"Тарси ман аз Толибон бисёр зиёд аст. Замоне ки мо, ҳамҷинсгароён, онҳоро мебинем, албатта, ҳисси нохушоянде рух медиҳад. Хун дар рагҳои мо хушк мешавад. Қалби мо бо тапиши зиёд мувоҷеҳ мегардад."
Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ мегӯяд, ки кишти кукнор дар Афғонистон дар муқоиса ба як соли гузашта 32 дарсад афзоиш ёфтааст.
Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои пешини Афғонистон аз сӯи Русия, як намояндаи Департаменти давлатии Амрико гуфт, онҳо метавонанд, тавассути роҳҳои гуногун худро ба Иёлоти Муттаҳида бирасонанд.
Дар як маҳаллаи фақирнишини Кобул омӯзгорону фаъолон барои таълими духтарон мактаби пинҳонӣ ташкил кардаанд.
Маҷаллаи амрикоии Foreign Policy дар гузориши нави худ мегӯяд, Русия дар ҳоли ба хидмат гирифтани нерӯҳои вижаи ҳукумати пешини Афғонистон аст.
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои Афғонистон мегӯяд, бисёре аз кишварҳо, ба шумули кишварҳои минтақа, ба ин боваранд, ки ҳанӯз дар Афғонистон як ҳукумати фарогир ташкил нашудааст.
Тибқи гузоришҳо, тайи чанд рӯзи охир дар вилояти Бадахшон Афғонистон миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даргириҳои сахт рух додааст. Ҳар ду ҷониб иддао доранд, ки ба якдигар зарбаи сангин заданд.
Хабари суҳбати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ, бо Ҳамдулло Муҳиб, мушовири амниятии президенти пешини Афғонистон хашми тарафдорони ин ҷабҳаро ба бор овард.
Гузоришҳои зиёде дар бораи ҳамлаи рӯзи ҷумъаи гузашта ба маркази таълимии "Коҷ" дар Кобул шунида ва нашр шуд. Дар ин ҳамла, бар асоси гузориши Созмони Милал, беш аз 50 нафар ҷон бохтанд.
Субҳи рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар як маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобул 19 ҷон бохта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд.
Афви Байнулмилал (Amnesty International) эъдоми чанд узви боздоштшудаи Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро аз тарафи Толибон дар Панҷшер тасдиқ кард. Масъулони созмон гуфтанд, пас аз таҳқиқи аксу навори эъдом (қатл) ба ин хулоса расиданд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳукумати Толибонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард.
Ёфтҳои бештар