Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ДОИШ, "Ал-Қоида", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҷамъияти "Ансоруллоҳ", гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва бисёре аз гурӯҳҳои тундгаро дар ҳоли ҳозир Афғонистон фаъоланд.
Изҳороти бархе аз раҳбарони ҷабҳаи зидди Толибон дар робита ба додани чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, баҳсҳоро дар бораи сарнавишти ин таҷҳизоти низомӣ, дигарбора гарм кардааст.
Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон ва собиқи муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостааст, ки чархболҳои ҳукумати пешинро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор диҳанд.
Дар панҷумин нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон гуфта шудааст, ки Афғонистонро набояд "раҳо" кунанд. Ин нишаст, ки бо номи "Формати Маскав" шинохта мешавад, рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал дар пойтахти Русия баргузор шуд.
“Феълан шароит барои духтарон дар Афғонистон бисёр сахт шудааст. Хеле ноумедкунанда аст.” Ин духтари ноумед, Хадича Акбарӣ муҳассили соли чаҳоруми факултаи тиббии Донишгоҳи Ҳирот аст, ки пас аз бастани дарҳои донишгоҳ ба рӯи духтарон мушкилоти равонӣ пайдо кардааст.
Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ба Покистон гуфтааст, дар робита ба ҳамлаи маргбори рӯзи душанбе дар Пешовар таҳқиқи ҷиддӣ карда, ангушти иттиҳомро ба тарафи Афғонистон дароз накунанд.
Бар асари сардиҳои моҳи январ дар Афғонистон камаш 160 кас ба ҳалокат расид. Сокинони Кобул мегӯянд, дар шароити сармои камсобиқа қудрати гарм кардани хонаҳояшонро надоранд.
Самира Гавҳарӣ то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, дар Донишгоҳи Кобул мехонд. Қонунҳои сахтгиронаи ин гуруҳи тундрав ӯро ҳам мисли аксар дигар духтарони ҳамсолаш аз таҳсил дар донишгоҳ маҳрум кард.
Самира Гавҳарӣ то омадани Толибон ба сари қудрат, дар Донишгоҳи Кобул мехонд. Қонунҳои сахтгиронаи ин гуруҳи тундрав ӯро ҳам аз таҳсил маҳрум кард. Гавҳарӣ, мехост, мудофеи ҳуқуқи занон шавад. Ба гуфтаи ӯ дар аҳди Толибон занон дар Афғонистон аз ҳеч ҳуқуқе бархӯрдор нестанд.
Бебарқиҳо дар сармои шадиди Афғонистон боиси интиқоди ҳукумати Толибон аз Узбекистон шудааст.
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба рамзи дигари ҳукмронии Толибон дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.
Хабарнигор Мино Акбарӣ зери таҳдиду фишор ба тарки Афғонистон маҷбур шуд ва ҳоло барои ташкили рӯзгораш дар Покистон талош дорад. Телевизиони Садои Амрико аз шаҳри Исломобод гузориш медиҳад, ки даҳҳо хабарнигори афғонистонӣ ба мисли Акбарӣ дар ҳоли ногувор ҳастанд.
Ёфтҳои бештар