Дар Афғонистон, ки баъди омадани Толибон ба сари қудрат аҳволи иқтисодаш табоҳ шуд, баъзе аз хонаводаҳо то ба ҳадде қашшоқ шудаанд, ки мегӯянд, омодааанд, фарзанди худро фурӯхта барои дигаронаш нон бихаранд.
Эътирозҳои ошкору ниҳон ба зидди манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистон бештар мешаванд. Гурӯҳе ба нишони эътироз ба фармони Толибон китобҳои худро зери хок карда, иддае дигар акси ҷангҷӯёну асноди донишгоҳии худро ба оташ кашиданд.
Пас аз нақзи оташбас миёни ҳукумати Покистон ва Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) дар чанд моҳи пеш, ин кишвар шоҳиди даргирӣ ва таркишҳо будааст. Ин амр ҳоло боиси ихтилоф миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон шуда.
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон хабари маҳрум шудани духтаронро аз таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои кишвари худ бо дард қабул кардаанд. Онҳо тасмими Толибонро мухолиф ба дини Ислом дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак доранд.
Минтақаи Андароби вилояти Бағлон тайи ду рӯзи ахир саҳнаи даргириҳои сахт миёни афроди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон будааст.
Се созмони байнулмилалии имдодӣ кори худро дар Афғонистон бас кардаанд. Масъулонашон гуфтанд, тасмими онҳо эътироз ба қарори Толибон аст, ки дар охири ҳафтаи гузашта фаъолияти занонро дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ мамнуъ донист.
Дар пайи танқидҳои густурда аз тасмими Толибон дар бораи бастани дари донишгоҳҳо ба рӯи духтарон дар Афғонистон, Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон аз ин тасмим дифоъ кардааст.
Мақомоти яке аз шифохонаҳои шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, теъдоди кӯдаконе, ки аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд, якбора зиёд зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи ноябри имсол ба ин шифохона 240 кӯдакро овардаанд.
Ба гузориши "Садои Амрико", мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" намояндагони миллатҳои гуногунро ба сафи худ дар Афғонистон ҷамъ мекунад ва ин таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аст. Онҳо хостаанд, Толибон барои аз байн бурдани хатар кӯшиши бештар кунанд.
Толибон эълон карданд, ки ба ҳамсафонашон бар асоси истифодаи “бомбаву маводи тарканда алайҳӣ кофирон” ҳангоми вуруд ба донишгоҳҳо имтиёз медиҳанд.
Толибон дар Афғонистон 27 нафарро, ки дар байнашон занон ҳам буданд, дар пеши чашми садҳо нафар шаллоқ заданд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар нишасти байналмилалӣ дар Душанбе Толибонро танқид кард ва гуфт онҳо кишварро ба як зиндони бузург табдил додаанду сокинонро шиканҷа мекунанд.
Ёфтҳои бештар