Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба падару модараш дар Русия гуфтаанд, ки духтари шумо намегузарад"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Ҳавопаймоҳои самти Русия - Тоҷикистон моҳҳои ахир пур аз мусофирони хурдсолу наврас буд. Агар қисме барои таътилгузаронӣ омаданд, гурӯҳи дигарро, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, падару модарони муҳоҷир ночор ба ватан баргардонанд.

Чанд моҳ қабл як навраси тоҷикро тоҷикро пас аз се соли таҳсил аз мактабе дар Маскав берун карданд. Дар санаде, ки ба ӯ додаанд, сабаб кӯчидани волидони хонанда ба Тоҷикистон гуфта шудааст. Вале ба иддаои Аҳлия, яке аз хешовандони наврас, онҳо ба ҷое накӯчида буданд.

Аҳлия рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳолатро чунин нақл кард: “Дар асл чунин набуд, падару модараш дар он ҷо кор мекунанд, вале санад ҳамин хел пешниҳод кардаанд, ки ҷойи зист иваз шудааст. Аз мактаб берун карданд ва маҷбур шудем, ки кӯдакро ба ин ҷо биёрем ин ҷо таҳсилро давом доду имтиҳон супорид. Ба падару модараш дар Русия гуфтаанд, ки духтари шумо намегузарад аз имтиҳон ва беҳтараш пештарак ӯро фиристем. Дигар солҳо мегузашт, аммо ҳамин сол, ҳамин хел гуфтанд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо ин ҳолат сабаб шуд, ки наврас як муддат аз волидон дур шавад ва дар Тоҷикистон таҳсил кунад. Маҳдудият ва қоидаву қонунҳои нав, махсусан сахттар шудани тартиби қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия, мисли ин наврас даҳҳо нафарро аз ҳаққи таҳсил дар канори падар ё модар маҳрум кард.

Ҳоло бояд бачаҳои муҳоҷирон барои таҳсил дар ин кишвар аз забони русӣ имтиҳони ҳатмӣ супоранд ва қонунӣ будани иқомати худро дар Русия соби намоянд. Моҳи августи имсол мақомоти Русия гуфтанд, теъдоди фарзандони муҳоҷирони корӣ, ки ба мактабҳои ибтидоӣ ва миёна қабул шуданд, назар ба гузашта бисёр кам аст.

Тағйироти нав нақшаи зиндагии Гулсара, мусоҳиби мо аз Бадахшонро ҳам дигар кард. Ду сол пеш ӯ бо ҳадафи пайвастан бо шавҳараш кӯдаконро гирифта, ба назди ӯ рафта буд. Имсол фарзандаш ба синфи як қабул нашуд ва маҷбур баргашт.

“Сабти иқоматам дар дигар ҷой буд ва худам дар ҷойи дигар зиндагӣ мекардам ва гуфтанд, бояд кӯдак русиро хуб бидонаду бифаҳмад. Қабул накарданд. Ростӣ гирифтам овардам кӯдаконро ин ҷо яке ба боғча мераваду дигари мактаб мехонад. Мехостам дар назди шавҳарам бошам, кӯдаконам бо мо бошанд. Ҳоло фикр дорам ин ҷо русиро омӯзонаму баъд барам.”гуфт вай.


Ба гуфтаи масъулин раванди рафту бозгашти фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои кишвар дар маҷмӯъ дар чанд соли ахир бештар шудааст. 70 дар сади онҳое, ки барои идомаи таҳсил дар Тоҷикистон ба вазорати маориф муроҷиат кардаанд, афродеянд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекардаанд. Масъулини вазорат инро як ҳолати табии раванди муҳоҷират меноманд, аммо мегӯянд барои бартараф кардани монеаҳо талош доранд.

Хуршед Давлатализода, сухангӯйи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт:

“Ҳудудан аз моҳи январ инҷониб аз тамоми давлатҳо ба он хонандагоне, ки ба вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат карданд, зиёда аз 5 ҳазору сесад хулоса барои идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар дода шудааст. Аз ин миқдор 70 дар садро онҳое ташкил медиҳанд, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар асоси хулосае, ки аз Вазорати маориф ба онҳо дода мешавад, бе ягон монеа онҳо метавонанд таҳсилро дар кишвар идома диҳанд.”

Мушкили таҳсил ва вуруд ба Русияро донишҷӯёни тоҷик ҳам доранд. Ба иттилои расмӣ дар 9 моҳи ахир 50 донишҷӯ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар муроҷиат кардаанд. Қарор аст гурӯҳе аз Тоҷикистон барои ҳаллу баррасии ин масъала ба Русия сафар кунад.

Хуршед Давлатализода, сухангӯйи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон:

“Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик як гурӯҳи корӣ аз ҷумла намояндаи вазорати маорифи Тоҷикистон ба Русия сафар карда, барои ҳаллу баррасии ҳамин масъала бо масъулони самти маорифи Русия нишасти махсус дошта бошанд. Он ҷо дар назар аст, ин масъала баррасӣ шавад, ки донишҷӯёне, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё фарзандони муҳоҷирон ҳангоми идомаи таҳсил ё таҳсил дар Донишгоҳ ба монеа дучор нашаванд. Зеро аксари он донишҷӯёне, ки гашта ба ватан меоянд, ҳолат ё мушкили бозгашти онҳо муайян нест, сабаб шарҳ дода намешавад. Донишҷӯён вақте аз таътил гашта, ба Русия мераванд ё ба донишгоҳ роҳ намеёбанд ё марзро гузашта наметавонанд.”

Пешниҳоди баъзе имтиёзу сабукиҳо аз сӯйи Русия барои ҷалби муҳоҷирон ба ин кишвар, дар солҳои пештар, сабаб шуд, ки муҳоҷирати оилавӣ аз Тоҷикистон бештар шавад. Муҳоҷирони зиёде барои пайвастан бо оилаҳои худ фарзандонашонро ба он кишвар бурда бурданд. Коршиносон ин равандро барои тарбияву ояндаи фарзандони муҳоҷирон мусбат арзёбӣ мекарданд. Аммо маҳдудиятҳои шадиди солҳои ахир онҳоро водор кард, ё пурра бо хонаводаҳои худбаргарданд ё пароканда шаванд.

“Мо чанд соли ахир таъкид мекунем, ки ҷавонҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, ҳатман бо оила ва фарзандон раванд, то оила тақсим нашавад. Солҳои ахир чунин ҳам шуда буд, кӯдакон дар мактаб мехонданд. Ин хеле хуб аст. Дар Тоҷикистон акнун як тренди муҳоҷирати оилавӣ сар шуда буд, акнун баръакс шуд. Ман фикр мекунам кӯдаконро аз оила ҷудо кардан лозим нест. Он кӯдакҳое, ки дар Русия буданд баргашта биёянд дар тарбияи бобову бибиҳо мемонанд, ки барои тарбияи кӯдакон чандон хуб нест. Ин проблема дар мо буд. Ман фикр мекунам ин муваққатӣ аст ва дар Русия онҳое пайдо хоҳанд шуд, ки ба ин хотима мегузоранд.”- гуфт, Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират.

Ба гуфтаи коршинос, қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Русия ва омӯзонидани забони русӣ ба онҳо ба манфиати худи ин кишвар аст. Шумори дақиқи оилаву фарзандони муҳоҷирони бозгаштаи ба ватан маълум нест, аммо бино ба иттилои расмӣ то моҳи сентябри соли 2024 дар маҷмӯъ тақрибан 550 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG