Дар идомаи маҳдудиятҳо бар занон ва духтарон, Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ахиран занонро аз ширкат дар имтиҳонҳои саросарии ворид шудан ба донишгоҳҳо ("имтиҳони конкур), манъ кард. Масъулини ин вазорати зери раҳбарии Толибон дар суҳбат бо Радиои Афғонистони Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки имсол духтарон иҷозаи ширкат дар озмунро надоранд.
Сулаймон Шарифӣ, раиси робитаҳои умумии Вазорати таҳсилотии олии ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе дар як паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки масъалаи таҳсили духтарон то дастури баъдии Толибон ба таъхир гузошта шудааст, озмуни "конкур" ё имтиҳони сартосарии вуруди онҳо ба донишгоҳҳо ҳам ба таъхир гузошта мешавад.
Бо он, ки вай дар ин бора маълумоти бештар ироа накард, аммо Идораи миллии имтиҳонҳои ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, ки онҳо танҳо мактуберо дар бораи ҷалби писарон ба имтиҳонҳои саросарӣ, дарёфт кардаанд.
Ин идора навиштааст, имсол аз сӯи Вазорати таҳсилоти олӣ танҳо мактуб дар бораи иштироки писрон барояшон омадааст. Бинобар ин, ин кори Вазорати таҳсилоти олӣ аст, ки аз кӣ имтиҳон бигирад ва аз кӣ нагирад. Идораи имтиҳонҳо дар ин росто ҳеҷ масъулияте ба ӯҳда надорад.
Идораи миллии имтиҳонҳои ҳукумати Толибон гуфтааст, ки масъулияти гурӯҳи имтиҳонҳои калон ва хурдро дар сатҳи Афғонистон ба ӯҳда дорад ва имтиҳонҳоро мутобиқ ба ҷузъиёте, ки ба шакли мактуб аз сӯи идораҳои вобаста фиристода мешавад, мегирад.
Аммо шуморе аз духтарон, ки имсол барои ширкат дар имтиҳони сартосарӣ лаҳзашуморӣ мекунанд, мегӯянд, ин тасмими Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон онҳоро ноумед кардааст.
Марям, як сокини шаҳри Кобул мегӯяд, мактабро бо бисёр душворӣ ба поён расонд ва интизори имтиҳон буд, аммо тасмими ахири ҳукумати Толибон ӯро ниҳоят нороҳат кардааст.
"Ман дувоздаҳ сол мактабро ба ин хотир хондам, ки як рӯз имтиҳон бидиҳам, дар риштаи дустдоштаам комёб шавам, донишгоҳ бихонам, ба мардум хизмат кунам. Аммо имрӯз тасмими Толибонро шунидам, ки занон наметавонанд дар имтиҳон иштирок кунанд, ноумед шудам ва ҳамаи умедҳои худро аз даст додам".
Ҳусно Софӣ, сокини вилояти Парвон аммо мегӯяд, ин тасмими Толибон метавонад ба равони духтароне таъсири манфӣ бигузорад, ки рафтан ба донишгоҳ бузургтарин ормонашон буд.
"Толибон пеши иштироки духтарон дар имтиҳони тестиро гирифтанд. Ман ба унвони як духтари афғон, ки мактабро хондам, умедҳои зиёде дар зиндагӣ доштам. Ман мактабро бо душвории зиёд тамом карда ва умедвори ояндаи худ будам. Аммо бо шунидани ин тасмим, ҳамаи орзуҳоям ба хок яксон шуд",-афзуд Ҳусно Софӣ
Идораи миллии имтиҳонҳои ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки давраи аввали озмун рӯзҳои 20 ва 21 июл дар вилоятҳои Бомиён, Бағлон, Пактиё, Тахор, Ҷузҷон, Хуст, Форёб, Лугар, Дойкундӣ, Сарипул ва Ғур баргузор мешавад.
Бар асоси ин эъломия, даври дувум дар 12 вилоят, даври севум дар 10 вилоят ва даври чаҳорум дар Кобул баргузор хоҳад шуд.
Гуфтугӯ