Ҷанги Украина
"Вагнер ташкил намекунем." Зиндониёнро дар Украина ба ҷанг мебаранд?
Андрей Сожонтсев, тоҷири зиндонии маводи мухаддир дар Украина, пешниҳод кардааст, ки ба ҷойи нишастан дар маҳбас, беҳтар аст, қонунро тағйир диҳанд ва онҳоро ба ҷанги зидди Русия баранд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шароите иҷозаи вурудро ба зиндони Житомир дар Украина дарёфт кард, ки порлумони ин кишвар роҳҳои қонунии ҷалби маҳбусонро ба ҷанг баррасӣ мекунанд. Вазорати Адлияи Украина гуфтааст, дар ин кишвар гурӯҳи шабеҳи зархаридони “Вагнер”-и Русия ташкил нахоҳад шуд.
Аз зиндони рақами чори Житомир то Киев ду соат роҳ аст. Дар зиндон маҳбусонеро, ки ба мисли Андрей Сожонтсев ҷиноятҳои вазнин кардаанд, нигаҳ медоранд. Ӯ ҳашт сол боз барои қочоқи маводи мухаддир паси панҷара нишастааст, вале ҳоло умед дорад, ки дар ивази пайвастан ба артиш ва ҷанг ба зидди Русия раҳо мешавад.
Ӯ гуфт: "Ман ватанамро дӯст медорам. Муддати дароз 12 сол дар хориҷа зиндагӣ карда будам. Имкони дар кишварҳои аврупоӣ монданро доштам. Ин сарзамини ман аст. Ҳамеша мехостам баргардам.”
Гурӯҳи "Вагнер" дар Русия ҳазорон зиндонӣ, аз ҷумла гунаҳкоронро ба қатлу таҷовуз ба ҷанги Украина ҷалб кардааст. Мақомоти Украина мегӯянд, тарҳеро, ки пешниҳод кардаанд, иҷоза намедиҳад, ҷинояткорони ашаддӣ ба ҷанг ҷалб шаванд.
Олена Висотская, муовини вазири адлияи Украина, гуфт: “Мо дар инҷо "Вагнер" ташкил намекунем. Вақте мо дар бораи “сафарбар кардани маҳбусон ба ҷанг” суҳбат мекунем, ин чиз пеши назар меояд, ки ба ҷинояткорони хатарнок автомат медиҳем. Манзури мо ин нест.”
“Баъзеҳо қасдан ҷиноят содир мекунанд ва бархе иштибоҳан. Мисол, садама дар роҳ. Ронандаи маст пиёдагардро пахш мекунад. Ӯ, албатта, хук ва гунаҳкор аст. Даҳ сол зиндонӣ шудааст, вале ӯ қасдан ҷиноят накардааст. Агар мехоҳад ислоҳ шавад, чаро бояд дар зиндон нигаҳдорӣ шавад?” – мегӯяд ҳуқуқдон Руслан Сушко.
Ҷалби маҳбусон ба ҷанг дар Украина ҳанӯз баҳс мешавад ва маълум нест, ки аз 46 ҳазор зиндонӣ чанд нафари онҳо хоҳиши пайвастан ба артишро доранд.
Дар ҳоле ки Украина пас аз ду соли ҷанги хастакунанда бо Русия мехоҳад сафи артишашро такмил кунад, Сожонтсев умедвор аст, дар ниҳоят ба ҷанг сафарбар мешавад.
“Агар ба ҷои нишастан дар зиндон имкони қарордод бастан мешуд, ба ҷанг мерафтам. Аз инҷо нишастани ман чӣ фоида? Метавонам дар ҷанг бошам,” – гуфт Андрей Сожонтсев.
Тарҳи ҷалби зиндониён ба ҷанг дар Украина дар баррасии аввал дар порлумон қабул шуда, ҳанӯз санаи тасвиби қонун ва шакли комили он ниҳоӣ нашудааст.
Украина ва Русия ҷасадҳои низомиёнро иваз карданд
Ҷасади 99 низомии украинӣ, ки дар ҳудуди Донетск, Запароже ва Харков меҷангиданд ба ин кишвар баргардонда шуданд.
Дар ин бора Ситоди ҳамоҳангсоз оид ба асирони украинӣ хабар дод. Сарбозони кушташуда дар доираи табодули навбатии ҷасадҳо байни Украина ва Русия иваз карда шуданд.
Нерӯҳои мусаллаҳӣ Украина ҷасадҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар супурда, пас аз ташхису шиносоӣ онҳоро барои дафн ба хонаводаҳо медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, вакили Думаи давлатии Русия аз интиқоли 23 низомии кушташуда ба Русия хабар додааст. Аз ин пеш Украина ҷасади 121 ва Русия 29 сарбози худро баргардонида буданд.
Зеленский: Русия ба басеҷи нав омодагӣ мебинад
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, Русия барои басеҷи 300 ҳазор низомии иловагӣ ба артиши худ то 1-уми июни имсол омодагӣ мебинад.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Александр Стубб, ки дар доираи як сафар рӯзи чаҳоршанбе аз Киев боздид кард, баён дошт.
Зеленский дақиқ нагуфт, ки дар Русия басеҷи нав эълом мешавад ё ин 300 ҳазор нафар тавассути роҳҳои дигар ба артиши он кишвар ҷалб хоҳанд шуд.
Бори аввал дар Русия моҳи сентябри соли 2022 ба истилоҳ сафарбаркунӣ ё басеҷ ба артиш эълон шуда, дар ҷараёни он, бино ба маълумоти расмӣ, 300 ҳазор кас ба артиш ҷалб гардида буданд.
Вазорати дифои Русия 3-юми апрел ҳисобот дод, ки аз аввали соли равон беш аз 100 ҳазор кас дар асоси қарордод ба артиши ин кишвар ҷалб шудааст.
Ҳамчунин мавсими даъвати баҳорӣ дар Русия оғоз шуда, қарор аст, дар ҷараёни он 150 ҳазор сарбоз ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шавад.
Мақомоти Русия омодагиҳоро ба басеҷи нав рад мекунанд.
Солгарди куштори дастҷамъӣ дар Бучаи Украина
Бо гузашти ду сол аз куштори ваҳшатбор дар шаҳраки Бучаи Украина сокинон ҳанӯз ҳам саъй доранд ҳувияти қурбониёнро маълум кунанд. Ба қавли мақомоти Украина, нерӯҳои Русия дар рӯзҳои аввали таҷовуз ба хоки кишварашон садҳо мардуми бегуноҳро дар Буча куштанд.
НАТО мустақим вориди ҷанг бо Русия мешавад?
Маскав кишварҳои ғарбиро, ки ба Украина дар муқобили Русия кӯмак мекунанд ва ба он силоҳу муҳимоти ҷангӣ медиҳанд, ба он айбдор мекунад, ки ғайримустақим вориди ҷанг бо Русия шудаанд.
Ҷанг дар Украина, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз шуда буд, тӯл мекашад ва ихтилоф миёни Ғарб ва Русия низ афзоиш меёбад.
Чанд вақти ахир аз забони бархе раҳбарони кишварҳои ғарбӣ пешниҳоди ширкати мустақим дар ҷанги Украина садо медиҳад. Охири моҳи феврал, Эммануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт, фиристодани нерӯҳои НАТО ба Украинаро сарфи назар намекунад. Мэт Шумейкер, афсари собиқи Хадамоти иктишофии Амрико мегӯяд, изҳороти Макрон барои боздоштани Путин аз идомаи ҷанг садо додааст.
“Ӯ мехост ба Русия паём бидиҳад ва онҳоро маҷбур кунад, ки дар фикри муҳофизати худ бошанд, чун НАТО воқеан метавонад дахолат кунад. Аммо азбаски президент Макрон гуфтани ин ҳарфро бо ҳамтоёнаш дар НАТО аз пеш мувофиқа накарда буд, онҳоро сардаргум кард,”—гуфт Мэт Шумейкер, афсари собиқи Хадамоти иктишофии Амрико.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Аммо Син Стейнберг, корманди маркази таҳқиқотии “Soufan Center” мегӯяд, аллакай НАТО вориди амал шудааст. “Зоҳиран ин воқеият аст, ки мушовирони НАТО ё ҳадди ақал мушовирон аз кишварҳои узви НАТО ба нерӯҳои вижа дар хоки Украина машварат медиҳанд. Аммо ман фикр мекунам, ки як хати сурхи бузург вуҷуд дорад, ки мушовирони низомии НАТО ва ИМА-ро аз ворид шудан ба ҷанги рӯйрост бозмедорад,”—афзуд Стейнберг.
Роберт Мюрретт, адмирали бознишаста ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи амниятӣ дар донишгоҳи Сиракуз мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ дар саросари ҷаҳон ҳузур доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо вориди ҷанг ҳастанд. "Дар сафоратҳои ИМА дар ҳар кишвари дунё теъдоде аз сарбозони амниятии мо барои ҳифзи амнияти мо фаъолият мекунанд. Воқеан, ба миқдори кам, вале дар ҳақиқат теъдоде аз онҳо дар Украина ҳам хидмат доранд,”—гуфт ӯ.
Руслан Бортник, раҳбари Пажӯҳишгоҳи сиёсӣ дар Украина мегӯяд, ҷойгир кардани нерӯҳои НАТО дар Украина ногузир аст. Чун ба қавли ӯ, "Русия хеле аз Украина бузургтар аст ва агар сарбозони хориҷӣ вориди майдон нашаванд, ба Украина хатари бохтани ин ҷанг таҳдид мекунад.”
Бортник бар ин бовар аст, ки НАТО ҳамчун як созмони низомӣ вориди ҷанг намешавад, вале кишварҳое узви ин созмон, мисли Фаронса, Лаҳистон, Ҳоланд, Швейтсария, Норвегия, Дания ва кишварҳои соҳили Балтик дар алоҳидагӣ метавонанд вориди ҷанг бо Русия шаванд.
Русия бо 45 бесарнишини "Шоҳид" ба Украина ҳамла кард
Шаби 11-уми феврал чанд минтақаи Украина мавриди ҳамлаи бесарнишинҳои “Шоҳид”-и Русия қарор гирифт. Бесарнишинҳо ба Киев ва минтақаҳои ҷанубу марказии Украина зарба заданд.
Ба иттилои Нерӯҳои ҳавоии Украина, аз 45 бесарнишин, 40 тои он нобуд карда шудааст. Амалиёт 5 соат давом кардааст. Дар ҳукумати шаҳри Киев гуфтанд, ҳамаи онҳо дар масофаи наздик ба пойтахти Украина сарнагун шуданд.
Ба гуфтаи мақомот дар Николаев дар натиҷаи бархурди як бесарнишин ба иншооти саноатӣ сӯхтор сар зада, дар пай биноҳои истиқоматии канори он ҳам осеб дидаанд. Як нафар ҷароҳат бардоштааст. Дар сӯхтори дигар дар вилояти Днепропетроск ҳам як кас захмӣ шудааст.
Русия ҳар шаб бо бесарнишинҳои навъи “Шаҳед” ва баъзан бо мушакҳо ба Украина зарба мезанад. Шаби шанбе дар пайи ҳамлаи се бесарнишин ба як нуқтаи сӯзишворӣ дар Харков 10 манзили истиқоматӣ оташ гирифта, 7 нафар, аз ҷумла се кӯдак кушта шудаанд.
Маҳбуси украинӣ дар Русия гуфт, пайваста таҳқиру шиканҷа мешавад
Александр Марченко, шаҳрванди Украина, ки дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст, дар боздошт пайваста, мавриди таҳқир қарор доштааст. Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи «Первый отдел» бо истинод ба номаи ин маҳбус хабар додааст.
Марченкои 53 сола, соли 2018 дар минтақаи Донетски таҳти назорати ҷудоиталабони ҷонибдори Русия боздошт шуда буд. Ӯ ба ин ҷо барои ҷустуҷӯи мошин дуздидашудаи худ омада аз сӯйи кормандони ниҳодҳои вижа дар Донетск шуд. Соли 2020 додгоҳи Краснодар, Александр Марченкоро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба талоши рабудани қисмҳои системаи зиддиҳавоии С-300 ва интиқоли он ба Украина айбдор карданд.
Бино ба хабари созмони ҳуқуқии “Первый отдел” ӯ аз лаҳзаи боздошт мавриди таҳқиру шиканҷа қарор дорад. Дар Боздоштгоҳи муваққатии Русия ба ӯ доруҳои зарурӣ ва иҷозаи мулоқот бо наздиконашро намедодаанд. Дар маҳбаси Бурятӣ, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ вай пайваста муҷозот мешудааст.
Дар давоми ду сол, шаҳрванди украина 85 шабонарӯзро дар ШИЗО ё утоқи ҷаримавӣ, 9 моҳро дар маҳбаси низомаш сахту шаш моҳи дигарро дар утоқи якнафара бо шароити сангин сипарӣ кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ иддао доранд, ки баъди оғози ҷанги Русия алайҳи Украина, вазъи маҳбуси Украинӣ дар Русия боз ҳам бадтар шуда, таҳқир нисбати ӯ афзудааст. Низомиён ӯро маҷбур мекардаанд, ки бо сади баланд “Шараф ба Русия” бигӯяд. Созмони “Мемориал” Александр Марченкоро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардааст.
Кӣ аз ҷанг хаста шуд? Украина ё Русия? ВИДЕО
Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина, ин кишвар асосан бо ёриҳои низомии Ғарб сахт муқовимат мекунад. Азбаски кумакҳои низомиву молӣ ба Киев муаллақ монда ё коҳиш меёбанд, зоҳиран имсол барои Украина сахт хоҳад шуд. Ҳоло вазъ дар саҳнаҳои ҷанг чӣ гуна аст ва дар оянда ба кадом самт ҳаракат мекунад?
Ба ақидаи теъдоде аз низомиёну дипломатҳои ғарбӣ, пешравии Украина дар ҷанг ба ёриҳои беист вобаста хоҳад буд.
Дейвид Петреус, генерали бознишастаи амрикоӣ, гуфт, агар Конгресси Амрико ба Киев 61 миллиард доллари дигар бидиҳад ва Украина аз кишварҳои дигар ҳавопаймоҳои F-16 ва мушаку системаҳои зиддирадарӣ бигирад, ҳавопаймоҳои украинӣ наздик ба ҷабҳаҳои ҷанг парвоз карда метавонанд. Аммо ҳамаи ин, ба қавли Петреус, барои рахнаи хати дифоии Русия дар ҷанубушарқ кофӣ нест.
“Украина бояд як хати мудофиавии азимро бо номи хати Суровикин бишканад. Он гоҳ дар фазо қудрат пайдо мекунад, вале ман бовар надорам, ки теъдоди ҳавопаймоҳои ғарбӣ барои ин кор кофӣ бошад,” – шарҳ дод генерали бознишастаи амрикоӣ.
Ба ақидаи таҳлилгар Ҷон Ҳербст, Русия дар ҷанг пирӯзии томро ба даст намеорад. Фредерик Каган, ки барои Пажӯҳишгоҳи Ҷанг менависад, гуфт, бе мушакҳои ғарбӣ зарбаҳои ҳавоии Русия дар шаҳрҳои Украина ба мисли Киев ва Харков нишонрастар мешаванд ва ҷанг солҳо метавонад идома кунад.
“Дар бадтарин сенария ҳам Украина ба тамом фатҳ намешавад. Украина дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум солҳо ба зидди Шӯравӣ ҷанги партизанӣ бурд. Умедворем кор ба инҷо нарасад," – гуфт Фредерик Каган.
Хаста шудани Русия аз ҷанг метавонад як чизи мусбати дигар барои Украина бошад. Ба иддаои Бритониё, агар талафоти сарбозони Русия ба ҳамин минвол идома кунад, то соли 2025 аз ним миллион нафар мегузарад.
Майкл Кофман, таҳлилгари низомӣ аз Бунёди Сулҳи Байнулмилалии Карнеги, мегӯяд, Русия ба нерӯҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад: "Русия метавонад, ба қадри кофӣ сарбоз ҷамъ кунад, аммо барои чархиши нерӯҳо одам надоранд. Аз ин рӯ, бояд суръати ҷалби сарбозонро ду баробар зиёдтар кунад ё сарбозони иловагӣ даъват кунад.”
Маҷаллаи “Политико” дар Амрико моҳи декабри соли 2023 бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Ҷо Байден навишт, ки Амрико сиёсати кумакрасониро ба Украина ба сиёсати созиши сулҳ бо Русия тағйир медиҳад. Ба қавли таҳлилгар ва раҳбари Бунёди Маршалл Ҳезер Коли, Украина сулҳеро, ки Русия мехоҳад, ҳеч гоҳ қабул намекунад.
“Русия ҳама чизро мехоҳад. Владимир Путин Одессаро шаҳри русӣ меномад. Онҳо мехоҳанд, дар Киев ҳукумати дастнишондае дошта бошанд ва Украина ҳамчун кишвари мустақил вуҷуд надошта бошад," – бовар дорад Ҳезер Коли.
Аммо ҳамаи таҳлилгарон мегӯянд, ҳодисаи ғайриинтизор ба мисли марги ягон раҳбари ҷаҳонӣ, фалокати азими табиӣ ё ҷанги нав метавонад вазъро дар Украина дигар кунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Марги 11 нафар дар пайи мушакборони Русия ба шаҳре дар Донетск
Дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои Русия дар ҳудуди вилояти Донетск 11 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак кушта шудаанд. Бино ба иттилои мақомоти Украинӣ 8 каси дигар захмӣ шудаанд.
Вадим Филашкин, раҳбари маъмурияти низомии вилоят гуфт, низомиёни рус аз таҷҳизоти мушаки С-300 истифода карда, зарбаи аслӣ ба шаҳри Покровск ва деҳаи Ровно равона шудааст. Покровск шаҳре дар қаламрави таҳти назорати Украина ва тақрибан дар 80-километрии шимолу ғарби вилояти Донетск воқеъ аст.
Владимир Зеленский, президенти Украина дар паёми видеоии худ шаби гузашта эълом дошт, ки наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса кор бурда истодаанд. Вай гуфт, ҳамлаи аслӣ ба биноҳои истиқоматӣ равона шудааст ва Русия бояд дарк кунад, ки ягон зарба бе пайёмад нахоҳад монд.
Ҳамчунин нерӯҳои Русия субҳ ба шаҳраки Пивничнии Украина ҳам зарба задаанд. Ба таъкиди президенти ин кишвар, ду бомб ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ афтида, се хона қисман вайрон шудааст ва ду зани солманд ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Гузоришҳо дар бораи ҳамлаи маргбори Русия ба минтақаҳои аҳолинишини Украина баъд аз он нашр шуданд, ки низомиёни Украина, эълон карданд, дар пайи як амалиёт, шабона маркази фармондеҳии Русия дар пойгоҳе, дар нимҷазираи Қримро нобуд карданд.
Русия ва Украина даҳҳо асирро иваз карданд
Украина ва Русия даҳҳо асиронро иваз карданд. Вазорати дифои Русия эълон кард, ки 248 низомии Русия, ки дар Украина ба асорат афтода буданд, раҳо шуданд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Укарина аз бозгашти 230 низомии ин кишвар аз Русия хабар дод.
Аз моҳи августи соли гузашта ин аввалин табодули асирон миёни Русия ва Укрина аст.
Вазорати дифои Русия гуфтааст, даври нави табодули асирон бо миёнаравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом шуд. “Ба низомиёни озодшуда ёрии аввалини тиббӣ ва равонӣ расонда шуд,”-гуфтааст Вазорати дифои Русия.
Дар навбати худ Владимир Зеленский эълон кард, ки миёни низомиёни раҳошудаи Украина сарбозон ва афсарони қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, қушунҳои баҳрӣ ва марзбонӣ буданд. “Бархе аз инҳо дар ҳимояи Мариупол ва Азовстал иштирок доштанд,”-навиштааст раиси ҷумҳури Украина.
Русия ва Украина бори ахир моҳи августи соли 2023 асиронро иваз карда буданд.
"Киштзорҳо аз ҷасад пур шудааст" ВИДЕО
Сарбозони украинӣ дар наздикии деҳаи Кличеевка, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бахмут, нақб канда, ба нерӯҳои Русия муқовимат мекунанд. Аммо онҳо барои расидан ба хати аввали ҷанг ҳар рӯз роҳҳои душворгузару минакоришударо тай мекунанд.
Сергей, сарбози украинӣ, мегӯяд, "ба мавзеъҳои мо бисёр ҳамла мекунанд. Барои нерӯҳои пиёдагарди мо мушкил аст, вале бачаҳо то ҳадди имкон истодагарӣ мекунанд. Бахусус дар даруни лою гил."
"Бояд аслиҳаро се километр дар даруни ҳамин гил бо худ барӣ. Нерӯҳои Русия шабу рӯз ва беохир ҳамла мекунанд. Новобаста аз вазъи ҳаво ва лойу гил меоянд. Киштзорҳо аз ҷасади онҳо пур шудааст," – афзуд ӯ.
Дар баъзе аз минтақаҳо фақат пиёда бояд равед. Ҷое нест, ки аз ҳамлаҳои ҳавоӣ паноҳ баред.
Роман, сарбози украинӣ, мегӯяд, “агар дар ҷое истоданӣ ҳастед, бояд наздик ба хандақ бошед. Ҳатто агар хаста шуда бошед, бояд дар хандақ паноҳ баред. Онҷо, ки тӯр дорад, шуморо намебинанд ва дар хандақ аз тир эмин мемонед. Агар дар роҳи ҳамвор бошӣ, бояд ҳарчӣ зудтар аз он гузарӣ.”
“Инҷоро бо бухории қадимӣ гарм мекунем, ҳаминҷо мехобем. Шамъҳои махсус барои нақб дорем, ки инҷо мемонем. Инҷо балони газ аст. Бо газ ҳам метавонем, гарм кунем. Хандақро ба сахтӣ меканем, вале ба ҳар сурат меканем. Гоҳо ҳангоми кандани замин ҷарақа мепарад,” – нақл кард Сергей, сарбози украинӣ.
Дар ҳоле ки Украина мунтазири кумакҳои низомии Ғарб аст, сарбозонаш инҷо барои ҷанги тӯлонӣ омода мешаванд. Ҷанге, ки ҳаракат аз ҳарду тарафи муқобил суст аст.
Ба қавли Роман, сарбози украинӣ, “Худоро шукр, сиҳату саломату зиндаем. Ҳеч кас моро надид, худамон инҷо омадем. Лойу гил ҳаст. Барои онҳо ҳам ҳаракат сахт аст. Ҳамин ҳам ҳадди ақал хурсанд мекунад.”
Видеоро дар инҷо бинед:
NYT: Путин омодаи музокирот барои хатми ҷанг дар Украина аст
Президенти Русия Владимир Путин омодаи гуфтугӯ бо Украина барои қатъи ҷанг дар хати кунунии он ҳаст. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи шанбе хабар дод.
Нашрия дар такя ба манбаҳои худ навиштааст: ду намояндаи баландпояи пешини мақомоти Русия, ки то кунун бо Кремл робита доранд, инчунин афроди расмӣ аз ИМА ва дигар кишварҳо аз фиристодаҳои Путин чунин пешниҳоде гирифтаанд.
Нашрия номи манбаҳои худро ошкор накардааст.
Маскав расман эълон кардааст, ки аз ҳадафҳои амалиёти ба ном махсуси низомӣ, ки Путин онҳоро 24 феврали соли 2022 эълом карда буд, даст накашидааст. Ҳадафҳои Путин ҷудо кардани Донбасс аз Украина ва "денатсификатсия" ё ғайримиллатгароӣ ва ғайринизомӣ эълом шудаанд. Путин бори дигар рӯзи 14 декабри соли ҷорӣ гуфт, ки "ҳадафҳои амалиёти махсуси низомӣ" бе тағйир боқӣ мондаанд.
Ҳамсуҳбатони нашрияи The New York Times гуфтаанд, намояндагони Ғарбӣ аз охири моҳи сентябр борҳо аз Русия паём гирифтаанд, ки Путин омодаи қатъи ҷанг ҳаст.
"Аввал марзу муҳоҷират". Сенат тарҳи ёриро ба Украинаву Исроил напазируфт. ВИДЕО
Вакилони мардумии Амрико тарҳи ҳукуматро барои кумак ба Украинаву Исроил қабул накарданд. Онҳо мегӯянд, ки аввал бояд ба амнияти дохилии Амрико, бахусус муҳофизати марзҳо ва роҳ надодан ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ, аҳамият бидиҳанд, сипас ба мушкилоти хориҷӣ.
“Ҷаласа бояд бо назардошти манфиатҳои миллии Амрико ва додани бартарӣ барои таъмини амният дар сарзаминамон оғоз шавад,” – гуфт Митч МакКоннел, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенат (палатаи болоии Маҷлиси Амрико) рӯзи 6-уми декабр.
Дар тарҳи ҳукумат барои амнияти марзҳои Амрико 20 миллиард доллар, барои кумаки низомӣ ва башардӯстона ба Укриана 60 миллиард доллар ва ба Исроил 14 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Ба ин тарҳ 51 дарсад аъзои Сенат мухолиф баромаданд, ҳама намояндагони ҷумҳурихоҳон ва сенатори мустақил Берни Сандерс. Чак Шумер, сенатор аз Ҳизби демократ, низ зидди тарҳ садо баланд кард.
Тасдиқи тарҳи кумак ба Украина ва Исроил чанд ҳафта боз ба бунбаст дучор шудааст. Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 6-уми декабр ҳушдор дод, ки пирӯзии Русия дар Украина ба Маскав имкон медиҳад, ба кишварҳои дигари узви НАТО ҳамла кунад ва ба ин восита пойи низомиёни амрикоиро ба ҷанг бикашад.
“Агар Путин Украинаро бигирад, ӯ ба ин қонеъ намешавад. Муҳим аст, ки ба ояндаи дур нигоҳ кунем. Вай давом хоҳад дод. Таърих ба онҳое, ки аз ҳифзи озодӣ пушт гардондаанд, баҳо хоҳад дод. Мо набояд ба пирӯзии Путин иҷоза диҳем,” – афзуд ӯ.
Сокинони Киев мегӯянд, аз таъхир дар кумакҳои низомӣ нигарон ҳастанд ва аллакай таъсири онро эҳсос мекунанд. Яке аз онҳо гуфт: “Ба мо лозим аст, ки зудтар ёрӣ расонда шавад, то аз марги низомиёни бештар пешгирӣ кунем. Албатта, мо аз кишварҳое, ки ба мо ёрӣ кардаанд, сипосгузорем, вале дар ин шароит бояд сенаторҳо зудтар розӣ шаванд."
Конгресси Амрико аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 100 милиард доллар кумакро ба Украина тасдиқ кардааст. Владимир Зеленский, президенти Украина, мегӯяд, таъхири расондани ёрӣ ба Украина “таҳдиди бузург” барои ин кишвар аст ва ин заминаи пирӯзии Русияро фароҳам мекунад.
Украина имсол эълон кард, ки аз мавқеи дифоъ ба ҳамлаи ҷавобӣ ба зидди нерӯҳои Русия гузаштааст, вале натавонист нерӯҳои Русияро дар хати пеши ҷабҳа ба ақибнишинӣ водор кунад. Русия ҳамчунон ҳамлаҳои худро ба Украина давом медиҳад.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Русҳо барои мо мина мегузоранд, мо барои онҳо" ВИДЕО
Нерӯҳои ишғолгари Русия дар бисёре аз роҳҳо дар Украина мина гузошта, барои низомиёни он кишвар дарди сар офаридаанд. Аз ҳазорҳо минаи гузоштаи онҳо садҳо ададаш ба ҷони низомиён ва сокинони мулкӣ хатар дорад.
Дар айни замон нерӯҳои Украина дар роҳи ҳарбёини Русия мина мегузоранд, то вазъашонро мушкил гардонанду ҳалақаашонро тангтар кунанд.
Нишонрастарин минаи зидди мошинҳои душман, ба гуфтаи онҳо, магнитӣ ё часпанда будааст. “Вақте танк ё мошини дигар дар рӯйи он пайдо мешавад, метаркад ва зарра-зарраву пора-пора мекунад," мегӯянд онҳо.
Александр, як низомии Украина, гуфт, “мо барои онҳо мина мегузорем, онҳо барои мо. Онҳо дар фикри гумроҳ кардани мо ҳастанд, мо дар фикри гумроҳ кардани онҳо ҳастем. Ба мисли бозии шоҳмот.”
Минакорҳои украинӣ роҳҳои ҳаракати русҳоро мушоҳида мекунанд. Роман аз артиши Украина мегӯяд, "мошинҳои низомии онҳо ҳар рӯз омада, мавқеъҳои моро оташборон мекунанд."
"Мо он ҷо субҳи барвақт, ҳанӯз торик буд, ки рафтем. Минаҳоро дар роҳ гузоштем ва нисфирӯзӣ мошини онҳо аз болои он гузашт ва таркид. Пиёдагардҳои онҳоро хароб кардем. Барои таркидани баъзе аз навъҳои мина расидан ба онҳо шарт нест. Вақте ҳадаф наздик мешавад, аз роҳи сенсор мина метаркад," – идома дод ӯ.
Низомии украинӣ мегӯяд, "мақсади мо куштани одами зиёд не, маҷрӯҳ кардан аст. Ҷараёни берун бурдани захмиён метавонад суръати пешрафти онҳоро дар хоки мо сусттар кунад.”
Созмони Halo Trust мегӯяд, дар хоки Украина садҳо ҳазор мина гузошта шудааст ва барои безарар кардани ҷангалу заминҳои кишоварзӣ даҳҳо сол даркор мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Бобои Шайх" аз Тоҷикистон ва дигарон дар Украина чӣ кор мекунанд? ВИДЕО
То шурӯи ҷанги бедалели Русия дар Украина ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Дар тақрибан ду соли охир қисме аз онҳо аз кишвар берун рафта, иддае ҳанӯз дар онҷо мондаанд. Мардуми Осиёи Марказиро дар Украина чӣ нигоҳ медорад?
Бобои Шайх аз Тоҷикистон
Бобои Шайх (номи мустаор) аз Тоҷикистон ба Украина рафта, ҳар рӯз барои сокинони Харков оши палав мепазад. "Воҳима намекунам - на ҳар кас тоқат мекунад. Панҷ дег аст инҷо. Тасаввур кунед, чӣ қадар гарм аст. Ман рӯза ҳам мегирам. Вақте рӯзадорем, ҳатто об наменӯшем," – нақл кард ӯ.
Бо вуҷуди душвориҳо, Бобои Шайх ёриро ба мардуми Украина муҳим медонад: "Дареғи мардум, бисёр дареғи кӯдакон. Ман ҳамаи инро аз сар гузарондаам. Дар солҳои 90-ум дар мо ҳам ҷанг буд, гуруснагӣ буд, ҳамаи инро дидем."
Ин зодаи Тоҷикистон иддаоро дар бораи нақзи ҳуқуқи мусулмонҳо дар Украина инкор кард. Гуфт, "аз соли 1996 дар Украина ҳастам. Ҳеч гоҳ чунин чизеро нашунидам. Касе барои намозгузорӣ маҳкум накардааст."
Дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳ
Равшанбек Рӯзиматов 54-сола аст. Дар Туркманистон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо калон шудааст. Забони туркманӣ, узбекӣ, русӣ ва украиниро медонад. “18-сола будам, ки маро ба артиш даъват карданд. Ба Украина оварданд. Дар ҷараёни хидмат мардуми инҷоро меҳмоннавоз, хушодоб ва таҳаммулпазир ёфтам,” – мегӯяд ӯ.
Рӯзиматов вакили мудофеъ аст, вале ҳоло дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва дар майдони ҷанг қарор дорад: “Рӯзи аввали ҷангро хуб ба ёд дорам. Дар хона будам. Ман, ҳамсарам фарзандон – ҳама дар хона будем. Садои таркишҳоро шунидем ва он вақт фаҳмидем, ки ҷанг сар шудааст.”
Қонун ба Равшанбек ҳақ медиҳад, ки се фарзанди ноболиғашро гирифта, аз Украина берун равад, аммо мегӯяд, ин корро накард. “Шармандагӣ аст, ки зодгоҳи фарзандони худро гузошта равам. Онҳо дар инҷо ба дунё омадаанд. Ин хиёнат ба фарзандону ҳамсарам мешуд,” -- гуфт ӯ.
Равшанбек Рӯзиматов мегӯяд, ба ӯ бо “симои ғайриславянӣ” зистан дар Украина осон аст: “Аз соли 2006 касе аз ман ҳуҷҷат напурсидааст. Пеш аз он маъмурони милиса тафтиш мекарданд, санад мехостанд. Ҳоло чунин нест.”
Илова ба ин, ба гуфтааш, дар Украина ба пайравони мазҳабҳои гуногун муносибати таҳаммулпазирона доранд: “Озод ба масҷид меравем, ибодат мекунем, ба зиндагӣ идома медиҳем. Ҳеч кас кордор намешавад.”
