Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ваксинаи Pfizer-ро ба таври комил барои истифода қабул карданд


Эмкунӣ бо истифода аз ваксинаи Pfizer. Сербистон, 17-уми августи 2021
Эмкунӣ бо истифода аз ваксинаи Pfizer. Сербистон, 17-уми августи 2021

Идораи назорати беҳдоштии сифати ғизо ва маҳсулоти тиббии Амрико ваксинаи зидди COVID-19-ро, ки аз сӯи ширкати амрикоии Pfizer ва олмонии BioNTech ихтироъ шудааст, барои истифода ба таври комил қабул кард.

Ин ваксина дар ИМА ва чанд кишвари дигар ба таври густарда истифода мешавад. Аммо Иёлоти Муттаҳида онро барои истифодаи маҳдуд қабул карда буд. Ҳамакнун ҳамаи маҳдудиятҳо аз он бардошта шудааст.

Дар ИМА ба ҷуз аз Pfizer ду ваксинаи дигар Moderna ва Johnson&Johnson барои истифода иҷозат доранд. Дар маҷмуъ, аз ин се ваксин бештар аз 350 миллион воя ба шаҳрвандони Амрико зада шудааст.

Сарфи назар аз он ки дар Амрико бештар аз нисфи аҳолӣ ваксина гирифтаанд, ҳафтаҳои охир шумораи гирифторони вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Мақомоти тандурустии Амрико мегӯянд, вируси навъи "делта" дар ҳоли паҳншавӣ аст. Мавридҳои гирифтории ваксинзадаҳо ҳам сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG