Ҷанги Украина
Садамаи ду ҳавопаймо дар Украина ва марги халабонҳо
Дар пайи садамаи ду ҳавопаймои низомӣ дар Украина 3 халабон ба ҳалокат расидааст.
Ду ҳавопаймои таълимии Нерӯҳои ҳавоии Украина ҳангоми иҷрои супориши ҳарбӣ дар вилояти Житомир ба ҳам бархурдаанд.
Бино ба иттилои мақомоти Нерӯҳои ҳавоии Украина, дар байни кушташудаҳо, Андрей Пилшиков, халабони бригадаи 40 - уми нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам ҳаст. Ӯ баъди ширкат дар ҳодисаҳои ҳамла ба Киев, дар моҳи феврал марти соли 2022 машҳур шуд. Пилшиков, ки бо лақаби “Ҷус” шинохта мешуд, борҳо зимни сӯҳбатҳояш бо расонаҳои украинӣ ва ғарбӣ даъват карда буд, ки ба Киев ҳавопаймоҳои замонавии ҷангӣ пешниҳод кунанд.
Хабарнигори бахши Украинии Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳавопаймоҳои ба ҳам бархӯрда ба ҳавлии мардуми маҳаллӣ афтидаанд. Дар миёни сокинон талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Ниҳоди давлатии тафтишотии Украина сабабҳои садамаи ҳавопаймоҳоро таҳқиқ ва ҳолати техникиву риояи қоидаҳои омодагӣ ба парвозро меомӯзанд.
Reuters: Душанбе ва Бишкек ба Русия дар фиреби таҳримҳо кумак мекунанд
Бино ба санадҳои гумрукӣ таҷҳизоти таҳримшуда ба Русия тариқи кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон роҳ ёфтаанд.
Оҷонсии Reuters дар як гузориши таҳқиқӣ маълум кардааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани таҳрим, ширкатҳои Русия аз моҳи май то июни имсол ба маблағи 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла, дасnгоҳҳои ширкати Northrop Grumman, дастгоҳи қаҳвапазӣ, гӯшиҳои махсуси телефон барои роҳбаладони ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.
Бино ба хулосаи гузориш, ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, беш аз 20 навъи таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст. Маълум нест, ки ширкати русӣ ин маҳсулотро чӣ гуна харидорӣ кардааст. Масъулини ширкат ин мавзӯъро шарҳ надоданд.
Ширкати Компания Northrop Grumman, эълон кард, ки бо ширкатҳои Русия харидуфурӯш накардааст ва таъкид намуд, ки ҷиддан тамоми қонуну қоидаҳои вобаста ба таҳрим ва содироти таҷҳизотро риоя мекунад.
То замони эълони таҳрим, ширкатҳои ҳайвпопаймоии Русия барои таъмиру назорати техникии ҳавопаймоҳои худ ба ширкатҳои азиме чун Lufthansa Technik муроҷиат мекарданд. Вақте ин ширкат хидматрасонияш ба Маскавро қатъ кард, Русия ба ширкатҳои хурдтар рӯ овард.
Барои мисол, таҳқиқ маълум кардааст, ки бахши хадамоти техникии ширкати ҳавоии S7 бо ширкати Air Rock Solutions-и Молдова ҳамкорӣ дорад. Бино ба нишондодҳо, дар 14 моҳи ахир, S7 аз ҳамкори молдовии худ ба маблағи 1,23 миллион доллар қисми эҳтиётӣ харидааст.
Масъулини ширкати Air Rock Solutions фурӯши маҳсулоташонро ба ширкатҳои Русия рад мекунанд. Иван Мелников, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ширкат гуфтааст, аксари харидорони онҳо аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистонанд.
Таҳқиқи Reuters маълум кардааст, ки дар воқеъ аксари таҷҳизоти ин ширкат тариқи кишварҳои дигар ба Русия бурда шудаанд.
Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, дар баробари манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия ба кишварҳои дигар, содирот ва фурӯши таҷҳизоти авиатсионӣ ба ин кишвар манъ шуд.
Ҳамчунин аз ширкатҳои ҳавоии Русия талаб шуда буд, ки ҳавопаймоҳои тариқи лизинг ба дастовардашонро ба кишварҳои истеҳсолкунанда баргардонанд. Коре, ки Русия онро иҷро накард. Аз ин рӯ ҳоло парвози ҳавопаймоҳои Русия ба аксар кишварҳо манъ аст.
"Барраи қурбонӣ". Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи зиндониёни кушташуда дар Украина. ВИДЕО
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бахши дувуми таҳқиқоти худ оиди муҳоҷирон аз Қирғизистонро, ки дар ҷанги Украина қурбон шудаанд, нашр кард. Ин дафъа ба рӯзноманигорон муяссар шуд, ки бо хешовандони қурбониён ва ширкатдорони низоъ, ки аз маҳбас ба майдони ҷанг сафарбар шудаанд, сӯҳбат кунанд.
Эрлан Эрмеков, шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард. Охири соли гузашта ӯ ба гурӯҳи зархаридони «Вагнер» шомил шуд. Дар яке аз охирин сӯҳбатҳои видеоӣЭрлан бо хонаводааш гуфтааст, “агар ҳамааш хуб шавад, пас аз шаш моҳ озод мешавам. Ин бароям як имконият аст.”
