Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валентина Чупик: "Муҳоҷиронро ба гузоштани имзо маҷбур мекунанд" ВИДЕО


Валентина Чупик
Валентина Чупик

Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд.

Аз Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, пурсидем, ки сабаби баргузории амалиёти давомдор чист ва муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон, бояд чӣ кор кунанд.

Валентина Чупик: “Якум. Ҳоло маъракаи пешазинтихоботии минтақаӣ ҷараён дорад. Ба тахмини ман, то даме ки натиҷаи овоздиҳӣ маълум нашавад, фишор нисбат ба муҳоҷирон идома хоҳад дошт. Мақомоти Русия ҳар дафъа, ҳангоми интихобот, аз чунин сиёсат кор мегиранд ва ҳисси миллатгароиву муҳоҷирбадбиниро меафзоянд. Онҳо ба ин васила мехоҳанд вонамуд кунанд, ки гуё барои ҳуқуқи шаҳрвандони Русия мубориза мебаранд. Дар асл чунин нест. Ин як баҳонаи хуб барои ба хашм овардани аҳолӣ, дур бурдани тавваҷуҳи онҳо аз мушкилоти рӯз ва ҳамзамон ғорат кардани қишри осебпазир аст.

Тавре медонем, ҳоло маҳз муҳоҷирон заъфпазиранд ва теъдоди ками одамон аз ҳуқуқи онҳо дифоъ мекунанд. Илова бар ин, воқеан, дар ҳоли ҳозир ҷалби нерӯи иловагӣ ба гурӯҳи зархаридони “Вагнер” аз ҳисоби соҳибони шиносномаҳои русӣ идома дорад. Мутаассифона, ҳоло низ хоҳишмандони дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон бениҳоят зиёд аст. Дар ҳоле ки чунин раванд дар миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар тақрибан ба назар намерасад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки муҳоҷиронро барои гузоштани имзо маҷбур мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Оё муҳоҷирон дар ин бора ба шумо шикоят доштанд ва дар сурати пеш омадани чунин ҳолат бояд чӣ кор кунанд?

Валентина Чупик: “Дирӯз (11-уми сентябр) якбора аз чанд нафар паём расид. Онҳо барои гирифтани патент ба маркази “Сахарово” рафта буданд. Гуфтанд, дар даромадгоҳ боздошт карда, чанд соат нигоҳ доштанд ва маҷбур карданд, ки зери як варақ имзо гузоранд. Баъзе аз онҳо занг заданд. Маълум шуд, ки маҷбур доранд, қарордодро дар бораи ихтиёрӣ рафтан ба артиш имзо намоянд. Бинобар ин, аз журналистон хоҳиш дорам, бо забони худашон ба ин муҳоҷирон фаҳмонанд, ки дар ҳеч сурат зери ягон коғази нофаҳмо имзо нагузоранд. Албатта, саркашӣ аз гузоштани имзо роҳи ҳал нест. Аз ин рӯ, бояд дар ин коғазҳо дар ҷойи имзогузорӣ бо забони модарии худ нависанд, ки “Ман розӣ нестам”. Дар ин ҳолат ин варақа корношоям мешавад ва ҳеч кас ҳам коре кардан наметавонад.”

Радиои Озодӣ: Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд, вале ба хидмат рафтан намехоҳанд, чун аз эҳтимоли иштирок дар ҷанги Украина ҳарос доранд. Ин афрод бояд чӣ кунанд?

Валентина Чупик: “Агар ҳар тоҷикеро бипурсед, ки чаро шаҳрванди Русия шудааст, 99 дарсад посух медиҳанд: барои насупоридани пули патент. Акнун онҳо дигар муҳоҷир нестанд. Ман ва сафорати Тоҷикистон аз ҳаққи онҳо дифоъ карда наметавонем. Ҳеч кас аз онҳо дифоъ карда наметавонад. Онҳо интихоби худро карданд.”

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Сабаби амалиёти давомдор дар Русия чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG