Ҷанги Украина
Интиқоли бомбҳои хӯшаӣ ба Украина баҳсбарангез шуд
Пентагон эълон кард, ки ба Украина бастаи нави кӯмакҳои низомиро бо маблағи 800 млн доллар пешниҳод мекунад.
Ин баста аз мошинҳои зиреҳпӯши Bradley ва Stryker ва бомбҳои хӯшаӣ ё кассетӣ ва мошинҳои борбардору ҳарбӣ иборат аст.
Колин Кал, мушовири аршади умури сиёсии Пентагон, гуфт, Украина, ки уҳдадор шудааст, барои коҳиши хатар ба аҳолияш аз бомбҳои хӯшаӣ истифода кунад, бояд аз шеваи корбарии он ба Амрико ҳисобот диҳад.
Пештар аз ин Ҷейк Салливан, мушовири амнити миллии Амрико дар нишасте дар Кохи Сафед гуфт, Амрико аз хатари бомбҳои хӯшаӣ ё кассетӣ огоҳ аст ва аз ин рӯ қарор дар бораи истифодаи он ба осонӣ гирифта нашуд. Вале ба қавли вай “Русия аз оғози ҷанг барои ҳамла ба Украина аз бомби хӯшаӣ истифода мекард, акнун ба ин кишвар ҳам барои ҳимоя аз қаламраваш чунин силоҳ зарур аст.”
“Мо дарк мекунем, ки бомби хушаӣ ба аҳолии осоишта хатар дорад, барои ҳамин мо ин тасмимро то ҳадди имкон ба таъхир мегузоштем. Вале агар нерӯҳои Русия пеш раванд ва ҳудудҳои бештари Украинаро ғасб кунанд, ин хатари ҷиддитар хоҳад буд.”- афзуд, Ҷейк Салливан.
Ин мақомдори амрикоӣ таъкид кард, ки Украина барои истифодаи “эҳтиёткорона”- и бомбҳои хӯшаӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ кафолат додааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Украина ҳанӯз моҳи марти имсол аз Амрико бомби хӯшаӣ хоста буд. Қаблан Олмон гуфта буд, зидди интиқоли ин навъи силоҳ ба Украина аст.
Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари "Human Rights Watch" (HRW) рӯзи 6 уми июл аз Русия ва Украина давъат кард, ки аз истифодаи бомби хӯшаӣ даст кашанд. Ин созмон аз Амрико ҳам хост, бомби кассетӣ интиқол надиҳад.
Моҳи августи соли 2022 Эътилофи бомбҳои хӯшаӣ, як созмони байналмилалӣ оид ба мубориза бо ин навъи тӯпхона гуфт, артиши Русия дар ҷанг бо Украина садҳо бор аз бомби хӯшаӣ истифода кардааст ва бар асари он 215 нафар кушта, 474 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бомбҳои хӯшаӣ як таҳдиди бузург ва дарозмуддат ба ҷони мардум унвон мешаванд, чунки зуд наметарканд. Он тӯпхонаест, ки аз замин ё ҳаво партоб мешавад ва дар ҳаво мунфаҷир шуда, сабаби пайдо шудани даҳҳо бомби хурдтаре мешавад. Ин бомбҳо метавонанд ба тадриҷ таркида, боиси хатар ба ҷони одамон шавад.
Ба эъломияи манъи истифодаи бомби хӯшаӣ то соли 2022, 123 кишвари дунё пайвастаанд. Бузургтарин тавлидкунандагони ин навъи силоҳ, Амрико, Русия ва Чин зери ин эъломия имзо нагузоштаанд.
ТАҲЛИЛ. Шикофҳо дар ҳукумати Путин то куҷо васеъ мешаванд?
Матлабе аз Роберт Коалсон (Robert Coalson), хабарнигори аршади Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки руйдодҳои Русия, Балкан ва Аврупои шарқиро пайгирӣ мекунад.
Аз гузоришҳо бармеояд, ки Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи зархаридони "Вагнер" пас аз аз ошӯби нофарҷоме, ки бо он фармондеҳони артиши Русияро ба чолиш кашид ва Кремлро ба таҳлука андохт, ба Белорус табъид шудааст. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди кӯшишҳои раиси ҷумҳури Русия ва ҳукумати ӯ барои барқарории фазои боварӣ ва субот, пайомадҳои ошӯби "Вагнер" эҳтимолан акнун қарор аст оғоз шавад.
Рубен Меграбян, донишманди улуми сиёсӣ муқими Ереван, ба бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мегӯяд, муомилаи норӯшане, ки бо он оташи бӯҳрони фавриро хомӯш карданд ва Пригожинро ба Белорус фиристоданд, дар намоишномае, ки ҳанӯз идома дорад, танҳо ҳукми саҳнаи авҷгирии достон "қабл аз танаффус" ва оғози саҳнаи баъдиро дорад.
Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Пригожин агар интизори ҳимояти фаъол аз сӯи мақомҳои аслии низомӣ ва истихборотиро надошт, даст ба чунин ошӯбе намезад. Ҳамон мақомҳое, ки бинобар гузоришҳо, бисёриашон дили хуше аз Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли артиши Русия надоранд.
Дар ҳаракати нерӯҳои ошӯбгари "Вагнер" ба тарафи Маскав низ нишонаҳое аз чунин ҳимояти эҳтимолӣ дида мешуд. Нерӯҳои "Вагнер" тавонистанд ба осонӣ шаҳри Ростов дар наздикии марзи Украинаро, ки қароргоҳи фармондеҳии низомии ҷануби Русия дар он қарор дорад, тасарруф кунад ва бе ҳеҷ монеа, роҳи худро ба тарафи шимол, яъне самти Маскав, пеш бигиранд.
Михаил Комин, таҳлилгари сиёсии рус дар таҳлиле барои Бунёди сулҳи байналмилалии "Карнеги" менависад, "раиси гурӯҳи зархаридони "Вагнер" рӯи ҳамбастагии афсарони баландпояи артиш бо ошӯби худ ҳисоб мекард ва аз онҷое, ки наздик буд бе рӯёрӯӣ бо муқовимати хосе ба Маскав бирасад, эҳтимолан чандон ҳам иштибоҳе накарда буд".
Комин меафзояд, ки Пригожин дар гузашта хостори ҷойгузинии Шойгу, вафодори қадимии Путин бо генерал Михаил Мизинтсев шуда буд. Мизинтсев ҳамон фармондеҳи сарсахте аст, ки ба хотири муҳосираи вайронгар, аммо дар ниҳоят муваффақиятомези шаҳри соҳилии Мариупол дар аввалҳои соли 2022, ба ӯ лақаби "қассоби Мариупол" доданд.
"Озмуни фишурдаи вафодорӣ"
Илова бар ин, Пригожин пешниҳод кардааст, ки генерал Сергей Суровикин, ки то моҳи январ фармондеҳи кулли амалиёти низомии Русия дар Украина буд, ҷойгузини Герасимов шавад. Генерал Сергей Суровикин ҳамон касе аст, ки ду рӯз пас аз гумошта шудан ба мансаби фармондеҳии ҷанги Русия алайҳи Русия, ҳамлаҳои ҳавоиро барои "муҷозот"-и украиниҳо ба роҳ андохт.
Суровикин дар ҷараёни мудохилаи Русия дар ҷанги дохилии Сурия низ иқдомоти худро аз наздик бо Пригожин ҳамоҳанг мекард.
Рӯзномаи "Ню Йорк Таймз" рӯзи 28-уми июн ба нақл аз мақомоти амрикоӣ, ки номашон фош нашуд, навишт, Суровикин, ки пеш аз ин фармондеҳи нерӯҳои фазоии Русияро ҳам ба ӯҳда дошт, эҳтимолан қабл аз ошӯби гурӯҳи "Вагнер" аз барномаи Евгений Пригожин барои шӯриш хабар дошт.
Дар соатҳои оғози ин ошӯб, навори видеоие аз Суровикин дар "Телеграм" нашр шуд, ки аз нерӯҳои "Вагнер" дар Украина мехост, ба ошӯб напайванданд ва шӯришро идома надиҳанд.
Гузориши рӯзномаи "Ню Йорк Таймз" ҳамчунин хотирнишон мекард, ки "мақомҳои амрикоӣ" алоқаманд ба нашри маълумоте ҳастанд, ки ҷойгоҳи Суровикинро заъиф мекунад, зеро генерал Суровикинро коротар ва бераҳмтар аз дигар фармондеҳони рус медонанд".
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия ин гузоришро намунае аз "овозаҳо ва тахминзаниҳо" дар бораи ошӯб хонд ва онро рад кард.
Дар ҳамин асно, "The Wall Street Journal" ба нақл аз манбаъҳои истихборотии ғарбӣ ки номашон зикр нашудааст, гузориш дод, ки Пригожин дар асл қасди рабудани Шойгу ва Герасимовро "дар ҷараёни боздид аз як минтақаи ҷанубии ҳаммарз бо Украина" дошт.
Ин рӯзнома гуфт, ки ин боздид пас аз инки Хадамоти амнияти федерол аз тавтеа хабар ёфт, бекор шуд.
Канали телеграмии Rybar, ки дар бораи мавзуъҳои ҷанг менависад, рӯзи 28-уми июн навишт, ки ошӯб як "озмуни фишурда барои муайян кардани мизони вафодорӣ" дар Вазорати дифоъ буд ва табдил ба "баҳонае барои поксозиҳои густурда дар нерӯҳои мусаллаҳ шудааст".
Ин канали телеграмӣ, ки ба яке аз мақомҳои пешини Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад ва гузоришҳои муфассале аз дохили артиши Русия ба ҳамроҳи нақшаҳои дақиқе аз ҳамла ба Украина нашр кардааст, таъкид кард, ки раванди ҳазфи афсарони русӣ оғоз шудааст.
Ба навиштаи ин канал, иттиҳоми ворида ба ин афсарон, сари вақт омодагӣ надидан, кӯтоҳӣ кардан дар басиҷи нерӯҳо ва "баҳонаи расмӣ барои ихроҷи онҳо, ҳимояташон аз гурӯҳи "Вагнер" аст".
Rybar ҳамчунин иддао кардааст, ки агарчи Герасимов ба таври расмӣ ӯҳдадори фармондеҳии амалиёт дар Украина аст, аммо амалан генерал Михаил Теплинский, як фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии артиш, ин вазифаро ба даст гирифтааст.
Таҷрибаи наздик ба марг
Дар рӯзҳои пас аз ошӯби нофарҷом, Путин ва ҳукуматаш талош карданд то ҳиссе аз иттиҳод, боварӣ ва суботро нишон диҳанд. Путин дар рӯзи 27-уми июн бо мақомҳои амниятӣ ва бо нерӯҳое, ки зоҳиран ба саркӯби ошӯб кӯмак карданд, мулоқот намуд.
Андрей Колесников, рӯзноманигори пешини рус, ки акнун таҳлилгари муассисаи "Карнеги" аст, гуфт, ин намоиш, ки барои дилгарм кардан баргузор шуд, натиҷаи баръакс дошт. Колесников ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ин иштибоҳ буд, ки Путин чунин намоише барпо кард, зеро бо ин кор заъф ва тарси худро нишон дод ва нишон медиҳад, ки Пригожин воқеан ӯро тарсонидааст".
Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, дар чунин шароите масъалаи вафодории қадимӣ ва шахсии Шойгу, Герасимов ва дигарон ба Путин мумкин аст омили таъйинкунанда бошад.
Михаил Кофман, огоҳи масоили артиши Русия дар "Твиттер" навишт, "ман фикр мекунам Пригожин дар воқеъ интизор дошт, ки Путин тарафи ӯро бигирад ва Шойгу ва Герасимовро канор бизанад. Аммо дар иваз, ошӯби ӯ эҳтимолан идомаи кори он дуро дарозтар кард, бо вуҷуди ин, ки ин ду дар умум ба унвони афроди бекифоят шинохта мешаванд ва дар байни бештари нерӯҳои мусаллаҳи Русия чеҳраҳои манфур ҳастанд".
Роб Лее, таҳлилгари низомӣ ва узви баландпояи муассисаи таҳқиқоти сиёсати хориҷӣ, бо ин гузориш мувофиқ аст. Ӯ дар "Твиттер" навишт, ки дар ҳукумати Русия "вафодории сиёсӣ бар шоистагӣ ғалаба дорад, ҳатто дар ҳолати ҷанг, ки барои бақои сиёсии Путин ҳаётӣ аст".
Ин таҳлил бо изҳороти 27-уми июни Виктор Золотов, муҳофизи пешини Путин, ки ҳоло фармондеҳи Горди миллии 300-ҳазорнафариро бар ӯҳда дорад, тақвият шуд. Ӯ пас аз дидор бо Путин гуфт, ки ба зудӣ ба нерӯҳояш аслиҳаи вазнин, аз ҷумла тонкҳо дода хоҳад шуд, то амнияти давлатро беҳтар таъмин кунанд.
Саймон Шустер, хабарнигори маҷаллаи "Times" низ дар таҳлиле навишт, ки "дар таҷрибаи наздик ба марги режим, Золотов аз камшумор барандагони саҳнаи таҳаввулот буд".
Рузҳои сахт дар пеш аст
Коршиносон мегӯянд, дар чунин вазъияте, нерӯҳои рус, ки дар Украина меҷанганд, мумкин аст эҳсос кунанд, ки ҷузъи бозандагон ҳастанд.
Артиши Русия бо як ҳамлаи мутақобили Украина рӯбарӯ аст ва агар шаку гумонҳо дар мавриди вафодории фармондеҳони артиш афзояд, рӯҳияи заифи ин нерӯҳо мумкин аст заъифтар ҳам шавад.
Михайло Самус, коршиноси низомии укринӣ ба "Current Time" гуфт, "бовар дорам руҳия ва ангезаи нерӯҳои русӣ ларзон шудааст. Ва ин раванд бо идомаи ҷанг суръат меёбад. Ман фикр мекунам, ки изҳороти Путин танҳо бар шаку гумонҳо дар бораи ончи дар Русия ҷараён дорад, афзудааст. Фикр мекунам рӯзҳои сахт барои афсарон ва сарбозони Русия нав шурӯъ шудааст".
Ҳамлаи Русия бо бесарнишинҳои "Камикадзе" ба Киев
Бори аввал дар 12 рӯзи ахир Киев мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор гирифт.
Бино ба иттилои сардори маъмурияти низомии Киев, Сергей Попко Нерӯҳои ҳавоии он кишвар ҳамаи бесарнишинҳоро сарнагун сохтаанд. Мақомоти Украина ҳадс мезананд, ки ҳамла ба Киев бо бесарнишинҳои "Шаҳид"-и Эронӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи мақомоти Киев, зарбаи мушакҳо ба ягон сохтор сабт нашудааст, аммо бар асари афтидани мушакпораҳо 3 манзили истиқоматии сокинон осеб дидааст. Дар яке аз ин хонаҳо сухтор ба амал омадааст. Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки як сокин аз пояш ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои хабаргузории РБК, шаби дуюми июл нерӯҳои Русия бо бесранишинҳои Эронии “Шаҳед” ва мушаки болдори “Калибр” ба ҳудуди Украина ҳамла кардаанд. Аммо ҳамаи онҳо сарнагун карда шудааст.
