Идораи назорати беҳдоштии сифати ғизо ва маҳсулоти тиббии Амрико ваксинаи зидди COVID-19-ро, ки аз сӯи ширкати амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech ихтироъ шудааст, барои истифода ба таври комил қабул кард.
Дар нӯҳ моҳ маъракаи эмкунӣ дар сайёра тахминан 5 миллиард дона ваксинаи зидди COVID-19 дастрас шудааст.
Рӯзҳои охир шумори гирифторон ба навъи "Делта"-и бемории COVID-19 дар Эрон афзоиш ёфтааст. Рӯзи 9-уми август мақомоти Эрон эълон карданд, ки дар як шабонарӯз ба камиаш 588 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, 41 ҳазор кас мубтало шуданд.
Шахсоне, ки дар Русия бемоирии коронавирусро паси сар кардаанд, барои халосӣ аз пайомадҳои он аз Вазорати тандурустии он кишвар ёрӣ хостаанд. Садҳо ҳазор кас пас аз беморӣ аз хастагии шадид, надоштани ҳисси бӯй ва мазза ранҷ мекашанд.
Баъзе аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ду моҳ пеш вояи аввали ваксинаи AstraZeneca-ро гирифтанд ва аз он вақт инҷониб наметавонанд, вояи дувумро бигиранд.
Раҳбарони бахши тандурустии Суғд беэҳтиётии мардумро сабаби густариши дигарбораи коронавирус дар вилоят медонанд, вале коршиносон ин вазъиятро натиҷаи "бархӯрди нодуруст"-и мақомот дар ибтидои пандемия меноманд.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бемории COVID-19 дигарбора зиёд шудааст, шеваҳои ваксинзанӣ барои пешгирӣ аз маргу мир, натиҷаи баръакс ҳам додааст.
Ҷонибдорон мегӯянд, маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус барои пешгирӣ аз густариши беморӣ ва маргу мири сокинон муҳим аст. Мухолифон мепурсанд, ки дар он сурат ризқу рӯзии худу фарзандонро аз куҷо хоҳанд ёфт? Ситоди муқобила бо коронавирус хомӯш аст.
Намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба хабари Радиои Озодӣ дар мавриди ба кори фосилавӣ гузаштани даҳҳо кормандаш вокуниш кард.
Тавре мушоҳидаву суҳбат бо мутахассисон нишон медиҳад, "бепарвоии сартосарӣ” ва “таваккал ба Худо" намегузорад, ки мубориза бо паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Т
Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 15 ҳазор кас гузашт. Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки танҳо рӯзи 31-уми июл 78 мавриди бемориро сабт карданд.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе ба мақомоти маҳаллии ин кишвар пешниҳод кард, барои ташвиқи шаҳрвандоне, ки то кунун ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд, баробари дарёфти ваксина 100-долларӣ ҳадя диҳанд.
Ёфтҳои бештар