Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоварие дар Душанбе, ки ба мушкил печидааст


Валидаторҳо кори нақлиети Душанберо осон мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Валидаторҳо кори нақлиёти Душанберо осон мекунанд?

Мақомоти шаҳри Душанбе барои беҳтар кардани кори нақлиёти умумӣ ва пардохти саривақтии молиёт, навоварие ҷорӣ кардаанд.

Ҳадаф ин аст, ки мардум пули роҳкироро онлайнӣ пардохт кунанд ва вақти худу ронандаро сарфи бақияпулӣ накунанд. Аммо ин навоварӣ ба мушкилот печидааст.

Сӯҳробҷон Маҳмадиев, ронандаи микроавтобус мегӯяд, мусофирон аз валидатор ё дастгоҳи пардохти роҳкиро хеле кам истифода мебаранд. Дастгоҳро Сӯҳроб чанде пеш харидаву вазифадор шудааст, ки тамоми роҳкиро бо он пардохт шавад, аммо аз даҳҳо мусофир танҳо чанд нафар бо корт пардохт карда, дигарон ҳамоно пули нақд медиҳанд.

Ӯ гуфт, ҳамеша аз мусофирон хоҳиш мекунад, то пули роҳкироро онлайнӣ пардохт кунанд, вале онҳо ё корти бонкӣ надоранд ё корташон пул надорад. Ба гуфтаи ронанда, ҳарчанд аз валидатор хеле кам истифода мешавад, вале онҳо маҷбуранд, ҳар рӯз сӣ сомонӣ барои истифодаи ин дастгоҳ пардохт кунанд.

Микроавтобусҳои Душанбе қариб ҳама мисли автобусу тролейбусҳо ҳоло чунин дастгоҳ доранд. Мақомот мегӯянд, ҳаққи роҳкироро бояд танҳо тавассути валидатор пардохт кард ва ҳадафи асосӣ гузаштан ба низоми ғайринақдӣ аст, ки ба бовари онҳо ҳам барои ронанда ва ҳам мусофир қулаю роҳат аст. Аммо аксар ронандаҳо, ки бо мошини иҷора ё бо қарзи бонк харидаашон кор мекунанду мегӯянд, харҷашон бе ин ҳам зиёд аст ва ин иқдом онро боз бештар кардааст. Ронандагон дастгоҳро бо 2800 сомонӣ харида, ҳар рӯз бояд ба корхона 30 сомонӣ пул пардохт кунанд.

Сафаралӣ Солеҳов, як ронандаи дигар мегӯяд, дар як рӯз ба сахтӣ аз тариқи ин дастгоҳ мусофирон аз 15 то 20 сомонӣ роҳкиро пардохт мекунанд.

Бархе аз ронандаҳо умед доранд, ки оянда пардохти ғайринақдӣ кори онҳоро осон хоҳад кард. Ба гуфтаи ронандаҳо, агар мусофирон пардохти онлайниро бештар кунанд, кори онҳо сабуктар хоҳад шуд ва дигар вақташон сарфи бақия додан намешавад.

Пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофирбари шаҳр дар доираи лоиҳаи “Ситикорт” роҳандозӣ мешавад. Коршиносон мегӯянд, гузаштан ба низоми электронӣ талаби замон аст, вале агар шеваи роҳандозии он дуруст бошаду ба ронанда мушкил наорад

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ гуфт, маҷбур кардани ронандаҳо ба ҳаргуна пардохтҳои изофӣ хуб нест. ”Онҳо барои даромади муайяне кор мекунанд ва чун фаъолияташон фоида наорад, албатта, аз он даст мекашанд ё роҳҳои қоидавайронкунӣ, яъне роҳҳои канорравӣ кардан аз пардохтҳои электронӣ кофта меёбанд ва ҳамаи ин метавонад натиҷаҳои нохуб диҳад,”—гуфт ӯ.

Мусофирон, ки одатан аз камбуди нақлиёт дар пойтахт зиёд шиква мекунанд, мегӯянд, беҳтар буд, мақомот дар навбати аввал ин мушкилро ҳал мекарданд.

Бобои Раҳмоналӣ, сокини шаҳр гуфт, шаҳрдорӣ бояд теъдоди мусофиркашонҳоро бештар кунад. Ба гуфтаи ӯ, мусофиркашонҳо кам, вале теъдоди мусофирон зиёд аст.

“Ҳоло ягон маршрутка дароед, 12 кас не 20 кас ҳаст. Бо ина маршруткаҳо калони Мерседес ман барин одами қадбаланд рост истода наметавонад,”—гуфт ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, агар ин мушкил ҳал ва кори нақлиёти мусофирбар дуруст танзим нашавад, дар пардохти электронӣ ҳам набояд пешрафтеро чашмдор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG