӣ хоҳад шуд.”
Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ӯ ба сафорати Қирғизистон дар Маскав нома навишта, кумак хостааст. Аммо аз намояндагии дипломатӣ то кунун посух нагирифтааст. Талоши хабарнигорони лоиҳаи “Мигрант медиа” ҳам барои дарёфти посухи Сафорати Қирғизистон дар робита ба ин қазия беҷавоб монд.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯянд, роҳҳои кӯмак ба ин шаҳрванди Қирғизистонро ҷустуҷӯ доранд. Аниса Жээнбекова, ҳомии ҳуқуқи қирғизистонӣ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, муҳоҷирони саргардон ҳоло ду роҳ доранд.
"Якум, таслим шудан ба мақомоти Украина. Аммо дар ин ҳолат муҳоҷирро барои ҳузураш дар минтақаи ишғолшуда метавонанд 20 сол зиндонӣ кунанд. Роҳи дуюм дипломатӣ аст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бояд аз ҷониби Русия барои берун шудан долонро дархост намоянд. То ҷое, ман медонам, чунин музокирот идома дорад. Ман бори дигар аз муҳоҷирон даъват мекунам, ки ба он ҷо нараванд. Зеро хатарнок аст. Дар ин қалмарав қонунҳои Русия амал намекунад, чунки ҳудуди кишвари дигар маҳсуб меёбад. Шумо бояд дар бораи ҳаёт ва ояндаи худ фикр кунед!” – афзуд, ҳуқуқшинос, Жеэнбекова.
То кунун омори дақиқи қирғизистониҳое, ки дар минтақаи ишғолшуда кор мекунанд, мавҷуд нест. Ин рақам шояд садҳо ва ҳатто ҳазорҳо нафарро ташкил диҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо вуҷуди хатарҳои зиёд ва ҳушдорҳои онҳо, бисёре аз муҳоҷирон то ҳол барои кор ба қаламравҳои ишғолшудаи Украина мераванад.
Русия дар ҷанг дар Украина чанд нафарро аз даст дод?
Ҳукумати Амрико мегӯяд, ба тахмини ин кишвар Русия дар ҷанг бо Украина бештар аз 20 ҳазор нафарро талаф додааст ва дар умум теъдоди қурбониёну захмиён ба 100 ҳазор кас мерасад.
Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи 1-уми май гуфт, омори мазкур бар асоси маълумоти хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳида аст.
Марк Миллей, сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико низ моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки дар муддати 8 моҳи ҷанг, 100 ҳазор нафар аз тарафи Русия дар Украина куштаву захмӣ шудаанд.
Омори нав баёнгари он аст, ки талафоти сарбозони Русия дар моҳҳои ахир босуръат зиёд шудааст.
Украина ба ҳуҷуми ҷавобӣ омодагӣ мегирад
Русия шаби гузашта ба Украина бо 18 мушак зарба задааст ва нерӯҳои украинӣ мегӯянд, бисёре аз онҳоро нобуд карданд. Айни замон суҳбатҳо дар бораи ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузаштани нерӯҳои Украина зиёдтар мешавад.
Тарки кишвар тавассути кӯҳу дарё. Фирориёнро чӣ гуна дастгир мекунанд? ВИДЕО
Роҳбалад, либоси занона ва бағоҷ
Шахсоне, ки аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд, барои “роҳбаландон” то ду ҳазор доллар медиҳанд, вале касе барояшон кафолати сафари бехатарро намедиҳад.
Ҳуқуқдон Роман Лихачев аз як парвандаи ҷиноӣ мисол овард: “Вақте ба сарҳад наздик шуданд, роҳбалад мегӯяд, як километр дуртар дидбонгоҳи марзӣ аст ва ӯ бояд аз майдон давида гузарад. Мард розӣ намешавад. Мегӯяд, ӯро мепаронанд. Роҳбалад посух додааст, ки бале марзбонҳо мепаронанд, вале ба эҳтимоли зиёд тирҳо намерасанд, зеро ин масъала бо онҳо мувофиқа шудааст. Ва мард ночор ҳам пул додаву ҳам ҷони худро дар хатар монда аз майдон давида мегузарад.”
Дар аксҳое, ки дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон нашр мешаванд, ҳамватанони синни даъватиро мебинем, ки ҳаққи ба таъхир андохтани хидматро надоранд, вале ба ҳар роҳе ба хориҷ рафтаанд.
Баъзеҳо барои фирор аз артиш пӯшидани либоси занона ё ҳангоми гузаштан аз сарҳад пинҳон шудан дар бағоҷи мошинро интихоб карданд. Аз чашми марзбонон дур намонданд. Чунин ҳолатҳо асосан дар оғози ҳамлаи васеъмиқёс сабт мешуданд.
Баъдан сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳои коммисариати ҳарбӣ рӯи кор омад. Барои мисол, дар аввали имсол маъмурони интизомӣ як гурӯҳ аз пизишконеро боздошт карданд, ки ба фурӯши шаҳодатномаҳо машғул буданд.
Як намояндаи Хадамоти марзбонии Украина гуфт, "шахсони сини даъват бо пардохтани аз 5 то 10 ҳазор доллар бо ҳуҷҷатҳои комилан қонунӣ кишварро тарк мекарданд. Дар умум боздоштшудаҳо аз ин роҳи ғайриқонунӣ ба беш аз 30 нафар барои рафтан ба хориҷа мусоидат намудаанд.”
Таҳсил дар хориҷа?
Роман Лихачев мегӯяд, "бо дарназардошти он ки бештари роҳҳои ғайриқонунӣ ошкору пешгирӣ мешаванд, талабот мемонад, нарх низ торафт боло меравад."
Феълан шабакаҳои интернетӣ аз эълонҳое ба мисли пешниҳоди ҳуҷҷат барои дохил шудан ба донишгоҳҳои хориҷӣ, ҳамроҳии маъюбон ё издивоҷи қалбакӣ бо модари се фарзанди хурдсол пур шудааст. Мақомоти интизомӣ чунин пешниҳодҳоро дар бозори сиёҳ фаъолона назорат мебаранд. Як роҳи дигар тавассути низоми “Шлях” аст. Он ба мардони синни сарбозӣ, ки ёрии башардӯстона ё дору мебаранд, имкон медиҳад, то шаст рӯз аз кишвар берун раванд.
"Агар шахс ризокор аст ва ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ кумак мекунад, дақиқ ҷавоб медиҳад, ки дафъаи гузашта бо кадом мақсад рафтааст. Ё бо кадом ҳадаф ӯ ҳоло ба хориҷа меравад ва барои муҳофизони Украина чӣ меорад,” – Андрей Демченко, намояндаи Хадамоти марзбонии Украина.
Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон ҳанӯз ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки аз чунин иҷозатномаҳо суистифода мекунанд. Роман Лихачев гуфт: "То ба ҳол омори дақиқе нест, ки чанд нафар тавассути системаи Шлях рафтаанд ва чанд нафари онҳо баргаштаанд. Мо дар аксҳое, ки дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон нашр мешаванд, ҳамватанони синни даъватиро мебинем, ки ҳаққи ба таъхир андохтани хидматро надоранд, вале ба ҳар роҳе ба хориҷ рафтаанд."
Ба қавли марзбонон, аз оғози ҳамлаи васеъмиқёс, беш аз 11 ҳазор нафарро ҳангоми кӯшиши фирор аз Украина тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Зиёда аз чаҳор ҳазор нафар афроди синни даъватӣ талош намудаанд, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз назорати сарҳадӣ гузаранд. Дар ҳамин ҳол, ҷарима барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марз то 8500 гривна ё 230 долларро ташкил медиҳад.
Муовини раиси пулиси миллии Украина Максим Сутскиридзе мегӯяд, "ин қонуншиканӣ бояд ҷазои ҷиноӣ дошта бошад. Айни замон танҳо ҷавобгарии маъмурӣ аст. Фикр мекунам, дар ин замони барои давлат муҳим ин кофӣ нест."
Ҳоло маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Украина бо роҳи ғайриқонунӣ кишварро тарк кардаанд, вале онҳо бо гузаштани се моҳ аз мӯҳлати қонуншикании маъмурӣ бе мушкил метавонанд ба ватан баргарданд.
Қонуни нави даъват ба артиши Русия чӣ оқибат дорад? ВИДЕО
Вакилони порлумони Русия тағйирот ба чанд қонун дар мавриди даъват ба артишро қабул карданд ва Владимир Путин, президенти ин кишвар низ онҳоро имзо кард.
Бандҳои наве, ки рӯзи 11-уми апрел бо тағйирот ба қонунҳо ворид шуданд, аз хидмати ҳарбӣ канораҷӯӣ кардани мардонро дар Русия тақрибан номумкин хоҳад кард.
Қонун талаб мекунад, ки даъватномаҳо ба гунаи электронӣ ба воситаи портали хадамоти давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
Баъзе коршиносони соҳаи ҳуқуқи инсон мегӯянд, қонунҳои нав хилофи сарқонуни Русия ҳастанд.
Сергей Кривенко, ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар асоси ин тағйирот ниҳодҳои давлатӣ бе иҷозат маълумот дар бораи ҷавонони синни хидмат ба артишро ҷамъоварӣ мекунанд. “Ин кор муқаррароти марбут ба маълумоти шахсӣ дар конститутсияро вайрон мекунад, зеро ҳеҷ кас наметавонад маълумоти шахсии одамонро бе розигии худи онҳо ҷамъоварӣ кунад,”—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Тибқи омори Кремл, аз замони эълони сафарбаркунии умумимиллӣ дар охири моҳи сентябри соли 2022, тақрибан 300 000 мард ба ҷанг дар Украина даъват шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Forbes Russia” менависад, шояд 700 000 нафари дигар барои нарафтан ба ҷанг Русияро тарк кардаанд.
Изабела Табаровский, коршиноси низомӣ мегӯяд, "одамон ҷанг кардан намехоҳанд ва онҳо намехоҳанд, ҷони худро дар ҷанге, ки дар борааш кам медонанд ва ё ҳеҷ чиз намедонанд, аз даст бидиҳанд.”
Бар асоси қонуни нав, мардони ӯҳдадори хидмати ҳарбӣ то замоне ки ба комиссариат ҳозир нашаванд, ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд. Ҳозир нашудан дар давоми 20 рӯз дар пай ҷарима, манъи истифодаи шаҳодатномаи ронандагӣ ва гирифтани қарзи бонкиро дорад. Ҳамчунин фурӯш ё хариди амволи ғайриманқул низ номумкин мешавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар як изҳороти расмӣ гуфт, бо ислоҳи қонун шеваи даъват ба артишро осонтар карданд.
“Вақте амалиёти махсуси ҳарбӣ оғоз шуд, ману шумо дидем, ки дар баъзе комиссариатҳои мо бесарусомонӣ ҷой дорад. Ҳадафи ин ташаббуси қонунгузорӣ маҳз ҳамин аст: ба тартиб даровардан ва барои шаҳрвандон замонавӣ, муассир ва қулай гардонидани он мебошад.”
Аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ба мисли Крёнко, бо ин иддао розӣ нестанд.
"Ин дурӯғи рӯирост аст. Агар онҳо мехостанд, ки низоми даъвати артишро навсозӣ кунанд, метавонистанд ин корро дар замони осоишта анҷом диҳанд. Зеро дар ин бора ҳукумат аз солҳои 90-ум, аз замоне, ки ба рақамисозии коркарди ҳуҷҷатҳо шурӯъ кардааст, суҳбат мекунад,“—гуфт, Крёнко.
Гурез аз хидмат дар артиш бо афзоиши талафоти Русия зиёд шудааст. Таҳлилгарони Маркази мутолеъоти стратегӣ ва байнулмилалии мақарраш дар Вашингтон бар ин назаранд, ки аз замони оғози ҳамла дар Украина дастикам 200 000 сарбози рус маҷрӯҳ ё кушта шудаанд.
