Оқомуҳаммади Хоксор ду сол боз ҷашни Наврӯзро дур аз зодгоҳаш, Афғонистон, таҷлил мекунад. Замоне ки Толибон ҳукуматро ба даст гирифтанд, ба Узбекистони ҳамсоя кӯчид. Ҳамоҳангсози як ширкат аст, вале мегӯяд, оромиш надорад. Гузориш аз Наврӯзи паноҳҷӯён дар Тирмизи Узбекистон.
Бар асари зилзилаи шаби 21-уми март, камаш 11 нафар дар Покистон ва Афғонистон ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ин зилзила дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Ҳинд низ эҳсос шуд.
Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон (AIHRC) аз "вазъи ноҳинҷор"-и низомиёни пешини ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон хоҳони ёриҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беш аз 5,2 миллион аз муҳоҷирони Афғонистон шуд. Ин барнома бештар паноҳҷӯёнеро таҳти пӯшиш қарор медиҳад, ки дар панҷ кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сар мебаранд.
Тибқи гузоришҳо, беш аз 70 шаҳрванди Афғонистон бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои Италия ҷон бохтаанд. Намояндагони ҷамъияти афғонҳои Италия ва Вазорати корҳои хориҷии Толибон хоҳони кумаки созмонҳои байнулмилалӣ барои интиқоли ҷасадҳо ба Афғонистон шудаанд.
Эрон рӯзи якшанбеи 26-уми феврал сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супурд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ин тасмими Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд.
Нағма, овозхони шинохтаи Афғонистон ба ҳимоят аз занону духтарони кишвараш садо баланд кард. Ӯ мегӯяд, ки бинобар нақзи ҳуқуқи занон ва духтарони афғон аз ҳар роҳе ки бошад, чӣ шеър ва чӣ оҳанг, садои худро баланд мекунад.
Чин ва Эрон -- ду ҳамсояи шарқӣ ва ғарбии Афғонистон аз ҳукумати Толибон хостанд ба маҳдудиятҳое, ки дар робита ба кору таҳсили занон ҷорӣ кардааст, поён диҳад.
Ёфтҳои бештар