Эрмеков дар ин суҳбаташ гуфта буд, танҳо аз зиндоне, ки ӯ нигаҳдорӣ мешавад тақрибан 200 касро ба ҷанги зидди Украина мебаранд.
Гулнора Зокирова, модари Эрлан Эрмеков мегӯяд, писараш бори охир 31-уми январ занг зада буд. "Ӯ ба ман дурӯғ гуфт, ки ҳамчун ошпаз кор мекунад. Аммо маълум шуд, ки дар ҷанг иштирок мекардааст.”
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Эрмеков баъди чаҳор моҳи рафтан ба ҷанг ҳалок шуд. Ӯ яке аз нахустин қирғизистониҳое буд, ки иштирокаш дар ҷанги Украина расонаӣ гардид.
Ба нақли модараш, Эрлан Эрмековро ба ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус айбдор карда буданд. Ҳарчанд Гулнора Зокирова исрор меварзад, ки фарзандаш бегуноҳ маҳкум гардидааст, чун ҳангоми содир шудани ҷиноят дар Русия набуд. Вале зан натавонист бегуноҳии писараш исбот намояд ё ҳадди ақал ӯро ба зиндони Қирғизистон орад.
Ба гуфтаи Гулнора Зокирова, писараш нисфи муҳлати ҷазоро адо карда буд, аммо баъдан чун ваъдаи афвро гирифт, розӣ шуд ба ҷанг биравад.
"Ман гумон кардам, ки дар тобут чизе нест. Ба тарафи росташ снаряд бархӯрда, ӯро пора кардааст. Ӯ дар ҳамла иштирок намудааст. Онҳоро дар сафи аввал мегузоштаанд. Аз пеш ба сӯи онҳо украиниҳо тир меандозанд, дар сурати ақибнишинӣ чеченҳо мепарронанд. Аз пасашон русҳо тир холӣ мекунанд. Яъне дар байни ду оташ қарор мегиранд. Онҳоро ҳамчун барраи қурбонӣ истифода мекунанд,”-бо алам нақл мекунад ин модар.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ маълум кард, ки дар набардҳо барои Бахмут тақрибан 10 шаҳрванди Қирғизистон кушта шудаанд. Наздикони онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Ба нақли пайвандони яке аз зиндониёни кушташуда ба онҳо намегӯянд, ки хешовандашон чигуна кушта шудааст.
Аксари маҳбусоне, ки ба ҷанг мераванд, дар бораи ин тасмимашон ба наздикон нақл намекунанд. Аз ин рӯ, дар бораи теъдоди захмиён, кушташудагон ва умуман ширкатдорони ҷанг аз Қирғизистон омори дақиқ вуҷуд надорад.
Мирлан Токтобеков, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, дар аввал маҳбусоне ба ҷанг ҷалб мешуданд, ки ба ҷиноятҳои вазнин муттаҳам буданд. Чун ба гуфтаи ин коршинос, чунин гурӯҳи маҳбусон, ки мебоист солҳои тӯлонӣ дар зиндон бошанд, довталабона ба ҷанг мерафтанад. “Баъдан онҳоеро маҷбуран сафарбар мекарданд, ки мӯҳлати адои ҳукмашон ба поён мерасид. Аз рӯи маълумоти мо 30 нафар қирғизистониёне, ки бевосита шаҳрвандии Қирғизистонро доштанд, қурбон шудаанд. Боз онҳое низ ҳастанд,ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд,"-афзуд ин коршинос.
Қаблан муассиси гурӯҳи зархаридони «Вагнер» Евгений Пригожин гуфта буд, ки ҷалби маҳбусон ба ширкати хусусии низомии ӯ қатъ шудааст. Аммо онҳое, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, мегӯянд, даъват ба ҷанг то ҳол идома дорад.
Наздикони қурбониён мегӯянд, баъди огоҳӣ ёфтан аз марги наздиконашон онҳоро боз як имтиҳони дигар интизор аст. Гирифтани тобут. Онҳо чанд ҳафта бояд мунтазир бимонанд ва дар аксар маврид пайдо ва шиносоӣ кардани кушташудаҳо аз миёни ҷасадҳои комилан сӯхта ва ё чанд пораи бадан, ки дар тобут гузошта шудаанд, сахт аст.
Модарони қурбониён борҳо ба ҳамватанонашон муроҷиат карданд,ки ба ҳеҷ ваҷҳ барои ширкат дар ин ҷанг розӣ нашаванд.
Тибқи хабарҳои расида, чандин зиндониёни тоҷикро ҳам аз маҳбасҳои Русия ба Украина бурдаанд. То ин дам хабари марги зиёда аз 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Ҷалби муҳоҷирону маҳбусони тоҷик аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди Украина аз тобистони соли гузашта оғоз шуд. Он замон расонаҳо хабар доданд, ки артиши Русия дар ҷанг талафоти зиёд додааст ва бо ҷалби маҳбусон мехоҳад камбуди нерӯро ҷуброн кунад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик хабар доранд. Ҷанге, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро хилофи қонунҳои байнулмилалӣ медонад ва Русияро барои талоши ғасби як кишвари мустақил зери таҳрим гузошт.
Зеленский хост, "саммити сулҳ" тирамоҳи имсол баргузор шавад
Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи чоршанбе гуфт, умедвор аст, "саммити сулҳ" дар бораи кишвараш тирамоҳи имсол баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳое, ки ҳафтаи равон дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, заминае барои ин ҳадаф аст.
