Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ "аз кор монд". Биное, ки пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холист. Муқоисаро дар аксҳо бинед.
Ҷаҳон дар фикри пайдо кардани роҳи раҳоӣ аз бемории COVID-19 аст. Ҳоло дар чандин донишгоҳу озмоишгоҳҳои кишварҳои дунё талош барои тавлиди 170 ваксина идома дорад. Санҷиши баъзе аз ин ваксинаҳо шуруъ шудааст.
Коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши бесобиқаи хушунати хонаводагӣ дар давраи хонашинӣ ё карантин бонги изтироб мезананд. Бино ба иттилои дабири кулли СММ, Антонио Гуттереш, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон ду баробар афзудааст.
Ба коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун миллионҳо нафар дар ҷаҳон гирифтор шуда, миллионҳо каси дигар ҷони худро аз даст додаанд. Ин омор ҳар лаҳза ҳар лаҳза дар ҳоли тағйир аст.