Майя Верголяс дар шаҳри Дашаузи Туркманистон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаб ба Екатеринбург рафт: “Боре дар Свердловск (номи пешинаи шаҳр – НВ) дар трамвай ҳамватанонро дидам. Бо якдигар ба забони туркманӣ гап задем. Аз пушт зане дод зад, ки “ман забони шуморо намефаҳмам, ба русӣ гап занед.”
Пас аз адои донишгоҳ Верголяс ба Киев рафт ва аз соли 1989 дар Украина ба кору зиндагӣ пардохт. Дар онҷо оила барпо кард, соҳиби фарзанд шуд. Доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи анатомия ва физиологияи инсон аст. Ҳоло ба одамон дар Украина чӣ гуна муҳофизат кардани худро дар вақти ҷанг меомӯзонад.
Вай рӯзи аввали ҳамлаи Русияро ба Украина чунин ба хотир овард: “Писару шавҳарам чизеро баҳс мекарданд. Хоби ман ҳам намеомад. Саҳар, тақрибан соати панҷ, шавҳарам гуфт, ки ҷанг сар шуд. Бовар надоштам, ки ҷанг аст.”
Низомиёни нав
Руслан Маханбеталиев аз Қазоқистон дар Харков зиндагӣ мекунад. Писари калонияш, Рашид, дар ҷабҳа аст.
"Ҳарчанд дар Қазоқистон зода шудааст, Украинаро ҳимоят мекунад. Гуфт, ки падар, шояд ман биравам, биҷангам, Украинаро дифоъ кунем. Мефаҳам, ки мардуми кӯчманчӣ ҳастем. Инҷо ҷанг мешавад, ба ҷойи дигар меравем. Онҷо ҷанг шавад, инҷо меоем. Тамоми умр чунин хоҳад буд? Кӣ муҳофизат хоҳад кард?" – нақл кард ин мард.
Ба қавли падараш, Рашид ба ҷанг ҳамчун сарбози қаторӣ рафт, вале дар ҷараёни ҷанг барои шуҷоат медал гирифту соҳиби рутбаи сержанти хурд шуд. "Ман аз ӯ ва онҳое, ки Украинаро дифоъ мекунанд, фахр мекунам," -- иқрор шуд ӯ.
Ду писари Миродил Юнусов аз Узбекистон низ ба ҷанг рафтаанд. Вай мегӯяд, рӯзи аввали ҷанг бо ваҳшат аз хоб хест. "Мо рафтем, фарзандон монданд. Онҳо рӯзи дигар барои муҳофизати Украина рафтанд," -- ба ёд овард ӯ.
Миродил Юунсов мегӯяд, худаш ҳам мехост, ба ҷабҳа биравад, вале ӯро ба баҳонаи "пирияш" нагирифтанд: “Бисёр душвор буд, вақте писаронам хат наменавиштанду занг намезаданд. Онҳо дар Кременная ҳастанд. Наздики онҷо минакорӣ шудааст. Низомиёнро бо мошинҳои зиреҳпӯш мебаранд. Вақте занг заданд, бисёр хуш шудам," - мегӯяд мард.
Юнусов дар бозори "Барабашово" дар Харков хӯрок мефурӯшад. Ин бозори калонтарин дар Аврупои Шарқист. Артиши Русия дар моҳи марти соли 2022 "Барабашово"-ро тирборон кард ва нуқтаҳои савдо дар паҳлӯи ҷойи кори Миродил оташ гирифтанд. Аммо ӯ ба тайёр кардани оши палав идома медиҳад: "Ман ба нархи бисёр арзон хӯрок медиҳам. Дар вақти ҷанг бояд одамонро дастгирӣ кунем."
Ризокорон
Бародарон Рустам ва Дамир Дарменовҳо қазоқ ҳастанд, вале дар Киев зиндагӣ мекунанд. Пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина тасмим гирифтанд, ки ихтиёрӣ ба мардуму низомиён мадад кунанд.
Маҳалли нахустине, ки бародарон барои кумак рафтанд, Гостомел буд. "Низомиён бисёр буданд. Дар ҳар панҷ метр як посгоҳ буд. Ҳуҷҷатҳо дар назди оинаи мошин меистоданд ва дар ҳар панҷ метр онҳоро нишон медодем," – қисса кард Дамир Дарменов.
Бародарон дар Гостомел палав пӯхта, ба сокинони маҳаллӣ доданд. Сипас тамоми вилояти Киевро гаштанд. Ҷое, ки дар оғози ҷанг аз тарафи нерӯҳои Русия ишғол шуда буд.
Рустам, бародари Дамир, тобистони соли 2022 Донишгоҳи давлатии тиббии Киевро хатм кардааст. Дар оғози соли 2023 тасмим гирифт, ки ба ёрии низомиёни украинӣ бишитобад.
Дамир аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина, ки Маскав онро "ҳимояи аҳолии русзабон" медонад, хашмгин аст. "Мо дар замини худ ҳастем, онҳо ба назди мо омадаанд, вале боз моро фашистӣ меноманд," -- мегӯяд ӯ. Дарменов афзуд, ҳамеша ба забони русӣ гап мезанад, вале дар Украина ягон бор эътирозе нашунидааст.
Волидони серфарзанд
Дар соли 2022 дар Украина 206 ҳазор тифл ба дунё омадааст. Дар нимсолаи аввали 2023 – тақрибан сад ҳазор. Ба сабаби таҷовузи Русия ба Украина занон баъзан зери тиру мушакборон ва гоҳе дар хона ё анборҳо таваллуд мекунанд.
Соҳибкор аз Қирғизистон Ҷамолиддин Қосимов чаҳор фарзанд дорад ва бо оилааш дар Одесса зиндагӣ мекунад. Духтари хурдияш дар замони ҷанги Русия дар Украина ба дунё омадааст: "Вақте ҷанг сар шуд, занам ҳомила буд. Ташвиш доштем, ки чӣ хоҳад шуд. Ба зоишгоҳ роҳ надоданд, дард шабона сар шуд."
Ҷамолиддин даҳ сол боз гӯшти гову гӯсфанд мефурӯшад. "То замони ҷанг вазъ хуб буд, пас аз он дигар шуд. Дар ҳафтаи аввал аслан савдо набуд. Тиҷорат якбора суст шуд." Ҳоло тасдиқ мекунад, ки вазъ рӯ ба беҳбуд овардааст. "Кам-кам субот ҳаст, Худоро шукр, мешавад," – мегӯяд ӯ.
Падари дигар серфарзанд, Кумарбек Раман, молики силсилаи мактабҳост. Ӯ дар Қирғизистон зода ва бузург шудааст. Соли 2018 ба Украина кӯчид. Дар ин кишвар чанд мактабу кӯдакистони хусусӣ кушод. Дар замони ҷанг ҳам кор мекунанд.
Вай се фарзанд дорад. Духтари хурдияш дар Украина ба дунё омадааст. Ӯро Мирослава ном ниҳодаанд, то дар кишвар сулҳу амонӣ бошад.
Филми телевизиони "Настояшее Время" ва тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодиро дар бораи зиндагии тоҷикону қирғизҳо, туркманҳо ва узбекҳо дар Киев, Харков ва Одесса ба забони русӣ бинед:
Дар шарқи вилояти Маскав як бесарнишин нобуд карда шуд.
Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар шаби якшанбе аз ҳамлаи бесарнашин ба шаҳри Богородск пешгирӣ ва бесарнишинҳоро нобуд кардаанд.
Собянин дар шабакаи Телеграм навиштааст дар ин ҳодиса касе зарар надидааст. Вазорати дифои Русия ҳам тасдиқ кардааст, ки “ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд.”
Богородский дар ҳудуди вилояти Маскав воқеъ буда, маркази он шаҳри Ногинск аст. Бархе аз шабакаҳои телеграмии Русия бо нашри аксу наворҳо иддао кардаанд, ки мушакпораҳо ба роҳи мошингард дар деҳаи Монинои шаҳри Старая Купавна афтидаанд. Роҳ муваққатан баста шуд.
Ҳукумати Русия бесарнишинҳои Украинаро айбдор мекунанд. Киев ба ин иддаоҳо вокуниш намекунад. Маълум нест, ки чаро бесарнишин тавре мақомоти Русия иддао доранд, аз шарқ ба сӯйи Маскав парвоз кардааст. Украина дар ҷанубу ғарби пойтахти Русия ҷойгир аст.
Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина дар навбати худ иддао доранд, ки шаби якшанбе дар фазои Украина 15-20 бесарнишини навъи “Шаҳид”-и низомиёни Русияро нобуд карданд. Дар бораи талафот маълумот дода нашудааст.
Ба иттилои маъмурияти шаҳри Киев, дар наздикии пойтахт 10 ҳамлаи ҳавоии Русия нобуд карда шуд. Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Киев як зербино осеб дид. Ҷузъиёти ҳодиса маълум нест.
Бунёд дар Украина асир шуд. Ӯро ба Русия медиҳанд?
Як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон, ки сарбози артиши Русия будааст, дар Украина асир афтодааст.
Навори суҳбати Бунёд Ҷураев, сарбози артиши Русияро рӯзи 15-уми ноябр чанд саҳифаи телеграмии зоҳиран наздик ба мақомоти Украина нашр кардаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ маълум кард, ки Бунёд Ҷураев, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, панҷ соли пеш ҳамроҳ бо падару бародараш ба Русия рафта, мактаби миёнаро онҷо хатм кардааст.
Дар наворе, ки саҳифаи телеграмии “Украина сейчас” нашр кард, Бунёд Ҷураев мегӯяд, ӯ пас аз хатми колеҷи техникиии шаҳри Владивосток ба артиш ҷалб шуд.
Маълум нест, ки видеои суҳбати ӯ дар чӣ шароит сабт шудааст. Бунёд дар ин суҳбаташ мегӯяд, намехост ба ҷанги Украина биравад, вале таҳдид кардаанд, ки ӯро ҳабс мекунанд.
Ба нақли вай, дар ҷанг алайҳи низомиёни Украина дар вилояти Донетск бо шаш ҳамроҳаш ба низомиёни украинӣ таслим шуданд ва ҳоло дар асорат “муносибат бо онҳо хуб аст.”
Дар навори чорунимдақиқаӣ ӯ аксаран бо русӣ суҳбат мекунад, вале дар поён бо забони тоҷикӣ ба тоҷикистониён муроҷиат мекунад, ки “ин ҷанги мо нест ва дар он иштирок накунед.”
Даврон Муҳаммадназаров, як тан аз дӯстони Бунёд гуфт, ду моҳи ахир ӯ бо наздиконаш тамос надошт ва асир шудани ӯро аз навори саҳифаҳои телеграмӣ фаҳмиданд.
“То ҳоло мақомоти Русия ба хешовандонаш дар бораи асир шудани ӯ чизе нагуфтаанд. Ҳоло худашон мурҷоиат карданд, лекин ҷавобе нест,”—гуфт ӯ.
Ба гуфта дӯсташ, Бунёд шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро дорад.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки ин наворро дидаанд ва онро пайгирӣ доранд. Давлат Назрӣ, сафири Тоҷикистон дар Украина рӯзи 17-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони кумак кардан доранд.
“Ба мо касе барои кумак муроҷиат накардааст. Мақомоти Украина ҳам моро хабардор накардаанд. Мо танҳо дар ҳолате кумак карда метавонем, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон бошад,”—гуфт ӯ.
Сарнавишти ин ҷавон маълум нест. Маъмулан, сарбозони асири русро бо сарбозони асири украинаӣ ду ҷониб иваз мекунанд. Наздикони Бунёд Ҷураев мегӯянд, тарс доранд, ки пас аз танқиди артиши Русия ва русҳо дар навори саҳифаҳои телеграмӣ ва бозгашт ба Русия ӯро зиндон накунанд.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 хабари асорат ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина расонаӣ шуд.
Маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ё зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок доранд, вале хабари кушта шудани беш аз 50 тан аз онҳо то кунун расонаӣ шудааст.
Гузориши СММ дар бораи таҷовузгарии сарбозони рус дар Украина
Кумиссиуни ҳуқуқи башари СММ дар гузориши нави худ аз таҷовузи ҷинсии сокинони Украина дар минтақаҳои ишғолшуда аз сӯйи низомиёни рус нигаронӣ кардааст.
Муаллифони гузориш батафсил аз чанд ҳолати дастдарозӣ ба занон дар вилоятҳои Херсон ва Запароже нақл кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, низомиёни рус дар моҳҳои марту июли соли 2022, дар чанд деҳа нисбати сокинони маҳаллӣ чунин амалро раво дидаанд.
Қурбониёни хушунатҳои ҷинсӣ занони аз 16 то 83 сола будаанд. Бино ба гузориши СММ сарбозони рус ба манзили онҳо ворид шуда, бо силоҳ таҳдид мекардаанд, ки назидконашонро мекушанд. Ду мавриди таҷовузи гурӯҳи ошкор шудааст.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки сарбозони рус дар аксар ҳолат бо бераҳмӣ, аз ҷумла бо роҳи шиканҷаву латтукӯб занонро таҷовуз кардаанд. Дар миёни қурбониёни хушунати ҷинсӣ дар Украина, як духтари 16 сола ва зани 83 сола ҳам будаанд.
Дар гузориши Кумиссиюни ҳуқуқи башари СММ аз шаклҳои дигари нақзи ҳуқуқи одамон, аз ҷумла аз қатлу шиканҷа ва боздошту рабудани кӯдакони украинӣ ёдоварӣ шудааст.
Дар матлаб ҳамчунин ба қонуншикании низомиён ва мақомоти Украина ҳам таъкид шудааст.
Ҳанӯз аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар бораи таҷовузи сокинон дар минтақаҳои ишғолшуда хабар дода мешуд. Ҳукумати Украина ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ Русияро ба истифода аз хушунати ҷинсӣ чун як воситаи ҷангӣ айбдор карданд. Моҳи марти имсол хабар дода шуд, ки Додситонии кулли Украина, беш аз 170 парвандаи таҷовуз аз сӯйи низомиёни русро баррасӣ дорад.
Ҳукумати Русия ин иттиҳомро рад мекунад ва дар ин кишвар алайҳи ягон сарбоз ҳам барои таҷовуз дар Украина парванда боз нашудааст.
Хушбахтро, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар Конибодом дафн карданд. ВИДЕО
Дар шимоли Тоҷикистон халабонеро ба хок супурданд, ки ба гуфтаи наздиконаш ба таври қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекард ва дар ҷанги Украина кушта шудааст.
Хушбахт Турсунов аз Конибодом 35 сол дошт.
Падараш, Алиҷон Турсунов, мегӯяд, аз рафтани ӯ ба ҷанг дар Украина огоҳ набуд ва хабари кушта шуданаш онҳоро сахт ошуфта кард.
"Капитан буд. Аз рафтанаш хабар надоштам. Бачаро хуб тарбия карда, нағз хононда, ба воя расонда будам. Ягона ноновари хона буд," – гуфт ӯ рӯзи 9-уми октябр.
Ба нақли пайвандонаш, тамос бо Хушбахт Турсунов дар аввали моҳи августи имсол бурида шуд. Дертар ба онҳо хабар расондаанд, ки ӯ дар Украина ҷон бохт. Ҷасади халабони ҷавонро рӯзи 7-уми октябр дар зодгоҳаш, Конибодом, дафн карданд. Расонаҳои Русия менависанд, Хушбахт дар ҳоле кушта шуд, ки фармондеҳи ӯ Максим Кузминов чархболи ҳарбиро дар Украина фуруд овард, то ба нерӯҳои украинӣ супорад ва барояш ним миллион доллар ҷоизаи пулӣ гирад. Хушбахт ва пилоти дувум аз ин нақшаи Кузминов огоҳ набуданд ва ҳангоми расидан ба Украина таслим нашуданд ва аз тарафи нерӯҳои украин ба ҳалокат расиданд.
Хушбахт Турсунов мактаб-литсейи Конибодомро хатм карда, ба омӯхтани ҳавонавардӣ ба шаҳри Сизрани Русия рафтааст.
"Баъди хатм муддате дар Тоҷикистон зист, вале боз ба Русия баргашт. Чанд вақт ба ҳайси посбон кор кард. Сипас бо шартнома ба артиши Русия пайваст. Албатта, намехостам, ки ба ҷанг равад. Кӣ мехоҳад фарзандаш нобуд шавад?" – мегӯяд Алиҷон Турсунов.