Теҳрон иддаоҳо дар бораи интиқоли бесарнишин ба Русияро баъди оғози ҷанг дар Украина рад мекунад. Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, ба Маскав то замони ҳамла ба Украина бесарнишин интиқол додаанд.
Путин шартҳояш барои қатъи ҷанг дар Украинаро нишон дод
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 17-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои африқоӣ санадеро бо номи "Созишнома дар бораи Украинаи бетараф" нишон дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин созишнома дар оғози ҷанг дар соли 2022 ҳангоми музокироти тарафҳо дар Истамбул таҳия шуда буд. Ӯ иддао кард, ки бо айби Украина ин созишнома имзо нашуд.
Мақомоти Украина Русияро як кишвари ғосиб медонанд ва борҳо гуфтаанд, ки ба шартҳои ғасбкоронаи ин кишвар розӣ нахоҳанд шуд.
Путин гуфт, созишнома дар бораи "Бетарафии доимӣ ва таъмини амнияти Украина" аз 18 банд иборат аст ва дар он ин нукта, ки Украина бояд чӣ миқдор сарбозу аслиҳаи ҷангӣ дошта бошад, зикр шудааст.
"Мо аз музокирот даст накашидем. Тарафи Украина аз музокирот даст кашид,"--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Украина чунин тасмимро пас аз берун шудани низомиёни рус аз атрофи Киев гирифт.
Вохӯрии ҳайати Русия ва Украина дар Истамбул дар моҳи марти соли 2022, чанд ҳафта пас аз оғози ҷанг, сурат гирифт.
Он замон хабар расида буд, ки Киев ба Маскав созишномаи таҳиякардаи худро пешниҳод кардааст.
Моҳи март Русия нерӯҳояшро аз атрофи Киев берун кард. Мақомоти украинӣ низомиёни русро дар Буча, шаҳри наздики Киев, ба наслкушӣ айбдор карданд. Пас аз ин дигар ду ҷониб музокираро давом надоданд.
Тирамоҳи соли гузашта Русия аз ҳамроҳ кардани чор минтақаи ғасбшуда ба қаламрави худ хабар дод. Дар посух Украина барои шомил шудан ба созмони низомии НАТО ариза дод.
Раҳбарони кишварҳои африқоӣ, ки рӯзи 17-уми июн бо Путин мулоқот доштанд, пеш аз ин ба Киев рафта буданд. Хабаргузории Рейтерз навиштааст, ки ин ҳайат талош доранд, ки Маскав ва Киевро дубора сари мизи музокирот баргардонанд.
Рӯзи 16-уми июн Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, то замоне ки Русия хоки ин кишварро тарк накунад, музокирот нахоҳад шуд.
Рӯзи 17 -уми июн Путин гуфт, ки Маскав барои гуфтугӯ омода аст, вале Украина намехоҳад.
ИМА ва кишварҳои ғарбӣ аз тарҳи Украина барои сулҳ пуштибонӣ мекунанд. Дар он берун шудани низомиёни рус аз қаламравҳои ишғолӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки даст ба ҷинояти ҷангӣ задаанд, таъкид шудааст.
Йенс Столтенберг, дабири созмони низомии НАТО рӯзи 18-уми июн дар суҳбат бо нашрияи олмонии "Welt am Sonntag" гуфт, пешниҳоди раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар бораи қатъи ҷанг бо чунин шева ғайриқобили қабул аст.
Ӯ гуфт, сулҳ замоне ба Украина бармегардад, ки низомиёни рус аз ин кишвар берун шаванд.
Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҳамлаи бедалел ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар овора шудаанд. Бо гузашти беш аз як сол, Русия пешравие дар ин ҷанг надорад ва беш аз сад ҳазор куштаву захмӣ додааст.
Сарбозони рус дар Чернобил заҳролуд шудаанд. ВИДЕО
Кормандони нерӯгоҳи вайроншудаи Чернобил дар Украина мегӯянд, ки сарбозони рус, ки инҷоро ишғол карда буданд, аломатҳое аз заҳролудшавӣ аз таъсири радиатсия ё ташшашуъ доштаанд.
Онҳо мегӯянд, баъзе аз сарбозоне, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо дар замини заҳролуд хандақу сангар меканданд, дар бадан обила доштанд ва қай мекарданд. Ҳангоми ақибнишинӣ аз нерӯгоҳ сарбозони рус 170 украинӣ, аз ҷумла нерӯҳои Горди миллиро асир гирифтанд, ки неругоҳро посбонӣ мекарданд.
Онҳо рӯзи 24-уми феврали соли 2022 Чернобилро гирифтанд. Бисёре аз коргарони украинӣ ва посбонон дар минтақаи мамнуъ дармонданд. Любов Зайденко, сокини Чернобил мегӯяд, “мо рӯзи 24-уми феврали соли 2022 аз садои таркиш бархостем. Хостем бо мошин инҷоро тарк кунем, вале пулро тарконданд. Барои ҳамин баргаштему мондем. Дар инҷо 270 кас буд.”
Видеоро инҷо бинед:
Нерӯҳои Русия огаҳӣ аз хатарнок будани маҳалро нодида гирифта, дар заминҳои бисёр заҳрогин хандақу сангар меканданд. Бо ин ҳол зери таъсири радиатсияи баланд мондаанд.
Людмила Козак, корманди нерӯгоҳи Чернобил гуфт: “Мо сарбозони русро, дидем, ки бо автобусҳо ба шаҳри Гомели Беларус бармегаштанд. Қай мекарданд ва обилаҳои калоне дар баданашон доштанд. Мо ба онҳо гуфтем, ки дар инҷо гаштан, нишастан ва ё дароз кашидан рӯи алаф манъ аст. Онҳо гӯш намедоданд, ҳарчӣ мехостанд, мекарданд. Гарду хоки бисёреро бардоштанд, радиатсия зиёд шуд. Мо ба онҳо гуфтем, худро бишӯянд, либосу кафшҳояшонро пок кунанд, аммо аҳамият намедоданд.”
Нерӯҳои Русия рӯзи 31-уми март аз Чернобил ақибнишинӣ карданд. Дар 36 рӯзи ишғолашон инҷоро тороҷ ва таҷҳизоти неругоҳро вайрон кардаанд.
Олександр Борсуков, корманди Маркази назорати радиатсия шоҳид будааст. Ӯ гуфт: “Мо дар инҷо сервери компютерҳоямонро нигаҳ медорем. Инҷо маълумот дар бораи сатҳи ташашшуъ дар минтақаи мамнӯъро ҷамъ меорем. Баъде, ки нерӯҳои Украина инҷоро гирифтанд, мо 11-уми апрел ба кор баргаштем. Тарснок буд. Ҳамачиро шикастаанд, серверро кандаанд. Онҳо шояд фикр кардаанд, ки мо инҷо силоҳи атомӣ месозем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гапҳои дурӯғ буд, ки мо силоҳи атомӣ ва ё биологӣ месозем.”
Нерӯҳои Русия баъди тарки инҷо 170 украиниро асир гирифтаанд. Бисёре аз онҳоро ҳанӯз барнагардондаанд.
