Рӯзи 31 декабр кӯчаҳои Душанбе фазои идонаи солинавӣ дорад. Сокинони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, умедвори як соли пурфайзу пурбаракатанд ва муҳимтар аз ҳама, як соли орому осударо мехоҳанд
Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, дар сотонаи Соли нав имиҷи худро тағйир дода ва барои нахустин бор дар рӯ ба рӯи дурбини Озодӣ таронаи нави "Ғарибӣ"-яшро замзама кард.
Маҳинаи 8-сола орзу дорад, соли 2016 дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил кунад ва ҳамсинфонаш аз ӯ толибаи беҳтарин ном баранд. Ӯ дар шаби дар Соли нав аз Бобои барфӣ интизори ҳадяест, ки дигарон намедонанд.
Ҳаводиси Тоҷикистон дар расонаҳои олам имсол назар ба солҳои қабл бозтоби бештар ёфтанд. Миёни онҳо рӯйдодҳои дур аз тасаввур ва барои дигар кишварҳо «экзотикӣ» кам набуданд.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, ки ба “иллатҳои техникӣ” натавонист консерти хайриявии худро имсол баргузор кунад ва ин орзуро ба соли 2016 мебарад.
Ин гузориш мурурест ба муҳимтарин дастовардҳои варзиши тоҷик дар соли 2015.
Муқимҷон Абдуфаттоев - ҳаҷвнигори гурӯҳи “Хандинкамон” аз камтарин афродест, ки аз бӯҳрони молии соли 2015 шикоят надорад. Ӯ аз ин сол ба некӣ ёд меорад. Муқимҷон «агар соли 2014 дувоздаҳ бор бо ҳамсараш ҷанҷол карда бошад, соли 2015 фақат 6 дафъа ҷанҷол кардааст.»
Видеоҳои бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар шабакаи интернетии YouTube дар соли 2015 беш аз 16 миллион маротиба тамошо кардаанд.
Соли 2015 барои овозхони маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед аз хотирмонтарин солҳост. Дар ҳамин сол ӯву ҳамсараш Фаридуни Хуршед соҳиби духтар шуданд.
Қиёмиддин Миралиев ҷавонтарин вакили мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон аст. Намояндаи мардумӣ, мардум буданро барои шахсе, ки ормонҳои сиёсӣ дорад, ҳатмӣ меҳисобад.
Муҳоҷирони тоҷик зоҳиран соли мушкилтарини худро дар Русия паси сар мегузоранд. Имсол дар пайи шадидтар шудани қонуни муҳоҷират дар Русия вазъи будубоши муҳоҷирон низ тағйир ёфт.
Марям Давлатова мегӯяд, соли гусфанд ӯро ба олами калонсолӣ ва андешарониҳо ҳидоят кард. Хонум Давлатова, ки мегӯяд, инсони “беорзу” ҳаст, бовар дорад, дар соли нави 2016 маҷмӯъаи шеърҳояшро нашр мекунад ва барои ду наберааш бибии воқеӣ мешавад.
Ёфтҳои бештар