Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи бачагиҳои сахту сангинаш дар давраи ташаккулёбии Тоҷикистони советӣ, фирори Амир Олимхон аз Тоҷикистон, мулоқоташ бо Сталин, таҷрибаи корӣ зери раҳбарии Бобоҷон Ғафурову Турсун Ӯлҷабоев ёдовар шуд.
Ходими собиқадори Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова рӯзи 6-уми ноябр 100-сола шуд. Ходими давлатии Тоҷикистони шӯравӣ Низорамоҳ Зарипова дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагиву кораш дар як қарни гузашта ёдовар шуд.
Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо устоди донишгоҳи Ледени Нидерланди Тураҷи Атобакӣ.
Чаро омӯзгорон дар Тоҷикистон тарки кору тарки кишвар мекунанд? Ҷавонони тоҷик ҳангоми рафтан ба донишгоҳҳои ғарбӣ бояд чиро донанд? Бе пул дар илм пеш рафтан мумкин аст? Ба ин ва суолҳои дигар профессори Донишгоҳи Дублин Абел Полезе посух дод, ки бо вазъи маориф дар Тоҷикистон аз наздик ошност.
Аз 7 то 21 октябри имсол дар шаҳри Флоренсияи Итолиё намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷик Фаррух Неъматзода баргузор мешавад.
Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд.
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо як муҳаққиқи таърихи ислом, аз ҷумла, таърихи матову нассоҷӣ ва қолиҳо дар Осиёи Марказӣ.
Нависандаи англис Крис Аслан дар моҳи июни имсол китоби навашро бо номи "Кушодани гиреҳи "Роҳи абрешим" нашр кард.
Владимир Каримӣ, ҳунарпешаи операсарои тоҷик баъд аз беш аз сӣ соли иқомат дар Аврупо ба ватан баргашта, қасд дорад, дар Театри опера ва балети Тоҷикистон фаъолияташро идома диҳад. Ҷаноби Каримӣ муддате овозхони “Болшой Театр”-и Маскав буд.
Як шаҳрванди Эрон пас аз раҳоӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон тарзи рафтори мақомоти интизомӣ ва шароит дар боздоштгоҳу маҳбасҳои кишварро ошкор кард.
"Раҳбарони Осиёи Марказӣ рӯйдодҳои охирро дар Русия, ки Кремл "ошӯби мусаллаҳона" номид, бо "ошуфтагӣ" истиқбол карданд ва акнун масъалае ҳаст, ки онҳо бояд дар борааш бештар фикр кунанд," – мегӯяд ходими илмии Маркази Карнегии Берлин Темур Умаров.
Президенти Чехия гуфт, бояд ниҳодҳои амниятӣ шаҳрвандони Русияро дар кишварҳои ғарб таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд. Петр Павел инро баҳои амалҳои вайронгаронаи Русия дар Украина номид, ки русҳо бояд пардохт кунанд.
Ёфтҳои бештар