Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 16-уми декабр эълон кард, ки як тим ё гуруҳи коршиносони байналмилалиро моҳи оянда ба шаҳри Вуҳани Чин мефиристад, то асли пайдо шудани коронавируси навро таҳқиқ кунанд.
Бритониё кишвари аввалине шуд, ки барои истифода аз ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод.
Сабти беморони коронавируси нав дар рӯзи 2-юми декабр дар Амрико бесобиқа буд ва ин кори маъмурони шифохонаву кормандони тибро бештар кард.
Шумораи гирифторони коронавируси нав дар ҷаҳон аз 60 миллион нафар гузашт. Дар ҳамин ҳол, омори мубталоён ба ин беморӣ дар Амрико ва баъзе аз кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст.
Дар як шабонарӯзи ахир дар Иёлоти Муттаҳида марги 2400 касро аз бемории коронавирус сабт кардаанд.
Ширкатҳои амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech хабар доданд, ки ваксинаи сохтаи онҳо аз COVID-19 муҳофизат мекунад. Хабар умедворкунанда аст, аммо танҳо як қадаме дар раванди дуру дароз мебошад.
Як пажӯҳиши тоза дар Бритониё собит кардааст , ки подтанҳое ки баъди гирифиторӣ ба короновирус дар бадан ҳосил мешаванд, дер намепоянд.
Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.
Мутахассисон талош доранд, маълум кунанд, чаро аҳволи занони обистан ва ё ҳомилае, ки ба бемории мазкур мубтало шудаанд, баъзан бисёр бад мешавад. Гузориши Садои Амрико дар ҳамин бора аст.
Дар Русия озмоиши ду ваксинае идома дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Русия ба зидди бемории COVID-19 коромад аст. Ба гуфтаи мақомот, даҳҳо ҳазор нафар изҳори омодагӣ кардаанд, ки довталабона дар озмоиши ваксинаҳо ширкат мекунанд, аммо шубҳа дар бораи ин ваксинаҳо зиёд аст.
Ёфтҳои бештар