Пайвандҳои дастрасӣ

"Чанд бомба таркондӣ?" Саволи Толибон ба донишҷӯён. ВИДЕО


Духтарони донишҷӯи афғон
Духтарони донишҷӯи афғон

Толибон эълон карданд, ки ба ҳамсафонашон бар асоси истифодаи “бомбаву маводи тарканда алайҳӣ кофирон” ҳангоми вуруд ба донишгоҳҳо имтиёз медиҳанд.

Ибтидои моҳи декабр сарпарасти вазорати маълумоти олии ҳукумати Толибон Муҳаммаднидо Надим гуфт, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳои Афғонистон Толибони силоҳбадаст, ки дар ҷанг бо нерӯҳои ИМА ва паймони НАТО аз маводи таркандаву бомба истифода бурдаанд, бояд имтиёз бигиранд.

Ӯ гуфт: “Шумо наметавонед интизор дошта бошед, ки сарбозони Толибон баъди бист соли ҷанг бо кофирон имтиҳон супоранд. Баҳои имтиҳони онҳо бояд бар асоси он бошад, ки чанд бомбаву ҷиҳози таркандаро мунфаҷир кардаанд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Толибон имтиҳони донишгоҳ намесупоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Пешниҳоди дигари мақомдори баландпояи ҳукумати Толибон ин аст, ки дари донишгоҳҳои Афғонистон бояд фақат барои пайравони ин ҷумбиш боз бошанду аъзои ҳизбҳои дигари исломӣ аз таҳсил маҳрум шаванд. Муҳаммаднидо Надим, сарпарасти вазорати маълумоти олии ҳукумати Толибон гуфт, “аъзои “Ҷамъияти ислоҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, хориҷиён ва демократҳо набояд дар донишгоҳҳои мо ҷойи по дошта бошанд. Агар мо онҳоро пайдо кардем, ҷазо медиҳем.”

Собиқ устодони афғон ин изҳоротро маҳкум мекунанд.

Муҳаммадисҳоқ Атмар, устоди собиқи Донишгоҳи Кобул гуфт, "ба ваҳшат омадаам, ки дар Афғонистон сатҳи таҳсил ба чунин сатҳ поин афтидааст.”

Дар ин байн вазорати маълумоти олии ҳукумати Толибон эълон кард, ки духтарони синфи 12-ум баъди таътили якунимсола бояд дар як рӯзи муқарраршуда имтиҳон супурда, таҳсилашонро хатм кунанд.

Наргис Моҳманд Ҳасанзай, устоди собиқи Донишгоҳи Кобул чунин шакли имтиҳонсупориро маҳкум мекунад. “Духтарон давоми якуним сол аз таҳсил дар мактабҳо маҳрум буданд. Ногаҳон ба онҳо се рӯз вақт доданд, ки аз 11 фан имтиҳон супоранд. Дар чунин шароит ягон донишҷӯй наметавонад бо сари орому тоза имтиҳон супорад,”—гуфт ӯ.

Сарфи назар аз эътирозҳои дохиливу байналмилалӣ ҳукумати Толибон дари мактабҳои Афғонистонро барои духтарони аз синфи шашум боло бастаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG