Сабқат барои тавлиди ваксина ба зидди COVID-19
Ҷаҳон дар фикри пайдо кардани роҳи раҳоӣ аз бемории COVID-19 аст. Ҳоло дар чандин донишгоҳу озмоишгоҳҳои кишварҳои дунё талош барои тавлиди 170 ваксина идома дорад. Санҷиши баъзе аз ин ваксинаҳо аллакай шуруъ шудааст.
Солҳо зарур аст, то як ваксина тавлид ва барои истифода омода шавад, аммо фишорҳои сиёсиву иқтисодӣ донишмандонро водор кардааст, ки дар офаридани ваксина шитоб кунанд.
Баъзе аз кишварҳо аллакай аз комёбии худ дар ин самт хабар додаанд, аммо мутахассисон бовар доранд, ки барои ваксинаи коромад ҷаҳон ба вақти бештар ниёз дорад.
ЧАРО ВАКСИНА ЗАРУР АСТ?
Ҷисми инсон аксар вақт пас аз беморӣ иммунитети якумрӣ пайдо мекунад, аммо баъзе аз бемориҳо оризаҳои ҷиддие дар пай доранд ва ҳатто метавонанд ба марг бирасонанд. Вазифаи ваксина ҳам ин аст, ки антитела ё подтанҳое ба вуҷуд оварда, вирусро маҳв намояд ва инсонро аз сирояти беморӣ ҳифз кунад.
ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ВАКСИНА
То омода шудани ваксина барои истифода, он бояд аз чанд марҳилаи озмоишӣ гузарад:
- Марҳилаи озмоишӣ
- Марҳилаи таҳқиқотӣ
- Озмоиши клиникӣ
- - Давраи аввал: ваксина ба як гурӯҳи маҳдуди одамон пешниҳод мешавад;
- - Давраи дувум: ба озмоиш ихтиёриёни махсус интихоб мешаванд;
- - Давраи севум: озмоиш васеътар шуда, бо ҷалби ҳазорон нафар самарбахшӣ ва бехатарии он санҷида мешавад;
- Баҳогузорӣ ва тасдиқи он аз ҷониби мақомоти нозир
- Истеҳсоли ваксина
- Назорати сифати он
Аз моҳи август ба ин сӯ Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ раванди озмоиши 170 ваксинаро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ дорад.
РУСИЯ КАНОР МЕРАВАД
Чанде пеш Русия эълон кард, ки тавлид ва истифодаи оммавии ваксинаи “Спутник-V”-ро оғоз мекунад. Бархе аз пажӯҳишгарон ба коромад будани ин ваксина шубҳа доранд ва мегӯянд, ҷараёни таҳияи ваксина чандон шаффоф набуда, имкон дорад, дар марҳилаи саввуми озмоиш, чораҳои муҳими бехатарӣ сарфи назар шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол созандагони ваксина зери фишорҳои сиёсӣ шитобкорӣ кардаанд, то дар сабти номи он пешсаф бошанд.
Яке аз сабабҳои асосии нигаронии олимон дар ҷаҳон дар мавриди ваксинаи “Sputnik V” хатари "афзоиши вобастагии зидди подтан ё антитела аст”: Вирус метавонад антителаҳоеро, ки ваксина тавлид мекунад, барои ворид шудан ба ҳуҷайраҳо истифода барад. Ин метавонад, вазъи беморони такроран сироятёфтаро бадтар кунад. Ин бояд дар марҳилаи саввуми озмоиши ваксина санҷида мешуд, аммо ваксинаи Русия ин озмоишро нагузаштааст.
ЧӢ ТАВР МЕТАВОН МАСУНИЯТ ПАЙДО КАРД?
Вақте тани одам моддаҳои бегонае ба мисли вирус ва бактерияҳоро ошкор мекунад, кӯшиш менамояд онҳоро муайян ва безарар созад.
Дар натиҷа дар ҷисм антитела ё подтанҳое ҳосил мешаванд, ки метавонанд ба муддати аз 3 моҳ то як сол ҳифз шаванд.
ВАКСИНАҲОИ ЗИДДИВИРУСӢ
Аксар ваксинаҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, бо истифода аз худи вирус
(А) Дар асоси вирусҳои заифашуда
(Б) (Б) ва вирусҳои ғайрифаъол
таҳия шудаанд. Ин усул назорати шадиди бехатариро талаб мекунад.
КАЙ ВАКСИНА БАРОИ ИСТИФОДА ДАСТРАС МЕШАВАД?
Эътилофи байналмилалии инноватсионӣ дар самти омодагии эпидемиологӣ (CEPI) моҳи апрел эълон кард, ки тибқи протоколи вокуниш дар ҳолатҳои фавқулода, ваксина метавонад дар аввали соли 2021 дар истифода дастрас шавад.
40 кишвари дунё моҳи май ба СҶТ ваъда карданд, ки барои ҳарчи зудтар офаридани ваксина 8,1 миллиард доллар ёрӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин СҶТ, низоми арзёбии шаффоф ба ваксинаҳои муваффақу коромадро таҳия кардааст, ки он тамоми созмонҳои масъул, пажӯҳишгоҳ ва ширкатҳои дорусозиро барои кори муштарак дар ин самт ба ҳам меоварад.
ВАКСИНА ДАР НАВБАТИ АВВАЛ ДАСТРАСӢ КӢ МЕШАВАД?
Муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ барои офаридани ваксина даҳҳо миллиард доллар сармоягузорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, тақсими одилонаву шаффофи ваксинаи собитшуда, мавриди шакку шубҳа қарор мегирад. Бритониё дар ивази 30 миллион ваксина, ба Донишгоҳи Оксфорд 79 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин озмоишро Оксфорд якҷо бо маркази “AstraZeneca” анҷом медиҳанд.
“AstraZeneca” ба Амрико ваъда кардааст, ки агар ба ин тарҳ 1,2 миллиард сармоя гузорад, соҳиби 300 миллион ваксина хоҳад шуд. Иттиҳоди Аврупо барои дастрас кардани ваксина ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод, барномаи таҳияи ваксинаи European Vaccine Strategy-ро бо маблағи 2,3 миллиард доллар роҳандозӣ кард.
Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки нахустин шуда, сокинони кишварҳои аз нигоҳи иқтисоди рушдёфта ба ваксина дастрасӣ пайдо мекунанд.
Кишварҳои сераҳолӣ ва камбизоат, ки наметавонанд барои таҳияи ваксинаҳо сармоя гузоранд, ба ваксина ба таври маҳдуд ва ё умуман дастрасӣ нахоҳанд дошт.