Мақомоти яке аз шифохонаҳои шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, теъдоди кӯдаконе, ки аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд, якбора зиёд зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи ноябри имсол ба ин шифохона 240 кӯдакро овардаанд. Созмони Милал мегӯяд, ҳоло 875 ҳазор кӯдак дар Афғонистон дар рӯ ба рӯи хатари суитағзия ё норасоии ғизо қарор доранд.
Зармина, сокини Қандаҳор, нақл кард, ки ду тифлаш бемор аст: “Мо пули кофӣ надорем. Ба кумак ниёзмандем. Яке аз тифлонам чаҳорсола ва дигаре даҳмоҳа аст. Лоғару заифанд. Ҳеч кас намефаҳмад, ки ин кӯдаки ман даҳмоҳа аст. Аз гуруснагӣ чунин шудааст.”
Ба қавли мақомот, теъдоди кӯдакони нимгурусна меафзояд. Ба сабаби норасоии кати беморӣ, чанд кӯдакро дар якҷо бистарӣ мекунанд.
Робина мегӯяд, сабаби бемории тифлаш фақру нодорист, ки ӯро ба ин ҳол овардааст.
“Ӯ бисёр заиф аст, норасид таваллуд шуда буд. Мо натавонистем барояш ғизои дуруст бихарем. Шири хушки бесифат мехаридем, ки ба гуфтаи табибон сабаби бемориаш шудааст,” – нақл кард ӯ.
Мақомоти шифохонаи Мирвайс мегӯянд, танҳо дар моҳи ноябр садҳо кӯдаки гуруснаву беморро бистарӣ кардаанд.
Муҳаммад Сиддиқ, раҳбари шуъбаи кӯдакони бемор, гуфт, “фақат дар моҳи гузашта 240 кӯдакро бистарӣ кардем. Сабаби асосӣ афзоиши фақр аст. Бисёре аз мардум бекор аст. Вақте кор нест, даромад нест ва хонаводаҳо ҳам ғизои кофӣ харида наметавонанд. Барои ҳамин кӯдаконашон аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд.”
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 аҳволи иқтисоди Афғонистон бад шуд ва бадтар мешавад. Чанде аз созмонҳои имдодӣ ҳам кишварро тарк карданд. Созмони Милал мегӯяд, ҳоло 857 ҳазор аз кӯдакон дар Афғонистон ба хатари сӯитағзия ва ё нимгуруснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