Зеленский, дар изҳороте, ки хадамоти матбуотии ӯ нашр кард, гуфтааст, дар вохӯрии рӯзҳои 5-6 август дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ намояндагони наздики 40 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Зеленский ва тими ӯ якҷо бо кишварҳои ҳампаймон талош доранд, ки "саммити сулҳ" ҷонибдории бештар дарёфт кунанд. Интизор меравад, дар он усули асосии амалиёти хотима додан ба ҷанг қабул карда шавад. Яке аз бандҳои рӯзномаи чорабинӣ, ки аз сӯи Киев таҳия шудааст, барқарор кардани тамомияти арзии Украина мебошад.
Дар ҳоли ҳозир маҳалли баргузории саммит маълум нест. Мақомҳои расмии Украина ва Ғарб гуфтанд, Русия дар он иштирок намекунад.
Ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ба Харков
Шаби гузашта дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия шаҳри шарқии Харковро дар Украина ҳадаф қарор доданд.
Ба гуфти мақомоти маҳаллӣ, дар натиҷаи ҳамла як нафар ба ҳалокат расида, бинои хобгоҳи як коллеҷ осеб дидааст.
Иҳор Терехов Мири Харков иброз дошт, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар канораҳои ин шаҳр исобат кардаанд.
Ба навиштаи мири Маскав Сергей Собянин, шаби гузашта як ҳавопаймои бидуни сарнишин ба бинои бисёртабақа дар маркази пойтахти Русия бархӯрдааст. Ба қавли ӯ, чанд дрони дигар аз тарафи низоми мудофиаи зиддиҳавоии русӣ хунсо шудааст.
Дар шабакаи Телеграм, Собянин хотирнишон кардааст, ки ҳафтаи гузашта ҳам ҳамин бино аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин зарар дида буд. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки дар пайи ҳамла дирӯз фурудгоҳи Внуковои Маскав муддати кӯтоҳе аз кор монда буд.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба бинои "Масква-Сити"
Шаби 30-юми июл Маскав мавриди ҳамлаи бесарнишин қарор гирифтааст. Ду бесарнишин ба Маҷмааи тиҷоратии “Маскав Сити” бархурда, парвозҳо аз фурӯдгоҳи “Внуково” барои як муддат баста шуданд.
Ба навиштаи расонаҳои давлатии Русия дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо, тирезаҳои як бинои маъмурӣ шикаставу тахриб шудаанд. Хабаргузории ТАСС аз захмӣ шудани як нафар хабар додааст. Мақомоти Маскав кори фурӯдгоҳи Внуковаро барои як муддат манъ ва дубора фаъол карданд.
Вазорати дифои Русия ҳам дар баёнияе имрӯз гуфт, шаби якшанбе ба ҳудуди Маркази тиҷоратии “Маскав Ситӣ” бо ду бесарнишин ҳамла сурат гирифт ва бесарнишинҳо нобуд карда шуданд. Ин ниҳод, ҳодисаро кӯшиши ҳамлаи террористии нерӯҳои Украина номидааст. Киев ба ин иддаҳо посух надодааст.
Дар ҳамин ҳол амалиёти ҷавобии нерӯҳои Украина ба минтақаҳои ҷанубу шарқии Русия идома дорад. Муовини вазири дифои Украина, Ана Маляр имрӯз дар саҳифаи Телеграм хабар додааст, ки низомиёни украинӣ “оҳиста, аммо дуруст” ба самти Бердянск ва Мелитопол дар минтақаи Запороже пеш мераванд.
Дар як моҳи ахир Маскав чаҳор бор мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтааст.
Артиши Украина рӯзи 30 июл гуфт, пули Чонар, ки Қримро бо қисмати ишғолшудаи вилояти Херсон мепайвандад, дар як ҳамлаи рӯзи гузашта осеб дидааст.
Мақомоти минтақаи ғасбшудаи Херсон ҳам аз ҳамлаҳои мушакии украина ба хатти роҳи оҳан хабар дода, иддао кардаанд, ки ҳамлаҳо безарар гардонида шуданд. Киев масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав
Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар субҳи душанбе ду бесарнишин ё дрони Украинаиро дар фазои шаҳри Маскав роҳгирӣ ва нобуд карданд.
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳам дар "Телеграм" навиштааст, ки ин ду бесарнишин соатҳои тақрибан 4-субҳ ба вақти маҳаллӣ ба ду бинои ғайристиқоматӣ дар пойтахти Русия бархӯрдаанд. Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, ин ҳамла "талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст".
Хабаргузории "Рейтерз" ҳам чанд аксро аз маркази Маскав, ҷое ки бесарнишинҳо бархӯрдаанд, нашр кардааст. Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, яке аз бесарнишинҳо дар маҷмаи Вазорати дифои Русия бархӯрдааст. Мақомоти Украина то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи гузашта Киев ва Маскав якдигарро ба ҳамла ба калисои таърихӣ дар шаҳри Одесса воқеъ дар ҷануб-ғарби Украина, муттаҳам карданд.
Владислав Назаров, сухангӯи фармондеҳии амалиёти артиши Украина дар ҷануб гуфт, ки дар ин ҳамла 2 нафар кушта шуда ва 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоии Украина нишон медиҳад, ки калонтарин калисои ҷомеи Одесса, ки 214 сол таърих дорад, осеби зиёд дидааст. Дар як видеои дигар як марди ваҳшатзада аз паёмадҳои ҳамла мегӯяд, ки "дигар калисое вуҷуд надорад".