Аҳли ин хонавода мегӯянд, аз кори Хушбахт дар Русия танҳо хушбахтиро мунтазир буданд. Монанди ҳазорон нафаре, ки солҳои охир тақдири худро бо Русия пайвастанд. Акнун дарк мекунанд, ки он умеду орзуҳо хато будаанд.
Хадамоти истихборотии Бритониё мегӯяд, мақомоти Русия аз моҳи майи соли 2023 ба таври фаъол зодагони Осиёи Марказиро ба ҷанг дар Украина ҷалб мекунанд. Ин ҷанг моҳи феврали соли 2022 аз тарафи Русия шуруъ шуд.
Маълум нест, Хушбат Турсунов бо хоҳиши худ ба майдони ҷанг рафтааст ё зери фишори мақомоти Русия. То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба таври қарордодӣ, ваъдаи озодӣ аз зиндон ё дарёфти осони шаҳрвандии Русия ба майдони ҷанг бурда шудаанд.
Хабари марги чандин нафари онҳо расонаӣ шуд, аммо шумораи дақиқе дар даст нест. Ҷониби Тоҷикистон ба ҷуз онки аз шаҳрвандон хостааст, дар “ҷангҳои бегона” ширкат накунанд, дар мавриди даргирӣ дар Украина ва ё иштироки зодагони кишвар дар он паёму иттилои возеҳе надодаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
54 ҳазор зиндонӣ куҷо шуд? Коҳиши рекордӣ дар зиндонҳои Русия
Теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои Русия, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, ба таври рекордӣ ё 54 ҳазор нафар кам шудааст. Ҳоло дар маҳбасҳои ин кишвар 226 ҳазор зиндонӣ адои ҷазо мекардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Всеволод Вуколов, муовини вазири адлияи Русия “даҳ соли пеш шумори онҳое, ки дар дар муассисаҳои ислоҳотӣ нигаҳдорӣ мешуданд ба 700 ҳазор нафар мерасид”
Дақиқ гуфта нашудааст, ки ин коҳишёбӣ кадом давраро дар бар мегирад, аммо бино ба як гузориши сомонаи “Медиазона” камшавии бесобиқаи маҳбусон дар зиндонҳои Русия дар нимаи дуюми соли 2022, баъди сафарбарии дастаҷамъонаи зиндониён ба ҷанг дар Украина оғоз шуд.
Соли гузашта "Медиазона" ошкор карда буд, ки дар моҳҳои сентябр октябр аз зиндонҳои мардонаи Русия, 23 ҳазор нафар ғайб задааст. Дар маҷмӯъ дар соли 2022 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 32 ҳазор маҳбус ва соли 2023 54 ҳазор нафар кам шудааст.
Аз тобистони соли 2022 гурӯҳи низомии “Вагнер”, ба ҷалби маҳбусон ба ҷанг оғоз кард. Раҳбари он, Евгений Пригожин шахсан ба зиндонҳо рафта, бо ваъдаи пул ва раҳоӣ маҳбусонро ба ҷанг дар Украина даъват мекард. Ин гурӯҳ ҳатто онҳоеро ҳам, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, бо ваъда ба сафи худ қабул мекард.
Моҳи сентябри имсол нашрияи “Важние истории” хабар дод, ки собиқ ҷангиёни “Вагнер” аз ҳисоби зиндониёнро ба сафи артиши Русия қабул кардаанд. Моҳи август ҳомии ҳуқуқи маъруф Олга Романова дар сӯҳбат бо лоиҳаи “Можем объяснить” гуфт, ҳоло занони зиндониро ҳам ба ҷанги Украина мебаранд.
Дар зимн, дар зиндонҳои Русия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаҳдорӣ мешаванд ва дар ин муддат даҳҳо мавриди ҷалб ва кушта шудани зодаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҷанги Русия бо Украина расонаӣ шудааст.
Зиндониёни тоҷик дар Русия мегӯянд, даъватҳо барои рафтан ба ҷанг идома дорад. Акнун ин кор аз сӯйи мақомот ва Вазорати дифои Русия сурат мегирад.
То ин дам хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик аз Украина омадааст ва боқимондаҳо ҳам тарс доранд, ки ин сарнавишт ба сари онҳо меояд.
Ахиран гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар як зиндони Русия аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, барои идомаи адои ҷазо онҳоро ба ватан баранд, вагарна ба ҷанг бурда мешаванд.
Русия аз фиристодани муҳоҷирон ба ҷанг даст накашидааст. ВИДЕО
Мақомоти Русия кӯшиши худро барои ҷалби зодагони Осиёи Марказӣ ба ҷанги бедалел дар Украина кам накардаанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, вақтҳои охир ба онҳо телефонӣ шаҳрвандии Русияро пешниҳод доранд.
"Онҳо аз рақами номаълум занг зада, шаҳрвандии Русияро пешниҳод карданд. Пештар чунин набуд. Агар муҳоҷир шаҳрвандиро қабул кунад, ба ҷанг фиристода мешавад," – нақл кард як муҳоҷири қирғиз.
Муҳоҷири дигар аз Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунад, гуфт, ҳафтаи гузашта барояш телефонӣ пешниҳоди гирифтани шаҳрвандиро кардаанд. Ин мард ба шарти фош нашудани номаш ба суҳбат розӣ шуд.
Тафтиши саросарии муҳоҷирон дар Русия аз охири моҳи майи имсол шуруъ шуда, то ҳанӯз поён наёфтааст. Пулис онҳоро аз кӯчаву маҳалли кор ва хонаҳояшон боздошт мекунад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаҳвахонаву масҷидҳо, толорҳои варзишӣ, коргоҳ ва хобгоҳи муҳоҷиронро тафтиш карда, даҳҳо нафари онҳоро бо худ мебаранд.
“Онҳоро даст ба китфи якдигар дар як саф қатор мегузоранд. Марду занро ҳамингуна ҷамъ мекунанд. Гуё ҷинояткорони хатарнокро аз маҳбас берун меоранд. Ҳуқуқи инсон поймол мешавад," – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, ин рафтори пулис бо як ҳадаф анҷом дода мешаванд. Ба зодагони Осиёи Марказӣ рӯйирост пешниҳод мекунанд, ки шартномаи ҳарбиро имзо кунанд. Ва ё бо фиреб онҳоро ба ин кор водор менамоянд.
Як муҳоҷир аз Узбекистон гуфт, “дар даромадгоҳи марказе, ки мо патент мегирем, пурсиданд, ки оё мехоҳед ба ҷанг равед? Мо ба шумо шаҳрвандии Русияро медиҳем. Ман гуфтам, ки не!”
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 дар Русия басеҷ ё сафарбарии нисбиро эълон кард. Дар пайи он садҳо ҳазор шаҳрванди Русия ин кишварро тарк карданд. Ҳоло Кремл барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг аз усулҳои гуногуни фишор истифода мекунад.
Як муҳоҷир аз Қирғизистон гуфт, "масалан, ветнамиҳо ва чиниҳо низ хастанд. Онҳо мисли қирғизҳо, узбекҳо ва тоҷикон, ки давлату ҳукумати заиф доранд, зери фишор қарор намегиранд. Муҳоҷироне, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ҳангоми мушкилӣ маҷбур мешаванд, шиноснома гиранд. Ҷанг дар як-ду соли наздик тамом намешавад. Баъд аз гирифтани шиноснома имкони ба ҷанг фиристодани онҳо вуҷуд дорад.”
Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ҳар давъватшудаи панҷум баъди камтар аз ду моҳи сафарбарӣ ба ҷанг ҳалок шудааст. Бино бар гузоришҳо, зодагони Осиёи Марказӣ ба хатти аввали ҷанг фиристода мешаванд.
Муҳоҷири қирғиз мегӯяд, “ба боррасонӣ машғулам. Вақте як мототсиклро ба ҷавоне бурдам, ӯ нақл кард, ки як сол дар ҷанг буд. Аз ӯ пурсидам, ки оё дар он ҷойҳо бо шумо қирғизҳову узбекҳо ва тоҷикҳо буданд? Гуфт, ки не, танҳо русҳо будем. Моро ба он минтақаҳое, ки ҷангҳои шадид ҷараён дорад, намефиристанд. Ӯ дар маркази ҷанг набуд. Сиёсати мақомоти рус чунин аст. Ба он ҷо пеш аз ҳама бурятҳо ва муҳоҷиронеро мефиристанд, ки шиносномаи русӣ доранд.”
