Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм дар мақоми сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баъди наздики чор соли коораш ба охир мерасад.
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, пас аз як бемории тӯлонӣ ба кор баргашт. Ӯ дар шаҳри Алмато зиндагӣ мекунад ва устоди Донишгоҳи равобити байнулмилал ва забонҳои хориҷии Қазоқистон аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Алмато бо Сафар Абдуллоҳ суҳбат карданд.
Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд? Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд? Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?
Ду моҳ пеш дар Қазоқистон Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон таъсис ёфт. Масъулонаш мегӯянд, созмон кори тақрибан сад ҳазор тоҷики муқими он кишварро танзим мекунад.
Абдулҳамид Қаюмов, донишманди тоҷик, ки солҳои дароз вазъи пиряхҳоро дар Тоҷикистону хориҷа таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳавзҳо дар болои пиряхҳо зиёд шудаанд, ки пайомади хуб надорад. Ӯ чанде пеш феҳрасти нави пиряхҳои кишварро таҳия кард.
Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд? Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд? Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст? Ба ин ва суолҳои дигар сафири нави Украина дар Тоҷикистон, Виктор Евдокимов, рӯзи 13-уми октябр посух дод.
Мақомот аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина хостаанд, ки талаботи вазъи ҳарбиро дар он кишвар риоя кунанд ва агар имкон ҳаст, “қаламрави Украинаро тарк кунанд”. Дар айни замон аз шаҳрвандони дигар талаб шудааст, аз рафтан ба Украина худдорӣ варзанд.
Ба ташкилоти маъруфи UFC роҳ ёфтани аввалин варзишгар аз Тоҷикистон дар миёни ҳаводорони варзиш ба истиқболи гарме рӯ ба рӯ шуд. Нурулло Алиев, размикори 23-солаи тоҷик дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА) баъди ғалаба дар ташкилоти DWCS барои чор рақобат бо ташкилоти UFC шартнома баст.
Кӣ ва чӣ гуна соҳиби корти сабз (Green Card)-и Амрико хоҳад шуд? Доштани шиносномаи хориҷӣ зарур нест, пас, чӣ санад муҳим аст? Оё аризаро худи шаҳрвандон пур кунанд ё ширкатҳои миёнрав? Консули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Тодд Ҳюз, ба ин ва суолҳои дигар посух гуфт.
Сиёсатмадор Леонид Волков дар мусоҳиба бо хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, Муъмин Шокиров, дар бораи ҷанг дар Украина ва имрӯзу ояндаи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт. Бахше аз онро пешниҳод мекунем.
Онҳое, ки шиносномаи Тоҷикистону Русияро доранд, мепурсанд, оё онҳоро ҳам ба артиш мебаранд? Агар аз пайвастан ба артиши Русия худдорӣ кунанд, чӣ ҷазо хоҳанд гирифт? Агар ба ҷанги зидди Украина фиристода шаванд, дар Тоҷикистон онҳоро чӣ интизор аст?
Шаҳбоз Шарифов ё "Шон МС”, рэпсарои маъруфи тоҷик, пас аз як муддат хомӯшии суолбарангез баъди таронаи "Демократия" ва суҳбаташ дар ин бора, дигарбора бо "Раҳи кандагӣ" аз худ дарак дод.
Ёфтҳои бештар