Русия дар ҳоли пешрафти сареъ (зуд) дар роҳандозии як шабакаи интернетии фазоӣ аст, ки метавонад бартарии Украинаро дар майдони ҷанг, ки ба воситаи истифода аз "Starlink" ба даст омадааст, поён диҳад.
Як акси норӯшан, мардеро нишон медиҳад, ки зоҳиран аз сӯи ду марди дигари бо либосҳои ғайри низомӣ, маҷбур карда шудааст дар барф зону бизанад.
Ду парвандаи пурсарусадо дар бахши паҳподӣ ё дронсозии Русия баҳсро дар бораи фасод дар саноати низомии ин кишвар бори дигар гарм кардааст. Сухан дар бораи боздошти ду мудири ширкати “Drone Solutions” меравад. Онҳо 8-уми август боздошт шуданд.
Раисҷумҳури Украина аз тасмими фиристодан ва ҷобаҷойии аз 30 то 50 ҳазор нерӯи артиши Кореяи Шимолӣ барои кумак ба Русия дар ҷанг бо Украина хабар дод, аммо шарҳ надод, ки маълумотро аз чӣ роҳе ба даст овардааст.
Ҷанги беш аз чорсолаи Русия алайҳи Украина зиндагии ҷонварону парандагонро низ дигар кардааст. Муҳаққиқони украинӣ мегӯянд, лонаҳои парандагонро ёфтанд, ки бо хати нахи нурӣ сохта шудаанд. Хатҳои нахи нуриро дар ҷанг ҳангоми ҳамла бо дрон ё паҳподҳо истифода мекунанд.
"Мо ба самти бӯй қадам мезанем. Шояд дар роҳ касеро ёбем. Аз ин ҷо... бӯйи ҷасад меояд." Олексий Юков зиндагии худро ба пайдо ва шиносоӣ кардани ҷасади сарбозони ҷонбохта дар вилояти Донетски Украина бахшида буд.
Мақомоти Украина рӯзи чоруми август бо нашри наворе гуфтанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин (дрон, паҳпод)-и Русия мардеро дар бозори вилояти Херсон таъқиб карда, ба ӯ зарба задааст.
Дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Киеви Украина шаби 1 август 9 кас кушта ва 28 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Вакилони мардумӣ аз ду ҳизби аслии Амрико рӯзи 28-уми июл ба тарҳи санаде раъй доданд, ки ҳадафи он маҳрум кардани Русия аз сарчашмаҳои молии хароҷот барои ҷанг дар Украина аст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, пас аз шаш рӯзи эътирозҳо дар Киев ва баъзе аз шаҳрҳои дигар, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро барканор кард.
Ёфтҳои бештар