Дар як маҳаллаи фақирнишини Кобул омӯзгорону фаъолон барои таълими духтарон мактаби пинҳонӣ ташкил кардаанд.
Маҷаллаи амрикоии Foreign Policy дар гузориши нави худ мегӯяд, Русия дар ҳоли ба хидмат гирифтани нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон аст.
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон мегӯяд, бисёре аз кишварҳо, ба шумули кишварҳои минтақа, ба ин боваранд, ки ҳанӯз дар Афғонистон як ҳукумати фарогир ташкил нашудааст.
Тибқи гузоришҳо, тайи чанд рӯзи охир дар вилояти Бадахшон Афғонистон миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даргириҳои сахт рух додааст. Ҳар ду ҷониб иддао доранд, ки ба якдигар зарбаи сангин заданд.
Хабари суҳбати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, бо Ҳамдулло Муҳиб, мушовири амниятии президенти пешини Афғонистон хашми тарафдорони ин ҷабҳаро ба бор овард.
Гузоришҳои зиёде дар бораи ҳамлаи рӯзи ҷумъаи гузашта ба маркази таълимии "Коҷ" дар Кобул шунида ва нашр шуд. Дар ин ҳамла, бар асоси гузориши Созмони Милал, беш аз 50 нафар ҷон бохтанд.
Субҳи рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул 19 ҷон бохта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд.
Афви Байнулмилал (Amnesty International) эъдоми чанд узви боздоштшудаи Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро аз тарафи Толибон дар Панҷшер тасдиқ кард. Масъулони созмон гуфтанд, пас аз таҳқиқи аксу навори эъдом (қатл) ба ин хулоса расиданд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳукумати Толибонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард.
Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистон, гуфтааст, эҳтимол ҳавопаймоҳои бесарнишин аз хоки Покистон ё Тоҷикистон вориди ин кишвар мешаванд.
“Ман норозӣ ҳастам, мехоҳам дарс бихонам. Вақти шӯй додани ман набуд, маро хурд шӯй доданд. Аз гушнагӣ модарам мана шӯй дод.” Шикояти Ҳоҷараи 12-сола аст, ки 6 моҳ пеш ба никоҳи як ҷавони 23-сола даромадааст.
Бино ба наворҳое, ки тоза нашр шуданд, намояндагони Толибон сокинонро дар Панҷшер ба иттиҳоми доштани силоҳ дастгир ва таҳқиру масхара мекунанд. Ба назар мерасад, видеоҳо тавассути яке аз афроди мусаллаҳи Толибон гирифта шудааст.
Ёфтҳои бештар