Покистон ба зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор муҳоҷири беҳуҷҷати афғонистонӣ то якуми ноябр фурсат дода буд, то худашон аз ин кишвар берун шаванд, вагарна бо боздошт ва интиқол ба марказҳои нави нигаҳдорӣ ва сипас ихроҷи маҷбурӣ ба Афғонистон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Бино ба гузоришҳо, ин муҳлат як моҳ пеш эълом шуда, то кунун беш аз 100 ҳазор муҳоҷири афғон аз Покистон гурехтаанд. Рӯзи сешанбе, 31-уми октябр, гузаргоҳи марзии "Турхам", ки аз Пешовари Покистон ба Ҷалолобод ва Кобул дар Афғонистон меравад, шоҳиди вориди шудани беш аз даҳ ҳазор паноҳҷӯи дигар буд.
Иршод Муҳманд, як мансабдори баландпояи Покистон, рӯзи сешанбе дар гузоргоҳи "Турхам" ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, "ҳазорон паноҳҷӯйи афғон савори мошинҳои сабукрав ва мошинҳои борбар мунтазири навбати берун шудан ҳастанд. Шумори онҳо ҳамчунин дар ҳоли афзоиш аст. Аз субҳ беш аз даҳ ҳазор паноҳҷӯ дар ин маҳал ҷамъ шудаанд".
Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гузоришҳое гирифтааст, ки дар чанд маврид нерӯҳои амниятии Покистон қабл аз поёни муҳлат раванди боздошт ва баргардонидани маҷбурии муҳоҷирони афғонро оғоз кардаанд.
Муҳаммад Осиф, яке аз муҳоҷирон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "пулис ҳамла мекунад, ҳарчанд эълон кардааст, ки ин корро анҷом намедиҳад. Ба таври махфиёна ҳамла мекунад. Мардҳоро мегиранд ва аз онҳо пул мехоҳанд".
Сарфароз Бугтӣ, сарпарасти Вазорати корҳои дохилии Покистон, чанд рӯз пеш гуфта буд, ки "дар амалиёти ихроҷ, ба маҳалли сукунати муҳоҷирон барои боздошт ва фиристодани онҳо ба марказҳои паноҳҷӯён ҳамла хоҳад шуд".
Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи сешанбе гуфт, "ҳукумати Покистон аз таҳдид, суистифода ва боздошт барои водор кардани паноҳҷӯёни беҳуҷҷати афғон барои ихроҷ ва бозгашт ба Афғонистон истифода мекунад".
Кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милал аз Исломбод хоста буд, ин тасмимро ба таъхир биандозад. Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Нобел низ дар паёме хоҳони бознигарии тасмими Покистон шуд.
Ҳукумати Толибон дар Кобул низ мегӯяд, сиёсати берун кардани паноҳҷӯён баробар ба "озор ва азият"-и шаҳрвандон аст.
Тасмими ҳукумати Покистон ба ихроҷи муҳоҷирон пас аз як бомбгузории маргталабона дар соли ҷорӣ эълон шуд. Ҳукумати Покистон бе пешниҳод кардани далеле эълон кард, ки ин бобмгузориро афғонҳо анҷом доданд. Покистон ҳамчунин ин муҳоҷиронро ба "қочоқ ва ҳамлаҳои ситезаҷӯёна" муттаҳам кардааст.
Покистон ки бо мушкили иқтисодӣ рӯбарӯ мебошад, ҳамчунин эълон кардааст, ки "даҳсолаҳо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, боиси тиҳӣ шудани манобеи ин кишвар шудааст".
Мақомҳои покистонӣ қарор аст тайи чанд рӯзи оянда бо масъулини Сандуқи Байнулмилалии Пул мулоқоте дошта бошанд ва умед доранд, ки ин сандуқ бастаи ёриҳои бузургтаре ба онҳо пешниҳод кунад.
Ба гуфтаи мақомҳои Исломобод, Покистон беш аз 4 миллион паноҳандаи афғонро ҷой додааст, ки ҳудуди 1,7 миллиони онҳо бе санад зиндагӣ мекунанд.
Бисёре аз ин муҳоҷирон аз замони ба сари қудрати омадани “Толибон” дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ба Покистон кӯчидаанд. Теъдоде ҳам аз замони ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1979 дар Покистон ҳузур доштаанд.
Гуфтугӯ