"Хонаҳо зери об монданд, сокинон мекӯчанд." Пайомади тахриби садди обанбор дар Украина. ВИДЕО
Дар пайи рахна шудани садди обанбори Каховка бар фарози рӯди Днепр (Украина) садҳо хона зери об монда, ҳазорҳо нафар ба тарки ҷойи зист маҷбур шудаанд. Мақомоти Украина рӯзи 7-уми июн тасдиқ карданд, ки сокинонро аз минтақаҳои зарардида ба ҷойи амн мебаранд.
Садди обанбори Каховка, ки зери назари русҳо буд, рӯзи 6-уми июн бар асари таркиш рахна шуд. Киев ва Маскав ҳамдигарро ба вайрон кардани обанбори бозмонда аз Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Херсон гунаҳкор мекунанд.
Муқоиса: садди обанбор то ва баъди таркиш
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳодисаро “вайронгарии махсуси ишғолгарон” ва “бобмаи қатли оми муҳити зист” номид. Ба гуфтаи Зеленский, 80 маҳалли зист дар канораҳои обанбор бо хатар рӯбарӯ ҳастанд.
Александр Прокудин, волии Херсон, ки қисман аз ҷониби русҳо ишғол шудааст, рӯзи 7-уми июн гуфт, бо вуҷуди кам кардани шиддати ҷамъшавии об, сатҳи он болотар меравад. “Пешбиниҳои мо ин аст, ки сатҳи об дар 20 соати оянда боз то як метр баланд хоҳад шуд,” – афзуд ӯ. Ин пешбиниро Игор Сирота, мудири ширкати энержии “Укргидроэнерго”, низ тасдиқ кард.
Ба иттилои Прокудин, аз минтақаҳои зери назари Украина беш аз 1450 нафар ба ҷойҳои амн кӯч дода шуданд ва тахминан 1850 хона пури об шудааст. Вай афзуд, то соати 6-и субҳи чоршанбе 1457 нафар, аз ҷумла 1286 сокини маҳаллаи Корабели вилояти Херсон кӯчонида шуданд.
Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, мақомоти зери назари Маскав дар қисмати дигари Херсони Украина ҳолати фавқулода эълон кардаанд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, хароб кардани обанборро “фалокати бузурги башарӣ, иқтисодӣ ва экологӣ” номид, аммо ба таври мустақим аз муттаҳам кардани Русия худдорӣ варзид.
Садди обанбори Каховская яке аз шаш сад(д) дар болои дарёи Днепр аст, аммо асоситарини онҳо ба шумор меравад. Баландияш 30 метр ва дарозияш беш аз се километр аст ва 67 сол қабл дар замони ҳукумати Шӯравӣ сохта шуд.
Ин сад(д) дар таъмини оби мардуми минтақа ва ҳамчунин оби сокинони нимҷазираи Қрим, ки 9 сол қабл аз тарафи Русия ишғол шуда буд, аҳамияти калон дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳазорон нафар пас аз рахна шудани садди нерӯгоҳи Каховская маҷбур ба фирор шуданд
Таркиш дар садди обанбори нерӯгоҳи Каховская дар дарёи Дпепр дар вилояти Херсони Украина, ки хатти пеши ҷабҳаи ҷанги байни Украина ва Русия аст, боиси сарозери ҳаҷми зиёди об дар ин минтақаи ҷангӣ шуд ва мардуми деҳот фирор кардаанд.
Таркиш дар садди обанбори нерӯгоҳи Каховская дар дарёи Дпепр дар вилояти Херсони Украина, ки хатти пеши ҷабҳаи ҷанги байни Украина ва Русия аст, боиси сарозери ҳаҷми зиёди об дар ин минтақаи ҷангӣ шуд ва мардуми деҳот фирор кардаанд.
Украина ва муттаҳидони ғарбии он рӯзи сешанбе Русияро ба таркиш дар ин садд муттаҳам ва онро як ҷинояти ҷангии барқасдона хонданд. Ин нерӯгоҳи барқӣ-обӣ, таъминкунандаи барқ дар минтақаҳои зери ишғоли Русия аст.
Украина мегӯяд, ки тахриби ин садд метавонад нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеро бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кунад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи сешанбе як нишасти изтирорӣ бо мушовирони худ барои баррасии паёмадҳои ин ҳодиса баргузор кард.
Ба гуфтаи Алексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти Украина, Владимир Зеленский масъулини Шӯрои амният ва Вазорати дифоъро ҳам барои баррасии мавзӯъ даъват карда буд.
Дафтари раёсати ҷумҳури Русия нерӯҳои украиниро ба тахриби ин садд муттаҳам карда, гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом, ба дигар сӯ бурдани афкори умумӣ аз "шикасти зиддиҳамлаҳо"-и Украина ба мавзеъҳои артиши Русия аст.
Бархе аз мақомоти Русия низ иддао кардаанд, ки садди обанбори нерӯгоҳи Каховская худ ба худ таркидааст.
Конвенсияи Женева ба таври ошкор ҳадаф қарор додани саддҳо дар замони ҷангро манъ кардааст, зеро ғайринизомиён дар маърази хатар қарор мегиранд.
Раҳбарии украинии Херсон дастури берун рафтани мардум аз хонаҳояшон дар атрофи саддро дод ва гуфт, дар панҷ соати аввал аз кандани шудани садд, сатҳи он ба марҳилаи хатарноки афзоиш меёбад. Ин минтақа дар ихтиёри Русия аст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, дастикам ҳаштод шаҳрак ва деҳа дар атрофи садд дар хатари фаврӣ қарор доранд ва берун бурдани мардум аз деҳаҳои атроф оғоз шудааст. Хабаргузории русии ТАСС низ ба нақл аз шоҳидони айнӣ эълом кард, ки дар ду соати аввали пас аз канда шудани шудани садд, об то панҷ метр боло омад ва ҷазираҳои хурдро дар минтақаи Дпепр об фаро гирифт.
Оҷонси ҳастаии Украина низ дар баёнияе эълон кард, ки вайронии садд таҳдиде барои нерӯгоҳи Заропоже ба шумор меравад. Оби садд омили фаъолияти системаи хунуккунандаи ин нерӯгоҳи ҳастаӣ аст, ки аз нахустин ҳафтаҳои ҷанги Русия дар Украина ба ишғоли артиши Русия даромад, аммо ҳамчунон аз сӯи мутахассисони украинӣ идора мешавад.
Мақомоти Украина аз оғози ишғоли Херсон аз паёмадҳои эҳтимолии осеб дидани садди обанбори нерӯгоҳи Каховская ҳушдор дода ва гуфта буданд, хуруҷи 18 миллион метри мукааб оби захирашуда дар садд метавонад вайронӣ дар шаҳрҳо ва минтақаҳои атроф ба миён орад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина охири соли гузашта пешбинӣ карда буд, ки русҳо саранҷом ин саддро метарконанд. Ӯ ҳамон замон аз Ғарб хоста буд, то бо фишор бар Русия, монеи вайронии садд шаванд.
Хабаргузории русии ТАСС ба нақл аз мақомоти ин кишвар эълон кард, ки нерӯгоҳи Запороже ба ҳеҷ хатаре рӯбарӯ нест. Ҳамзамон Русия иттиҳоми барқасдона вайрон кардани саддро рад карда ва гуфтааст, ки рахнашавӣ бар асари боронҳои зиёд дар минтақаҳои атрофи он рух додааст.
Ин садд яке аз шаш садд дар болои дарёи Днепр, аммо асоситарин онҳо ба шумор меравад. Баландии он 30 метр ва дарозии он беш аз се километр аст ва 67 сол пеш дар замони ҳукумати Шӯравӣ сохта шуд. Ин садд дар таъмин оби мардуми минтақа ва ҳамчунин оби сокинони нимҷазираи Қрим, ки он низ аз 9 сол пеш аз сӯи Русия ишғол шуд, аҳамияти калон дорад.
Садди нерӯгоҳи Каховская дар Украина рахна шуд
Садди обанбори нерӯгоҳи Каховская дар вилояти Херсони Украина рахна шудааст.
Сокинонро аз минтақаҳое, ки эҳтимоли омадани оби зиёд вуҷуд дорад, мекӯчонанд.
Ба яке аз фарзияҳо, садди нерӯгоҳ, ки зери назорати нерӯҳои Русия аст, тарконда шудааст.
Сабаби дигари рахнашавии сад(д) харобиҳое гуфта мешавад, ки пештар ба миён омада буданд.
Ҳар ду ҷониби ҷанг дар рух додани ҳодиса якдигарро муттаҳам мекунанд.
Фармондеҳии фаврии нерӯҳои украинии "Ҷануб" дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки садди нерӯгоҳро низомиёни Русия тарконданд.
Даря Заривна, мушовири раиси дастгоҳи раисҷумҳури Украина гуфт, садди нерӯгоҳ бо ҳадафи халалдор кардани ҳамлаҳои ҷавобии Киев тарконда шуд.
Владимир Леонтев, ки аз сӯи Русия раиси ноҳияи Каховская таъин гаштааст, гуфт, сад(д) дар натиҷаи зарбаҳои шабонаи Украина вайрон шуд. Ба гуфтаи ӯ, имкони барқарорсозии он дигар вуҷуд надорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, ки тибқи маълумоти дарёфтии онҳо, низомиёни Русия сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Каховскаяро дар вилояти Херсони ин кишвар минагузорӣ кардаанд.
"Мо маълумот дорем, ки террористҳои рус сарбанд ва агрегатҳои нерӯгоҳи Каховскаяро минагузорӣ кардаанд. Ин яке аз иншооти бузурги энергетикӣ аст. Обанбори нерӯгоҳ ҳудуди 18 миллион метри мукааб об дорад. Агар террористони рус ин сарбандро тарконанд, беш аз 80 минтақаи аҳолинишин, бо шумули Херсон зери об мемонанд", - изҳор дошта буд ӯ.
Русия: Аз ҳуҷуми "васеъмиқёс"-и Украина пешгирӣ шуд. Киев: Асос надорад
Русия гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар вилояти Донетск, шарқи Украина, аз ҳуҷуми “васеъмиқёс”-и украиниҳо пешгирӣ карданд. Киев иддаоро дар бораи оғози амалиёти таҳоҷумӣ барои бозпас гирифтани қаламравҳои ишғолшуда рад намуд.
Аз шурӯи ҷанги беасоси Русия дар моҳи феврали соли 2022 аз омодагии украиниҳо ба амалиёти таҳоҷумии азиме суҳбат мешавад.
Изҳороти ҷониби Русия пас аз гуфтугӯи президенти Украина Владимир Зеленский бо нашрияи The Wall Street Journal дар рӯзи 3-юми июн дар бораи омодагии украиниҳо ба муқобила бо нерӯҳои русӣ садо дод.
Низомиёни украинӣ дар изҳороте гуфтанд, “таблиғгарони Русия барои суст кардани рӯҳияи украиниҳо ва гумроҳ кардани мардуми худ, ҳатто дар сурати набудани амалиёти муқовимат, дар бораи амалиёт, самтҳои он ва талафоти артиши Украина иттилои дурӯғин нашр мекунанд.”
Дар изҳорот омадааст, ки русҳо аз навору аксҳои қадимӣ ва “маводи сохтакоришуда” истифода карда, дар бораи гуё оғози амалиёти таҳоҷумии украиниҳо ва талафоти артиши ин кишвар маълумоти ғайривоқеӣ паҳн мекунанд.
Вазорати дифои Русия субҳи 5-уми июн иддао кард, ки амалиёти таҳоҷумии Украина дар панҷ самти ҷанубии Донетск шуруъ шуд.
Ба иттилои ин ниҳод, нерӯҳои мусаллаҳи Украина субҳи 4-уми июн бригадаҳои 23 ва 31-уми нерӯҳои захиравии стратегӣ ва воҳидҳои дигари ҳарбии худро ба кор дароварданд. Дар изҳороти Вазорати дифои Русия омадааст, дар умум ду баталйони тонкӣ дастбакор шуданд.
Ба мушоҳидаи Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, Телеграм-каналҳое, ки дар бораи ҷанг дар Украина менависанд, рӯзи чоруми июн аз ҳуҷуми нерӯҳои украинӣ дар марзи Запорожйе ва Донетск хабар доданд.
Чанд шабака навиштаанд, ки нерӯҳои украинӣ ду макони аҳолинишинро ишғол карданд. Дар ин бора баъзе аз манбаъҳои украинӣ ҳам хабар доданд.
Дарёфти иттилои дақиқ ва санҷидашуда дар шароити ҷанг мушкил аст.
"Ҷанг намехоҳам." Далерҷонро чӣ тавр ба ҷанги зидди Украина ҷалб кардаанд?
Як муҳоҷири тоҷикро, ки дар канори Санкт-Петербурги Русия боздошт карда буданд, ба ҷанги зидди Украина ҷалб шудааст.
Нашрияи “Холод” навиштааст, ки Далерҷон, шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 4-уми май барои надоштани иҷозаи иқомат боздошт шуда буд.
Ӯро як рӯз пас аз боздошт, се ҳазор рубл ҷарима мекунанд ва ба Маркази нигаҳдории муҳоҷирон барои ихроҷ ба ватан меоранд, вале рӯзи 30-уми май ба қисми ҳарбие мефиристанд, ки барои рафтан ба ҷанги Украина сарбоз омода мекунад.
Далерҷон дар суҳбат бо нашрия гуфтааст, қарордоде имзо накарда буд ва танҳо маҷбураш карданд, ки дар як варақи холӣ имзо гузорад.
“Чизеро бароям шарҳ надоданд, коғазро доданд ва гуфтанд, имзо гузор. Ман нафаҳмидам онҷо чӣ буд. Баъди ин кормандони комиссариати ҳарбӣ омаданд. Ман ҳар рӯз мегӯям, ки ба ҷанг намеравам, вале маро ба инҷо оварданд,”—гуфт, ӯ.
Ӯ гуфтааст, мехоҳад ба ватан баргардад ва хоҳиши ба ҷанг рафтан надорад, вале барояш гуфтанд, ки қарордод имзо кардааст ва ҳақи берун шудан аз қисми низомиро надорад. “Дар қисми ҳарбӣ ба ман гуфтанд, ки ту аллакай қарордод имзо кардаӣ. Ҷанг рафтан намехоҳам, мехоҳам ба хона равам. Онҳо гуфтанд, ки талоши ба хона рафтан туро ба маҳбас мебарад,”—гуфтааст, ӯ.
Далерҷон нақл кардааст, ки шиносномаашро гирифтаанд ва ҳоло барои ба ҷанг рафтан тамрин мекунад.
Нашрия аз қавли ӯ навиштааст, ки шаҳрвандони Узбекистон низ дар ин қисми ҳарбӣ ҳастанд, вале касе хоҳиши ба ҷанг рафтан надорад.
Ҷалби иҷбории муҳоҷирони тоҷик ба ҷанг борҳо садо додааст. Муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ низ шикоят карда буданд, ки онҳоро бо роҳи тарс додан маҷбур мехоҳанд ба ҷанг баранд.
Мақомоти Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанги Украинаро ҷиноят медонад.
