"Кушторҳои номусӣ. Пок кардани бадномӣ ё нишонаи бераҳмӣ?

Ника Мусави, телевизиони "Настоящее Время"

2 майи 2020 года

Коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши бесобиқаи хушунати хонаводагӣ дар давраи хонашинӣ ё карантин бонги изтироб мезананд. Бино ба иттилои дабири кулли СММ, Антонио Гуттереш, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон ду баробар афзудааст. Аммо дар Озарбойҷон то паҳншавии пандемия ҳам мавзӯи хушунати хонаводагӣ ва куштори занон дар пайи мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла “кушторҳои номусӣ” ҳассос ва доғ буд.

Куштори 13 октябр

Тоҷири қисмҳои эҳтиётӣ дар шаҳраки наздик ба Боку, ки ҳудудан 30 сол дорад, зоҳиран ба як марди солманд монанд аст. Вай аз ҳоло ягон дандон надорад. Ҷавон чанд сол пеш аз зиндон озод шуд. 11 соли зиндагии ӯ барои куштори дӯстдухтараш дар кунҷи маҳбас гузашт.

Духтари дӯстдоштаи ин ҷавон дар як маркази савдо кор мекард. Ҷавон духтарро бо раҳбари марказ рашк мекард ва ҳамеша ӯро таъқиб менамуд ва барои каме дер омадан ба хона ҷанҷолу латту кӯб мекард. Як қафта пеш аз издивоҷ духтар дигар ба хулосае омад, ки ин пайванд ё никоҳашро бо ҷавон бекор кунад. Ин тасмими духтар бо маргаш анҷом ёфт. Ҷавон дӯстдухтарашро кушт.

Баъд аз раҳо шудан аз маҳбас, ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва бо кумаки як ҷинояткори бонуфуз дубора ба по хест. Соҳиби ҷойи кор ва зану фарзанд шуд.

Бархеҳо ҳанӯз ҷинояти ӯро фаромӯш накардаанд ва аз ӯ дурӣ меҷӯянд, аммо гурӯҳи дигар ба ин боваранд, ки ӯ ҷазояшро гирифт ва бояд имкон дода шавад, то худро чун як узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунад.

“Куштори номусӣ” ин таъбири ҷиноятест, ки аз ҷониби хешовандон барои гӯё “бадном кардани хонавода” ё “ҳифзи номус” анҷом мешавад. Зери ин таъбир дар кишварҳое чун Озарбойҷон мавзуъҳои табу, аз ҷумла хиёнат ба ҳамсар, ҳамхобагии пеш аз издивоҷ ва ҳамҷинсбозӣ фаҳмида мешавад. “Кушторҳои номусӣ” бештар хоси кишварҳои падарсолор ва ҷомеаҳои муҳофизакор аст. Ҷомеаҳое, ки дар он масъулияти занон бештар аз мардон муайян шудаву бархӯрд бо онҳо сахттар аст. Қурбониёни кушторҳои номусӣ ҳам дар аксар ҳолатҳо занонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ куштор дар заминаи рашкро ҳам, ки на фақат аз ҷониби шавҳарон, балки метавонад аз ҷониби дӯстдошта ё ҳамсари собиқ анҷом шавад, ба ин гурӯҳи кушторҳо шомил мекунанд.

Дар Озарбойҷон кушторҳо дар заминаи рашк як таъбири хос дорад – namus-qeyrət üstündə, ки ба маънои “Барои ҳифзи номус” аст. Ҷонибдорони “шустани бадномӣ бо хун” ин таъбирро хеле ҷиддӣ қабул доранд, вале мухолифон ин амалро чун як ҷинояти даҳшатнок ва бераҳмии хос медонанд.

Бо ин ҳама дар Озарбойҷон, феълан, “куштори номусӣ” ба ҳадди Қафқози Шимолӣ роиҷ нест. Дар айни замон дар ин кишвар чунин кушторҳо дар алоҳидагӣ баршумурда намешаванд. Онҳоро ба қатори кушторҳои маишӣ ворид мекунанд, ки дар пайи мушкилоти иҷтимоӣ сар мезананд.

Соли 2018 дар Озарбойҷон, дар пайи чунин баҳсҳои маишӣ 42 зан кушта шуд. Ҳамчунин 873 ҳолати хушунат сабт гардид. Соли 2019 ин омор ба таври қобили мулоҳиза боло рафт. Танҳо дар нимсолаи аввал 678 ҳолати зӯроварӣ дар хона сабт шудааст, ки 5 дар сади он қасди куштор ва қатл аст.

Авҷи чунин ҷиноятҳо дар ин кишвар ба моҳи октябри соли 2019 рост меояд, ки дар ин давра 13 зан бо дасти шавҳар ва хешовандони дигари худ кушта шуданд. Лайло Маҳмедова яке аз ин қурбониён аст. Ҳангоми як муноқиша шавҳараш ӯро дар кӯча дар пеши чашми кӯдакону роҳгузарон бо 25 зарби корд кушт.

"Ҳарҷогард буд"

Омори ҳаросафкани қурбониёни кушторҳо дар пайи хушунати хонаводагӣ боис шуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи эътирозие бо номи “нест бод бераҳмӣ нисбат ба занон” роҳандозӣ шавад. 20-уми октябри соли гузашта фаъолони ҷунбиши баробарии гендерӣ бо талаби тасвиби эъломияи Истанбул - созишномаи байналмилалии Шӯрои Аврупо зидди зӯроварӣ нисбат ба занон ва хушунат дар оила раҳпаймоӣ карданд. Пулис талош кард, раҳпаймоиро пароканда кунад ва ин бархурд эътироз ба ҷонибдорӣ аз занонро пуровоза намуд ва дар сархатти хабарҳо ҷой дод.

Ба ин тартиб моҳи ноябр боз як ҳодисаи “куштори номусӣ” рух дод. Ойтен Фарзалиеваи 20-соларо бародараш барои пешбурди “ҳаёти бадахлоқона” бо корд реза кард. 5 соли қабл аз ин ҳодиса хоҳарбузурги Ойтен ба бераҳмиҳои шавҳар ва падараш тоб наоварда худкушӣ кард.

Ойтени он замон ноболиғ ба ятимхона супурда шуд. Баъди ба балоғат расидан зиндагии мустақилона дошт. Ӯ бо ҷавоне шинос шуда, аз ӯ фарзанд ба дунё овард. Баробари огоҳ шудан аз зиндагии хоҳар, бародари Ойтен ӯро ба қабристон бурда, дар паҳлӯи оромгоҳи модару хоҳари дигараш ба қатл расонд.

Вай дар шарҳи амали худ гуфтааст, хоҳараш “бероҳагард” буд ва бе никоҳу издивоҷ фарзанд ба дунё овард. Ин дар ҳолест, ки ҳомии ҳуқуқ Камол Оғозода бовар дорад, як сабаби аслии куштор мерос ва нафъ ҳам буд. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Ойтен тасмим дошт барои дарёфти ҳаққи худ ва тақсими хонаи волидон ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Пас аз марги модар, сарнавишти ӯ дар фарзанди 9-моҳааш такрор шуд. Тифли Ойтенро ба тарбияи ятимхона доданд. Дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз ҳукм эълон нашудааст.

Мушкили ҷамъоварии омор

СММ ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ дар муайян кардани омори “кушторҳои номусӣ” дар ҷаҳон мушкил мекашанд. Чун ин ҳодисаҳо бештар бо дигар модда ва зери дигар ном сабту баррасӣ мешаванд. Вале аз нигоҳи гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар мисоли Озарбойҷон, чунин кушторҳо аксаран ошкор мешаванд.

Ҳарчанд ҳомии ҳуқуқ Элдар Зейналов ба ин чандон хушбин нест. Ба мушоҳидаҳои ӯ дар бархе аз мавридҳо кушторҳои хонаводагӣ дар воқеъ пинҳон мемонанд. Дар ҳар ҳодисаи дувум ё саввум, ба гуфтаи ӯ, ҷинояткорон беҷазо мемонанд.

" “Соли 2018 аз 200-240 мавриди марги маҷбурии занон дар пайи зӯроварии хонаводагӣ, танҳо дар 70 парванда тафтишот ба хулосае омад, ки зан аз сӯйи хешовандон ё кушта ва ё ба худкушӣ расонида шудааст. Дар ҳар ҳодисаи дувум ё саввум касе гунаҳкор дониста нашуд”, - мегӯяд Элдар Зейналов.

Яке аз ин қазияҳо соли 2016 дар Додгоҳи Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд. Ҳамсари корманди Вазорати амнияти миллӣ, ки мехост бо шавҳараш ҷудо шавад, аз айвони хона ба поин афтода ҷон дод. Бо вуҷуди норӯшаниҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои шубҳаовар дар марги асроромези зан, аз ҷумла осори захм дар бадани ӯ, таҳқиқи парванда ба таври зарурӣ анҷом наёфт.

Падари ин зан ба Додгоҳи аврупоӣ шикоят бурд ва додгоҳ ба хулосае омад, ки ин парванда ба таври воқеӣ ва дуруст таҳқиқ нашудааст. Ҳуқуқшиносон ҳам бар ин андешаанд, ки вақте дар чунин парвандаҳо исми афроди мақомдор ҳаст “одилона ошкор ва таҳқиқ намешаванд”.

Эъломияи Истанбул ҷиноятҳои маишӣ ё зӯроварӣ дар оиларо шадидан маҳкум мекунад. Эъломия якуми августи соли 2014 мавриди иҷро қарор гирифт. Дар ҳоли ҳозир зери ин санад 50 кишвари ҷаҳон имзо гузоштаанд. Фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ дар Озарбойҷон тасвиби эъломияро аз ҷониби ин кишвар яке аз роҳҳои асосии хотима додан ба кушторҳои маишӣ, аз ҷумла куштори номусӣ медонанд. Дар Озарбойҷон расман аз соли 2010 қонун дар бораи манъи хушунати хонаводагӣ қабул шуд.

Вале дар амал ин қонун кор намекунад ва дар аксар мавридҳо ин навъи зӯроварӣ ҳатто аз сӯйи пулис чун як мушкили “дохили хонаводагӣ” арзёбӣ мешавад.

Ба андешаи Элдар Зейналов, ҳомии ҳуқуқ дар Озарбойҷон, муқобилиятҳо барои тасвиби эъломияи Истанбул дар робита ба манъи хушунат вуҷуд дорад ва ин ба омилҳои мазҳабӣ рабт мегирад.

Зейналов солҳост аз маҳбасҳо дидан мекунад. Дар ин муддат ӯ бо даҳҳо зиндониёне вохӯрдааст, ки барои “куштори номусӣ” маҳкум шудаанд.

"“Дар аксар ҳолат, сабаб бекор кардани ақди никоҳ ва гумону шубҳаҳо буд. Қурбониёни аслии чунин кушторҳо занон буданд. Мардони қотил дар нақши додрас зани хонаводаро маҳкум ба қатл кардаанд”, - мегӯяд ҳомии ҳуқуқ Элдар Зейналов.

Зейналов аз сарнавишти як маҳбусе нақл мекунад, ки маҳкум ба ҳабси абад шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо ҳомии ҳуқуқ ашк рехта, гуфтааст, бегуноҳ аст ва ҳукмро бераҳмона медонад.

Маҳбусе, ки худро “бегуноҳ” медонад, барои қатли панҷ узви хонавода, аз ҷумла ду кӯдак ҳукми абад гирифтааст. Ӯ, ки ҳамроҳ бо модар ва оилаи хоҳараш зиндагӣ мекардааст, як шом ҳангоми бозгашт ба хона, дар ҳолати мастӣ аз як ҳамдеҳааш дар бораи гӯё беобрӯии хоҳараш ҳарфҳои нохушоянд шунида, худро таҳқирдида эҳсос мекунад. Дар хона ӯ бо корд ба хоҳараш ҳамла мекунад, модар ва шавҳари духтарро ҳам, ки барои наҷоти ӯ ба муноқиша ҳамроҳ мешаванд, ба қатл мерасонад. Дар охир ду кӯдаки хоҳар ҳам дар ҳолати хоб буданд, бо дасти тағо кушта мешаванд.

Ба суоли ин ки чӣ тавр тавонист кӯдакони бегуноҳро бикушад, маҳбус посух додааст, ки “магар дигар роҳ буд? Ман волидони онҳо ва бибияшонро куштам, худам зиндонӣ мешудам, духтарҳо танҳо мемонданд ва ба роҳи бад мерафтанд. Барои ҳамин пеш аз он ки авлоди моро беобрӯ мекунанд, онҳоро қатл кардам.”

Мушкили қонун

“Куштори номусӣ” дар Озарбойҷон решаҳои амиқи таърихӣ дорад. То оғози асри 20 дар ин кишвар, ин навъ куштор, чун як амали маъмулӣ қабул мешуд.

Дар аҳди Шӯравӣ барои ин кор аллакай муҷозот пешбинӣ карданд. “Ҳукумати Шӯравӣ ба чунин ҳодисаҳо чун ҳамла ба ҳуқуқу баробарии занон баҳо ва тобиши сиёсӣ медод, бинобар ин ба фарқ аз дигар кушторҳо барои куштори номусӣ ҷазои сахттар пешбинӣ мешуд”, - меафзояд, Элдар Зейналов.

Имрӯз дар Кодекси ҷиноии Озарбойҷон, моддаи ҷудогона барои ҷиноятҳои "номусӣ" вуҷуд надорад. Ин қазияҳо аз рӯи моддаи “куштор” баррасӣ мешаванд. Дар моддаи 61-и Кодекси ҷиноии Озарбойҷон дар бораи зӯроварӣ дар оила, баробарӣ ва омилҳои қатли номусӣ чизе гуфта нашудааст. Ҳуқуқшинос мегӯяд, дар қонун норӯшаниҳо зиёд аст, ки дар ниҳоят метавонад, муҷозоти афроди гунаҳкорро сабуктар кунад.

“Бинобар ин, тасвиби эъломияи Истанбул зарур аст, то паҳлӯҳои норӯшан ошкору мушаххас шавад”, - афзуд Зейналов. Аммо, ба гуфтаи ӯ, номушаххасиҳо дар қонун ягона сабаби то ҳанӯз идома ёфтани кушторҳои номусӣ нест. Вай мегӯяд, “ин мушкил решаҳои амиқтар дорад ва ба урфу арзишҳои мардони Озарбойҷон ва дар маҷмуъ тамоми Қафқоз рабт мегирад. Мавҷи бозгашт ба урфу анъанаҳои миллӣ дар оғози солҳои 90 ин падидаи даҳшатнокро дубора эҳё кард ва дар додгоҳу сохторҳои қудратӣ ҳам, ки аксаран аз кормандони мард иборатанд, нисбат ба чунин кирдорҳо бархӯрди “нарм” мекунанд”.

Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқро дар ин кишвар нигарон кардааст ин аст, ки ҳимоя ва ҷонибдорӣ аз ҷиноятҳои номусӣ ҳам дар ҷомеа кам нест. Беш аз ин, ба гуфтаи онҳо, дар Озарбойҷон занро аз замони таваллуд хатаре шабеҳ ба бомб медонанд, ки метавонад рӯзе оиларо беобрӯ бикунад ва ба номи хонавода доғ биёрад. Маҳз чунин андешаҳоро ҷомешиносон яке аз сабабҳои афзоиши исқоти ҳамл медонанд.

Бархе аз волидон фақат ба хотире, ки духтар метавонад дар оянда “бероҳа” шавад, аз таваллуди ӯ худдорӣ мекунанд. Ҳатто бархе аз афроди маъруфу бонуфуз ҳам ба ҷонибдорӣ аз муҷозоти занон барои гӯиё “бероҳагӣ” садо баланд мекунанд. Моҳи августи соли 2019 овозхон Нодир Ғаффорзода эълон кард, ки “сари зани бад бояд бурида шавад.” Ин сухани овозхон боис ба баҳси тезутунде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бархеҳо овозхонро барои чунин андешааш маҳкум мекарданд, аммо гурӯҳе ҳам бо ӯ ҳамақида буданд.

Дар маҷмӯъ, хушунати хонаводагӣ ва “қатли номусӣ” ҳанӯз ҳам яке аз мавзуъҳои баҳс дар ҷомеаи Озарбойҷон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои телевизионӣ аст. “Худат гунаҳкорӣ” аз хулосаҳои аслӣ дар чунин баҳсҳост. Коршиносон мегӯянд, ҳатто бархе аз қурбониёни хушунати хонаводагӣ то охир гуноҳи онҳоеро, ки азияташон медиҳанд, рӯйпуш мекунанд.

Элдар Зейналов мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш шоҳиди ҳодисае ҳам буд, ки марди хонавода 4 бор талоши куштори ҳамсарашро карда, пайваста ӯро азият медод, вале ҳар бор ба хотири онки ҳамсараш дар пулис ин ҳамаро пинҳон медошту ба манфиати ӯ баёнот медод, озод мешуд. Охирин бор мард вақте қасди куштори занашро кард, ки ӯ аз азобу азият гурезон бо 4 фарзанд ба хонаи волидонаш рафта буд. Шавҳар шабона ба хонаи онҳо ворид шуда, вақте фаҳмид, ки занаш дар он ҷо нест, тамоми аъзои хонаводаро бо табар қатл кард. Дар ин ҳодиса танҳо як хоҳарзодаи зан зинда монд, ки маъюби якумрӣ шуд”. Қотил ҳукми абад гирифт, вале зан аз тарс ҳатто ба мурофиа наомад.

Чаро дар Озарбойҷон занон бештар хостори талоқанд?

Зери таъбири “куштори номусӣ” дар Озарбойҷон, ҳамчунин ҳолатҳое ҳам фаҳмида мешавад, ки барои таҳқир, гаппартоӣ ва ё ҳифзи номуси наздикони худ, аз ҷумла хоҳар ё ҳамсар анҷом мешаванд.

Полковники собиқи милиса Гаҷӣ Мамедов барои то мурдан бо артматура задани як корманди бонуфузи додситонӣ маҳкум ба зиндон шуд. Сабаб ин буд, ки додситон гӯиё зани хоҳарзодаи Мамедовро ба худ моил ва баъдан таҳдид кардааст. Барои собиқ полковник ин ҷинояти аввал набуд ва дар додгоҳ ӯ ба тамоми гуноҳҳои худ иқрор шуд ба ҷуз як гуноҳ. Қатли нафаре, ки ба ҳамсари бародараш робита дошт.

Кушторҳо “барои ҳифзи номус” дар Тоҷикистон ҳам гоҳе рӯй медиҳанд. Чанд сол пеш дар ноҳияи Ҳамадонӣ як мард дӯстписари духтарашро бо зарби табар кушт. Ҳамин тавр дар шаҳри Кӯлоб як бародар хоҳарашро барои “резонидани обрӯи хонавода” ба қатл расонида буд. Ҳамаи ин қазияҳо дар ин ҷо ҳам аз рӯи моддаи “куштор” баррасӣ шудаанд.