Украина пешниҳоди Ироқро барои миёнравӣ байни Киев ва Маскав рад кард
Вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи душанбеи 17-уми апрел дар сафар ба Бағдод пешниҳоди ҳукумати Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Киев ва Маскавро рад кард. Ин аввалин сафари як вазири корҳои хориҷии Украина ба Ироқ дар 15 соли ахир аст.
Дмитро Кулеба таъкид кард, ки фақат ба шарти хуруҷи комили ҳама нерӯҳои Русия аз қаламрави Украина, кишвараш омода аст гуфтугӯҳои сулҳро оғоз кунад.
Фуод Ҳусейн, ҳамтои ироқии оқои Кулеба бо ишора ба таҷрибаҳои Ироқ дар заминаи ҷанг ва бӯҳрон ёддоварӣ кард, ки ҳукумати ин кишвар дар гузашта низ мизбон ва миёнарави гуфтугӯ байни "тарафҳои ба ҳам душман", аз ҷумла, Эрон ва Арабистони Саудӣ будааст.
Вазири корҳои хориҷии Ироқ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои украинии худ афзуд, "Бағдод дар заминаи гуфтугӯ байни кишварҳои даргир таҷриба дорад ва ҳозир аст ба гуфтугӯҳои сулҳ кӯмак кунад. Идомаи ҷанг на фақат барои ду кишвар (Русия ва Украина), балки барои тамоми ҷаҳон хатарнок аст".
Ироқ мисли бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна ба содироти ғалладона аз Украина ва Русия вобаста аст ва аз замони оғози ҷанг қимати маводи ғизо дар ин кишвар низ афзоиш ёфтааст.
Дмитро Кулеба гуфт, Ироқ кишваре аст, ки метавонад ба барқарории тамос кӯмак кунад, вале калонтарин монеи сулҳ, идомаи ҳамлаи низомии Русия аст. Ин мақоми украинӣ афзуд, "Русия бояд як воқеияти оддиро қабул кунад ва он қатъи ҷанг ва бурунрафти комил аз қаламрави Украина аст".
Вазири корҳои хориҷии Украина бо вуҷуди радди пешниҳоди Бағдод барои миёнҷигарӣ хотирнишон кард, ки Киев хоҳони рушди робитаҳо бо Ироқ аст ва сафари рӯзи душанбе ба Бағдод "бахше аз талошҳо барои муносибатҳо дар шароити нав мебошад".
Шарти Маскав барои оғози музокирот ин аст, ки чаҳор вилояти Украина, ки нерӯҳои Русияро онро тасарруф кардаанд, ҳамчун қаламрави Русия пазируфта шаванд. Давоми як соли ҷанг Русия вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожеи Украинаро аз худ кардааст.
Ҷомеаи байналмилалӣ ин иқдоми Русияро ба расмият нашинохтааст ва Киев онро таҷовуз ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина медонад.
Зеленский садҳо шаҳрванди Русия ва Украинаро таҳрим кард
Владимир Зеленский, бо имзои як фармон зидди садҳо шаҳрванди Русия, Украина ва Белорусия таҳрим ҷорӣ кард. Санади мазкур дар сайти президенти Украина нашр шудааст.
Ба феҳрасти аввали афроди таҳримшуда исми 87 нафар аз ҷумла, варзишгарону ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мисли Светлана Хоркина, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ, Игор Акинфеев, собиқ дарвозабони тими миллии футболи Русия ва ҳоккейбоз Александр Кожевников шомил шудаанд.
Ҳамчунин бар зидди духтари вазири мудофиаи Русия, президенти Федератсияи триатлон, Ксения Шойгу ҳам дар Украина маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Бастаи дуввуми таҳримҳои Украина 351 шахси воқеӣ ва 254 шахси ҳуқуқиро фаро мегирад. Дар баробари чандин ширкати технологӣ ва рақамии Русия, Зеленский ҳамчунин зидди ширкати русии VK ва "Яндекс" ҳам маҳдудият ҷорӣ кард.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА алайҳи садҳо шаҳрванди Русия ба вижа мансабдорону наздикони онҳо, ки аз таҷовузи Маскав ба Киев пуштибонӣ мекунанд, таҳрим ҷорӣ кардааст.
Гуфтугӯ