Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хоҳони ёриҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беш аз 5,2 миллион аз муҳоҷирони Афғонистон шуд. Ин барнома бештар паноҳҷӯёнеро таҳти пӯшиш қарор медиҳад, ки дар панҷ кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сар мебаранд.
Тибқи гузоришҳо, беш аз 70 шаҳрванди Афғонистон бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои Италия ҷон бохтаанд. Намояндагони ҷамъияти афғонҳои Италия ва Вазорати корҳои хориҷии Толибон хоҳони кумаки созмонҳои байнулмилалӣ барои интиқоли ҷасадҳо ба Афғонистон шудаанд.
Эрон рӯзи якшанбеи 26-уми феврал сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супурд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ин тасмими Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд.
Нағма, овозхони шинохтаи Афғонистон ба ҳимоят аз занону духтарони кишвараш садо баланд кард. Ӯ мегӯяд, ки бинобар нақзи ҳуқуқи занон ва духтарони афғон аз ҳар роҳе ки бошад, чӣ шеър ва чӣ оҳанг, садои худро баланд мекунад.
Чин ва Эрон -- ду ҳамсояи шарқӣ ва ғарбии Афғонистон аз ҳукумати Толибон хостанд ба маҳдудиятҳое, ки дар робита ба кору таҳсили занон ҷорӣ кардааст, поён диҳад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ДОИШ, "Ал-Қоида", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҷамъияти "Ансоруллоҳ", гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва бисёре аз гурӯҳҳои тундгаро дар ҳоли ҳозир Афғонистон фаъоланд.
Изҳороти бархе аз раҳбарони ҷабҳаи зидди Толибон дар робита ба додани чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, баҳсҳоро дар бораи сарнавишти ин таҷҳизоти низомӣ, дигарбора гарм кардааст.
Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон ва собиқи муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостааст, ки чархболҳои ҳукумати пешинро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор диҳанд.
Ёфтҳои бештар