Аъзои хонаводаи раисҷумҳури пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, то ҳол аз шахсони сарватманд дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Онҳо ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷ аз он соҳиби тиҷорат ва хонаву даранд.
Аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 қариб 235 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ному насаби худро иваз карда, шиносномаи нав гирифтаанд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки бахши асосии номивазкардаҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Махсусан онҳое, ки аз Русия ронда шудаанд.
Дар як минтақаи дурдаст, наздик ба Долони Вахон, начандон дур аз марзи кӯҳистони Тоҷикистон ва минтақаҳои шимолу шарқи Афғонистон, ҷоҳталабиҳои Чин дар ҳоли мутобиқ шудан бо воқеиятҳои нав аст.
Расонаҳои давлатӣ ва мансабдорони Тоҷикистон пайваста аз ташкили корхонаҳо ва ҳазорҳо ҷойи кории нав хабар медиҳанд. Бештари корхонаҳоро ҳангоми сафари президент ба ноҳияҳо боз мекунанд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ исбот кард, ки на ҳама корхонаву иншоот фаъол ҳастанд.
Ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон, “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми августи имсол гуфт, ҳукумат дигар аз пайи дарёфти сармоя барои наҷоти он нест ва сарнавишти ширкат бояд дар сатҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳал шавад.
Як таҳқиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон дод, ки занони ҷавони коргар дар "вебкам-студия"-ҳо мавриди озору азият, таҳдиду тамаъҷӯӣ ва ҳатто таҷовуз ба номус қарор мегиранд. Ба камияш дар ду маврид духтарон худкушӣ кардаанд.
Толибони афғон мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд. Аммо онҳо дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд.
14-уми апрел муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ буданаш, аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд. Фурӯши дубораи бозор бархилофи қонун ва ба таври пинҳон ҷараён ёфт.
Дар Тоҷикистон ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскавро ба ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" додаанд. Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин ширкат ба як духтар ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, тааллуқ дорад.
Ҷустуҷӯҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз чопи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон "Нашриёти муосир" 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард, ки қаблан ба ширкати "Фароз" тааллуқ дошт.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз баҳори имсол то ба ҳол борҳо гуфтаанд, ки ба қадри кофӣ ДНС доранд, аммо беморон ва наздиконашон ҳамвора аз камбуди дастгоҳҳо дар баъзе аз шифохонаҳо шикоят мекунанд. Ҳақ ба ҷониби кист?
Ёфтҳои бештар