Марям Давлатова мегӯяд, соли гусфанд ӯро ба олами калонсолӣ ва андешарониҳо ҳидоят кард. Хонум Давлатова, ки мегӯяд, инсони “беорзу” ҳаст, бовар дорад, дар соли нави 2016 маҷмӯъаи шеърҳояшро нашр мекунад ва барои ду наберааш бибии воқеӣ мешавад.
Соли 2015-ро иқтисоддонҳо мушкилтарин соли иқтисоди Тоҷикистон дар асри 21 ном мебаранд, вале мегӯянд, ин кишвари пасошӯравиро як соли боз ҳам мушкилтаре ҳанӯз дар пеш аст.
Гурӯҳи мусиқии "Шамс" мегӯяд, ки таҷрибаи ҳамкории Нобовар Чаноров бо Шабнами Сурайё дар иҷрои дуэти "Азта дилдил кинум" ниҳоят муваффақ буд.
Ҳасанбой Тоҷибоеви гулфурӯш мегӯяд, бӯҳрони соли 2015 ба тиҷорати ӯ таъсир расонд ва шумори харидоронро коҳиш дод. Ҳасанбой аз марде мисол мезанад,ки ҳар рӯз як гули роз мехариду акнун дер-дер меояд.
Овозхони шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов мегӯяд, соле, ки сипарӣ мешавад, барои ӯ соли пурбор ва сермаҳсул буд. Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз ҳаводиси сол, мавзӯи таронаҳояшро дигар кард.
Дар таърихи навини Тоҷикистон соли 2015 як марҳилаи хеле пуртаҳаввулот буд.
Устохонаи Даврон Икромов, мӯзадӯзи 30-сола ҳамеша серодам аст. Бо вуҷуди зиёд будани дӯконҳои кафшдӯзӣ, ин косиби ботаҷриба муштарии бештар дорад. Ӯ дар соли 2015 соҳиби хона шуд. Орзуе, ки бо мӯзадузӣ амалӣ кардани онро як хоби ширин медонанд.
Овозхони пуртарафдори тоҷик Сироҷиддин Фозилов мегӯяд, бо он ки соли 2015 барояш як соли эҷодкорӣ буд, аммо ғами модари маризаш ӯро бисёр афсӯрда кард ва дар баъзе таронаҳояш нақш гузошт.
Дар як соли аввали ҷорӣ шудани патенти корӣ дар Русия, миллиардҳо рубл аз ҷайби муҳоҷирон ба будҷаи ин кишвар ворид шудааст. Танҳо будҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик 5,5 млрд рубл фоида дидааст.
Шоираи Раҳимҷон, шоира ва оҳангсози тоҷик соли 2015-ро баробар ба 15 қарн медонад. Марги Айлон, кӯдаки муҳоҷири курд, зилзилаи вайронгар дар Бадахшону саргардониҳои мардуми Бартанг ва марги Умаралии 5-моҳа дар Санкт-Петербург дар хотироти Шоира то дергоҳ боқӣ хоҳад монд. Таҳияи Сарвинози Руҳуллоҳ ва
Парвина Саидова 26 сол дорад ва модари серфарзанд аст. То нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд. Марги шавҳар дар як соли пеш зиндагии ин зани ҷавонро комилан тағйир дод ва наздикон ба Парвина тавсия доданд, барои раҳо шудан аз андӯҳ аз истеъдодаш кор бигирад. Таҳияи Сарвинози Руҳуллоҳ