ЮНЕСКО, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои Русия ба марказҳои бостонии Одессаро, ки низ зери ҳифозати Конвенсияи мероси ҷаҳонӣ аст, маҳкум кард ва хоҳони қатъи бомбаборони ин марказҳо шуд.
Даргириҳо миёни нерӯҳои Русия ва Украина дар рӯзҳои ахир бештар шудааст.
Ҷанг занони Украинаро ба сад бало гирифтор кард. ВИДЕО
Даҳҳо ҳазор зани украинӣ ҳоло дар баробари мардон ҳам дар артиш хидмат мекунанд ва ҳам ба ҷанге мераванд, ки Русия дар ватанашон оғоз кард.
Дар ин миён ҳазорон зани дигар бо фишору бемориҳои равонӣ меҷанганд, ки ҷанг ба сарашон овард ва саъй доранд, зиндагиашонро аз нав бисозанд.
Светлана Косолапова, яке аз заноне аст, ки танҳо мондааст, чун шавҳари сарбозаш дар ҷанг кушта шуд. Мегӯяд, пеш аз ҷанг зиндагии орому осуда ва барномаҳои зиёде барои истироҳат доштанд. Светлана Косолапова, ҳамсари сарбози кушташуда гуфт: "Понздаҳ сол зиндагии шоде доштем. Ҳамаро дар як рӯз аз ман гирифтанд. Мо ҳам оянда доштем. Моҳи апрел ба куҳҳои Карпат билет доштем."
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Моҳи феврали соли 2022 неруҳои Русия зодгоҳашон, шаҳри Луганскро ишғол карданд. Мегӯяд, ки зиндагӣ барои ӯву ду фарзандаш ба як кобуси бепоён табдил ёфт. "Ҳатто пас аз марги шавҳарам, омада маро барои бозпурсӣ мебурданд, бачаҳоро маҳкам мекарданд. Хӯрокамонро мегирифтанд" - афзуд, Светлана Косолапова, ҳамсари сарбози кушташуда
Ба ғайр аз фирор, аз шиканҷаи равонӣ дигар илоҷе надошт. Агарчӣ ҷое барои рафтан надошт, ду фарзандашро гирифту гурехт, то зинда бимонад.
Айни замон даҳҳо ҳазор зани украинӣ дар баробари мардон дар артиш хидмат мекунанд ва ё ба зидди неруҳои Русия меҷанганд. Аммо онҳое, ки дар ақибгоҳ мондаанд, бо бемориҳои равонӣ ва мушкилоти зиндагӣ меҷанганд.
Ба доди Косолапова Бунёди Маша, як созмони ғайриҳукуматие расид, ки ба занону кӯдакони осебдида дар ҷанг кумак мерасонад.
Мария Ефрошина, аз бунёдгузорони созмон мегӯяд, занон ҳоло ба мушкилоти комилан нав рӯ ба рӯ шудаанд ва ҳар вақт назди онҳо меоянд, аз зиндагӣ ноумед ҳастанд. Мария Ефрошина, муассисаи “Бунёди Маша” гуфт:
“Ҳаваси зиндагӣ надоранд, маъние дар зиндагӣ намебинанд. Ин дақиқан ҳамон чизест, ки душман бо мо кард. Душман на танҳо занонро кушт, балки аз назари равонӣ ҳам нобуд кард. “
Светлана Косолапова офияти равонӣ гирифт. Батадриҷ ба худ омад ва ба дигарон кумак карданро омӯхт. Ҳоло дар гуруҳи равоншиносӣ кор мекунад, ки ба кудакони гирифтори аутизм кумак мерасонанд.
"Ман ҳоло ба ҷое расидам, ки дигар на фақат кумак гирифта метавонам, балки ба дигарон мадад мерасонам." - гуфт вай
Мисли занони дигари украинӣ Косолапова дигар илоҷе ба ғайр аз созиш бо тақдири гузаштааш надорад. Акнун саъй дорад, барои худ оянда ва зиндагии беҳтарро бисозад, вале бе як азизаш, ки ҷанг ӯро аз Светлана гирифт.
Вазорати дифои Русия: Хабарнигори "РИА Новости" кушта шуд.
Вазорати дифои Русия рӯзи 22 июл аз кушта шудани хабарнигори низомии Оҷонсии давлатии Русия ё "РИА-Новости" хабар додааст.
Вазорат аз ин хабарнигор Ростислав Журавлев ном бурда, дар шабакаи Телеграми худ навиштааст, вай ҳангоми тирандозӣ дар як минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина, дар виояти Запароже кушта шуд. Ин ниҳод ҳамчунин аз маҷрӯҳ шудаи як корманди дигари "РИА Новости", Константин Михалчевский хабар дод.
Мақомоти Русия иддао кардааст, ки артиши Украина аз бомби хушаӣ истифода намудаанд. Тасдиқи дурустии ин хабар аз манбаъҳои дигар феълан номумкин аст.
Аз оғози моҳи июн дар ин минтақа ҷанг идома дорад. Бино ба иттилои Иттифоқи журналистони Русия хабарнигорони “Известий” Роман Полшаков ва наворбардор Дмитрий Шиков ҳам ҷароҳат бардоштаанд.
Кушта шудани чандин нафар, аз ҷумла кӯдакон дар ҳамлаи Русия ба минтақаҳои Украина
Бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва зарбаҳои ҳавоии низомиёни Русия ба минтақаҳои аҳолинишини Украина, дар 24 соати ахир, дасти кам шаш нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуда, анборҳои ғалла осеб дидаанд. Дар ин бора артиши Украина рӯзи 22 -юми июл хабар додааст.
Бино ба гузоришҳо дар як шабонарӯзи ахир артиши Русия ба минтақаҳои аҳолинишин ва мавқеъҳои сарбозони Украна 16 ҳамлаи мушакӣ ва 20 зарбаи ҳавоӣ анҷом додаанд. Дар миёни кушташудаҳо ва захмиён ғайринизомиён ҳам ҳастанд. Дар ин ҳамлаҳо, анбор ё нуқатаҳои нигаҳдории ғалла дар ҷануби Украина осеб дида, беш аз 70 манзили истиқоматии сокинон ва биноҳои дигар вайрон шудааст.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз хатари эҳтимолии ҳамлаҳои нав хабар додааст: “Душман нерӯи аслии худро ба самти Купянск, Лиманск, Бахмут, Авдиевка ва Маринск равона кардааст. Дар як шабонанрӯзи ахир беш аз 40 задухурди мусаллаҳона ба амал омад.” -
Бино ба иттилои Павел Кириленко, раиси вилояти Донетск, дар шимоли ин минтақа, ки чанд моҳ боз он ҷо задухурди шадид идома дорад, бар асари тирборони сарбозони рус, 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки 10 ва 16 сола кушта шудаанд. Ба гуфтаи Кириленко, кӯдакон бародару хоҳар буда дар як ҳамлаи мушакии низомиёни Русия ба хонаашон фавтидаанд.
Мақомоти Украина мегӯянд, дар пайи тирборон ҳамчунин дар шаҳраки “Ню-Йорки”-и Донетск, воқеъ дар тақрибан 40 километрии ҷанби Бахмут, чаҳор ғайринизомӣ аз ҷумла як зану шавҳар кушта ва як сокини дигар захмӣ шудааст.
Чанд рӯз боз ҳамлаи мушакӣ ба иншооти бандарҳои украина дар Баҳри Сиёҳ идома дорад. Дар натиҷа анборҳои нигаҳдории ғалла дар минтақаи Одесса оташ гирифта, миқдори хеле зиёди маводе, ки барои содирот нигаҳдорӣ мешуд, нобуд карда шудааст.
Русия рӯзи 21 июл гуфт, ки нерӯҳои дарёии он дар шимолу ғарби Баҳри Сиёҳ як "машқ"-и мустақими оташнишонӣ анҷом додааст.
Қаблан Вазорати дифои эълон карда буд, ки боркашонӣ ба бандарҳои Украина манъ шуда, ҳамаи киштиҳое, ки ба бандарҳои мазкур ҳаракат мекунанд, ҳамчун "интиқолдиҳандаи эҳтимолии борҳои низомӣ" ҳисобида хоҳад шуд.
Украина аз Қирғизистон хост, хабари нақзи таҳримҳоро шарҳ диҳад
Сафири Қирғизистон дар Киев Идрис Қодирқулов 20 июл ба Вазорати умури хориҷии Украина даъват шудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати умури хориҷии Украина, ба даъвати сафир хабарҳо дар бораи он ки Русия гӯиё барои давр задани таҳримҳо, аз ҷумла харидории техника ва маҳсулоте, ки барои истеҳсоли силоҳ лозим аст, аз Қирғизистон истифода мекунад, сабаб шудааст.
Масъулони Вазорати умури хориҷии Украина аз сафири Қирғизистон хостаанд, ки ин хабарҳоро шарҳ диҳад. Дар мулоқот таъкид шудааст, ки "Украина аз Қирғизистон ба Русия содир шудани маҳсулотеро, ки дар таҷҳизоти низомӣ истифода мешавад, ҳамчун амали ғайридӯстона ва ҷонибдорӣ аз ҷанги Украина алайҳи ин кишвар қабул хоҳад кард".
Вазорати молияи ИМА рӯзи сешанбе 4 ширкати қирғизистониро барои интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард. Аз ширкатҳое, ки таҳрим шудаанд "RM Design and Development", “ГТМЕ Технологии”, “Прогресс лидер” ва “Карголайн” ном бурда шудааст.
Пригожин: "Вагнер"дар Украина дигар намеҷангад ва ба Африқо меравад
Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи муздурони "Вагнер" дар як навори видеоӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, ҳангоми истиқбол аз нерӯҳои ин гурӯҳ дар Белорус гуфт, ки "Вагнер" дигар дар Украина намеҷангад, вале онҳо бояд худро барои Африқо омода кунанд. Ин навор, ки аз тарафи канали хабарии "Вагнер" дар "Телеграм" нашр шуд, аввалин санаде аз маҳали ҷобаҷойии Евгений Пригожин пас аз ошӯб ин гурӯҳ дар 23 июн аст.
Дар ин навор, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ҳанӯз натавонистаанд дурустии онро таъйид кунанд, садо ва лаҳҷаи русии марде, ки монанд ба Евгений Пригожин аст, шунида мешавад, ки зархаридони "Вагнер"-ро хушомадед мегӯяд. Ин навор аз сӯи расонаҳои "Вагнер" дар "Телеграм" бозпахш шудааст.
Дар ин навор фарде, ки ба назар мерасад Евгений Пригожин аст, мегӯяд, "ба хоки Белорус хуш омадед. Мо сарфарозона ҷангидем. Шумо барои Русия корҳои бузурге анҷом додед. Ончӣ дар ҷабҳаи ҷанг мегузарад, шармовар аст ва дигар лозим нест, ки дар он иштирок кунем".
Владимир Путин дар аввалин вокуниши худ ба ошӯби "Вагнер" гуфта буд, ки онро саркӯб хоҳад кард, вале чанд соат баъд байни Кремл ва Евгений Пригожин созише сурат гирифт ва бар асоси он, ба муздурони "Вагнер" иҷоза дода шуд ба Белорус бираванд.
Евгений Пригожин пас аз шӯриши "Вагнер" гуфт, ҳадаф аз ин иқдом барканории Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва генерал Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия будааст, на сарнагунии ҳукумати Владимир Путин.
Аз рӯзи 24-уми июн, ки видеои хуруҷи Пригожин аз шаҳри Ростов нашр шуд ва Путин ӯро хоин хитоб кард, аз сарнавишти ӯ хабари дақиқе дар даст набуд. Илова бар ин, маълум набуд, ки зархаридони "Вагнер", ки ба иддаои Пригожин шумори онҳо ба 25 ҳазор нафар мерасад, пас аз хуруҷ аз ҷабҳаи ҷанг дар Украина чӣ хоҳанд кард.
Пас аз ошӯби "Вагнер" ҳукумати Русия ва Владимир Путин талош кардаанд, ки вазъро ором нишон диҳанд. Мақомҳои рус тафсири сиёсатмадорон ва коршиносони ғарбӣ аз ошӯбро рад карда ва гуфтаанд, ки Ғарб набояд худро бо ин "ҷанҷолсозиҳо" машғул кунад.
Дар бахши дигаре аз видео, як парчами сиёҳи гурӯҳи "Вагнер" бо шиори "Хун, ифтихор, сарзамини модарӣ ва шаҳомат", ки аз урдугоҳи қаблии онҳо дар ҷануб-ғарби Русия ба Белорус мунтақил шудааст, ба Пригожин супурда мешавад.
Ҳукумати Белорус ҳафтаи гузашта хабар дод, ки муздурони гурӯҳи "Вагнер" дар як пойгоҳи низомӣ воқеъ дар ҷануб-шарқи Минск дар ҳоли омӯзиш додани сарбозони ин кишвар ҳастанд.
Евгений Пригожин дар бахши дигаре аз видео ба зархаридони "Вагнер" мегӯяд, ки бо мардуми маҳаллӣ ба хубӣ рафтор кунанд, ба онҳо дастур медиҳад, ки сарбозони Белорусро омӯзиш дода, худро барои "сафари нав ба Африқо" омода кунанд.
Ӯ меафзояд, "ва шояд мо ба амалиёти низомии вижа (номе ки Русия ба ҷанги Украина додааст) бозмегардем, вале вақте ин корро хоҳем кард, ки мутмаин шавем водор ба шармсорӣ нахоҳем шуд".
Гуруҳи "Вагнер" ҳамзамон бо густариши дахолати низомии Русия дар кишварҳои дигар монанди Сурия, Либия ва Моли ва бо ҳадафи рад кардани ин дахолатҳо таъсис шуд ва доманаи фаъолияти он дар даҳаи гузашта густариш ёфтааст.
Яке дигар аз муассисон ва раҳбарони феълии ин ширкати низомии хусусӣ Дмитрий Уткин, афсари пешини нерӯҳои вижаи зиддиистихборотии артиши Русия аст. Пас аз Евгений Пригожин, марди дигаре ки ба назар мерасад Дмитрий Уткин бошад, барои зархаридони "Вагнер" суханронӣ кард.
Ӯ ба забони русӣ гуфт, "ин охири кор нест. Ин фақат оғоз кори бузурге дар саросари ҷаҳон аст, ки ба зудӣ онро иҷро хоҳем кард".
Уткин сипас ба забони англисӣ афзуд, "ба дӯзах хуш омадед".
Ё ҷангу пул ё депортатсия. Мушкили нави муҳоҷирон.ВИДЕО
Тинчтики 28-сола аз Қирғизистон яке аз садҳо муҳоҷиронест, ки дар амалиёти ахири “Нелегал” ба дасти пулиси Русия афтид ва ба боздоштгоҳи муввақатии Сахарово интиқол ёфт. Ба нақли ин муҳоҷир дар Сахарово талош карданд ӯро барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ кунанд. Барояш ваъдаҳо доданд. “Ваъда мекунанд, ки агар барои 6 моҳ биравӣ 1 миллиону 200 ҳазор рубл мегирӣ ва соҳиби санадҳои зарурии будубош дар Русия мешавӣ,”- нақл кард, Тинчтик дар сӯҳбат бо хабарнигорони лоиҳаи “Медиа-мигрант”.
Баъди посухи рад додан, Тинчтик ҳамроҳ бо 30 зодаи дигари Қирғизистон аз Русия ронда шуд. Ӯ акнун 5 соли оянда ба Русия роҳ дода намешавад.
Тинчтик 8 соли ахир дар сохтмонҳои Русия кор мекард. Дар рейди ахир ӯ бинобари гузаштани муҳлати сабти иқоматаш боздошт шуд. Муҳоҷири қирғиз умед дошт, ки метавонад бо супурдани ҷарима халос мешавад, аммо ин амалиёти одӣ набуд ва ӯро ба Маркази муҳоҷирон дар Сахарова фиристоданд. Тинчитик 17 рӯз дар он ҷо монд.
