Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 миллион кас дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд. Омори расмии беморон дар Тоҷикистон 12 ҳазор нафар аст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шумораи гирифторони коронавируси нав дар ҷаҳон аз 60 миллион нафар гузашт. Дар ҳамин ҳол, омори мубталоён ба ин беморӣ дар Амрико ва баъзе аз кишварҳои дигар рӯ ба афзоиш аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", мақомҳои беҳдоштии Амрико аз шаҳрвандон хостаанд, дар "Иди шукргузорӣ" дар ин кишвар аз сафар худдорӣ карда, дар меҳмониҳои хонаводагӣ ба ин муносибат ширкат накунанд.

Мақомҳои тандурустии Амрико гуфтаанд, бо вуҷуди ҳушдорҳо, бисёре аз мардум дар рӯзҳои таътил ба сафар мебароянд ва ба ҳамин хотир, интизор меравад, шумораи гирифторон афзоиш ёбад.

Раиси Маркази мубориза бо бемориҳои уфунии Амрико бори дигар таъкид кардааст, ки мардум бояд муқаррароти беҳдоштӣ ба монанди пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва фосилаи ҷисмониро ба хусус дар рӯзҳои истироҳат ба муносибати "Рӯзи шукргузорӣ" риоя кунанд.

Дигарбора авҷ гирифтани ин беморӣ дар Амрико, боиси ба рухсатӣ фиристодани мактабҳо ва қаҳвахонаҳо дар баъзе иёлатҳо шудааст. Шуморе аз иёлатҳо, аз ҷумла Ню-Йорк, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кардаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, омори расмӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки дар камтар аз як ҳафта, як миллион дар ин кишвар ба COVID-19 мубтало шудаанд. Шумораи умумии гирифторон ба ин беморӣ дар Амрико беш аз 12 миллиону 762 нафар будааст. Теъдоди қурбониёни вирус дар Амрико аз 260 ҳазор нафар гузаштааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", шумораи гирифторон ба COVID-19 дар ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе беш аз 60 миллион нафар ва қурбониён низ як миллиону 400 ҳазор нафар аст.

Дар Аврупо низ тайи панҷ рӯз як миллион мавриди нави гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабт шудааст. Шумораи гирифторон дар Аврупо ҳам акнун беш аз 16 миллион нафар аст. Теъдоди қурбониёни беморӣ дар Аврупо ба 365 ҳазор нафар расидааст.

Дар ҳоле ки ҳафтаи оянда карантин ва маҳдудиятҳо дар Бритониё ба поён мерасад, Олмону Испания ва Итолиё маҳдудиятҳои нав эълон кардаанд. Минтақаи Амрикои Лотинӣ низ бо афзоиши шумораи гирифторон рӯбарӯ аст. Дар ин минтақа низ мизони маргу мир бар асари ин беморӣ боло аст.

Шумори гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр аз марзи 12 ҳазор гузашт. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир бемории 37 нафарро тасдиқ карданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳафт моҳи гузашта 86 кас аз бемории ҳамагир ҷон бохта, 11395 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳад. Мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеӣ бамаротиб бештар аст.

Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр рӯйхати 225 нафарро нашр кард, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Рӯйхатро дар инҷо бинед ва барои пурра шудани он ёрӣ кунед

XS
SM
MD
LG