Муқимҷон Абдуфаттоев - ҳаҷвнигори гурӯҳи “Хандинкамон” аз камтарин афродест, ки аз бӯҳрони молии соли 2015 шикоят надорад. Ӯ аз ин сол ба некӣ ёд меорад. Муқимҷон «агар соли 2014 дувоздаҳ бор бо ҳамсараш ҷанҷол карда бошад, соли 2015 фақат 6 дафъа ҷанҷол кардааст.»
Видеоҳои бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар шабакаи интернетии YouTube дар соли 2015 беш аз 16 миллион маротиба тамошо кардаанд.
Соли 2015 барои овозхони маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед аз хотирмонтарин солҳост. Дар ҳамин сол ӯву ҳамсараш Фаридуни Хуршед соҳиби духтар шуданд.
Қиёмиддин Миралиев ҷавонтарин вакили мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон аст. Намояндаи мардумӣ, мардум буданро барои шахсе, ки ормонҳои сиёсӣ дорад, ҳатмӣ меҳисобад.
Муҳоҷирони тоҷик зоҳиран соли мушкилтарини худро дар Русия паси сар мегузоранд. Имсол дар пайи шадидтар шудани қонуни муҳоҷират дар Русия вазъи будубоши муҳоҷирон низ тағйир ёфт.
Марям Давлатова мегӯяд, соли гусфанд ӯро ба олами калонсолӣ ва андешарониҳо ҳидоят кард. Хонум Давлатова, ки мегӯяд, инсони “беорзу” ҳаст, бовар дорад, дар соли нави 2016 маҷмӯъаи шеърҳояшро нашр мекунад ва барои ду наберааш бибии воқеӣ мешавад.
Соли 2015-ро иқтисоддонҳо мушкилтарин соли иқтисоди Тоҷикистон дар асри 21 ном мебаранд, вале мегӯянд, ин кишвари пасошӯравиро як соли боз ҳам мушкилтаре ҳанӯз дар пеш аст.
Гурӯҳи мусиқии "Шамс" мегӯяд, ки таҷрибаи ҳамкории Нобовар Чаноров бо Шабнами Сурайё дар иҷрои дуэти "Азта дилдил кинум" ниҳоят муваффақ буд.
Ҳасанбой Тоҷибоеви гулфурӯш мегӯяд, бӯҳрони соли 2015 ба тиҷорати ӯ таъсир расонд ва шумори харидоронро коҳиш дод. Ҳасанбой аз марде мисол мезанад,ки ҳар рӯз як гули роз мехариду акнун дер-дер меояд.
Овозхони шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов мегӯяд, соле, ки сипарӣ мешавад, барои ӯ соли пурбор ва сермаҳсул буд. Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз ҳаводиси сол, мавзӯи таронаҳояшро дигар кард.
Дар таърихи навини Тоҷикистон соли 2015 як марҳилаи хеле пуртаҳаввулот буд.
Устохонаи Даврон Икромов, мӯзадӯзи 30-сола ҳамеша серодам аст. Бо вуҷуди зиёд будани дӯконҳои кафшдӯзӣ, ин косиби ботаҷриба муштарии бештар дорад. Ӯ дар соли 2015 соҳиби хона шуд. Орзуе, ки бо мӯзадузӣ амалӣ кардани онро як хоби ширин медонанд.
Ёфтҳои бештар