Ду рӯз пас аз он, ки Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе як номаи паҳншударо аз номи "Толибон", ки муҳтавои он таъйини шахсе ба унвони котиби аввали сафорат аст, дар ҳузури хабарнигорон пора кард, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, ба гунае ба он вокуниш нишон дод.
Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки худро намояндаи мардуми ин кишвар дар Тоҷикистон медонад, як номаи паҳншударо аз номи "Толибон" дар ҳузури хабарнигорон пора кард.
Мақомоти марзбонии Покистон рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки бо поён ёфтани муҳлати додаи ин кишвар ба муҳоҷирони беҳуҷҷати афғонистонӣ, то ин рӯз беш аз 165 ҳазор шаҳрванди Афғонистон аз Покистон гурехтаанд.
Бо наздик шудани муҳлате, ки ҳукумати Покистон ба паноҳҷӯёни беҳуҷҷати афғон барои тарки ин кишвар додааст, даҳҳо ҳазор нафар рӯзи сешанбе ба тарафи марзи Афғонистон рафтанд.
Ҳукумати “Толибон” чанд соли дигар “умр” хоҳад дид? Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар оянда чӣ интизор аст? Чаро ҷангҷӯён дар Бадахшони Афғонистон “лона” мондаанд?
Шуморе аз сокинони вилояти Ҳирот мегӯянд, дар заминларзаи шаби шанбе бархе аз хонаҳое, ки бар асари заминларзаҳои қаблӣ қисман тахриб шуда буданд, комилан вайрон шудаанд.
Баъзе аз низомиёни пешини Афғонистон бо ҳадафи “раҳоӣ, берун рондани гуруҳҳои ифротӣ ва рифоҳи мардум” бар зидди ҳукумати “Толибон” гурӯҳи нав таъсис додаанд. “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” рӯзи 19-уми октябр дар Вашингтон муаррифӣ шуд.
Баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар ду соли пеш ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон омаданд. Бархе ба кишвари севум рафта, дигарон мунтазири иҷозаи сафар истодаанд. Хабарнигорони “Франс Пресс” бо кору зиндагии чанде аз онҳо ошно шуданд.
Ҳукумати Толибон аз поёни кори бунёди бахши аввали канали Қӯштеппа ба дарозии 108 километр ва оғози марҳилаи дувуми он хабар дод. Дарозии бахши дувуми ин канал 65 километр хоҳад буд. Бунёди ин канал дар шимоли Афғонистон, ки аз дарёи Ому об мегирад, метавонад ба таниш бо кишварҳои Осиёи Миёна доман занад.
Танҳо чанд рӯз баъд аз зилзилаи пурталафоти рӯзи шанбе, бори дигар заминларзаи 6,3-дараҷаӣ субҳи чаҳоршанбеи 11-уми октябр ғарби Афғонистонро такон дод.
Ёфтҳои бештар