То кунун хабари кушта шудани беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Аксари онҳо маҳбусоне буданд, ки аз дохили маҳбасҳои Русия ба ҷанг ҷалб шудаанд.
Русия, ки моҳи феврали соли 2021 ба Украина ҳамла кард, талафоти зиёд додааст. Бештар аз 100 ҳазор сарбозу афсари Русия дар ин ҷанг куштаву захмӣ шудаанд. Ҳоло зоҳиран ин кишвар талош дорад, бо ҳар роҳе сафи артишро пур кунад. Бархе муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русия доштанд, аз тарси ҷалб ба ҷанги Украина ин кишварро тарк кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон низ таъкид мекунанд, ки агар муҳоҷирон имкон дошта бошанд, аз ин кишвар берун шаванд, то бо зурӣ ба ҷанг сафарбар нагарданд.
Зеленский гуфт, Украина барои озод кардани минтақаҳои ишғолӣ омодааст
Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский гуфт, кишвараш ба оғози амалиёт барои озод кардани қаламравҳои ишғолшуда аз сӯйи Русия омодааст. Ӯ дақиқ нагуфт, ки амалиёт кай шурӯъ мешавад, аммо таъкид кард, ки ин кор сахт хоҳад буд.
Зеленский дар мусоҳиба бо рӯзномаи Wall Street Journal, ки рӯзи сеюми июн нашр шуд, гуфт: "Мо бовар дорем, ки муваффақ мешавем." Вай таъкид кард, ки Украина барои ҳифзи шаҳрвандонаш аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳимояи сарбозон дар ҷабҳа, ба ситемаҳои зиддимушакии амрикоӣ ниёз дорад.
Президент гуфт: “Артиши Украина он таҷҳизоти ҳарбиеро, ки интизор дошт, ҳоло пурра дастрас накардааст, вале мо дигар мунтазир шуда наметавонем.”
Зеленский ҳамчунин иқрор кард, ки Русия аз нигоҳи таъминот бо техникаи ҳавоӣ пешафт дорад ва набуди имконоти зарурӣ барои ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоӣ метавонад бо марги теъдоди зиёде аз нерӯҳои Украина анҷом ёбад.
Пешбарии Украина ба узвияти НАТО-ро Владимир Зеленский яке аз мавзӯҳое муҳиме унвон кард, ки бояд дар нишасти сарони Паймони низомӣ дар Литва матраҳ шавад. Ин ҳамоиш моҳи июл баргузор мегардад ва раисҷумҳури Украина гуфт, интизор надорад, ки кишвараш дар давраи ҷанг ба НАТО бипайвандад, аммо мехоҳад барояш ваъда диҳанд, ки баъди анҷоми ҷанг Украина ба узвияти НАТО пазируфта мешавад.
Ин бори аввал нест, ки президенти Украина аз қасди оғози ҳамлаи ҷавобӣ ба Русия хабар медиҳад. Қаблан ӯ гуфта буд, амалиётро баҳор ва ё тобистони имсол сар мекунад. Ҳадаф аз он қомилан озод кардани минтақаҳои ғасбшуда аз сӯйи Русия гуфта мешавад.
Чанде пеш аз ин кишварҳои ғарбӣ ба артиши Украина мошинҳои зиреҳпӯш ва лавозимоти замонавии ҷангӣ пешниҳод карданд. Амрико аз оғози ҷанг ба Украина ба маблағи 37 миллиард доллар кумаки кардааст.
Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Соли 2022 ин кишвар аз ишғоли 4 минтақаи дигари Украина, Херсон, Запороже, Донетск ва Луганску қисме аз минтақаи Харков хабар дод. Ҳоло Украина мехоҳад заминҳои худро баргардонад.
Кремл дар гузашта гуфта буд, ки изҳороти президенти Украина ва муттаҳидонашро бо диққат пайгирӣ дорад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Вазорати дифоъ дар тарҳрезии "амалиёти махсуси низомӣ" (Маскав аз ҷанги зидди Украина чунин ном мебарад) ин изҳоротҳоро ба назар мегирад
Порлумони Украина тарҳи таҳрими Эронро қабул кард
Порлумони Украина рӯзи 29-уми май бастаи таҳримҳои 50-соларо ба зидди Эрон қабул кард. Киев Теҳронро ба он гунаҳкор мекунад, ки Маскавро бо аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин намудааст.
Таҳримҳои 50-сола интиқоли фанновариҳо ва сармоягузорӣ дар Эрон, пешниҳоди хадамот ба системаҳои пардохтӣ ва интиқоли пул тавассути шаҳрвандони эронӣ, истифодаи ҳарими ҳавоии Украина аз тарафи ширкатҳои вобаста ба Эрон, тиҷорати либосҳои низомӣ ва сарозер шудани сармоя ба Эронро дар бар мегирад.
Ин бастаи таҳримҳо як рӯз пас аз он қабул шуд, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва мақомоти баландпояи Украина эълон карданд, ки пойтахти ин кишвар бо паҳбодҳои эронии "Шоҳид" ҳадафи ҳамлаҳои сахти нерӯҳои Русия қарор гирифт.
Ҳамлаҳо бо паҳбодҳои "Шоҳид" алайҳи Украина ахиран ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Киев рӯзи 29-уми май низ барои шонздаҳумин бор дар як моҳи гузашта ҳадафи ҳамлаи паҳбодҳои сохти Эрон қарор гирифт.
Эрон муттаҳам аст дар беш аз як соли ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина, дар таъмини силоҳҳои мавриди ниёзи Маскав, аз ҷумла паҳподҳои интиҳории "Шоҳид", ки барои вайронии зербиноҳо ва минтақаҳои ғайринизомии Украина истифода шуд, нақш доштааст.
Шанбеи гузашта бо ибтикори раиси ҷумҳурӣ ва пас аз қабул дар Шӯрои амнияти миллии Украина, тарҳе бо номи "Ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи бахшҳои иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои вижаи дигар бар Эрон", дар порлумони ин кишвар сабт шуд. Ин тарҳ барои қабули ниҳоӣ бояд аз сӯи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина имзо шавад.
Ҳукумати Украина тақрибан як моҳ пеш қадами аввалро дар ростои вазъи таҳримҳои густурда ва дарозмуддат алайҳи Эрон бардошт, то ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Теҳрон бинобар пуштибонӣ аз додани аслиҳа ба Маскав, накуҳиш шавад.
Мақомоти украинӣ ҳамеша Эронро танҳо пуштибони таслиҳотии Русия дар ҷанг алайҳи Украина хондаанд. Владимир Зеленский ҳафтаи гузашта дар паёме видеоӣ бо ишора ба он ки то он рӯз 1160 паҳпод ба Украина партоб шуда буд, хоҳони бозбинии сиёсати Эрон шуд.
Носир Канъонӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин паёмро "намоиши сиёсӣ"-и омехта ба "иддаоҳои беасос" номид.
Пас аз охирин паёмҳои раиси ҷумҳурии Украина дар бораи нақши Эрон, камаш 130 паҳподи модели "Шоҳид" тайи се шаби гузашта ба шаҳрҳои Украина партоб шуд.
"Вагнер" мавқеашро дигар мекунад; идомаи ҳуҷуми Русия ба Украина
Чанд мансабдори украинӣ гуфтанд, ки зархаридони гурӯҳи “Вагнер”-и Русия баъзе аз мавқеъҳои худро дар дохил ва атрофи шаҳри Бахмут иваз мекунанд. Маълумоти иктишофии Бритониё дар рӯзи 27-уми май ҳамин иттилоъро тасдиқ кард. Шаҳри Бахмут дар вилояти Донетски Украина чанд моҳ боз саҳнаи даргирии нерӯҳои Украина ва Русия аст.
Евгений Пригожин, мудири ширкати низомии “Вагнер”, рӯзи 25-уми май иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш ба тарки шаҳр сар карданд ва ҷойи онҳоро сарбозони артиши Русия мегиранд.
Пригожин иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш Бахмутро забт карданд, вале мақомот дар Киев гуфтанд, ки нерӯҳои украинӣ ҳанӯз қисматҳое аз ин шаҳри вайроншударо назорат мекунанд.
Дар айни замон ҷониби Украина “баъзе ҳаракат ва ҷойивазкуниҳоро” дар миёни нерӯҳои Русия дар Бахмут тасдиқ кард.
Сергей Череватий, як сухангӯи низомии Украина, рӯзи 27-уми май дар телевизиони давлатӣ гуфт: “Воқеан, онҳоро нерӯҳое иваз мекунанд. Маълум нест, ки то куҷо шумори нерӯҳо зиёд аст ва то куҷо воқеан ҳам ӯ (Пригожин) воҳидҳои гурӯҳи ҷиноии худро берун мекашад. Барои тасдиқи ин каме фурсат лозим аст.”
Алексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина, дар суҳбат бо шабакаи Би-би-сӣ рӯзи 27-уми май гуфт, зархаридони “Вагнер” Бахмутро тарк мекунанд, вале огоҳ кард, ки “онҳо дар се минтақаи дигар тақсим мешаванд” ва ин маънои онро надорад, ки “онҳо бо мо дигар намеҷанганд”.
Дар гузориши иктишофии Бритониё гуфта шуд, ки ҷангҷӯёни “Вагнер” “ба эҳтимоли ғолиб баъзе аз мавқеъҳоро дар дохил ва атрофи Бахмут тарк мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, низомиёни украинӣ рӯзи 27-уми май гуфтанд, ки ҷанг дар дохил ва атрофи Бахмут идома дорад ва Русия ба шаҳри вайроншудаву канори он аз ҳаво ҳамла мекунад.
Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина, рӯзи 27-уми май дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои русӣ ҳамлаҳоро идома медиҳанд, вале “дар умум фаъолият камтар шудааст”. Маляр афзуд, нерӯҳои украинӣ шимол ва ҷануби Бахмутро мустаҳкам нигоҳ медоранд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина субҳи 27-уми май хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ дар 24 соати гузашта 25 ҳамлаи русҳоро зада гардонданд.
Волии Донетск гуфт, дар пайи даҳҳо ҳамлаи мушакии 24 соати гузашта дар ин минтақаи шарқии Украина ду нафар кушта ва панҷ кас захмӣ шуд. Павло Килиренко рӯзи 27-уми май дар Телеграм хабар дод, ки як нафар дар Часовоярск ва дигаре дар Васюкивка кушта шуданд.
Низомёни украинӣ гуфтанд, ҷанг дар атрофи Купянски вилояти Харков ҳам идома дорад. Ин ҷо русҳо мехоҳанд мавқеъҳои тактикии худро қавитар кунанд.
Дар пайи як ҳамла дар вилояти шарқии Харков шаби гузашта хисороти муайяне сабт шуда, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомот дар шаҳри Бедянски аз ҷониби Русия ишғолшудаи вилояти Запорожя иддао карданд, ки дар канораҳои он чанд таркиш рух дод ва масъулиятро ба дӯши дронҳои украинӣ гузоштанд. Тасдиқи ин иддао аз роҳҳои мустақил имкон надорад.
Мақомоти Русия ҳам аз таркиш дар ду идораи нафти маҳаллӣ хабар доданд. Волии Пскови Русия Михаил Ведерников гуфт, дар пайи таркише, ки дар натиҷаи партоби ду паҳпод ё дрон ба як муассисаи масъули як лӯлаи нафте рух дод, камаш як бинои маъмурӣ осеб дид.
Ведерников нагуфт, паҳпод аз кадом минтақа сар дода шудааст, вале дар Телеграм навишт, ки ҳодиса субҳи 27-уми май дар наздикии деҳаи Литвиново рух дод. Ин минтақа бо Латвия ва Беларус ҳамсарҳад аст. Ба иттилои ӯ, дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабаре дар даст нест.
Дар вилояти Твер, шимолуғарби Маскав, шӯрои маҳаллӣ хабар дод, ки ба як истгоҳе, ки барои лӯлаи нафти «Дружба» хидмат мекунад, бо дрон ҳамла шудааст. Ин маҳал дар 500-километрии сарҳади Украина ҷойгир аст. «Дружба» яке аз хатҳои дарозтарини нафт дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Телеграм канали База, ки ба хадамоти махсуси Русия хидмат мекунад, навишт, ки бо паҳподҳо дар қаламрави вилояти Белгород ҳам ҳамла шудааст, вале иттилое дар бораи хисорот ваё талафоти ҷонӣ нашр намешавад.
Волии Курск гуфт, ки дар натиҷаи оташе аз сарҳади Украина як коргари сохтмон кушта шуд. Имкони аз манобеи мустақил санҷидани хабарҳои ҷониби Русия вуҷуд надорад.
Ҷанг дар Белгороди Русия идома дорад. ВИДЕО
Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба вуруди гурӯҳҳои диверсионӣ ба вилояти Белгород ба иттиҳоми “ҳамлаи террористӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба гуфтаи мақомот, 22-юми майи имсол "намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ноҳияи Грайвонони вилояти Белгород ҳамла карданд." Онҳо иддао мекунанд, ки "биноҳои истиқомативу маъмурӣ, иншооти инфрасохтории ғайринизомӣ мавриди тирборони миномёт ва тӯпхона қарор гирифтанд.”
Як сокини ноҳияи Грайвонони вилояти Белгоро ҳангоми ба истилоҳ “эвакуатсия” ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора волии вилоят Вячеслав Гладков хабар дод. Ҷузъиёти ҳодиса оварда намешавад. Танҳо таъкид шудааст, ки ин зан 82 сол дошта, ҳамроҳи писар ва келинаш дар автобус буд.
Рӯзи гузашта сокинонро аз минтақаи Грайвонон ба макони амн кӯчонданд. Ба қавли Вячеслав Гладков, феълан нерӯҳои Вазорати дифоъ якҷо бо сохторҳои қудратӣ ин ноҳияро поксозӣ доранд.
Волии вилояти Белгород иддао мекунад, "дар он шаҳракҳое, ки “гурӯҳи диверсионӣ” ворид шудааст, ду сокини осоишта ҷароҳат бардоштанд. То ҳол нерӯҳои амниятӣ ба онҳо расида натавонистаанд." Бинобар ин, мақомот ба сокинони беруншуда тавсия додаанд, ки феълан ба хонаҳояшон барнагарданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҳамчунин дар бораи ҳамла ба деҳаи Борисовкаи вилояти Белгород хабар дода мешавад. Аз ҳавопаймои бесарнишин ба яке аз биноҳои маъмурӣ маводи тарканда партофта шудааст.
Дар бораи вуруди “як гурӯҳи диверсионӣ ва иктишофӣ” аз қаламрави Украина ба вилояти Белгород рӯзи душанбеи 22-юми май маълум гашт. Масъулиятро намояндагони Корпуси ихтиёрии Русия ва легиони “Озодии Русия” ба ӯҳда гирифтанд. Ин гурӯҳҳое мебошанд, ки аз шаҳрвандони Русия иборат буда, ба ҷонибдорӣ аз Украина меҷанганд.
Мақомоти вилояти Белгород ворид шудани гурӯҳи мусаллаҳро эътироф карданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дастикам ҳашт нафар маҷрӯҳ гардида, чанд хона вайрон шудааст. Дар минтақа низоми “амалиёти зиддитеррористӣ” ҷорӣ шудааст. Аз вазъияти ба амал омада президенти Русия Владимир Путинро дар ҷараён гузоштаанд.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, баъзе аз сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ дар вилояти Белгород хонаҳои худро тарк кардаанд, аммо “эвакуатсия”-и оммавии аҳолӣ пешбинӣ нашудааст.
Намояндаи Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Андрей Юсов гуфт, дар вилояти Белгород амалиёти таъсиси “минтақаи амниятӣ” идома дорад. Ин аввалин чунин изҳорот аст.
Артиши Украина маъмулан дар бораи иддаои тирпарронӣ ё тахрибкорӣ дар қаламрави Русия изҳори назар намекунад. Дар навбати худ Михаил Подоляк, мушовири дафтари раисиҷумҳури Украина, навишт, Киев ҳодисаҳоро бо диққат "пайгирӣ" мекунад, аммо бо ҳамлагарон "иртиботи мустақим" надорад.
Аз почтаи электронии сафорати Тоҷикистон ба як идораи Украина ҳамла шудааст
Як таҳқиқи сохтори зидди ҳамлаҳои кибернетикӣ дар Украина мушаххас кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд бо истифода аз почтаи электронии сафорати Тоҷикистон дар Киев ба як идораи давлатии ин кишвар ҳамла сурат гирифтааст.
Мутахассисони созмони бо номи “Тими вокуниши изтирории компютерӣ дар Украина” (CERT-UA) маълум кардаанд, ки ҳамлаи рахнагарон рӯзҳои 18 ва 20-уми апрели соли 2023 сабт шудааст. Ин хабарро рӯзи 23-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дафтари матбуоти ин сохтор тасдиқ кард, ки ҷузве аз Хадамоти давлатии Украина оид ба мухобироти вижа ва ҳифзи маълумот мебошад.
“Бале, мо дар ин бора навишта будем, ки аз имейли рахнашудаи сафорат мукотибаҳое ирсол шуда буд,”--гуфт намояндаи дафтари матбуоти CERT-UA ба Радиои Озодӣ. Дафтари матбуот гуфт, ба ҷуз он чизе, ки дар гузориш нашр шудааст, феълан иттилое бештар дода наметавонад.
Дар гузориш чунин навишта шудааст: “Ба почтаи электронии як идораи давлатӣ (дар Украина - РО) гӯё аз адреси почтаи электронии Сафорати Тоҷикистон дар Украина (зоҳиран, дар натиҷаи рахна кардани он) номаҳои электронӣ ирсол шудааст. Дар замимае, ки номаи аввал ба шакли як санад доштааст, айни ҳамин санад такроран оварда шудааст.”
Мутахассисони CERT-UA маълум кардаанд, ки дар сурати боргирии ин замима ба компютер файли навъи DOCX-и SvcRestartTaskLogon эҷод ва боз мешавад ва он дар навбати худ як макрос ё замимаи иловагии навъи WsSwapAssessmentTask-ро эҷод мекунад. “Вазифаи ин замима эҷоди файли "SoftwareProtectionPlatform" аст, ки бо номи HATVIBE шинохта шуда, ҳадафаш боз шудан дар дохили компютер аст.”
Натиҷаи ин чанд қадам, ба қавли мутахассисон, имкони боргириву паҳн кардани дигар файлҳо будааст. Занҷираи қадамҳои баъдие, ки пас аз ин анҷом мешавад, ба қавли муаллифони таҳқиқот – “ҷосусӣ ва пайгард бо истифодаи рамзи UAC-0063” мебошад, мегӯянд муаллифон. Қаблан, бо айни чунин роҳҳо рахнагарон созмону ташкилотеро дар Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Исроил ва Ҳинд мавриди пайгард қарор додаанд.
Исми сохторе, ки мавриди рахнаи эҳтимолӣ қарор гирифтааст, нашр намешавад ва ҳам маълум нест, ки чӣ зиёне дар натиҷаи ин амал ба вуҷуд омадааст.
Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина рӯзи 23-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари мазкур барои онҳо ҳам ногаҳонӣ буд ва он бояд мавриди таҳқиқ қарор бигирад. Айни замон, ба таъкиди ӯ, вебсайт ва имейли намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Киев ба сервери маркази дар Душанбе пайванд аст. "Ин ҳодисаро ҳатман тақиқ хоҳем кард,”-- гуфт Назризода.
Дар ҳамин ҳол, вебсайти cybersecurityconnect.com.au, ки хабарҳои вобаста ба амнияти интернетиву рақамиро нашр мекунад, бо нашри ин хабар навишт, замима ё макроси рахнагар бо истифода аз барномаи маъруфи компютерии Python аз роҳи махсусан омехта кардани кодҳо таҳия шудааст.
CERT-UA мегӯяд, рахнагаре бо номи UAC-0063 бори аввал соли 2021 пайдо шуд, вале маълум нест, ки он аз ҷониби чӣ касе ё гурӯҳе идора мешавад. Танҳо ҳамин чиз маълум шудааст, ки макони ҷойгиршавии он Русия буда, бо истифода аз нусхаи рахнашудаи Microsoft Office – барномаи маъруф дар Русия ва ҳам “шеваи хоси гурӯҳҳои рӯ ба Русия” анҷом шудаст.
Bitdefender, ки бо ташхису пешгирӣ аз рахнаҳои рақамӣ маъруф аст, қаблан дар як таҳқиқи худ оид ба табиати пайдоиши ингуна ҳамлаҳои интернетӣ дар Осиёи Марказӣ чунин навишта буд: “Як калиде, ки ба решаҳои ин ҳамла ишора мекунад, истифодаи насхаи рахнашудаи барномаи Microsoft Office 2016 мебошад, ки дар кишварҳои русзабон маъруф аст ва бо номҳои “SPecialisST RePack” ё “Russian RePack by SpecialiST” ҳам шинохта шудааст.”
Ин манбаъ менависад, ки таҳқиқи амиқи ҷузъиёти фаннии ин барномаҳои рахнагар маълум кардааст, ки эҳтимолан тамоми роҳҳо ба идораи 26165 ГРУ ё Раёсати давлатии ҷосусии Русия мебарад.
Тасдиқи дурустии ин ҳама иддаоҳо феълан имкон надорад.
Дар гузашта низ рахна шудани компютер ва почтаҳои эелектронии мақомдорони тоҷик расонаӣ шуда буд.
Моҳи апрели имсол ширкати швейтсариягии “Продафт” дар як гузоришаш гуфта буд, ки гурӯҳи ҷосусии русӣ барои дарёфти иттилоот, ба шабакаҳои мухобиротии ҳукуматии Тоҷикистон аз ҷумла, компютерҳои вазири собиқи нақлиёт ва муовини вазири умури дохилӣ роҳ ёфтааст.
Дар феҳрасте, ки дар гузориш нашр карда буданд, номи Худоёр Худоёрзода, вазири собиқи нақлиёт, Саинднахш Раҳмонзода, муовини вазири дохилӣ, Абдулазиз Шарифӣ, раиси шӯъбаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Амирхон Қурбонзода, ҳоло муовини аввали раиси шаҳри Душанбе ва Бобишо Холзода, сардори собиқи раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳоло раиси ноҳияи Файзобод зикр шудааст.
Гуфтугӯ