Ҳукумати Русия эълон кард, ки аллакай сесад ҳазор нафар довталабона бо артиш шартнома бастаанд. Қарор аст, то соли нав 120 ҳазор нафари дигарро ҷалб намоянд.
Ба гуфтаи Хадамоти истихборотии Бритониё, мақомоти Русия аз моҳи майи соли 2023 ба таври фаъол муҳоҷиронро аз Осиёи Марказӣ ба ҷанг ҷалб мекунанд.
"Таърихи Русия" дар бораи ҷанги Украина ба хонандагон чӣ мегӯяд?
Ҳукумати Русия китоби нави "Дарси таърих"-ро барои хонандагони синфи ёздаҳум нашр кард, ки ҳабдаҳ банди он ба ҷанги бедалели ин кишвар дар Украина рабт дорад. Онро аз аввали сентябри имсол дар барномаи дарсӣ ҷой доданд.
Дар муқоваи китоб пули Қрими ишғолшуда тасвир ёфта, муаллифон таърихи солҳои 1970-2000-ро дар Русия пурра бознависӣ кардаанд.
Матни таҳриршудаи китоб бахши калони таблиғот ва "теорияҳои тавтеа"-и президенти Русия Владимир Путин ва атрофиёни ӯро дар мавриди Украина ва Ғарб фаро мегирад.
Дар сарфасли он иддаои Путин дар бораи ин ки "барои муҳофизат аз русзабонон ночор ба Украина ҳамла кард" ба тафсил дарҷ шудааст.
Муаллифон ба дурӯғ иддао мекунанд, ки Украина "ба таври ошкоро тамоюли худро барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ эълон кардааст".
- "Украина як кишвари ниҳоят миллатгаро аст, ки дар он шахсони мухолиф бо шиддат мавриди озор ва азият қарор мегиранд";
- "Оппозитсия дар Украина мамнуъ аст";
- "Дар онҷо бо ҳама чизи русӣ душманӣ доранд";
- "Ғарб беш аз 300 миллиард доллари Русияро дуздидааст" аз иддаоҳои дигари дарҷшуда дар китоби дарсист.
Ҳукумати Русия мухолифони сиёсатҳои Путинро дар ин кишвар "агентҳои хориҷӣ" номида, ба ин истилоҳ ҳам дар "Китоби таърих"-и мактабҳои Русия пардохта шудааст.
Ба навиштаи таҳлилгарони Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, китоб барои барангехтани ҳисси норизоятии таърихӣ дар миёни кӯдакони рус ва ҷой додани ҳисси як набарди вуҷудӣ барои бақои кишвар тарҳрезӣ шудааст. Яъне, бо ин паём, ки "агар Русия рафтори ҳуҷумӣ надошта бошад, нобуд хоҳад шуд".
Дар соатҳои "дарсӣ" дидгоҳҳои расмӣ дар бораи "амалиёти вижа" дар Украина такрор мешаванд. "Амалиёти вижа" иборае аст, ки мақомоти Русия барои ҳамла ба Украина истифода мекунанд.
Шабакаи CNN аз равиши дигаре хабар медиҳад ва он фиристодани сарбозони захмишуда дар ҷанги Украина ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва мулоқоти онҳо бо мактабхонҳо аст.
Барои намуна, кӯдакон дар Ҷумҳурии Бурятия дар Сибир аз мулоқоти худ бо сарбозе маҷруҳ хабар додаанд, ки иддао шуда дар Украина бо "зархаридони лаҳистонӣ" ҷангида ва ба кӯдакон гуфтааст, "худи украиниҳо намехоҳанд биҷанганд ва онҳоро маҷбур мекунанд".
Ин шабакаи хабарӣ ҳамчунин бар асоси "баррасиҳои анҷомшуда дар расонаҳои маҳаллӣ ва иҷтимоии Русия хабар медиҳад, ки дар ин кишвар акнун кӯдакони ҳафт ё ҳаштсола омӯзиши низомии ибтидоӣ мебинанд ва тарзи истифодаи "Калашников"-ро меомӯзанд.
Ба гузориши CNN, омӯзгороне, ки бо ин раванд ва ин навъ боздидҳо мувофиқ набошанд, аз вазифа ронда мешаванд. Барои намуна, мудири як мактаб дар Перм пас аз он ки фаълони тарафдори ҷанг аз ӯ танқид карданд, аз мақоми худ истеъфо дод.
Баъзе аз волидон мухолифати худро бо ин маъракаи таблиғотии давлатӣ эълон карданд, аммо ба назар мерасад, аксарият аз ин ҷараён пуштибонӣ мекунанд, албатта агар назарсанҷиҳои афкори умумӣ дар Русия қобили эътимод бошад.
Хабаргузории давлатии РИА Новости гузориш додааст, ки бар асоси як назарсанҷҷии дохилӣ, 79 дарсади волидон дар Русия аз намоиши филмҳои ҷанги Украина ба фарзандони худ ҳимоят мекунанд.
Расонаҳо: Амрико ба миқдори кам ба Украина мушаки дурпарвоз медиҳад
Президент Амрико Ҷо Байден дар вохӯрӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Вашингтон ба Киев ба миқдори кам мушакҳои ATACMS медиҳад. Дар ин бора NBC News бо такя ба манбааш дар Кохи Сафед хабар додааст.
Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ҳам бо такя ба манобеш менависад, ИМА барои тасмимгирӣ дар бораи интиқоли мушакҳо ба Украина "наздик" аст.
Феълан маълум нест, ки тасмим дар бораи додани мушакҳо ба Украина кай эълон мешавад ва Киев кадом вақт мушакро дарёфт мекунад. Дар бастаи нави кумакҳои низомии Амрико ба Украина, ки дирӯз эълон шуд, мушакҳои ATACMS нест. Кохи Сафед ва ҳам ҷониби Украина ҳанӯз ба хабарҳо дар ин бора вокуниш накардаанд.
Парвози ATACMS наздики 300 км-ро ташкил медиҳад. Мақомоти Украина мегӯянд, мушакҳои ATACMS ба артиши Украина имкон медиҳанд, ки ба ақибгоҳи неруҳои Русия зарба зада шавад. Аз ҷумла ба Қрими ғасбшуда, ки Русия аз он ҳамчун пойгоҳи партоби бесарнишинҳо истифода мебарад.
Кишварҳои ғарбӣ аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина, ба Киев миллиардҳо доллар кӯмак кардаанд. Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш ваъда додаанд, ки то вақти ғалабаи Украина ирсоли муҳимоти низомиро ба ин кишвар идома медиҳанд.
Путин ва Эрдуғон се соат гап заданд, вале ба созиш нарасиданд
Раҳбарони Русия ва Туркия баъди се соати гуфтугӯ дар бораи идомаи содироти гандуми Украина тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба созиш нарасиданд. Дидори Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон 4-уми сентябр дар шаҳри Сочи баргузор шуд.
Хабаргузории давлатии ТАСС навишт, баъд аз дидори роҳбарони ду кишвар ягон созишнома ба имзо нарасид.
Русия аз 17-уми июли имсол ширкаташро дар созиши содироти гандуми Украина боздошт. Ин созиши бесобиқа моҳи июли соли гузашта, зери сарпарастии Созмони Милал ва Туркия таҳия шуда, имкон медод, ки дар шароити ҷанг гандуми Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба кишварҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиё берун бурда шавад.
Путин ва Эрдуғон рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Сочи барои дубора пайвастани Русия ба ин созишнома гуфтугӯ карданд, аммо гуфтугӯи ду роҳбарон ба ҷойе нарасид.
Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак гуфт, кишварҳои ғарбӣ Русияро дар мавриди ташаббуси Баҳри Сиёҳ "фиреб дода", Маскавро маҷбур карданд аз созиш хориҷ шавад.
Путин гуфт, дар сурати қабули шартҳои Русия ин кишвар омода аст, созишномаро "эҳё кунад". Аз ҷумла Маскав бар ивази барқарор кардани созиши интиқоли гандуми Украина талаб дорад, ки "Росселхозбонк" ба системаи SWIFT пайваст шуда, интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаҳои кишоварзӣ барқарор шавад.
Вай афзуд, ҳатто бе барқарор кардани созиши интиқоли гандум тавассути Баҳри Сиёҳ, Русия омода аст, то як миллион тонна гандумро бо нархи дастрас тавассути Туркия ба кишварҳои қашшоқ фиристад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз омодагии кишвараш барои миёнравӣ байни Маскав ва Киев хабар дод.
Гуфтугӯ