"Рейд ин бор хеле сахт буд. Одамонро аз рӯйи аксҳояшон ҷустуҷӯ мекарданд. Пулис аз таҷҳизоти навтарин, аз ҷумла аз дурбинҳои назоратӣ дар метро, хиёбон ва мағозаҳо истифода мекард. Хона ба хона мегаштанд. Қирғизҳои зиёдеро боздошт карданд. Дар ҳуҷрае, ки мо нигаҳдорӣ мешудем, як узбек ҳам буд. Ӯ нақл кард, ки милисаҳо ба хонааш рафта то дер телефон ва суратҳои дохили онро тафтишу тамошо кардаанд,” – нақл кард, Тинчитик.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Тинчитик бо чашмони худ дид, ки муҳоҷирон ҳафтаву рӯзҳо дар чӣ шароите нигаҳдорӣ мешаванду муносибат бо онҳо чӣ гуна аст.
“Бо муҳоҷирон мисли одам муносибат намекунанд. Агар бемор шавӣ ва дору пурсӣ, намедиҳнд. Таҳқиру латукӯб мекунанд. Баъди аз он ҷо омадан ман бо як марде сӯҳбати видеоӣ доштам. Ӯ гуфт, қабурғааш шикастааст. Ӯ инро баъди ташхис фаҳмидааст. Ҷавонеро, ки ҳамроҳ бо мо дар як ҷо буд, хеле сахт заданд. Вай нақл кард, ки якбора 4 нафар бо элетрошокер омада, ӯро латукӯб карданд. Он ҷо агар як нафар эътроз кунад, 40 - 50 нафарро мезаданд.”
Ба нақли ин муҳоҷири қирғиз, дар маркази муҳоҷират, эълонҳои рафтан ба ҷанг овехта, ба муҳоҷирон бар ивази ҷанг мукофоти пулӣ ва пешниҳоди шаҳрвандии Русияро мекунанд.
“Ман ин варақаҳоро ҳатто хондан намехостам, аммо ба ҳар ҳол дидани он одамро ба фикр водор мекунад. Ҳафтаи гузашта ошкоро варақаеро овезон карданд, ки дар он ваъда шудааст, агар 6 моҳ ба ҷанг равӣ 1 миллиону дусад ҳазор рубл мегирӣ. Он ҷо ошкор рақамҳои телефон ҳам навишта шуда буд,”-нақл кард ин муҳоҷири қирғиз.
Ин эълонҳо бетаъсир намондаанд ва ба гуфтаи Тинчитик бархе аз муҳоҷирони узбеку қирғиз ва тоҷик бо Вазорати мудофиа қарордод баста, аз боздоштгоҳ рост ба майдони ҷанг рафтаанд. Ҳадафи аслии онҳо ба даст овардани пули зиёд ва баргардонидани қарзҳояшон буд.
“Дар як ҳуҷраи боздоштгоҳ бо ман узбекҳо буданд, Як қирғиз ҳам бо онҳо буд. Ӯ гуфт, ки аз як ширкати карздиҳӣ 30 ҳазор рубл қарздор аст ва агар қарордодро имзо кунад метавонад қарзашро баргардонад. Бачаҳо хостанд ӯро аз роҳаш гардонданд, гӯш накард. Мо ба ӯ гуфтем, саросема нашав, барои онҳо фарқе надорад, агар имзо кунӣ, зуд туро мебаранд."
Тинчитик шод аст, ки нарафт ва ба ин ваъдаҳо дода нашуд. Ӯ тамоми ин солҳо дар Русия барои пешбурди зиндагии хонавода кор мекард, ҳоло талош дорад зиндгияшро дар Қирғизистон бисозад.
Ҷалби иҷбории муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанг борҳо садо додааст. Ҳукуматҳои чанд кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳрвандонашон дар Русия ҳушдор доданд, ки дар сурати ба ҷанги зидди Украина рафтан барои зархаридӣ зиндонӣ мешаванд.
Русия, ки моҳи феврали соли 2021 ба Украина ҳамла кард, талафоти зиёд додааст. Бештар аз 100 ҳазор сарбозу афсари Русия дар ин ҷанг куштаву захмӣ шудаанд. Ҳоло зоҳиран ин кишвар талош дорад, бо ҳар роҳе сафи артишро пур кунад.
"Амрико дар фикри додани мушакҳои дурпарвоз ба Украина аст"
Кохи сафед пушти дарҳои баста имкони ирсоли мушакҳои дурпарвози навъи ATACMS-ро ба Украина баррасӣ дорад. Дар ин бора нашрияи New York Times бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манобеи нашрия, гап дар бораи ирсоли чанд мушаки идорашавандаи навъи "замин-замин" меравад, ки дар захираи неруҳои мудофиаи ИМА қарор доранд.
Бо ин вуҷуд, Пентагон мегӯяд, айни замон Украина ба мушакҳои дурпарвоз ниёз надорад. Ба илова, мушакҳои амрикоии ATACMS нисбатан калонҳаҷм нестанд ва ин навъи мушакҳо дар нимҷазираи Куриё ҷойгир шудаанд.
Киев аз чандест, ки талош дорад, соҳиби мушакҳои дурпарвоз шавад. Парвози ATACMS наздики 300 км-ро ташкил медиҳад. Мақомоти Украина мегӯянд, мушакҳои ATACMS ба артиши Украина имкон медиҳанд, ки ба ақибгоҳи неруҳои Русия зарба зада шавад. Аз ҷумла ба Қрими ғасбшуда, ки Русия аз он ҳамчун пойгоҳи партоби бесарнишинҳо истифода мебарад, навиштааст нашрия.
Пештар аз ин Вашингтон ирсоли мушакҳои ATACMS-ро ба Украина қатъиян рад мекард. Вашингтон мегуфт, Украина метавонад ба ҳудуди Русия зарба занад ва ин боиси шиддат гирифтани ҷанг хоҳад шуд.
Дар саммити НАТО дар Вилнюс дирӯз Фаронса ба Украина ваъдаи ирсоли мушакҳои навъи SCALP-ро дод. Ин мушакҳо 250 км парвоз мекунанд. Дар сурати таҷдиди мушакҳо онҳо метавонанд, то 500 км парвоз кунанд. Ба навиштаи Reuters, қисме аз мушакҳои ваъдакардаи Фаронса аллакай дар Украина ҳастанд.
Кишварҳои ғарбӣ аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина, ба Киев миллиардҳо доллар кӯмак кардаанд. Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш ваъда додаанд, ки то вақти ғалабаи Украина ирсоли муҳимоти низомиро ба ин кишвар идома медиҳанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ахиран шикоят кард, ки кишварҳои ғарбӣ дар фиристодани аслиҳа таъхир мекунанд.
Як қадам то марг. Нерӯҳои Русия деҳаҳои Украинаро минакорӣ кардаанд. ВИДЕО
Нерӯҳои Украина, ки деҳаи Нескучне дар вилояти Донетскро аз дасти сарбозони Русия озод кардаанд, онҷоро саропо минакоришуда ёфтанд. Деҳоти минакоришуда аз як тараф ва камингоҳу истеҳкомҳои сахти нерӯҳои Русия аз тарафи дигар ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина ва пешравии онҳоро душвор кардааст. Сарбозони украинӣ ҳам мегӯянд, онгуна ки мардум фикр мекунанд, пешравӣ дар ҷанг ба осонӣ муяссар намешавад.
Хатари пинҳону ноаён пешравии нерӯҳои Украинаро суст кардааст. Рустои Нескучнеро нерӯҳои украинӣ чанде пеш озод карданд, вале қабл аз ақибнишинӣ, сарбозони рус дар деҳа аслиҳаи кушанда кишт кардаанд.
Дмитро, сарбози украинӣ мегӯяд, "дар тамоми кӯчаҳо мина гузоштаанд. Вақте вориди деҳа шудем, даромадгоҳи онро ҳам минагузорӣ кардаанд. Бо поям канор зада, ҳаракат кардем.”
Чунин вазъ сарбозони украиниро водор мекунад, ки бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, то ба мина барнахӯранд. Андрей Кузаков, хабарнигори телевизиони "Настояшее Время" ҳам шоҳид шуд, ки нерӯҳои Русия ба хотири суст кардани пешравии артиши Украина маҳаллаҳоро минакорӣ кардаанд. Артиши Русия минаҳои зиёде гузоштаанд, ки минаи зидди нерӯҳои пиёданизом ва минаҳои зидди тонк аз ҷумлаи он мебошад.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ба гуруҳе аз сарбозони украинӣ муяссар шудааст, ки қисме аз минаҳоро барчинанд.
Дмитро, сарбози украинӣ гуфт, "ин мина пой ва дигар аъзои баданро пора мекунад. Ҳамаҷоро пора мекунад, аз ҷумла олоти ҷинсии инсонро. Ҳар як сарбоз бояд усулҳои оддитарини кори миначинҳоро донад. Чӣ гуна ҷустуҷу кардану ёфтанашонро. Ин корро ман худам омӯхтам."
Сарбозони рус ҳатто дар дохили биноҳо мина гузоштаанд. Валерий, сарбози дигар аз Украина ба хабарнигори Настояшее время минаро нишон дода мегӯяд, "детонатори ин мина омода аст. Сарбозони Русия онро гузоштаанд, то мо наздик биёем ва он битаркад."
Истеҳкомҳои сахт дар камингоҳҳои нерӯҳои Русия ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украинаро душвор кардаанд. Ба сарбозони украинӣ се рӯз лозим шудааст, то як камингоҳи русҳоро бигиранд. Ба ин хотир Валерий, сарбози украини мегӯяд, ҳамлаи ҷавобӣ онгуна, ки одамон фикр мекунанд осон нест. "Бояд барои ҳар русто биҷангед. Барои ҳамин фикр накунед, ки ин кори содда аст, вале мо мекӯшем, ҳарчӣ зудтар ин корро ба анҷом расонем."
Мақомоти Украина рӯзи 7-уми июл гузориш доданд, ки дар атрофи шаҳри Бахмут бештар аз як километр пешравӣ доштаанд ва барои пешравии бештар саъй доранд.
Украина моҳи июн аз ҳамлаи ҷавобӣ хабар дод ва дар рӯзҳои аввал 8 минтақаи аҳолинишинро аз низомиёни Русия бозпас гирифтанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар ирсоли аслиҳа ба кишвараш таъхир карданд ва имкон дод, ки неруҳои Русия барои муқовимат ба ҳамлаҳои ҷавобӣ омодагӣ бигиранд.
Гуфтугӯ