Манбаъҳо дар бемористони вилоятии Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун 95 захмӣ ва як шахси фавтида бар асари ин зилзила аз атрофи шаҳри Ҳирот ба ин бемористон оварда шуданд.
Ин манбаъҳо гуфтанд, ки даҳ мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба ноҳияи Риботи Сангӣ дар чиҳилкилометрии шимоли шаҳри Ҳирот, ҷойе ки маркази зилзила хонда шудааст, фиристода шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, омори талафот дар ҳоли тағйир аст.
Тибқи гузоришҳо, бар асари ин зилзила бархе хонаҳо дар шаҳри Ҳирот вайрон шудаанд.
Қабл аз ин Аҳмадулло Муттақӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон дар Ҳирот ва сухангӯи комиссияи кӯмакҳо ба зилзилазадагон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳанӯз ҳеҷ гузориш аз талафоти ҷонии зилзилаи нав дарёфт нашудааст.
Хабаргузории "Ройтерс" бо такя ба Маркази таҳқиқоти заминшиносии Олмон гузориш дод, ки нерӯи ин зилзила монанд ба зилзилаи рӯзи шанбеи гузашта 6,3 дараҷа буд ва субҳи имрӯз дар 34-километрии шимоли шаҳри Ҳирот рух додааст. Маркази ин зилзила дар умқи даҳ километрии замин шиносоӣ шудааст. Идораи заминшиносии Амрико низ таъйид кардааст, ки нерӯи ин зилзила 6,3 дараҷа буд.
Зилзилаи рӯзи шанбеи гузашта, ки маркази он ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот буд, боиси ҳалокати садҳо нафар шуд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, шумори ҳалокшудагони ин зилзила то дирӯз 1294 нафар, захмиҳо 1688 нафар буд. Бо идомаи ҷустуҷӯҳо шумораи талафот шояд афзоиш ёбад, чун 685 тан дар ноҳияи Зиндаҷон нопадид шудаанд.
Ҳанӯз кӯмакҳои изтирорӣ ба ҳама афроди ниёзманд дар минтақаҳои зилзилазада дар Ҳирот нарасидааст. Мардуми осебдидаи зилзилаи шадиди рӯзи шанбе дар Ҳирот мегӯянд, ки ба ғизо, сарпаноҳ, хайма, оби ошомиданӣ ва дору ниёзи бештар доранд.
АКСҲО АЗ ЗИЛЗИЛАИ 7 ОКТЯБР
Гуфтугӯ